НАЗМ

ФАРЗОНА
МОДАР
Эй модар, эй асосгузори муҳаббатам,
Эй офтоби лутфаму дарёи раҳматам.
Олуда чун заминаму полуда чун само,
Дур
ӣ дигар, хуҷастасафири бароатам.
Ғоиб зи дидаи ману ҳозир даруни дил,
Ёди азизро бифирист
ӣ ба сӯҳбатам.
Ойинаи Худойнамоям рухи ту буд,
Эй ишқи ростинаму асли ҳақиқатам.
Дар ҳоли назъ будиву гуфтам: Ч
ӣ гунаӣ,
Гуфт
ӣ, ки “нағз”, дардкаши бешикоятам.
Ҷуз дӯст доштан ба ту коре накардаам,
Роз
ӣ бишав, ки пеши ту нокардахидматам.
Аз кори модар
ӣ нашавӣ ҳеҷ барканор
Он с
ӯ ҳам, эй паёмрасони саодатам.
Инак, ҳамин се гул, ки нишонд
ӣ, нишони туст,
Ҳаргиз маг
ӯ, ки гумшудаи беидоматам.
На, на , на модари се нафар*, модари башар
Хонам туро, фариштаи фаррухрисолатам.
Ҳам ховарифаранги
ӣ, ҳам тоҷики асил,
Хуршедмазҳаби ману дарётариқатам.
Ишқ омаду ба ҳадя биёвард номи нав,
Эй ном дода, номи нак
ӯи Иноятам*.
Хуш бош дар ҳарими Худо, дар биҳишти унс,
Ҳурии паркашида ба гулгашти
ҷаннатам.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА