НАСР
Юрий АРТАМОНОВ (Мали-Эл) МАВСИМИ ДАРАВ (Ҳикоя) Дар сарзамини Мари р ӯ дҳо бисёранд, аммо аз ҳама овозадору беҳамтояш Кокшаг аст. Вай аз чашмаи хурдаки ш ӯ ху беқарор ибтидо гирифта, ҳамаро шодоб мегардонад. Кокшаг бо неруи муқтадир ба Йошкар-Ола рафта мерасад. Дар ниҳояти кор, замини марийҳоро бурида гузашта, ҳампо бо р ӯ дҳои тотору чуваш ва бошқирду удмурдтҳо ба модари дарёҳо – Волга меомезад. Мепиндорам, ки аз ин ҷ иҳат Волга неруи ваҳдатсози ҷ овидонаи ҷ аззоб ӣ касб намуда, пуле миёни д ӯ стии халқҳо гардидааст. Ҳар қадар ба Кокшаг бингарам, ҳамон андоза бештар д ӯ сташ медорам. Баҳорон оби р ӯ д ҳамранги баҳр дамида, соҳилҳояшро ба зуд ӣ меп ӯ шонад. Гоҳе ки ҳаво андаке кушода мегардаду офтоб метафсад, обҳои баҳор ӣ , мисли он ки аз як зарф ба дигар ӣ шорида бошанд, ҷ ониби Волга мераванд, Кокшаг аҳён-аҳён сар ба соҳил мезанад. Вале дар ҷ ойҳое, ки р ӯ д васеътар хур ӯ шида буд, тобистонҳо марғзори сершираи хушб ӯ й доман паҳн мекард. …Солҳои аз хотирҳо дурмо...