АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША
СЕ ЭЛАКИ СУҚРОТ
Нафаре назди Суқрот омаду гуфт:
- Оё медонӣ, ки фалон дӯстат дар бораи ту чӣ мегӯяд?
- Хомӯш бош! - нидо кард Суқрот, - он чиро ки мехоҳӣ ба ман расонӣ, аввал аз се элак гузарону сипас гӯй.
- Се элак? – ҳайрон шуда пурсид мухотаб.
- Бале! Пеш аз он ки мехоҳӣ чизе бигӯӣ, онро ибтидо аз элаки ростӣ гузарон. Оё ба ҳақиқат будани хабарат мӯътақид ҳастӣ?
- Не… Аммо аз як манбаи ҷиддӣ шунидам…
- Хеле хуб! Аз ин бармеояд, ки намедонӣ хабарат рост аст ё дурӯғ. Онро дар элаки дуюм - элаки накӯӣ бибез. Оё дар бораи дӯсти ман чизи мусбат мегӯйӣ?
- Баръакс...
- Аҷиб! Пас мехоҳӣ дар бораи дӯсти ман чизи баде гӯйӣ, ки рост ё дурӯғ буданашро намедонӣ. Элаки сеюм - элаки зарурат аст. Мутмаинӣ, ки он гуфтаро бояд ман донам?
- На, зарур намедонам…
- Он чи ки ту мехоҳӣ ба ман гӯӣ, - гуфт Суқроти ҳаким, - на рост аст, на нек ва на зарур. Пас чӣ лозим аст, онро ба ман расондан…
Таҳияи Одили НОЗИР

Комментарии
Отправить комментарий