Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "бачагон"

БАРОИ БАЧАГОН

ЧИГИЛАК Чигилак як намуди шеър аст, ки дар ин гуна шеърҳо воқеа ғайритабиӣ, пасу пеш, чаппаву роста, баръакс тасвир мешавад. Ин хусусияти чигилакµо хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад. Минбаъд мо аз эҷодиёти шоирон чунин шеърҳоро меорем. Шумо метавонед, чигиливу печидагии шеърро дарёб намуда, дар поён нависед! Ҷӯра ҲОШИМӢ ОЁ ДУРУСТ КАРДАМ? Бо чашмакам шунидам Бо гӯшакам бидидам. Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Бо пой хат навиштам, Бо даст роҳ бигаштам. Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Хӯрдам китобро ман, Хондам кабобро ман. Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Гуфтам ба гурбаам: - Кишт! Гуфтам ба мурғакам: - Пишт! Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Хондам ду модар аз ёд, Шуд шеъракам зи ман шод Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам?"

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

Аҷиб аст ОФАРАНДАИ Л Ӯ ХТАКИ БАРБИ Рут Ҳэндлер яке аз занони маш ҳ ури Иёлоти Мутта ҳ идаи Амрико мебошад , ки лӯхтаки Барбиро офаридааст ва бо ин   со ҳ иби шу ҳ рати ҷа ҳ онӣ гаштааст .  Ҳэндлер лӯхтаки Барбиро бори аввал соли 1959 дар ярмаркаи бозича ҳ ои кӯдакона , ки  ҳ ар сол дар Ню - Йорк гузаронида мешуд , тақдим намудааст . Баъд аз ин , лӯхтаки Барби дар тамоми ҷа ҳ он маш ҳ ур гардидааст . Ғайр аз ин , муваффақияти мазкур барои созмони ширкати “Mattel”, ки бозича ҳ ои кӯдаконаро исте ҳ сол менамуд , сабаб гардид . Сол ҳ ои зиёд лӯхтаки Барби аз дӯстдоштатарин бозича ҳ ои кӯдакон ба шумор мерафт . Назар ба маълумот ҳ о , дар олам дар давоми 1 сония 3 лӯхтаки Барби фурӯхта мешавад . Ҳоло фурӯши ин лӯхтак дар беш аз 150 кишвар ба ро ҳ монда шудааст .

«ХОНАИ МЕҲРУБОНӢ» ( Ҳикоя )

Насими фараҳфизои пойиз чун дӯсти содиқу вафодор мардуми дар кору бори зиндагӣ кӯфташударо аз оғози шоми нав паём мерасонд. Паррандагон ба лонаҳои хеш мешитофтанд. Аз само садои турнаҳо ба гӯш мерасид, ки яқин ба манзили гармтаре парвоз мекарданд. Ҳар рӯз дар ин вақту соатҳо ошхонаи хонаи меҳрубонии шаҳр бозорро мемонд. Тарбиятгирандагон бо шӯру ғавғо хӯроки шом мехӯрданд. Яке бо дигаре баланд ҳарф мегуфт, дигаре қоҳ-қоҳ механдид, бархеҳо гиря ҳам мекарданд… Кӯдаконе, ки дар синну сол, миллату мазҳаб, хӯю рафтор аз ҳам тафовут доштанд, айни замон байни онҳо умумияте буд: ҳама ятим буданд. Кӯдакон одатан дар атрофи мизи таомхӯрӣ аз рӯйи тартиби синну сол менишастанд. Озар ном писарбачае, ки тақрибан даҳсола буд,  саросемавор, ҳаросону шитобон таом мехӯрд. Ангор коре дошту барои қафо намондан ё иҷро намудан мешитобад. Ин бача, ки мӯйҳои сиёҳи дарози ҷингила, абрӯвони ғафс ва чашмони калон-калон дошт, хӯрокро аз дигарон пештар хӯрда, мувофиқи тартиб косаву табақчаашро ба даст гириф...