НАЗМ

ҒАЗАЛ АЗ АЛИШЕР НАВОӢ
Зи абри тира барқе ҷаст тарфи кӯҳсоронро,
Ки равшан кард ҳар сӯ шамъи гулҳои баҳоронро.
Чу наргис ҷоми зар бигрифту лола соғари ёқут,
Салои бода зад мурғи чаман парµезгоронро.
Ту низ, эй пири дайр, андар чунин фасле ба сармастӣ
Зи кунҷи майкада сӯи чаман каш майгусоронро.
Фикан, эй муғбача, аз як муғона ҷоми мардафкан.
Ба рақс аз аввали шаб то саҳар шабзиндадоронро.
Сабӯҳи айш бо ёрон қадаҳ хӯр, нест чун маълум,
Ки ёбандат шаби оянда ёрон, ё ту ёронро?
Дар ин саҳро зи боди ҳодиса ҳар сӯй чун лола,
Ба хок афтода бин, тоҷи ғурури комгоронро.
Ба сар гарди фано, дар зери паҳлӯ хори навмедӣ,
Зи тоҷу тахти ғам озод дорад хоксоронро.
Сафоли кӯҳна пурмай созу ҷоми Ҷам бинеҳ номаш,
Дар ӯ наззора кун аµволи давру рӯзгоронро.
Чу охир ҷуз фано коре нахоµад буд, эй Фонӣ,
Дар ин дайри фано бигзор айби ҷуръахоронро.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА