Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Ўктам"

Наср

Кабўтарҳои сафед Новелла Қаҳрамон Равшанович то ҳадде асабӣ мегардид: парвози самолёти вай боз мавқуф гузошта шуд. Дар паси тирезаи фурудгоҳ селборон буд. То ҳоло нишоне аз ҳавои кушод, ки самолётҳо парвоз мекарданд, набуд. Ҳол он ки дар хона дар хусуси бозгашти вай хабар доранд. Эҳтимол, барои пешвозгирии вай мошинеро аз корхона фиристодаанд. Ин ҷо бошад,селборон аст, борон гӯиё аз сатил мерехт. Қаҳрамон Равшанович бошад, ҷойи боберо дарёфта, баҳузур нишаст. Ҷомадон ва дигар бастаҳоро пештар кашида, ба болои курсӣ гузошт, аз хастагӣ чашмонашро пӯшид. Вай аз сиҳатгоҳ, ки дар он ҷо истироҳат кардааст, омада, рӯзи дароз дар шаҳри бегона мегашту барои хешу табор, ҳамкасбҳо савғотӣ меҷуст. Ин ҷо бошад, борон омад. Дар асл чӣ ҷойи тааҷҷуб — фасли тирамоҳ аст. Худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ба ғанаб рафт. Вай ба такрор хоберо дид, ки он вайро маҳзун ва парешон мекард. Офтоби нурафшон, рӯзи беабри баҳор. Осмони каб-кабуд ва ду кабӯтари ба мисли барф сафед дар ин нилгунии беҳудуд дар ...