ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА
Шарифи МУҲАММАДЁР
МОДАР
Зи тифлӣ, то равуоям,
Ки худ гардам ба ду поям.
Ба ҳар хезу нишасти ман,
Ту бигрифтӣ зи дасти ман.
Туӣ, ақлу тавон додӣ,
Гуворотар забон додӣ.
Чу ҷон бигрифтаи дар бар,
Маро модар, маро модар.
Дилу ҷони манӣ, модар,
Нигаҳбони манӣ, модар.
Мадори ҷисму ҷон, модар,
Баҳори гулфишон, модар.
Ҳама бахту умедам ту,
Ҳамин роҷи сафедам ту.
Чу боақлу расо бошам,
Ба пирият асо бошам.
Комментарии
Отправить комментарий