ШАКАРХАНД


ИН САДОИ ЧИСТ
Ду рафиқ ба садои ҷӯшидани об гӯш медоданд. Яке аз онҳо пурсид:
- Ин садои чист?
Дигар ҷавоб дод:
- Садои микробҳо.


ЗАРРОФА
Муаллим аз талаба пурсид:
- Кадом ҳайвон бештар гармиро дӯст медорад?
- Заррофа, - ҷавоб дод шогирд.
- Чаро заррофа?
- Чунки гардани дарози он нисбат ба дигар ҳайвонҳо ба сӯи офтоб бештар майл дорад.


ДАСТУ РӮЙИ НОШУСТА
- Чаро гӯшу гардани ту ҳамеша ношуста? - пурсид роҳбари синф аз Анвар.
- Чунки модарам ҳар пагоҳӣ фақат «дасту рӯятро шӯй» мегӯянду халос, - ҷавоб дод Анвар.


АВВАЛ СЕБ ДИҲЕД
Муаллим ба шогирд:
- Ту ду дона себ дорӣ, ман ба ту боз ду донаи дигар себ додам. Ҷамъ дар дасти ту чанд себ мешавад?
Шогирд:

- Аввал себ диҳед, баъд мегӯям.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА