НАСР

Юрий АРТАМОНОВ (Мали-Эл)

МАВСИМИ ДАРАВ
(Ҳикоя)
 Дар сарзамини Мари рӯдҳо бисёранд, аммо аз ҳама овозадору беҳамтояш Кокшаг аст. Вай аз чашмаи хурдаки шӯху беқарор ибтидо гирифта, ҳамаро шодоб мегардонад. Кокшаг бо неруи муқтадир ба Йошкар-Ола рафта мерасад. Дар ниҳояти кор, замини марийҳоро бурида гузашта, ҳампо бо рӯдҳои тотору чуваш ва бошқирду удмурдтҳо ба модари дарёҳо – Волга меомезад. Мепиндорам, ки аз ин ҷиҳат Волга неруи ваҳдатсози ҷовидонаи ҷаззобӣ касб намуда, пуле миёни дӯстии халқҳо гардидааст.
Ҳар қадар ба Кокшаг бингарам, ҳамон андоза бештар дӯсташ медорам. Баҳорон оби рӯд ҳамранги баҳр дамида, соҳилҳояшро ба зудӣ мепӯшонад. Гоҳе ки ҳаво андаке кушода мегардаду офтоб метафсад, обҳои баҳорӣ, мисли он ки аз як зарф ба дигарӣ шорида бошанд, ҷониби Волга мераванд, Кокшаг аҳён-аҳён сар ба соҳил мезанад. Вале дар ҷойҳое, ки рӯд васеътар хурӯшида буд, тобистонҳо марғзори сершираи хушбӯй доман паҳн мекард.
…Солҳои аз хотирҳо дурмондаи бачагӣ ёд меоянд. Аз қадим алафдаравӣ барои марийҳо ҷашни фархундаву бузурги кор ба шумор мерафт. Ба ин ҷашн бармаҳал омодагӣ медиданд. Мардон пойдосҳои худро чарх кашидаву хаскашакҳоро таъмир кунонда, ба чархҳои ароба рӯған молида, ҳаргуна асбобу анҷоми корӣ тайёр мекарданд. Занҳо бошанд, рӯймолу куртаҳои сафед дӯхта, дар онҳо нақшу нигори дилфиребе кашидадӯзӣ менамуданд.
Инак, он рӯзеро, ки интизораш будам, фаро расид. Аҳли деҳа села-села занону мардон либоси озодаи сафед, пойафзолҳои нав пӯшида, сурудхонону ҳуштаккашон, ханда бар лабон, ҷониби Кокшаг ҳаракат доштанд. Шиҳаи аспон, ҳаёҳӯи писаракон, ашӯлахонии канда-кандаи занҳои дилфигор ва гулъузор ба гӯш мерасид.
Ба наздикӣ дар миёнаи марғзори сершираи соҳили рӯд маҷмӯи хаймаҳо пайдо шуданд. Заминеро, ки дертар он ҷо чайлаҳо қомат меафрохтанд, фаврӣ алафҳояшро даравида, зимни пайсипарӣ ҳамвораш карданд. Омадаҳо бо аломати арҷгузорӣ таҳти оҳанги гармон хуб ҳам рақсиданд. Баъдан, маросими аз ҳама мароқангез - алафдаравӣ оғоз меёбад.
…Ҳамагон якмаром ба рӯд наздик мешаванд. Ду марди ҳузарб якбора ба зане, ки аз ҳама пештар наздики рӯд қарор дошт, ҷонҳавлӣ дарафтода, аз дастону пойҳояш дошта, бо як алвонҷи тез ӯро ба об меафкананд. То бубинанд, ки оқибати кор ба чӣ меанҷомад. Таомулашон ҳамин аст. Зан на фурсати оташиниву на фарёдрас дарёфта, аз талвосаи ҷон бо изтиробу ҳаяҷон дар об даст меафшонад. Ҳар андозае ӯ табиӣ дасту почак бизанад, дар соҳилбудагон ҳамон дараҷа хушҳолӣ мекунанд, ба ваҷд меоянд.
Занҳо аз нишоти беҳудуд хандаи осмонкаф мекарданд. Вале ногаҳон худи онҳо низ бехабар дастҳову пойҳояшон дар ҳаво алвонҷхӯрон, аз тарс чиррос мезананд: бо такони сахте аз пушт ғайрипиндор ба дунболи зани аввала ба об мепаранд. Дар соҳил касе намемонад, ҳамаро якояк ба дарё меафкананд.
Гоҳо чунин мешавад, ки духтари бори нахуст барои алафдарвӣ омада аз таомули қадима бехабар, гурехта меравад. Ё худ, бевазани фаҳуле хандида бонг мезанаду сӯи буттазор медавад, ки дарҳол таъқибаш месозанд. Чор ҷавон аз пасаш тохта, мисли барра пеши бағал гирифта меорандаш. Ҳама якҷо вориди об гашта, фарёдкашон бо як овоз «Боз як бор! Боз ду бор, боз се бор!»-мегӯянд. Ҳамин тавр, бевазанро чанд карат дар об ғӯта занонда, мекӯшанд, ки «қурбонӣ» ба дарозо зери об бимонад.
-Дигар мегурезӣ?- мепурсанд аз ғарқшудае ҷавонҳо.
-Оҳ, намегурезам-е! Намегурезам-е!- чиррос мезанад ин бор духтараке.
Баъди ин гуна оббозӣ духтарон болои кафи дастони нармашон об гирифта, алафҳои нав даравидаро якмаром ҷобаҷо мекунанд. Пасонтар ҳамагон, чи саропо таршудагон ва чи аз об қимобон, якҷоя ба дарё меҷаҳанд. Акнун касеро ба оббозӣ даъват намекарданд, аз пушт тела ҳам намедоданд, балки ҳам обаки фораму ҳаловатбахши рӯди Кокшагро меписандиданд.
Мардум бо тани пӯшида худро ба об афканда, хушҳолӣ авҷ мегирад. Ҳар яке беқарор ба ҳамдигар бархӯрдаву рӯёрӯ об пошида, садо мезананд. Марийҳо дар ин рӯз, чунон ки хурдсолон шӯху бепарво мешаванд, ягон хел шартро риоя намекунанд. Ҳар гуна таомул аз миён меравад. Фаразан, пештар зани шавҳардор ба рӯи марди бегона нигоҳ карданаш мамнуъ буд. Дар ин ҷо бошад, метавонист бо ӯ бозиву обпошӣ бикунад, шӯхиомез ҳарф бизанад. Аз ин амали зан шавҳараш на рашк мебарад ва на асабӣ мешавад. Охир, дар ин лаҳзае, ки ҳамагон шӯхиву бозӣ доранд, чаро ба зан имкон надиҳем, ки хешро зебову дилкаш бубинад? Пас аз ин ӯ бо неруи тоза шавҳарашро бештар дӯстдориву навозишҳо хоҳад кард. Воқеан, як идда занҳои рашкине, ки аз паси шавҳарон поида мегаштанд, алъон ба ин рафторашон озодона гузашт мекарданд. Ин ҷо барои ҷавонҳо фазои кушоди беҳудуд муҳайё буд. Кадоме, ки мехост, дар об ҷавонзани дилхоҳашро ба оғӯш мегирифт. Духтарон ё бевазанҳои чаққону дидадаро аз ин айёми фаро расида чандон шодӣ ҳам надоштанд. Мегӯӣ дар ин фосила ба гарданашон оғӯшгириву бӯсобӯсӣ одат шуда буд.
Ҳа, дар мавсими алафдаравӣ ҳама чиз ғайриоддӣ буд: ҳам иқлим, ҳам шароит ва табъи мардум низ. Марийҳо ҳини кор мисли гузаштагони худ ба оилаи воҳиду тифоқ муттаҳид гашта, бародару хоҳарвор мезистанд.
Дар интиҳои кор, чақ-чақу бозӣ дар соҳили рӯд батадриҷ хотима мепазирад. Одамон аз об берун омада, либосҳояшонро хушконда, як-як сари коре мегиранд. Бо ҳам чайла бунёд кардан мехоҳанд. Чайларо бо санъати волое бино мекунанд, ки ба ҳар гуна боронгариҳо тобовар бошад, газанде набинад. Дар як гӯшаи чайла чумча, кружка ва зарфҳои аз хона овардаашонро ҷойгир мекунанд. Дар тарафи дигараш рахти хоб, либосҳо ва дар миёнаҳаки он ҷойхоби нармеро меандозанд. Ҷойхоб хеле диққатрабост: болои алафи сершираи хушбӯй суф партофта, болишту курпа мегузоранд. Боз ба рӯяш чодар мекашанд, ки хомӯшакҳо ба ин сӯ роҳ наёбанд. Охир, вақте кор шурӯъ мегардад, фурсати гулхан афрӯхтан намонад ҳам, фароғат шарт аст. Дар чайла ҳаргиз маҳсулотро нигоҳ намедоранд. Даравгарҳо бо худ ҳар гуна сабзавот, шир, квас оварда, якҷоя меошомиданд. Пеш аз мавсими алафдаравӣ дар ҳавлӣ як буққа ва ду сар гӯсфандро кушта, барои даравгарҳо ба дастархоне нон, гӯшт ва картошка печонида, ба саҳро мебурданд.
Ҳине ки чайлаҳо барпой шуданд, ҳамагон таоми нахустини аз хона овардаро бо кайфият нӯши ҷон менамуданд. Сонӣ, дар сояҷоҳо дароз кашида, фароғат мекарданд. Доир ба мавсими алафдаравии порсола суҳбат дурудароз идома меёбад. Ба ёд меоваранд, ки порсол чӣ гуна алаф рӯида буд, чанд мазраро даравиданд, аввалин шуда киро ба об партофтанд ва дигар воқеоти хушҳолонаи ҳамон давра аз онҳо хаёл медуздид. Хандаву шӯхии гулдухтарон ва садои андаке пасти бачаҳо аз дуродур ба гӯш мерасид.
Агар калонсолон аз рӯи одат чайла ба чайла мегаштанд, ҷавонҳо дар сояи буттазор дам мегирифтанд. Вале наврасон бошанд, сарҷамъ омадаву шасти моҳигирӣ бардошта, дар соҳили рӯд ҳар тараф пароканда мешаванд. Аз зарбати ин ҳама ҳою ҳӯву беқарории бачаҳо садое дигар ба гӯш намеояд. Онҳо бо ҷаҳди тамом моҳӣ медоштанд.
Рӯз бегоҳ шуда, гармии ҳаво андак-андак паст мегардад. Хуршед майли ғуруб карда, алафҳо кам-кам нам гирифтаанд. Дар ин асно даравгарҳо омодаи коранд. Чи занон ва чи мардон матои сафед ба бар кардаанд: курта сафед, рӯймол сафед, саргирак сафед ва кепка сафед.
Нахуст ба алафдаравӣ ҳамоне меоғозад, ки дар чолокӣ дастонашро сабук гӯянд. Ҳар кас маҳорати хосса нишон дода, ба хурӯши ҳамроҳонаш вусъат мефизояд.
Ҳашари ботантана ҷараён гирифта, одамон турнақатор саъй мекарданд, ки аз ҳамдигар ақиб намонанд. Ба ҷуз шарт-шурти пойдосҳо садое ба гӯш намерасид. Чи шуғли зебое!
Дар асл, рӯзи нахусти алафдаравӣ, тавре мегӯянд, даступоёзонӣ буду халос. Одамон маҳорат ва неруи бозуи худро намо додаву тезии пойдосҳоро месанҷиданд. Фардо кори асосӣ дар пеш аст.
Даравгарҳо таоми шомгоҳӣ хӯрда, як пиёла чой менӯшанду ғелидан замон хобашон мебарад. Ҳоло ку хандаву шӯхӣ ва муколимаҳои танзгунаро дигар намешунаванд, балки то ахири мавсим нахоҳанд шунид. Хурдсолон ҳам фароғати даравгаронро халалдор насохта, талош мекарданд, ки аз бари чайлаҳо оромона гузашта бираванд. Алафдаравӣ ин сайру гашти мавзун зери ҳавои мусиқӣ ва ҳамнишинӣ дар паси мизи идона не, балки шиками сери мардуми деҳ, мавсимест, ки як соли дароз мехӯронадашон...
Ман давраи хушбахти алафдаравӣ дар соҳили рӯди Кокшаг, айёми аз ҳама пурнишоти бачагиямро ба ёд меоварам. Овони таҳсил дар шаҳр, хизмати ҳарбӣ дар регзори Туркманистон, муҳофизи сарҳади Ватан буданам дар соҳили Балтик ва сайёҳатам ба дигар ҷойҳоро ба хотир овардам. Ту ҳамеша бо ман будӣ, эй рӯди шӯху беқарор - Кокшаг!
Акнун ман ба хона, сӯи таваллудгоҳам омадам. Дар деҳи пештараам, ки маркази хоҷагӣ шудааст, зиндагӣ дорам. Боз аз нав айёми хушбахтӣ-давраи алафдаравӣ фаро мерасад. Ба ин раванди ҷовидона ташнаолуд нигоҳ медӯзаму онро дар тарҳи нави ҳозиразамон мебинам, ба набз, тараддуд ва муносибати одамон бодиққат менигарам. Менигараму ба дирӯзу имрӯз қиёс мегузорам…
Дар мағзам баихтиёр ёди ҳамдеҳаам Лавруш рӯ мезанад. Мо ошноҳои деринаем. Чунки бо вай тез-тез ба фермаҳо рафта, якҷоя алаф медаравидем. Ӯ аз ман сирри махфӣ надошт. Шояд, аз дигарон дида дар хусуси вай беҳтар ҳикоят мекунам ва дар симои ӯ вазъи алафдаравии онрӯзаро нишон медиҳам.
Лавруш як ҷавони комилан ҳозирзамон буд. Дар деҳаи мо ба воя расида, мактабро ба итмом расонид, ба хизмати аскарӣ рафт, ба техникуми шаҳр дохил шуда, баъдҳо мисли одами басо баркамолу чашми кордон баргашт. Ихтисоси байторияшро олиҷаноб дониста, бо меҳнатдӯстияш намуна буд. Хоҷагии мо чорводорӣ маҳсуб ёфта, бар дӯши Лавруш ташвишҳои зиёде бор мегашт. Азбаски ферма титу парешон буд, ӯро зарур меомад, ки аз ҷое ба ҷое сафар бикунад. Дар пеш корҳои муҳим истодааст. Яъне дар ҷои боғи марказӣ, маҷмааи шириву молӣ барои се ҳазор гов бунёд хоҳад шуд. Ҳадафҳо бо тақозои замон тағйир мехӯранд.
Лавруш ҳамроҳи модараш дар хонаи чӯбини кӯҳнасохт, се фарсах дуртар аз шаҳрак, дар деҳаи Ятман басар мебурд. Тибқи нақша деҳаро вайрон хоҳанд кард. Одамон аз хонаҳои нави чӯбин даст кашида, батадриҷ ба боғи марказӣ мекӯчиданд.
Ба Лавруш дар шаҳрак манзили иборат аз ду ҳуҷра пешниҳод карданд. Аммо модараш тамоман рафтан нахост. «То даме, ки фараҳи роҳгардӣ дорам, ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ин ҷо обчакорӣ мекунам, гову мол мепарварам. Дар он ҷо-чӣ? На обчакориясту на ҳавлияке. Мурғакома дар куҷо нигоҳ медорам? Намеравам, вассалом!» Ҳамин тариқ, онҳо дар ҷойи пешина монданд.
Модар дарун-дарун ғусса мехӯрд, ки вақти зангирии писараш кайҳо гузаштааст. Агар не, ҳоло арӯсаш дар хона мегашт. «Бачаи хурдиям туӣ,- андешаманд рӯй овард ба писараш.-О, ман ба умеди ту зиндаам. Бародаронат бармаҳал оила барпо кардаанду бунаҳои мустақил шудаанд. Туро кай бо занат барбабар мебинам? Мехоҳам пеш аз маргам аз дастони набераякам дошта бигардам, ормон бишканам…»
Лавруш бошад, як ҷавони ба таври ҳайратангез шармгине буд. Ӯ ҳатто ягон рафиқ надошт. Фориғ аз кор ба санҷишу имтиҳоноти донишкадаи ғоибона омодагӣ дида, сар аз китоб намебардошт. Хулоса, сайру сайёҳат он сӯ, ба сархорӣ фурсат намеёфт. Миёни ҳамсолонаш ӯ худро ҷавон намегуфт, балки одами синаш ба ҷое расидаву беҷуръат менамуд. Ин ҳолат ба ҷавонҳое рух медиҳад, ки чоряки асрро пур кардаанд. Ҳа, вайро ҳама, ҳатто духтарон ҳамсол нашуморида, ҳини суҳбат мегуфтӣ ба шахси аз худ калон муносибат доранд. Ана аз ҳамин ҷо ким-чӣ хел бегонагии номаълум сар мезанад.
Агрономи хоҷагӣ аз рӯи таомули марийҳо борҳо шӯхиомез барои Лавруш азми хостгорӣ рафтан кардааст. Буданд ҳолатҳое, ки ҷавонони марийӣ пеш аз хонадоршавӣ ҳамроҳи хостгорҳо деҳ ба деҳ гашта, ба арӯсшаванда бо чашмони харидорӣ менигаристанд. Ин манзара билкулл ошкоро сурат мегирифт. Ба хонаи бегона зада даромада, талаб мекарданд, ки духтарашонро нишон бидиҳанд. Алъон таомули қадимаи марийҳо аз эътибор афтодааст. Ҳеҷ як духтар бад-ин минвол ба шавҳар намебарояд. Бе ширкати ягон хостгору занҳои суханчин духтар номзадашро худаш пайдо мекунад…
Ҳарчанд Лавруш барои хостгорӣ иқдом накарда бошад ҳам, вале баҳор ё тобистон азоби мулоқоти пинҳониеро бо духтари зебое интизорӣ мекашид. Дар бораи ҳамсари ояндааш орзуҳои ширин мепарварид.
Инак, вақте ки мавсими алафдаравӣ фаро расидаст, ӯ тантана ва нашъаи меҳнати аҳлона ва духтаракони хушбахтро пеши рӯ оварда, ғайраташ ҷӯш зад. Қарор дод, ки ҳама корашро партофта, ба марғзори обшори Кокшаг биравад.
Лавруш ба назди роҳбари хоҷагӣ шитофт.
-Сергей Семёнович, худи ҳамин рӯз ба ман отпуск диҳед,- беқарор ва бо изтироб гуфт ҷавон.
Роҳбари хоҷагӣ хоҳиш кард, ки Лавруш наздиктар бинишинад.
ӣ воқеа рӯй дод? Ё ба куҷое кӯчида меравӣ?
-Мекӯчам… Мехоҳам андаке дам бигирам,- посух дод Лавруш.
-Лаврентий Петрович, Шумо медонед, ки тобистонҳо дар деҳа дам намегиранд. Алафдаравӣ, ки тамом шуд, дарав сар мешавад. Байтор бошед ҳам, Шуморо ба маъракаи ғаллағундорӣ даъват мекунем. Вақти дамгирӣ тирамоҳ аст. Марҳамат, ба осоишгоҳ роҳхат медиҳем.
-Хайр, лоақал як ҳафта ҷавобам медодед,- хоҳиш кард Лавруш.
ӣ, аз ҳад зиёд хаста шудаӣ?
-Даркор аст… Мефаҳмед?
-Се рӯз ҷавобат медиҳам. Бас аст?
-Се рӯз?.. Кифоя!
Лавруш дар остонаи хона ба тарафи модараш садо кард:
-Оча, ягон хӯрданӣ бигир. Ба Кокшаг меравам.
Лавруш дарҳол пиҷҷаки варзишӣ, асбобу анҷоми моҳигирӣ, кулоҳи пахтакоғазини лапараш ситорачадори шуоъбахши пластмассиро андаруни борхалта андохта, хӯрданиҳоро аз дасти модараш чанг зад ва ҷониби мотосиклаш давид.
-Эй, подос… подосатро бигир…,- фарёд зад модар аз ақиби писараш.
-Аз ҳамон ҷо меёбам,- ҷавоб дод Лавруш ва аз ҳавлӣ тир барин ғайб зад.
Бори нахуст дар саҳро вуҷудашро хушнудии ба маънои тамом махмуромез, ки онро ба ҳеҷ як эҳсоси тантанаи зиндагӣ наметавон мусовӣ гузошт, фарогир шуд.
Аз чаҳор сӯ бӯи муаттар ба машом мерасид. Саҳрои марҷумакзори мавҷзан дар нимарӯзи тафсон мегӯӣ зери лака-лака барф мондааст. Ба ин «барф»-и сафед на ин ки ғайрипиндор чашм давондан, накҳати асалгуна гуворои майдони марҷумак рӯидаро шамидан хуш буд, балки аз дуродур чаманзори обшоронро дармеёфтӣ.
Ана, соҳили Кокшаг низ намудор аст. Даравгарҳо бештар аз нисфи алафи хоҷагиро ғундоштаанд. Ҳанӯз дар адир ғарамҳои калоне хобидаанд. Ин барои шуғли деҳқонон кифоят мекунад.
Марғзор гоҳ кабуд, гаҳе зард, дар назар рангоранг тобидан дошт. Дар байни алафҳо баргҳо сабз, сабзи беранг ё сабзи сияҳфом менамуд. Рангҳо ҳархелаанд. Гӯё анвори офтоб ба онҳо нобаробар – ба яке зиёд, ба дигаре камтар мерасад.
-Ассалому алейкум, Кокшаги азизам!- гуфт дар соҳили рӯд Лавруш.- Кафкҳои амвоҷи оби сардак ба пойҳояш пош хӯрда, пас мегашт, мегӯӣ об ӯро ҳамвора сӯи хеш хондан дошт.
Лавруш либосҳояшро кашида, ба об ғӯта зад. Монанди он ки андаруни гоҳвора бошад, лаппиши рӯд ӯро боэҳтиёт меҷунбонд.
Ӯ дар гармои тамуз, ҳаловати оромиши кулл ва тансиҳатияшро эҳсос намуда, дурудароз оббозӣ ҳам кард.

*   *   *
Даравгарҳо ва ғарамгарон баъди ошомидани таоми нисфирӯзӣ дам гирифтанд. Онҳо дар паҳлуи буттаҳо, зери чайлаҳо, инчунин, рӯи алафҳои навдарав маскан ихтиёр карданд.
Даме ки Лавруш ба назди онҳо расид, аз миёни духтарон сари ҷавоне баланд шуд. Ӯ тракторчӣ Миклайро шинохт.
-Лавруш, ту ҳам назди мо омадаӣ?- шодона овоз баровард Миклай.
-Ман ҳам… Хонашинӣ ба дилам зад,- посух дод Лавруш.- Бе Кокшаг зиндагиям маъно надорад.
-Чи хубе!- механдад ҳамоно Миклай.- Набошад, то ҳол дар байни духтарҳо мани бечора танҳо будам. Ба ростӣ, шайтонакҳо бо пархошу ғилғичаковариҳояшон оромам намегузоранд. Ҳеҷ не онҳоро уҳда карда тавонам…
Ин ҳангом духтарон мегӯӣ таркида бошанд, хандаи осмонкафе барпо карданд. Зумрае даҳонашонро бо рӯймол баста, сарозер болои алафҳо афтиданд. Дигарон бо кафи дастон ба кифтони Миклай пасопеш мезаданд.
Тракторчӣ аз ҷой бархоста, домани куртаашро ба дохили шимаш хаст ва чангу хоки аз алафҳо ба мӯйҳои фатилааш хастаро афшонд.
-Хайр, биё вохӯрем! Акнун мо ду тан шудем. Намегузорем, ки моро пахш кунанд.- Миклай бо фахр сӯи духтарҳо назар афканду чашмак зад.
Лавруш ба духтарон нимнигоҳе карду дар чеҳраҳояшон тағйироти зудгузарро ба мушоҳида гирифт. Гулрухон аз дидори одами навомаду ноомӯхт зуд хомӯш мондаву ҷиддӣ шуда, харидорона менигаристанд. Ҳар яке ноаён мӯйҳояшро ба ифоқа оварда, зонувони офтобсӯхтаашонро пӯшонида, пойҳои урёнашонро паноҳ медоштанд.
Аз миёни духтаракон Лавруш нафареро, ки аз деҳи ҳамсоя бо номи Ануш дер гоҳ аз ӯ нигоҳашро барнамеканд, таги чашм кард. Духтар чизеро пай бурду хиҷолат кашида, мӯйи баданаш рост хест ва чашмони хокистарияш дурахшиданд. Баногаҳ фикре ба сари Лавруш зад, ки маҳз ҷозибаи дидори ӯ ба ин ҷо раҳнамунаш кардааст. Ануш ба ҷавон як назар андохту дарзамон рӯй гардонд. Гӯё бо ҳамин ӯро аз лавҳи хотираш хат зад.
Ҳар гоҳе мардуми Ятман ба алафдаравӣ мебаромад, доимо дар ҳамин ҷо дам мегирифт. Ин корашон аз рӯи таомул буд. Ҳоло ба алафдаравӣ одамон хеле кам меоянд. Бубинед, танҳо як чайла гузоштаанд. Замоне буд, ки ин рақам ба бист мерасид.
Дар назди тойҳои баста трактори «Беларус» ва агрегатҳои заминковию алафдаравӣ меистоданд. Мегуфтӣ техника аз одамон бештар аст. Оре, замона дигар шудааст! Даврони пешин на мошин буду на трактор, ҷамъи корҳо дастӣ ба сомон расонида мешуданд. Ҳозир баъзан ба аспҳо ҳам кор ёфт намешавад. Аспҳои фарбеҳу бурдоқӣ дар марғзор мечариданд. Хизматашонро кайҳо кардаанд, техника ҷояшонро танг намуда, онҳоро аз майдон баровард.
-Ягон чиз хӯрдан мехоҳӣ?- мепурсад Миклай ва маънодор ба Лавруш менигарад.- Фаҳмидан мехоҳад, ки ӯ ба чӣ эҳтиёҷе омадааст. Барои кор ё дидорбинӣ бо касе.
-Бо худ хӯрокӣ овардаам.
-Азони моро ҳам бичаш. Аз таоми мо бомазатарашро намеёбӣ… Шурбо монда бошад, холаи Ведаси?
-Ҳаст, ҳаст. Боз гармаш,- шунида шуд садои таббохзан аз даруни чайла.
Лавруш мотосиклашро дар сояҷо гузошта, дар паси буттаҳо либоси танашро ба пиҷҷаки варзишӣ иваз намуд. Баъд, рафта ба паси мизи таомхӯрӣ нишаст.
-Боз шурбо биёрам?- Ведаси-хола дастонашро пеши бар гирифта, даври лабонаш ханда давид.- Аз он хушнуд гашт, ки таоми пухтаашро меҳмон бо иштиҳо мехӯрад.
-Модоме иштиҳои қозгир дорӣ, бо мо ҳамкор мешавӣ.
-Албатта!- бо дилпурӣ посух гардонд Лавруш.
-Бихезед!- хитоб зад саркор пас аз таомхӯрии Лавруш.
Саркор чумчаеро чанд ба таги зарфи алюминий зад. Ҳамзамон, даравгарҳо чойи хунукгаштаи крушкаҳоро ба гулӯ рехта, аз паси буттаҳову даруни чайлаҳо паси ҳам пурталотум бархостанд.
-Тракторчиҳо дар ҷойи пешина медараванд, мо-даравгарон бошем, ба тарафи халиҷ ҳаракат мекунем.
-Ман ҳам алаф медаравам,- муроҷиат мекунад Лавруш ба саркор.
-Ту пойдос дорӣ? Надошта бошӣ, аз Капр бигир.
Посбони хоҷагӣ Капр Афанасьевичро, ки дар деҳа ҳама Карпаш мегуфтанд, тобистонҳо ба алафдаравӣ баромада, тамоми фасл ҳамон ҷо мемонд.
Лавруш ӯро дар соҳили дарёча дарёфта, якбора фарёд зад:
-Кар нестам, охир, мешунавам. Ба ту чӣ лози-им?
-Пойдос пурсиданӣ будам…
-Даравгар бошӣ, пайдо мекунем,- гуфт бобои Карп ва оҳиста бархосту сӯйи чайла равон шуд.
Солиёнест, ки Лавруш ӯро мешиносад. Мӯйсафед ҳанӯз дасту панҷаи пурқувват дошта, дар чеҳрааш ожанге наменамояд. Мӯйсараш сип-сиёҳ, ба ягон торакаш ҳам сафедӣ назадааст.
Пирамард Карп ба қаду қомати ҷавон бодиққат зеҳн монду пойдосеро кашида бароварда, тезиву мӯҳраҳои он ва дастаашро бори дигар аз назар гузаронид.
-Мегӯӣ инро махсус барои ту сохта бошанд,- гуфт марди пир пойдосро ба Лавруш дароз карда.
Лавруш пойдосро сари кифт бардошта, пули хурдакро бигзашт ва ба думболи даравгарҳо қадам бардошт.

*   *   *
-Хаста шудӣ?- пурсид бегоҳӣ Карп аз Лавруш дар назди чайла. Мӯйсафед баробари дидани ҷавон аз ваҷоҳати ӯ чунин маънӣ бардошт: Лавруш на ба нияти оворагардӣ, балки барои кор кардан омадааст. Бигзор, дар оғози кор аз дигарон камтар алаф бидаравад, ҳаминаш кифоя.
-Ҳа, бефараҳ шудам,- дарвоқеъ иқрор кард Лавруш.
-Боке не, рафта-рафта омӯхт мешавӣ,- дилбардорӣ намудаш мӯйсафед.
Ҳамон соате, ки Лавруш алаф медаравид, марди пир те-тез ба Ануш менигарист. Ҳолоти нигоҳ доштани пойдос, тез кардани дами он, бефараҳшавии пойҳои духтар аз мӯйсафеди Карп хаёл медуздид. На вобаста ба ҷавонияш чолок медаравад, тавре менамояд, ки пойдос худаш ба ҳаракат медарояд.
Алафдаравӣ магар душвор аст? Ҳаргиз не, дар ин кор машқ, чолокӣ ва маҳорат лозим. Агар ҳазор паҳлавон бошӣ, вале маҳоратат нарасад, зӯри беҳуда дастону пойҳоятро зуд шалҳа мегардонад. Аслан дар сомони ин амал зӯрзанӣ зарурат надорад. Дастҳову кифтонро озод гирифта, худро набояд маҷбур кард. Он гаҳ аз андак такон пойдос тавре мегӯянд, худаш мераваду меояд.
Ин зайл зӯромадро Лавруш дар вуҷудаш эҳсос намекард. Аз шавқи беандоза вай гузашти вақтро пай набурда, дастону пойҳояш карахтнамо, зонувонаш ба навъе дар алов месӯзанд. Ҳарчанд мекӯшид, ки ба дигарон баробар ояд, -лоақал дарёбашон бикунад!- ва назди гулрухон шармсор намонад. Аз чи боис ба ҳарифонаш халал расонида, ҳароина ақиб мемонд. Аммо касе ба ҳоли ӯ намехандид, носазо намегуфташ. Пайдост, ки тарзи нигоҳдории кифтону бозувон, шарт-шурт пойдос задани алафҳоро амалан хуб омӯзонидаанд. Лавруш бо гӯшаи чашм дид, ки Ануш сӯяш дуздида нигариста, бо табассум сар меҷунбонад.
Алафдаравӣ шояд шуғли қадимаест. Аз бозе инсон ҳайвоноти ваҳширо доштаву ром гардонид, ҳамзамон, пойдосро ихтироъ карду онро кор фармуд. Ҳоло низ ҳамон пойдос, аз ҷумла, дар шакли механикияш мавриди амал аст. То он даме, ки одамизод ҳайвонҳоро бо худ нигоҳ медорад, яъне парво менамояд, пойдос куҳна намешавад. Вожаи боло дар луғатҳо маҳфуз монда, ҳаргиз аз истеъмол намебарояд.
Бегоҳӣ даравгарон дар чайла бо ҳаловат чой нӯшида, дар фарои шаб ҷониби хонаҳояшон рафтанд. Лавруш лаҳзае ҳайрон монд: биравад ё бимонад? О, бозгашт дар рӯзи аввал ба хона осон ҳам набуд. Саранҷом, ӯ дар чайла монд.
Шоми сокиту ором ҳукмфармо буд. Як ҳолати аҷибе пеш омад, ки умри рӯз ба поин расидаву торикӣ намефуромад. Ин манзара шабеҳи он буд, ки рӯшанӣ фарорасии торикӣ ва шаб омад-омади рӯзро инкор мекард. Дар ин фосила табиат муддати муайяне ба истиқболи шаб омодагӣ мебинад. На алафзор ҷунбиш мехӯрад, на амвоҷи рӯд мехурӯшад, алқисса, садое шунида намешавад. Ҳама ашёи мавҷуда яксара дар маҳви сукутанд.
Лавруш ба тарафи чайла-ҳамон ҷое, ки пирамард Карп саргарми ҷойгаҳандозӣ буд, баргашт. Болои алафи хушкида кампали пашмин кашида, чакмани куҳнаеро афшонду онро таҳ карда, ба зери сараш гузошт.
-Биё, хоб кун, бачаҷон, кӯфти баданат барояд. Хаста шудаӣ, охир… Чи хубе, ба ҷои дӯстат мондаӣ.
-Бобо, барои чӣ ба хонаат намеравӣ?- ҷӯё мешавад Лавруш аз мӯйсафед.
-Дар он ҷо чӣ гум кардаам?.. Ин макони биҳиштиро чӣ зайл партофта биравам? Медонӣӣ, додарҷон, ҳар сол алафдаравиро бесаброна пазмон мешавам. Ҳамин ки мавсимаш омад, худро ба ин ҷо мерасонам. Яке маро фиребида, кулчаи қандинам низ бидиҳанд, ба деҳа барнамегардам. Ин мавзеи нозанинро меписандам... О, аз рӯзе ба дунёи рӯшан чашм кушодаам, рӯи модаракамро не, ҳамин самову чаманзори сарсабзро дидаам.
ӣ хел?
-Ана ҳамин хел… Модарам мегуфт, ки дар айёми алафдаравӣ, зери кадом буттае таваллудам кардааст... Шояд, аз ҳамин сабаб Кокшагро ёд мекунаму меҳраш дар дилам сахт маъво гирифтааст. Зимистони дароз дар як хоначаи танги чӯбин басар мебарам. Гоҳе ки ба ин сӯ омада, қафаси синаамро аз ҳавои тоза пур карда, ба серӣ нафас мекашам, мегӯӣ ҷавонии дубора дармеёбам.
-Чандсола шудаӣ, бобо?
-Соли оянда ҳамин шабу рӯз ба хонаи ҳаштод медароям… Тамоми умрам ҳамин ҷо гузашт. Аз манзараҳои дилфиреби табиати Кокшаг камол ёфтаам… Эй, биист!- мӯйсафед якбора пичиррос заду дастафшон афзуд: - Ҳо, ана, гӯш фаро бидеҳ… Садоҳои марғуберо мешунавӣ, ки аз кулли афсонаи олиҷаноб хуштаранд. Дар қисми чапи мо арчазору маҷнунбед рӯида, дар ҳамин вақту соат булбулон бо лаҳни хос нағмасароӣ мекунанд.
Дарвоқеъ, дар ҳамин асно аз самти чапи чаманзор булбуле пасту ором, ҷаззобу бардавом наво андохт. Мегӯӣ ҷонварак дар сар ҳавои ишқи чаманзор ба ҳамин самт омада буд. Савти хуш, ҳароина ба дарозову муассир танинандоз шуд.
Аз гӯшаи рости чаманзор бошад, посухак оҳанг мезад.
-Пит-пилиқ … пит-пилиқ …,- ҳамовоз мешуд ба он аз сӯи саҳро бедонае.
Моҳии шӯртан ба дарё бо думаш обро шалаппос занонда, дар сатҳи болои рӯд ҳубобчаҳо медамонд.
-Угу-гу-гу-у-у!- аз миёни ҷангалак нола мебаровард чуғз.
Баъд, бозори парандагон оғоз шуд… Мурғакон бо лаҳни дилнишин хониши умумиеро идома бахшиданд. Дар миёни ин ҳама садоҳо нолаи булбул бо тағйири зеру бамаш кайфияти махсус дошт. Шунаванда аз чаҳ-чаҳаш ҳай лаззат мебурд. Булбул гаҳ бо навои ҷарангосиву дилангез ва гоҳе ҳамранги насими даргузар накҳати муаттар меовард.
Хониши паррандагон дар беша бардавом буд. Сипас, якбора ҳама ором шуданд.
-Аз ин ваҷҳ барои ба дигар ҷой кӯчидан дилам намекашад. Ин муҳити дилкашу фиребо ва мубарроро чун дар афсонаҳо мепарастам… Тамоми умр орзу доштам, ки ҳӯ, дар ҳамон соҳили Кокшаг хонаяке сохта, зиндагӣ аз сар оғоз кунам. Афсӯс, дастам нарасид…
-Чаро ҳозир хона намеандозӣ? Магар касе монеъ мешавад?
-Эҳ,- даст афшонд мӯйсафеди Карп.- Чӣ бигуям,ки…? Дер шуд…
-Дер нашудааст, бобо. Хубаш боқии умрро ҳамин ҷо гузаронӣ, олам-гулистон!
-В-оллоҳ, ту рост мегӯӣ!.. Аҷаб кори савоб мешавад,- хандааш мегирад мӯйсафедро.
Рости гап, Лавруш пай набурд, ки чи сон шом ба домони шаб пайваст. Ин гузариш ҳамагӣ аз як лаҳза беш набуд. Ҳамоне ин манзараро дида метавонист, ки дилбастаи табиат будӣ.
Шаб ҳукмашро гузаронида бошад ҳам, атроф торик наметобид. Ҳатто аломатеро аз сояе зери буттаҳо пай бурдан муҳол буд. Буттаҳо ҳоло низ аз дуродур намоёнанд. Аз болои рӯд пардаи ғубори ширсоне баланд шуда, буттаҳову чаманзорро пӯшонида, ба чайла наздик омадан дошт. Дар пасманзари ғубор муъҷизае наменамуд. Даст аз чайла бароварда, онсӯтар биравӣ, ба эҳсосат чунин мерасад, ки ангуштҳоят оҳиста-оҳиста чун дар сатили шири хунук тар мешаванд. Лавруш ба мӯйсафед нигоҳ кард, -ҳарчанд ҳампаҳлуи хобидаашро надид!- сояҳои сап-сафеди гӯё широлуда афтиданду ба як ҷузъи табиат мубаддал гардиданд.
Лаврушро хоб аз дидагон парида буд. Аз омаданаш ба ин ҷо чанд соат гузашта бошад ҳам, дар таҳти дилаш чи андоза шодиву сурур тантана дошт. Пешин вай ин зебоиҳоро эҳсос намекард, чунон ки ҳозир. Алъон дарк намуд, ки фарзандони диёраш нисбат ба табиати афсонавии Кокшаг муҳаббати самимӣ доранд. Ба тасаввураш пирамарди дар паҳлуяш хобида Карп не, балки ҳамон Кокшагест, ки шабу рӯз ранҷи афзун кашидаву ҷон коҳонда, инак, мехоҳад андаке биосояд. Ҷовидона тозаву дилкаш монда, умре ба инсонҳо, рустаниҳову дарахтон, эҳёи зиндагӣ дар рӯйи замин ва зебоиро ҳадя месозад. Аммо худи Лавруш кияст? Баргаки алаф ё қатраяки об? Донаи ҷола ё шохчаи гул? Андешаҳояш монанди калобаи саргуми рӯйи фарш фитода пареш мехӯрад, дарҳам-барҳам меомезад. Бираву биғундораш…
*   *   *
-Бишитобеду дар як ҷо тӯб шавед!- сар аз кабинаи трактор берун оварда, фарёд мезанад Миклай.
Вай гирдогирди ғарамҳо гашта, мебинад, ки дандонаҳои агрегат алафҳоро ба дамаш фурӯ мекашаду онро боэҳтиёт бардошта, болои талҳои дигар мегузорад. Даме, ки Миклай ғарамҳоро бошаст холӣ мекард, аз боло Ануш бо Вера онҳоро бо хаскашакҳо нигоҳ медоштанд. Барои он ки зан ба поин ҷар нашавад, Миклай дандонаҳои агрегатро сӯйи худ мекашид.
Он рӯз чи пиру чи барно ҷудо-ҷудо алаф дарза мебастанд. Мазмун, ҳамдигарро меозмуданд: дарзаи кӣ калону рост ва диданитар аст? Ҷое, ки ҷавонҳо меҳнат мекунанд, хандаву шӯхӣ ва хушҳолӣ тафсон аст. Аз муҳити калонсолон бошад, садое барнахоста, бе шитобзадагӣ, арақи ҷабин мерезониданд.
Лавруш рӯ ба замин, алаф ғун меовард. Меҳаросид, ки ба боло бингарад. Шамол домони куртаи Анушро бозӣ медоронд. Эзори кӯтоҳи сиёҳ ва ронҳои ғафсу сахташ намоён буданд. «Аз афташ нафаҳмидааст, ки монанди Вера шим бипӯшад!»- бо худ муҳокима меронд Лавруш ва ба Миклайе, ки ҳар замон сарашро баланд мебардошт, бадқаҳр назар меафканд.
Духтарон ғарамҳои алафро дарза баста, барои дар аробаи аспӣ бурданашон арғамчин хостанд. Онҳо дарзаҳоро аз ду тараф паҳлуи ҳам чиданд.
-Бинишинед, шумоҳоро мисли кайҳоннавардон ба замин мефурорам!- бордони холии агрегаташро бардоштаву ба рӯи ғарамҳо гузошта, мегӯяд Миклай. Духтарон аз рӯи сидқ ҳамранги оруи асал тан ба тани ҳамдигар маҳкам мечаспанд.
Тракторчӣ агрегаташро ба тарафе гардонда, бордонашро якмаром фуровардан мегирад. Вале дар сатҳи то се метр ба замин нарасида, Миклай агрегатро бозмедорад. Худаш бошад, дарҳол аз кабина парида мефурояд.
-Ту чӣ кор мекунӣ? Бифурор, моро!- дод мезананд аз боло духтарон.
-Бас! Акнун куртаҳоятонро кашида, аз онҳо парашют созед. Фалакпаймоён қоидае доранд, ки дар охир бо парашют мепаранд.
-Миклайҷон-е, моро фурор… Яке мепарем, пойҳоямон мешиканад. Баъд, моро кӣ ба занӣ мегирад?- илтиҷо мекунад Вера аз тракторчӣ.
-Хавотир накашед, худам ба шумоён хонадор мешавам!
-Ба ҳардуямон?- тааҷҷубзада механданд духтарон.
-Агар «ҳа» гӯед, ба ҳардуятон. Боқуввату зӯр ҳастам!- ба аскиягӯӣ мегузарад Миклай.
-Ту одами даркориӣ! Ман ба ту ба шавҳар намебароям,- мегӯяд Ануш.
-Ман ҳам намебароям!- пайрав мешавад ба дугонааш Вера.
-Ин тавр бошад, ҳамон ҷо мондан мегиред!- тракторчӣ ба каноре рафта менишинад ва сигор бароварда, дуд мекунад.
-Мебароем, мебароем…
-Ана, ин гапи дигар… - тракторчӣ қаноатманд вориди кабина шуда, духтаронро ба замин мефурорад.
Акнун шумоҳо азони ман шудед!- Миклай дарзамон Анушро дошта, сӯи замин мекашад. Ҳанӯз духтарро бағал накашида буд, ки дугонаҳо баробар ҳолати ҳарб гирифта, ба мардак дармефитанд. Аз пойҳову дастонаш қапида, биниву гӯшҳояшро мекашанд.
-Аҳ, сар диҳед… Мехоҳед, гӯшҳои маро канда партоед?- фиғон мебардорад Миклай.
Духтарон ӯро раҳо карда, ба тарафе тела медиҳанд.
-Доиман ҳамин хел: толеи бадам дар хок, нав мегӯям, як бӯса биситонам, ки маро аз худашон дур месозанд,- ғурбат мекунад Миклай.- Магар ягон ҷоят кам мешавад, Ануш? Шумо то чанд ӯро эҳтиёт мекунед?
-Ту барои чӣ ин қадар ба ман мечаспӣ? Ман хушдорат ҳастам-чӣ?!- дод мезанад ба сари ӯ Ануш. Вай бениҳоят ба хашм омада, нафасаш тангӣ мекард ва Миклайро мепесонд.
-Яке ҳамқисмати ман мешавӣ!- Миклай паст наомада, паҳлуи Лавруш рост истода оҳиста мегӯяд:- Чӣ хода барин истодаӣ, дам намезанӣ? Магар аз онҳо метарсӣ?
Лавруш ба тракторчӣ ҳузнолуд нигоҳе карду аз ҳаё лоласон сурх шуд.
-Ба ту чӣ шуд?- Миклай ҳолати нобобро пай бурда, ба рӯи ҷавон бо диққат назар меафканад.
-Ҳеҷ чиз нашудааст,- Лавруш хашмашро фурӯ нишонда, аз онҳо дурӣ меҷӯяд.
-Нафаҳмида истодаам… Миклай дастонашро ба ду тараф ёзонда, меафзояд: - Дар омади гап шӯхӣ кардам. Чӣ, Шумо шӯхиро намефаҳмед?
-Сарата хӯрад, шӯхиҳои хунукат!- бо китфаш вайро мекӯбад Вера.
-Ту ба ин корҳо ҳамроҳ нашав, беақл!- бонг мезанад Миклай ба сари Вера. Охир, ҳамаашро медонам! Рӯзона гӯё мисли фаришта бошӣ, шом ки шуд, дар гӯшаҳои торик бо сағераҳои дайду мегардӣ. Инро на як бору ду бор мушоҳида кардаам! Мо чунинҳоро бисёр дидаем!
Бо шунидани ин маломат духтарон якбора оташ гирифтанд. Эҳа, онҳо аз худ раҳида, ба сари Миклайи бечора чормағз шикастанд. Ҳамин қадараш монда буд, ки ба танаш мушт кӯбанд. Вале зарби аз ҳама гаронтарин путки сухан аст. Духтарон мегуфтанд:
-Агар гашта бошем, кори ту-чӣ?...
-Бо ту барин лаққӣ ҳеҷ кас намегардад…
-Э, ту ба кӣ даркорӣ?..
-Аз пеши мо бирав! Сарамонро гаранг накун…
-Хушдор, ки надорӣ, ҳамаро бад мебинӣ, боз булбулакат мехонад.
-Наход, ҷавон ҳамин зайл беодоб шавад?..
-Аз миёни мо хушдор наков. Мо ҳаргиз розӣ намешавем.
-Дилбар доштан мехоҳӣ, аз дигар ҷо биҷӯ
-Фақат аз хоҷагии мо не...
-Шояд, барои худ ягон олуси манаҳкаҷаларо меёбӣ
Дар зимни суханони охирин духтарон баробар завқ бурда, анқариб аз ханда рӯдакан шуданд. Онҳо ҳар сӯ ғел зада, ба пушти ҳамдигарӣ тап-тап мекӯфтанд.
Миклай сараш хам, меҳаросид, ки дар посухи қасос чизе бигӯяд. Вай медонад, ки зӯраш ба духтарҳо намерасад. Фаразан, ба ишон занозанӣ биоғозад, дарзамон дастону пойҳояшро баста, ба каноре бурда, ҳаво медиҳанд.
Лавруш дар гӯшае бетараф менишаст. Ӯ дар ин миёна ҳузури худро ҷоиз намедонист. Он содадилие, ки Миклай бо духтарҳо дошт, дар ниҳоди вай меҳмон намешавад. Ҳанӯз гоҳи таҳсил дар техникум ӯ як пайвандашро ба ин тарз озмуда буд:
-Вақти шиносоӣ бо духтарҳо аввал чӣ мегӯянд?
-Хайр, ку вобаста ба вақту замон ягон чиз бигӯ... Масалан, аз боби вазъи ҳаво имтиҳонам гир: обуҳавосанҷон барои фардо чӣ пешгӯӣ мекунанд?- гӯё ақл омӯзонид ба вай пайвандаш.
Пайдост, ки илм ба ройгон намеравад.
Духтароне, ки чанде пеш қаҳ-қос механдиданд, якбора хомӯш монданд. Нигоҳашон сӯи Лавруш, пичир-пичирашон тафсид. «Битарсӣ, ба муродат намерасӣ…»- чунин дарёфт Лавруш аз гуфтори Вера, аммо чизеро сарфаҳм нарафт.
Раҳравон Ануш якбора аз дугонааш ҷудо шуда, дум-думи Лавруш омада-омада шапкаи сари ӯро чанг заду ба тарафе гурехт. Духтарон аз ин манзара кайф карда, механдиданд.
Лавруш аз ин амали маслиҳатомези духтарҳо дар ғазаб афтода, бо тааҷҷуб, пешонӣ пурчин, ҷиготҳояшро дарҳам кашид. «Ин корашон чӣ маъно дорад? Ё ба таъқиби ман камар бастаанд?»- андешид ба худ вай.
Ануш шапкаро ба сар ниҳода, чунон шинаму зебо тоб хӯрд, ки мегӯӣ кабки масте дар марғзор аҷаб хуш мехиромид.
ӯш, завқам чӣ хел?- пурсид вай аз дугонааш.-Шапка мезебадам?
-Бисёр зебанда аст. Гӯё онро махсус барои ту дӯзондаанд,- шердил мекарданд ӯро дугонаҳояш ва бо гӯшаи чашм ба Лавруш менигаристанд. Ку чӣ амалеро ба сомон мерасонад?
Лавруш ҷиддӣ пурсид, ки шапкаашро бозгардонад, лекин Ануш бозиро аз ҳад гузаронд. Ҷавон ба духтар наздик омад, ки вай чаппасар дуртар тохт.
Димоғи Лавруш сӯхт, ки духтарҳо хандидаву мазоҳаш доранд… Номусаш ҷӯшида, ба дунболи Ануш дартоз шуд. Ҳамагон аз бозии мароқангези ҷавону духтар ба ваҷд омада, нафир мекашиданд:
-Дарёбаш карда наметавонӣ!.. Аздусар наметавонӣ!.. Пойҳоят кӯтоҳанд!..
Ануши дарситез мулоим давр гашта, ба каноре заргӯшвор чап париду осмонкаф хандид. Ин бозӣ таваҷҷуҳи Лаврушро ба худ кашида, раҳи ӯро банд андохт ва дастонашро боз кард, то аз кифтони духтар бидорад. Дар ин асно –қасдан кард ё на?- духтар пешпоӣ хӯрду болои кӯрпаи баланди алаф афтод. Ҳолати зайл чунон ногаҳонӣ рух дод, ки Лавруш натавонист бозаш бидорад. Вай даст ёзонда, худро болои духтар партофт. Нахуст ба шапкааш чанг зад, ки бигирадаш, вале Ануш онро сар намедод. Гоҳи бардорузан тасодуфан лабони Лавруш ба рӯи Ануш часпид. Ӯ аз тарси зиёд суп-сурх шуд, як ларзиду гӯё сими барқаш зада бошад, шапкаи дасташ раҳо хӯрд. Ануш ҳам аз ҳаё сурх шуда, димоғаш сӯхт. Беихтиёр дастонаш кушода шуда, шапка дар бараш афтод. Лавруш аз чашмони духтар дида барнаканда, дунёро фаромӯш сохту бехудона лабонашро макид. Духтар ҳамоно чашмонаш пӯшида, ӯро маҳкам дар оғӯш нигоҳ медошт ва сипас, оҳе аз ҷигар кашида, гуфт:
-Сар деҳ…
Лавруш аз пештара бештар шарм медошт, нигоҳашро мегурезонд ва наметавонист духтарро ба пой бархезонад. Дертар ҳарду дастобадаст, сар ба сукут, ба назди даравгарҳо бозгаштанд. Шапкаеро, ки болои алафҳо мехобид, кайҳо фаромӯш карда буданд.
Ин замон духтарҳо дигар намехандиданд. Онҳо ба чеҳраҳои Лавруш ва Ануш, ки дастонашонро аз ҳам раҳо накарда, барбабар менишастанд, бодиққат нигоҳ медӯхтанд. Як ҳолати роздоре фарогир шуд. Аз ин ба баъд ҳарду набояд пинҳон бишаванд. Чунки ин воқеа пешорӯи умум гузашт. Акнун минбаъд онҳоро ҳамгуни ошиқу маъшуқ бояд шинохт.
-Як лаҳза биистед, биистед… Ин чӣ гуфтанӣ гап, а?- фарёд зад Миклай аз ҷояш ҷаҳида.
-Сабр кунед, ҳамин алафдаравӣ тамом шавад, ягонтоятонро ба шавҳар медиҳем. Албатта, дар тӯй худам арғушт меравам,- забон лесида гуфт саркор.
-Киро? Бигӯед, охир киро?- паёпай бонг мезад Миклай.
-Наход, то ҳол пай набурда бошед?
Миклай ба Лавруш ва Ануш маънодор назар афканд.

*   *   *
Бегоҳӣ боз мошини одамкашон омад. Аз чи боис ин бор мардум ба саворшавӣ шитоб намекард. Чанде пиёда роҳ мерафтанд. Дар миёни ақибмондаҳо Лавруш якбора Ануш ва модари ӯро дид.
-Имрӯз мо ба хона намеравем,- номаълум аз модар ҷудо шуда, омада гуфт Ануш бунигӯшӣ ба Лавруш.
-Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
-Алаф медаравем … барои худамон…
-Маро ҳамроҳ мегирӣ?
-Яке натарсӣ?- духтар синчакорона ба чашмони Лавруш нигоҳ кард.
-Аз чӣ битарсам? Рӯзона натарсидам-ку.
Духтар хандида-хандида ба назди модараш баргашт.
Дар хоҷагӣ ин қоида ҷорӣ буд: вақте мавсими алафдаравӣ поён меёфт, ҳар кас метавонист барои чорвои шахсияш алаф захира намояд. Вале ба як шарт: ҳарчи ғундошт, худи ҳамон шаб онро бубояд ба хонааш бубарад. Агар не, пагоҳаш онро ба алафи хоҷагӣ ҳамроҳ намуда, дар ҳисоби умумӣ реза-резааш мекунанд.
Аз ин лиҳоз, одамон аз миёни буттазору ботлоқи серлой ва оббурдаҳову ялангиҳои беша қабзаҳои нодарави аз ҳисоби хоҷагӣ боқӣ мондаро дастикам медаравиданд. Шабона бошад, онро ба хона мекашониданд. Маъмурияти хоҷагӣ бовар дошт, ки аъзояш ба қабзаи алаф ва пари коҳе дасти хиёнат намебаранд. Муҳимаш-андозашиносанд, чашмгурусна нестанд. Аз меъёр зиёдашро ҳаром меҳисобанд. Ба болохонаи ҳар кадом назар андохта, дармеёбед: кӣ чанд гову мол дорад ва чӣ миқдор алаф мекашонад.
Ана, ин бегоҳ низ одамони дар чайла монда якҷоя шишта, чой нӯшиданд. Сонӣ, пойдосҳоро сари кифтон бардошта, ҳар сӯ пароканданд. Яъне сари ҳамон мазраи хурдаке мерафтанд, ки рӯзона он ҷойро таги чашм карда буданд.
Лавруш пойдосро гирифта, аз пайи Ануш қадам бардошт. Духтар ҳампаҳлуи модар пештар мерафту боз ба пас менигарист. Аз поидани Лавруш чандон тааҷҷуб ҳам намекард.
-Ана, ҳамин ҷо алаф медаравем,- модари Ануш сари бораяке миёни буттаҳо истод.- Об нӯшидан мехоҳед? Эҳтимол хаста шудаед?
Ануш ба ҷавон нигоҳ дӯхт, аммо Лавруш сари инкор ҷунбонд.
Кор якмаром, бо вусъат пеш мерафт. Онҳо як мазраро даравида, ба дигараш мегузаштанд. Алафи он ҷо фоидаовар низ буд. Дар торикӣ думодум алафдаравӣ номумкин аст. Эҳтимол пойдос хато хӯрда, пои якеро хуншор мекард. Асосан одамон танҳо-танҳо медаравиданд. Ануш сипоҳона аз паҳлуи Лавруш дур намерафт.
Аҷабо, ба атроф якбора накҳати хушу гуворое паҳн гардид. Лавруш пойдосашро дар замин хасту саҷда ба хок овард. Ин бӯи тези пудина буд. Ҷавон хам шуда, дастонашро ба пеш ёзонид, яке ба Ануш бархӯрд. Духтар андаке дард кашид, Лавруш озодона пудинаро канда, пеши рӯи ӯ наздик бурд.
-Дигар дард намекашад?
-Не,- посух медиҳад духтар манаҳашро пӯшонида.
-Ҳой, ақиб намонед! Вақт мунтазир намешавад,- ба гӯш мерасад аз торикӣ садои модараш.- Хаста шудед-чӣ?
-Очаҷон, бас аст охир.
-Рост мегӯӣ, ин қадар алафро чӣ кор мекунем? Ба говҳо он сӯ, барои баррачаҳо ҳам мерасад. Биёед, андак фароғат мекунем.
Ануш ва модараш болои кӯрпаи алаф каҷпаҳлу заданд. Лавруш дар гӯшае танҳо монд.
ӣ шарм медорӣ? Ту ҳам бихоб. Мардак шудаӣ, охир,- хоболуда овоз мебарорад модари Ануш.
Лавруш боэҳтиёт дуртар аз духтар ба замин ғелида, дастонашро ба пеш ёзонд, ки ба кифтони Ануш бирасад. Духтар паҳлу гашта, дастони сӯяш ёзидаро медорад.
Ҳарду аз нигоҳи ҳам рамуз хонда, ёрои ҷунбидан надоштанд… Лавруш меандешад, ки ишқ инсонро зебо, дилашро покиза дошта, неруи нав мебахшояд. Дар ишқ бадзиштӣ намезебад, зеро дунёи ишқ зебост. Онро ҳар кас мувофиқи табъи худаш мефаҳмад. Пайрави ишқи пок дигаронро низ аз ин файз баҳравар мегардонад.
Ануш бар гардани ҷавон маҳин даст андохта, самимона пичиррос зад:
ӯстат медорам…
Гоҳе духтар дар паҳлуи ҷавон ҷой мегирад, ӯро меозмояд: ку ғайраташро бой медиҳад ё на? Чӣ афкоре ба сар мепарварад? Ба ҳолаш намехандида бошад, а? Агар дар сурати вай арӯсашро бубинад, он гаҳ дӯсташ дошта, аз одамони бадкеш ҳимояташ карда метавонад ё… Духтар ин нуктаро зуд пай мебарад ва аз рӯи фаросат амал мекунад. Яъне нафорадаш, ӯро аз канори хеш дур месозад. Агар дӯсташ бидорад, боумед ба оғӯш мегирадаш.
-Ту одами хубӣ…,- оҳистаяк мегӯяд Ануш.
-Ба чӣ ваҷҳ?
-Дили сафеду нарме дорӣ… Аҷаб хоксорӣ, фикрҳои бадро аз сар дур меандозӣ
-Ин ҳамаро аз куҷо медонӣ?
ӣ тавр надонам? Ман туро хубтар аз дигарон мешиносам-ку.
-Дар умри сарат касеро дӯст доштаӣ?
-Ту бахти аввалинам…
Дар оташи ишқ саропои Лавруш месӯхт магар, ки духтарро маҳкам ба оғӯш кашид.
Дунёи розу ниёзи ошиқон фаро расида буд, ки дер гоҳ аз ҷой барнахоста, тапиданҳои дилҳои беқарори ҳамдигарро гӯш карданд. Ҳарду наззорагар медиданд, ки чӣ зайл ахтарон аз осмон канда шуда, якбора нопадид мешаванд. Ё чӣ гуна аҳён-аҳён абрпораҳои сафед якмаром шино доранд.
Лавруш ба чеҳраи Ануш даст расонида, баногаҳ дар буни гӯши вай холакеро пай мебарад.
-Акнун дар торикӣ ҳам маро мешиносӣ,- пичиррос мезанад Ануш.
Модар сулфида-сулфида садо бароварда, ҷунбиш мехӯрад.
Ануш осемасар парида аз ҷой хесту андомашро ба ифоқа овард. Ӯ дарҳол чойник рӯи даст, ҷониби соҳили Кокшаг давид.
-Ман об овардам. Дасту рӯятро бишӯй.
Лавруш шустушӯй кард. Духтар рӯймоли сарашро кушода, сӯйи дилдодааш дароз намуд. Ҷавон аввал «не» гуфт, вале Ануш бошад, маҷбуран онро ба дасташ қапонд.
Духтар рӯӯи шабнам ҷониби рӯд дартоз шуд. Кокшаг нуқрафом мавҷзанӣ дошт. Алъон дарахтон аз хишир-хишир бозмондаанд. Аз самти шарқии осмон батадриҷ шафақ медамид. Абрҳо рӯшантар тобида, дар қисми болои ҷангал як навъ ҷунбиш эҳсос мешуд. Ана мана нагуфта хуршед тулӯъ мекунад. Само ранг бадал намуда, субҳи содиқ дамидан дошт.
Инак, аз канори беша як гӯшаи тамашкзору қурси офтоб ба дид меояд. Дар ин фосила табиати дар ҳоли нумӯъ пуравҷ камол меёбад. Парандагон таваккалан хониш, дарахтон ҷунбиш мехӯрданд. Ана, булбул ҳам ба чаҳ-чаҳзанӣ даромад. Ин дам як ламъа нури хуршед ба дидагони ҷавон бархӯрд. Ӯ аз ҷой парида хест, хобаш гурехт. Қатраҳои шабнамро пош дода, дасту рӯй шуст ва гардан ёзонда, нимшунаво ҳуштак кашид.
Одамон аз боло то поин ҷумлагӣ ҳамсадо бо рӯди Кокшаганд. Атроф мегӯӣ ғарқи наво гашта.
-Лавруш, бо исми падар туро чӣ ном мебаранд?- пеш аз даъват ба наҳорӣ ҷӯё шуд модари Ануш.
-Петрович…
-Яъне Лаврентий Петрович будаӣ…Биё, дар бари мо биншин. Ку ба чашмаконам бубинам, шумоҳо якҷоя чӣ зайл менамоед?
Лавруш дигар шарм надошта, паҳлуи Ануш нишаст, боҷуръат ба чашмонаш нигоҳ дӯхт ва даври лабонаш табассум гул кард. Вале духтар меҳаросид, ки сар боло кунад. Вай мисли бонуи ҷавони хона ба Лавруш гоҳ аз ин ва гоҳ аз дигар анвои таом дароз мекард.
-Ба шумоҳо нигаристан хушам меояд. Ануш муносиби туст,- ба навозиш мегӯяд пиразан ва дар андешаи кор мешавад.- Беҳтар мебуд, алафҳоро худи ҳамин рӯз мебурдем. Ҳай-ҳай, кош ҳамин тавр мешуд.
-Ман ҳатман мошин меёбам! – бо ҳарорат мегӯяд Лавруш.
Ӯ мотосиклашро савор шуда, ба шаҳрак омад. Миклайро ёфта, арзи дил кард. Дӯсташ аз ёрӣ сар напечид. Онҳо ҳарду тележкаро ба думи трактор баста, ба болояш панҷшохаву хаскашак ва арғамчинҳои ғафс партофтанд. Ба нияти он ки алафро покиза биғундоранд, Лавруш тракторчиро бигзашта, шитобон ба Кокшаг расид.
Дар роҳи байни деҳот ӯ ба «Волга»-и директор дучор омад. Роҳбари хоҷагӣ Лаврушро шинохта, мошинро боздошт ва сар аз кабина бароварда гуфт:
-Ассалому алейкум, Лаврентий Петрович! Дар ин сари субҳ сафарҳо ба хайр?
-Ҳамин хел… Истироҳат дорам, - забон хоида посух дод Лавруш.
-Дида истодаам, чӣ хел истироҳат дорӣ… Ҳамаашро медонам. Мабодо-ку барои харидани гов роҳакӣ нестӣ?
-Э не-е…
-Ҳоло гов ҳам парво мекунӣ? - хандида гуфт директор.- Отпуски меҳнатиятро ягон рӯз хат назада, пурра медиҳам. Шунидам, ки ту дам нагирифта, дар маъракаи алафдаравӣ ба хоҷагӣ ёрӣ расонидаӣ.
Лавруш дар баҳри андешаҳои саргум ғӯтавар, рӯи роҳ тӯлонӣ истод. Фақат ҳамин лаҳза комилан дарк намуд, ки дар ҳаёти ӯ гардиши куллӣ ва хушбахтии беинтиҳо ҷовидона ба вуқӯъ пайвастааст.
Имрӯз Кокшаги мо батамом дигаргун аст. Ба ин рӯди пуртуғён менигараму ҷавониямро ёд меоварам. Кокшагро даврони бачагиҳоям ва имрӯзи он мисли гиреҳи ногусастанӣ пайванд медиҳад. Ба гӯшаи фаромӯшӣ сипардани Кокшаг имконнопазир аст. Бо ёди он хотираҳо зинда шуда, шахсро ба ояндаи нек тавонмандӣ ва эътимод мебахшанд. Зебоии рӯд оғозу анҷом надорад.
Рӯди Кокшаг ҷовидон ҷорист. Заминҳоро шодоб гардонида, ба мардум ғановату тавоноӣ мефизояд, дунёро рангин мекунад. Дар ниҳоди инсонҳо ҳисси покӣ, накӯӣ ва зебоипарастиро эҳё месозад. Оре, Кокшаг ҷовидона ҳамин тавр хоҳад монд!

Аз русӣ тарҷумаи Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод
(Нашриёти «Современник», Москва, 1979).


Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА