Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "латифа"

ШАКАРХАНД

ИН САДОИ ЧИСТ Ду рафиқ ба садои ҷӯшидани об гӯш медоданд. Яке аз онҳо пурсид: - Ин садои чист? Дигар ҷавоб дод: - Садои микробҳо. ЗАРРОФА Муаллим аз талаба пурсид: - Кадом ҳайвон бештар гармиро дӯст медорад? - Заррофа, - ҷавоб дод шогирд. - Чаро заррофа? - Чунки гардани дарози он нисбат ба дигар ҳайвонҳо ба сӯи офтоб бештар майл дорад. ДАСТУ РӮЙИ НОШУСТА - Чаро гӯшу гардани ту ҳамеша ношуста? - пурсид роҳбари синф аз Анвар. - Чунки модарам ҳар пагоҳӣ фақат «дасту рӯятро шӯй» мегӯянду халос, - ҷавоб дод Анвар. АВВАЛ СЕБ ДИҲЕД Муаллим ба шогирд: - Ту ду дона себ дорӣ, ман ба ту боз ду донаи дигар себ додам. Ҷамъ дар дасти ту чанд себ мешавад? Шогирд: - Аввал себ диҳед, баъд мегӯям.

ШАКАРХАНД

Аляскаро наёфтам.. -Бар ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ - пурсид хоҳар аз аппааш. -Муаллими география бар ман баҳои “ 2” гузоштанд. Ман Аляскаро наёфтам... -Туро бину хаёлпараст! Хай баъд дар куҷо монданат ба ёдат омад? « Падари ман » -Алло, Шумо роҳбари синфи панҷи “Б”? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад. -Кӣ гап мезанад? -Падари ман. “Даҳони пӯшида сад тилло” Муаллим: - Мавзӯи вазифаи хонагиро гап зан. Хонанда: -Гап намезанам. Муаллим: - Чаро? Хонанда: - Худатон дирӯз гуфта будед, ки “Даҳони пӯшида – сад тилло”. Шогирди нодон Муаллим аз нодонии шогирдаш бадқаҳр шуда мегӯяд: - Дар каллаат ягон чиз ҳаст? Гап зан! - Устод, ҳаст. Мӯй ҳаст, чашм ҳаст, бинию даҳон ҳаст, – дар ҷавоб гуфт хонанда.

ШАКАРХАНД (ЛАТИФАҲО)

- Ваіте ки ман дар мактаб мехондам, - гуфт марде ба писараш, - аз фанни таърих доим баµои “5” мегирифтам, аммо ту бошє, фаіат баµои “3” мегирє. Писар дарµол їавоб дод: - Падарїон, ваіте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кґтоµ буд. - Теша исм аст ё сифат? - пурсид муаллим аз шогирде. - На ину на он. Теша - писари амаки Абдулло, µамсояи мост, - їавоб дод шогирд. - Боз баµои “2” гирифтє? Магар саволи муаллимро нафаµмидє? - пурсид падар. - Не, муаллим їавоби маро нафаµмид, - їавоб дод писар. Карим хурсанд назди падараш омаду гуфт: - Медонед дада, ман имрґз баµои “5” гирифтам. - Аз кадом фан, їони дада? - Аз табиатшиносє “2”, аз таърих “3” гирифтам, ки їамъаш “5” мешавад. Муаллим фанни “ЇуІрофия” аз Шариф пурсид: - Ту гґй, ки хурдтарин нуітаи Замин куїост? - Хонаи мо, - їавоб дод Шариф. - Бибиам бисёр тарсончак аст, - гуфт Азиза ба дугонааш. - Чаро? - Медонє, агар мо аз болои ягон кґпрук гузаштанє шавем, ґ дасти маро м...