НАСР
Бахтиёри ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
(Хотима)
Фаслҳои сол дигар шавад, ки аз афт, одати Маҳбубаойти дигар намешавад. Доимо гапу рафтораш як хелу вазифааш фақат камбудӣ ёфтану ходимонашро сарзаниш кардан аст.
РӮЗИ ДАҲУМ
‒Субҳ дамид, шаҳбозҳо! Агар хоҳед, ҳавсала
дошта бошед ва малоли хотиратон нагардад, марҳамат карда, аз хоби нозатон бедор
шавед. Шавқу рағбате дошта бошед, якҷоя баромада, аз рӯйи реҷа метозем. Агар
нахоҳед, ихтиёратон. Баҳузур хоба занед, азаматҳо! Ба шумо хоби ширину бисёрсериягӣ
мехоҳам. Вале ман, шумо хоҳед‒нахоҳед, ки баромада тохтанам шарт. Ин принсипи
ҳаётии ман аст!
Ин саҳар командир 180 дараҷа тағйир
ёфта буд. Вай аз ҳад зиёд чорбзабонӣ мекард. Зеро имрӯз рӯзи охирини ҳукмрониаш
ба ҳисоб мерафт.
Аз Довару Мирзобек садое набаромад. Онҳо ҳанӯз дар хоб буданд ва нияти хестан ҳам надоштанд.
Аз Довару Мирзобек садое набаромад. Онҳо ҳанӯз дар хоб буданд ва нияти хестан ҳам надоштанд.
‒ Хайр, ҷанобон, нахоҳед, маҷбур
намекунам. Зорӣ дораму зӯрӣ не. Бароятон боз як соат хоби хушу бароҳат орзу
мекунам. Хобҳои хуш бинед, барои ман, аз ҳама асосиаш, дӯстон саломат бошанд! ‒
ширинзабонии командир ҳадду канор надошт.
«Аҷаб дунёе! Ҳама ҳам ҳамин хел бошад?
Вақти дар курсии мансаб будан аз нӯги забонаш заҳру зақум мечакад. Баъде, ки аз
зини мансаб каллапарон мераванд, якбора мӯъмину мусулмон мешаванд», ‒ аз дил гузаронд Довар.
Ҳамин вақт роҳи ҳаёти як ҳамдеҳааш ба
ёдаш расид. Соҳиби мансаб шудану аз
мансаб рафтанашро мардум тавассути номаш ифода мекарданд. Ба ин восита ҳатто аз
тарҷимаи ҳолу роҳи ҳаёташ пурра воқиф шудан мумкин буд.
Аввалҳо ҳама ӯро Назари гаранг мегуфтанд.
Чунки кунду карахт буд.
Бо ёрии тағояш соҳиби мансабчае гардиду
номаш Назар шуд.
Сонӣ, бо зинаи мансабчае баромаду Назарқул
гардид. Духтари ланги амалдори калонеро гирифта, зина ба зина ба вазифаҳои
баландтар расид. Назарҷон, Муллоназарҷон, Мулломуҳаммадназарҷон,
Муллосултонмуҳаммадназарҷон, мӯҳтарам Муллосултонмуҳаммадназарҷон шуд.
Дар вақти ба қуллаи баланди мансаб расиданаш ӯро ҳоҷӣ Муллосултонмуҳаммадназарҷон
Каттаевичи арҷманд мегуфтанд.
Падарарӯсаш мурду каллапарронравии ӯ оғоз ёфт. Яъне, Муллосултонмуҳаммадназарҷон,
Мулломуҳаммадназарҷон, Муҳаммадназарҷон, Муҳаммадназар, гуфта номашро
ихтисортар карданд. Баъд Назарбой, Назарқул, Назар ва охиру оқибат Назари
гаранг гардид. Вақте, ки мурд, гуфтанд:
«Алвидоъ, э падарлаънати ҳаромӣ!»
Довар ҳамаи инҳоро аз хотир гузаронда,
бедор будани Мирзобекро фаромӯш сохт магар, ки якбора хандида фиристод.
‒ Э-ҳа, худаш чӣ гап шуд, ки механдед?
‒ сар аз болин бардошта, хобу хоболуд пурсид Мирзобек.
‒ Ҳамин тавр.
‒ Ӯҳ одамҳои доно-е! Ҳамин тавр, бе ягон
асос ҳам хандида, умратонро дароз мекунед-е! Э қоил ман!
* * *
Иқболшоҳ дар нонуштаи пагоҳирӯзӣ ҳандалак
хӯрдан мехост. Ҳамин вақт овози ошпаззан баланд шуд. Ӯ ҳамаро ба ошхона даъват
мекард, ки ба хӯрдани шавлаи кашкдор оянд.
‒ Ошро ин ҷо биёранд, ‒ Довар, ки наряд
гирифта буд, ба командир рӯ оварда пурсид. ‒ Л худамон ба ошхона меравем?
‒ Хоҳетон ба ҳамин ҷо меорем, ‒ ошпаз,
ки ба палата сар халонда буд, пурсид. ‒Шумо чанд нафар?
‒ Чор нафар, ‒ аз номи ҳама ҷавоб дод
Мирзобек.
‒ О шумо се кас‒ку? ‒ ҳайрон шуд
ошпаззан. ‒ Чоруматон кӣ?
‒ Модарарӯси Довар. Ҳозир меоянд.
Ошпаззан хандид.
Се табақча шавлаи башири кашкдор дар
рӯйи дастархон ҳозир шуд. Мирзобеку Довар онро бо нону Иқболшоҳ бо ҳандалак
хӯрд. Ба нигоҳи саволомези навкаронаш нигариста, эътирозомез гуфт:
‒ Шумо нахӯред, ин ҳайф мешавад.
Душвориро ба худ гирифта, маҷбур хӯрда истодаем.
‒ Ба шумо шамоли деҳаи гоҷҳо расида
бошад аҷаб нест.
Иқболшоҳ нашунид.
Ошпаззан шавларо бечумча оварда буд.
Баъди хӯрдан Довар пурсид:
‒ Ҷаноби командир, бемалол бошад, як
чизро пурсам, мумкин? Гӯед, ки оё лесидан ҷойи шустанро мегирад?
‒ Не? ‒ қатъӣ гуфт Иқболшоҳ.
‒ Уф-ф, мани нодон хуб қошуқро
лесидаам, ‒ Довар табақчаҳоро ба ошхона монда омад. Чумчаҳоро шуста, онҳоро намоишкорона
бо сачоқ пок карда истодаанашро ба командир нишон дода, гуфт:
‒ Рафиқ командир, хизмати содиқонаи
маро дида истодаед?
‒ Албатта. Аз номи ҳайати фармондиҳӣ ба
шумо раҳматнома эълон мекунам!
‒ Саломат бошед. Минбаъд ҳам дар роҳи
ишкамсеркунӣ аз таҳти дил хизмат мекунам.
* * *
Дарро кӯфта, аз рӯйи одат Гулҷаҳон даромад.
‒ Хайр, шумоҳон ҳама нағз? Тинҷиву амонӣ?
Саломатиатон хуб?
‒ Раҳмат. Ҳамааш бо дуои шумою табобати
хуби духтурон, Гулҷаҳон, ‒ аз номи ҳама
ҷавоб дод Иқболшоҳ.
‒ Имрӯз мераветон-а?
‒ Ҳа, лекин чаро ҳамаи шумоён, аз
фаррош сар карда, то худи сардухтур рафтани моро мехоҳед? ‒ ҳазломез пурсид
Мирзобек. ‒ Инҳоро намедонаму ман, ‒ ба сӯйи шариконаш нигарист Мирзобек, ‒ то
31-уми декабр дар ҳамин ҷо мемонам. Пешинӣ дар беморхона обед карда, сонӣ ба
хона меравам. Ин хел шароиту ин хел духтуру лаборанту ходимаҳои хушрӯро боз кай
мебинам ва аз куҷо меёбам? Ҳа, ҳар рӯз шумо
пагоҳӣ даромада, кафшҳои маро рост карда монданатон бефойида. Хотиракатонро
ҷамъ кунед, ки ҳоло ман намеравам ва ин хел ириму ҷиримҳоятон ба кор намеравад.
‒ Пойафзалҳоро рост карда мондан аз
бачагӣ ба ман одат. Ин кори ман маънои «равад»-ро надорад. Фақат бо мақсади
коратон рост шавад, ҳамеша пешрав бошад, дар байнаш гиреҳе наафтад, омад ёру худо
мададгоратон бошад аст.
‒ Ӯҳ одамҳои доно-е, ба гапёбӣ ин қадар
усто шумо. Бо суханҳои нарму ширин, чеҳраи хандону шукуфон ва ҳурмату эҳтироми бепоён
«дафъ шавед!» мегӯед-а?!
‒ Э Мирзоака, шумо доимо ҳамин хел-а?! Одам
ба ягон чиз гуфтан ҳам метарсад. Даррав шумо ба маънои дигараш мебареду одама
дар хиҷолат мемононед, ‒ ҳазломез абрӯ чин кард Гулҷаҳон, ки хеле дилфиребона
буд.
‒ Шумо зиқ нашавед, Гулҷаҳон, ба шумо қошу
қавоқ не, гул барин хандону шукуфон будан мезебад. Даҳони ин кас шалақ, ‒ ба
сӯи Мирзобек ало нигарист командир, ‒ як гуфтанду монданд-дия, шумо эътибор
надиҳед, ‒ ӯро дилбардорӣ кард Иқболшоҳ.
‒ Акнун як ҳазл ҳам карда нашавад? ‒
лаб бурма кард Мирзобек.
‒ Э ҳазлатон дар гӯр! ‒ гуфт Гулҷаҳон.
‒ Раҳмат.
‒ Раҳмат гуфтанатон барои чӣ?
‒ Ба ҷойи «ҳазлат», «худатон дар гӯр»
мегуфтед, зани бечораам бешавҳар монда чӣ
ко-о-ор мекард.
Гулҷаҳон хандид ва аз будаш ҳам бештар
зебо гашт.
* * *
Фаслҳои сол дигар шавад, ки аз афт, одати Маҳбубаойти дигар намешавад. Доимо гапу рафтораш як хелу вазифааш фақат камбудӣ ёфтану ходимонашро сарзаниш кардан аст.
Зани сухинарӯйи танутӯшдор, ки доим аз
ӯ гап мешунавид, имрӯз навбаташро бояд месупурд. Вайро боз ҷанг кард, ки
гилемро нағзакак бароварда наафшондааст.
‒ Хуб, ҳозир тоза мекунам! ‒ гӯён ҷонашро
аз ҷоғи беохири Маҳбубаойтӣ халос карданӣ шуда, худи ҳамон лаҳза ба тоза
кардани гилем пардохт.
Ойтӣ баромада рафт.
‒ Ин шефатон келин биёранд, вайро ҳам ҳамин
хел ҷанг мекарда бошанд? ‒ пурсид аз ӯ Мирзобек.
‒ Намедонам, ‒ мисли тамоми шахсони
фарбеҳу танутӯшдор, ки табиатан дилсафеду каме фориғбол мешаванд, батаънӣ ҷавоб
дод ӯ. ‒ Ба хаёлам, ин қадар пулу мол сарф кардаву тӯйи калон дода, келин
биёранд, ҷанг накунанд даркор.
‒ Набошад, худашон пеш‒пеши келин
тохта, ин гуна корҳоро ба ҷо меоранд?
‒ Намедонам.
‒ А-ҳа, фаҳмо, худашон хизматгори
келинашон будаанд. Ана барои ҳамин ҳаққашонро аз шумо ‒ бечораҳо мегирифтаанд.
* * *
‒ Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд. Агар
вақтатон бошад, гӯшакро гиред. Мешунавед, ба шумо занг мезананд, ҷаноб? Хайр,
гӯшакро нагиред ҳам, зарар надорад. Даркор бошад, баъдтар боз занг мезананд. Алӯ…
‒ Ана боз ба кадоме ман мисли чӯбаки
сеҳрноки халоскор даркор шудаам. ‒ Да! ‒ ҳамон бо оҳанги омиронаву дӯғангез
телефонро ба даст гирифта, ҷавоб дод Мирзобек. ‒ Салому алейкум! Нағз… Чӣ гап?
‒ аз афт, ягон одами нофораме телефон мекард, ки ҷавоби Мирзобек сарду нохоҳам буд.
‒ Кӣ вай худаш? Ман вайро мешиносам? Не?! Вай - чӣ? Вай маро мешиносад?! Вай
ҳам маро намешиносад?! Ин хел бошад, кор чатоқ-ку?! Хайр, ҳеҷ гап не. Даркор
бошад, мурдаро зинда мекунем. Меравем, шинос мешавем. Ягон хизматаш бошад, иҷро
мекунем. Ҷинояту хиёнатҳояшро ҳамчун корнамоиҳои гӯшношунид дар газета таъриф
мекунем, аз таппӣ манора месозем. Кучуку пишакашро болобардор карда, ба авҷи
осмон мебардорем ва кори шуморо буд мекунем, маъқул? Шудааст! Дигар хел гап
шуданаш ҳам мумкин нест ва намешавад ҳам! Хайр, то алоқа, дар мавҷи ҳаво.
Саломат бошед!
* * *
Пас аз таҳтӯли пагоҳирӯзӣ, ки дар
ошхона хӯрданд, шарикон ба палата баргаштанд. Иқболшоҳ чизу чораҳоро ҷо ба ҷо карда
истода, гуфт:
‒ Имрӯз рӯзи охирини мо дар беморхона
аст. Барои ман аз ҳама муҳимаш, дӯстон саломат бошанд, бас. Ҳамааш зӯру фақат
дар сӯзанхалонӣ танаффус шуд-дия. Ҳамонро ҳам қабул мекардем, олиҷаноб мешуд-дия.
Ба ҷойи даҳто ҳамагӣ шаш рӯз сӯзан гирифтем.
‒ Ғам нахӯред, командир, соли оянда
қусурашро мебарорем, ‒ ӯро дилпур карда, ваъда дод Мирзобек.
Ҳарчанд худи ӯ микроинсулт гирифта буд, ба саломатии худ
бепарвоёна муносибат мекард. Муфташро ёбад, гӯштбирён, сихкабоб, мурғ, моҳӣ, хулоса,
ҳар чизе, ки дар рафти зиёфат пеш ояд, то кафидан мехӯрд. Аз нӯшокӣ рӯ
намегардонд. Виноро дӯст дорад, ки аз болои вай арақ, коняк л пиво мезад. Дар
ин хел вақтҳо чӣ будани меъёр л ҳаддеро намедонист. Вале рӯзи дигар, ки дардҳо исён
бардошта, аз худ дарак медоданд, аз карда ҳазор пушаймон шуда, худро аз гӯр
гирифта, ба гӯр мезад. Қасам мехӯрд, ки бас мекунад ва л ҳеҷ набошад, ба меъёр
риоя менамояд. Вале ин пандиёт намешуд. Пас аз як соат боз имкони хӯрдану
нӯшидан пайдо шавад, Аҳмади порина мегашт.
‒ Эъ Мирзоака, шумо як гапҳое мезанед,
ки… Соли оянда соли оянда аст, ‒ ба гуфтаҳои Мирзобек розӣ нашуда, зид баромад
Иқболшоҳ. ‒ Ҳар корро, ки сар кардем, бояд онро ба охир расонем. Набошад, аз ин
хел табобат гирифтанамон чӣ фойида?
‒ Хайр, шумо ҳамеша ҳақ. Имрӯз ҳам то
бегоҳ гап-гапи шумо, командир. Мур гӯед, мемураму зиҳ гӯед, зинда мешавем.
‒ Имрӯз муолиҷаҳои охиринро мегирем. Ба
духтуру ҳамшираҳои шафқат аз рӯйи будаш нарзи даст медиҳем. ‒ Довар ба ӯ ало
нигоҳ карда, абрӯ чин кард. Вале Иқболшоҳ эътиборе надода, гапашро идома дод. ‒
Пас аз оббозӣ ду-се соат дам мегирем. Ана сонӣ, ҳар кадоми шуморо ба
хона‒хонаҳоятон бурда, ба дасти занҳоятон месупораму баъд худам хотирҷамъ мешавам.
‒ Худи шумо чӣ?
‒ Худи шумо чӣ?
‒ Ман чӣ? Бо ин аҳвол рост ба хона
рафтанам шармандагӣ. Ба сартарошхона медароям, мӯйи сарамро ба тартиб меорам…
‒ Масхара кунед, командир. Аз афташ,
заҳр зада наистед, об аз гулӯятон намеугузарад-а? Э шумо шудеду сари кали ман!
‒ Э, ман ба сари кали шумо чӣ кор
дорам? ‒ худро ба нодонӣ зад Иқболшоҳ. ‒ Рости гапро гуфта истодаам.
‒ Уф! Аз кал шудан дида, аҳмақ шудан
беҳтар будааст. Ҳеҷ кас намебинад…
‒ Ана, ба худатон омадед.
* * *
Довар ришашро гирифта, аз хонаи
дастшӯйӣ баромад. Иқболшоҳу Мирзобек байни худ чӣ сӯҳбати пинҳоне доштаанд, ки
зуд ба лабҳояшон кулӯх молиданд.
‒ Хӯш, Доварҷон, кайфиятҳо чӣ хел? ‒
мисли артист зуд дигар гашта, пурсид Мирзобек.
‒ Мешавад, ‒ кӯтоҳакак ҷавоб дод Довар,
ки аз «мешавад» нағз л бад буданашро фаҳмидан душвор буд.
‒ Мешавад ба дараҷаи аъло л?...
‒аниқтар кардан хост Иқболшоҳ.
‒ Нағз гӯям, душманон хафа мешаванд,
ганда гӯям ‒ дӯстон, миёна.
‒ Рости гап, муаллим ‒ ҷиддӣ шуда, ин
дафъа «муаллим» гуфт Мирзобек. ‒ Мо шуморо адабиётчӣ гӯем, шумо физик будед-дия.
‒ Физик не, математик, ‒ ӯро ислоҳ кард
Довар. ‒ Ба мактаб аз фанҳои математика, геометрия, тригенометрия дарс медиҳам.
‒ Ӯҳ ‒ ҳӯ, ‒ мад кашид Иқболшоҳ. ‒ Ин
қадар ба забони адабӣ хушрӯ гап мезанед, як шеърҳои зӯр мехонед, ки одам сеҳр
мешавад. Аллакай як ҷӯраам муштоқи сӯҳбатҳои шумо.
‒ Рости гап, муаллим, ‒ боз «муаллим»
гӯён муроҷиат кард Мирзобек, ‒ пӯла буду шӯла шуд нагуфта, як чизро аз шумо
пурсиданӣ будем. Шумо як муаллими оддӣ ҳастеду як олам кору ҳунарҳоро аз куҷо
медонед?
‒ Чӣ хел аз куҷо? ‒ ҳайрон шуда китф
дарҳам кашид Довар. ‒ Калларо кор мефармоям.
‒ Ба соз кардани ҳама чиз ақлат
мегирад? ‒ пурсид Иқболшоҳ.
‒ Зарурат пеш ояд, чаро не? Ҳамон
устоҳо ҳам мо барин одам. Ягон ҷояшон аз мо зиёд не. Зарурат устоди беҳамто.
Зӯр ояд, дар киса пул надошта бошед, худатон ҳамаи корҳоро карда метавонед.
‒ Э қоил ман! Шумо муаллим, хазинаи таппа–тайёр,
‒ ба ваҷд омад Мирзобек. ‒ Ҳамин қадар илму дониш доред, садҳо касбу кор аз
дастатон меояду мебахшед, барои скромнии вопрос, чаро бой нестед?
‒ Пули барзиёд чӣ даркор? ‒ ба
фаҳмондан пардохт Довар. ‒ Одам аз пайи пулу бойигарӣ тозад, аҷал аз пушти ӯ
медавад. Ҳирси дунё ҳам касалӣ барин як гап. Ҳар чӣ қадар бошад, боз бештар
шавад мегӯед. Рафта‒рафта пулу молу давлату бойигариҳо ҳамчун ботлоқ одамро ба
коми худ мекашад. Барои ҳамин мегӯянд - ку: Худо кама диҳаду ғама надиҳад.
‒ Рости гап, муаллимҷон, қаҳратон
наояд, ҷинӣ шумо. Ҳамин қадар илму дониш ва ҳунару маҳорат дошта бошеду дарвешона
зиндагӣ кунед, ин нишонаи ҷиннигӣ…
‒ Мумкин. Л пулдору бадавлатон ҷиннӣ?
‒ Шуд, шуд, Мирзоака, ‒ ҳамчун командир
ба миён даромад Иқболшоҳ. ‒ Ҳар касу ҳар чиз. Ба устод ҳамин тарзи ҳаёт маъқул
бошад, мо чӣ ҳам мегӯем, ‒ ва ба Довар рӯ оварда, илова кард. ‒ Фақат донед, ки мо шуморо дӯст
медорем ва ҳурмат мекунем. Ягон ёрие лозим шавад, мо ҳамеша ба хизмат тайёр.
‒ Проблемае пайдо шавад, муаллим, ‒
даст пеши бар гирифт Мирзобек, – беибо муроҷиат кардан гиред.
‒ Раҳмат.
* * *
Ҷӯраҳо ба қабули муолиҷаҳо рафтанд
Довар имрӯз Ҳотами той шуд. Баъди қабули ҳар як табобати физиотерапевтӣ ба
кисаи ходимони он «нарзи даст» меандохт. Ҳангоми иҷрои ин кор аз дил гузаронд,
ки гузаштагонамон аҳмақ набудаанд. «Зар бар сари фӯлод ниҳӣ, нарм шавад» гуфтанашон сад дар сад рост будааст. Баъди ба
кисаҳояшон даромадани муллоҷиринг чеҳраҳои онҳо ифодаи хушҳолиро мегирифту
худро чун ошноҳои садсола вонамуд мекарданд. Фақат диванзан пул нагирифт.
* * *
Довар ба палата даромад, ки касе нест. Баъди
қабули масҳ чашмонаш сиёҳ мезад. Дилаш қаҳва хост. Об ҷӯшида, акнун бо чумча ба
пиёла қаҳва мерехт, ки Иқболшоҳ даромад.
Довар шарм дошт.
‒ Бемалол, бемалол, ‒ тайёрии қаҳванӯшии ӯро дида гуфт Иқболшоҳ.
‒Қаҳваи хушкро бисёр андозед, зарар надорад. Қаҳва димоғи одамро чоқ карда,
рӯҳияташро баланд мебардорад.
‒ Бисёр наандохтем-ку, рафиқ командир,
‒ аз карда пушаймон шуда гуфт Довар. ‒ Ҳоло ҳам шукр кунед, ки Мирзоакем нестанд.
Он кас нисфашро ба пиёлаашон чаппа мекарданд.
‒ Ҳазорҳо бор шукр. Хӯред, ош шавад, ман
онро боз грамм ба грамм ба хона бурданӣ нестам. Тамом шавад, нағз.
‒Дар ҳамин гапатон ҳам, гап ҳаст.
* * *
Ду‒се рӯз боз, ки аз хонаводаи Довар
касе ба хабаргирӣ намеомад, ӯ худро ноҳинҷору гунаҳкор ҳис мекард. Ҳангоме, ки
ҳама дар рӯйи катҳои худ дароз кашида мехобиданду пешин наздик мешуд, ӯ бо овози
баланд гуфт:
‒ Рафиқон, шайтон маро бераҳа карда
истодааст, ки якҷоя ба кӯча рафта, хӯроки пешин хӯрем. Ношукрӣ нашавад, ҳар рӯз
хӯрокҳои пурқуввату сахт хӯрдан ба сари меъдаи бечора бори гарон аст. Таклиф
мекунам: биёед, рафта, аз ошхонаи сари кӯча нимкосагӣ карамшӯрбо хӯрем…
‒ Ба ман фарқ надорад, муаллим, ‒ гуфт
Мирзобек, ‒ишкам сер шавад, ғам дур шавад, шуд. Муфт бошад, ман калӯшро ҳам
мехӯрам.
‒ Не! ‒ зид баромад Иқболшоҳ. ‒ Дар
яхдон мурғбирён, манту ва шӯрбо ҳаст. Онҳо интизори хӯрдани мо. Ин қадар
чизҳоро монда, аз кӯча хӯрок хӯрдан куфрони неъмат намешаванд?
‒ Хайр, командир, шуд. Дар ҳамин ҷо
бошад, дар ҳамин ҷо-дия, ‒ ба ин таклифи Иқболшоҳ ҳам розӣ шуд Мирзобек.
‒ Ҳӯ, рафиқон, ман ба шайтон чӣ ҷавоб
диҳам? Таклифаш нағз, аз роҳ задан не. Ҳар рӯз ҳам вай ин хел таклифҳои хуб
намекунад, ‒ илтиҷоомез боз овоз баланд
кард Довар.
‒ Ягон рӯзи дигар, ба ин хел гапҳои
шайтон гӯш мекунем. Ҳа, аз ин ҷо бароем, ба ягон ресторан медароем.
‒ Ба ресторан зӯрам намерасад. Хӯрокҳояш
қимати қирон.
‒ Шумо ғам нахӯред, устод, ‒ мисли рӯзи
аввал бо баланддимоғӣ не, балки бо як ҳисси эҳтиром ҳатто «устод» гуфт Иқболшоҳ.
‒ Мо ҳисобашро меёбему зуд арзон мекунем.
‒ Чӣ хел? ‒ ҳайрон шуд Довар.
‒ Оддиякак. Як порс мегирему се кас
мехӯрем.
‒ Ӯҳ одамҳои доно-е! Ҳамин хел кор ба
хаёли ман наомадааст-а…
* * *
Довар ба палата даромад, ки баҳси
Мирзобеку Иқболшоҳ авҷ мегирифт. Онҳо ваҷоҳати беҷои Доварро дида, аз ҷойҳои хобашон
хеста, бо тарсу ҳарос пурсиданд:
‒ Ҳа, чӣ гап шуд?
‒ Ҳеҷ гап не, ‒ сир бой надода гуфт
Довар.
‒ Ҳеҷ гап набошад, ҳеҷ гап не‒дия! ‒
хандид Мирзобек.
‒ Ин хел бошад, нағз, устод, ‒ илова кард
Иқболшоҳ. ‒ Саратонро боло бардоред, нест бод ғаму рӯҳафтодагӣ гӯед! Хурсанд
шавед, ки бегоҳ ба пеши янгаам меравед.
‒ Ҳа…
Ҳамон хаёломез лаҳзае рост истод ва ба
даҳлез баромад.
«Ин духтурон духтур не, ‒ аз дил гузаронд
Довар. ‒ Барои саломатии шумо мо ба ҳама кор тайёр мегӯянду дар амал ҳеҷ коре
намекунанд».
Довар ният дошт, ки як тавсиянома
гирад. Барои он, ки кори онҳо осон шавад, ҳатто матнашро тартиб дод. Он
мантиқан дуруст бошад, ки каму беш ҳазломез буд. Ба духтур фақат якто имзо
монда, мӯҳр пахш кардан лозим буду бас. Вале аз иҷрои ҳамин кори ночиз ҳам
саркашӣ кард. Эҳ, коратон афтод, ғулом ҳам хоҷа мешавад‒е! Ана, он матн:
ТАВСИЯҲО
барои пойдории саломатӣ ва пешгирии бемориҳои Доварҷон Сафоевич
Рустамов.
Саломатӣ гавҳари ноёб аст. Сарчашмаи 95 фойизи касалиҳо аз асабонишавии одам сар мезанд. Бинобар
ҳамин, иштироки Д.С. Рустамов дар маҷлису шӯрои педагогӣ манъ аст.
Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ зарар дорад. Вале барои дезинфексияи
организм, бартараф кардани ғаму ғусса, стресс ва ғайра миқдори ками он нафъ мерасонад.
Фақат бо ин мақсад дар як рӯз сад маротиба кам‒кам нӯшидан мумкин нест.
Нишонаҳои аввалини бемориҳои дил ба назар мерасанд. Бинобар ҳамин,
ба ӯ бардоштани борҳои вазнин, порукашонӣ, заминшиканӣ, ҷӯякашӣ ва ғайра барин
корҳои вазнин фармуда нашавад.
Яке аз омилҳои таъсирбахши пойдории саломатӣ аз ҷиҳати моддӣ
ҳаматарафа таъмин будани инсон аст. Ҳеҷ гоҳ кисаи ӯ бепул намонад. Пул ба одам
қуввату нерӯ мебахшад.
Болои сараш ҳамеша осмон соф, яъне дар майнааш муаммоҳои зиндагӣ
набошад. Зану фарзандонаш каллаи ӯро гаранг накарда, проблемаҳои ҳаётиашонро
худашон, бедахолати ӯ, ҳал намоянд. Дар акси ҳол бехобии ӯ хурӯҷ карда, девона
шуданаш аз эҳтимол дур нест.
Худаш
бевосита ба варзишу спорт машғул нашавад, ки аҳли оилааш ба тамошои барномаҳои
спортии телевизор ба ӯ халал нарасонанд. Яъне, зикри айш ‒ ними айш. Ин ба
рӯҳбаладшавии ӯ ёрӣ мерасонад.
Саломатии инсон аз даҳони инсон
медарояд. Ҳар чизе, ки дилаш хоҳад, ҳамсараш дар рӯйи дастархон муҳайё созад.
Яъне, хӯрокаш доруву доруяш хӯрок бошад.
Агар имкон бошад, боз як зани ҷавон
гирад, зарар надорад. Ин ба пойдории саломатӣ ва дарозумрии ӯ кӯмак мерасонад.
Дузанӣ ба мардҳо фойида дорад. Яке ҷанҷол кунад, ба хонаи дигаре меравад. Ваяш
хархаша бардорад, ба хонаи инаш меояд. Рафту ҳарду ба муқобили ӯ хезанд, ба
меҳмонхонаи шаҳр рафта, тинҷу ором хобад. Л агар маъшуқа дошта бошад, дар хонаи
ӯ ҳаёт ба сар барад ва ғайра.
Тавсиядиҳанда,
духтури ҳозиқи
санаторияи тандурустӣ:
Ш. Раҷабова.
Довар аламашро аз тавсиянома гирифта, онро
пора‒пора кард ва ба қуттии ҳоҷатхона бурда партофт.
Комментарии
Отправить комментарий