Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "ачиб аст"

БАРОИ БАЧАГОН

ВИТАМИНИ А Витамин ҳ о модда ҳ ои фаъоли биологӣ буда , барои фаъолияти ҳ аррӯзаи организм бениҳоят заруранд . Нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад . Организм витамин ва моддаҳои   заруриро аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ мегиранд . Витамини А ( ретинол )  витамини дар чарбу ҳалшаванда , ки дар мубодилаи моддаҳо карбогидратҳо иштирок намуда , кори узвҳои биноиро дуруст мекунад . Норасоии моддаи мазкур сабаби асосии сустшавии биноӣ (шабкӯрӣ)  мегардад . Ғайр аз ин , ҳангоми норасоии он дар инсон рехтани оби даҳон , тоқат накардан ба рӯшноӣ , хушкшавии пӯст , рехтани мӯй ҳ о ба назар мерасанд . Манбаи асосии витамини А ҷигар , равғани мо ҳӣ, зардии тухм , шир мебошад . Вай дар меваю сабзавоти ранги норинҷидошта, дар зардолу , қаламфури булғорӣ , помидор , кабудӣ зиёд аст . Витамини   А барои он ҳ ое , ки вақти зиёдро дар назди кампютер мегузаронанд , хеле му ҳ им аст....

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ЛИБОСОВЕЗАК Вақте ки аз мактаб ё ягон ҷои дигар бармегардем, фақат як сухани модарамонро, «Либосатро дар рӯи хона напартофта,  ба либосовезак овехта мон, таҳаш вайрон нашавад»-ро мешунавем. Дарҳол гирифта либосҳои худро дар либосовезак меовезем. Оё ягон фикр кардед, ки худ либосовезак ё чӣ тавре дар забони маҳаллӣ «вешалка» мегӯянд, ихтирои кист? Дар соли 1903 коркуни заводи сим -  Алберт Паркхаус, аз шикояти коргарони завод, ки барои овехтани палтои худ ҷой талаб мекарданд ба шӯр омада, либосовезакро ихтироъ кардааст, ки ин либосовезак аз сим сохта шуда буд. Бар соли 1935 омада, либосовезакҳои замонавӣ, ки то ҳол кор фармуда мешаванд, ихтироъ шуданд ва коркардабарории онҳо ба роҳ монда шуд.

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ВИКТОРИЯ - КАЛОНТАРИН КӮЛИ АФРИҚО Дар системаи қаторкӯҳҳои шарқии Африқо яке аз зебоиҳои табиати олам - кӯли Виктория ҷойгир шудааст. Виктория калонтарин кӯли тропикии ҷаҳон ва қитъаи Африқо ба шумор меравад. Он дар масоҳати 68 ҳазор километри мураббаъ доман густурдааст. Дарозиаш 320 ва паҳноияш 274 километр буда, ҷойи жарфтарини он  80 метрро ташкил медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки оби кӯли Виктория ба дарёи дарозтарини олам - Нил ҷорӣ мешавад. Дар он моҳидорӣ рушд карда, зиёда аз 100 намуд шикор карда мешавад. Мардуми таҳҷоӣ кӯлро «Нянза» ном мебаранд, ки маънояш «кӯли худӣ» мебошад. Онро соли 1858 сайёҳи англис Ҷон Спик кашф намуда, ба шарафи маликаи Британияи Кабир «Виктория» ном гузоштааст. Бино ба гуфтаи муаррихон кӯл таърихи 400 ҳазорсола дошта, дар ин муддат як маротиба хушк шудааст. Таҳияи Комрон САФАР

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

Аҷиб аст ОФАРАНДАИ Л Ӯ ХТАКИ БАРБИ Рут Ҳэндлер яке аз занони маш ҳ ури Иёлоти Мутта ҳ идаи Амрико мебошад , ки лӯхтаки Барбиро офаридааст ва бо ин   со ҳ иби шу ҳ рати ҷа ҳ онӣ гаштааст .  Ҳэндлер лӯхтаки Барбиро бори аввал соли 1959 дар ярмаркаи бозича ҳ ои кӯдакона , ки  ҳ ар сол дар Ню - Йорк гузаронида мешуд , тақдим намудааст . Баъд аз ин , лӯхтаки Барби дар тамоми ҷа ҳ он маш ҳ ур гардидааст . Ғайр аз ин , муваффақияти мазкур барои созмони ширкати “Mattel”, ки бозича ҳ ои кӯдаконаро исте ҳ сол менамуд , сабаб гардид . Сол ҳ ои зиёд лӯхтаки Барби аз дӯстдоштатарин бозича ҳ ои кӯдакон ба шумор мерафт . Назар ба маълумот ҳ о , дар олам дар давоми 1 сония 3 лӯхтаки Барби фурӯхта мешавад . Ҳоло фурӯши ин лӯхтак дар беш аз 150 кишвар ба ро ҳ монда шудааст .

БАРОИ БАЧАГОН

Аїиб аст ОФТОБУ МОҐ Офтобу Моµ ду хоµарон буданд. Ґар дуяшон µам ниµоят хушрґй буданду аз µусни якдигар рашк мекарданд. Як рґз µар ду їанїол карданду Моµ гуфт ки: -Ман аз ту хушрґ! Їаµли Офтоб омаду: -Ман хушрґ!-гуфт. Ґамин тавр, инаш «ман хушрґ» гуфт, вайаш  «ман хушрґ» гуфту шуд їанг. Офтоб аз іаµр ханїарро гирифту рґи хоµарашро тилим-тилим буриду гурехту рафт. Рґи Моµ хуну хуншор шуд. Баъд аз паси Офтоб давиду вайро дошта натонист. Аз µамон ваіт то µол Офтобу Моµ якдигарашонро дошта наметавонанд. ДоІи рґи Моµ хам аз µамон ваіт монд. ЗОўИ «ХУШХОН» Рґзе як зоІ аз ким-куїо як парча гґшти равІаниро ба нґлаш гирифта париду омаду ба шохи дарахте нишаста хґрданє шуд. Як рґбоµи гушна аз ин µол бохабар шуда, дар андеша монд, ки ба кадом тадбир гґштро аз даµони зоІ гирифта худаш хґрад... Вай баъд аз хеле фикр кардан, ба зери дарахт омаду ба зоІ нигоµ карда гуфт: -Додаракам зоІ! Мегґянд,ки ту µофизи хушхону хушовоз µастє, чє мешавад, ки µозир як суруд хонию ман ...

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ЧӢ ТАВР РӮЗИ ХАНДА ПАЙДО ШУД? Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки дар тамоми дунё то ҳол ба таври муваффақ таҷлил мегардад. Дар тӯли мавҷудияти Рӯзи ханда дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззобе ба миён омадаанд. Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани ин ҷашн то ҳанӯз баҳсу мунозираҳои зиёд мавҷуд аст. Яке аз фарзияҳо ба он далолат мекунад, ки ин ҷашн дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал мардум рӯзи Аҳмақонро таҷлил менамудаанд. Апулей чунин меҳисобад, ки дар Рими қадим фиреби нахустапрелӣ марбут ба ҷашни бахшида ба Худои хандаҳо буд. Дигарон таъйид мекунанд, ки он дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст ва 31 март чун рӯзи шӯхӣ дар ин мамлакат таҷлил мешуд. Ҳамчунин назаре ҳаст, ки ирландиҳо дар замони қадим рӯзи 1 апрел ба муносибати Соли нав ҳазлу шӯхӣ мекардаанд. Боз фарзияе мавҷуд аст, ки нахуст 1 апрел дар Ҳиндустон ва Рими қадим чун рӯзи баробаршавии баҳор ҷашн гирифта мешуд. Ба муносибати Соли нави баҳорӣ маҳфил, базму гашту...

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

СЕ ЭЛАКИ СУҚРОТ Нафаре назди Суқрот омаду гуфт: -  Оё  медонӣ, ки фалон дӯстат дар бораи ту чӣ мегӯяд?   - Хомӯш бош! - нидо кард Суқрот, - он чиро ки мехоҳӣ ба ман расонӣ, аввал аз се элак гузарону сипас гӯй. - Се элак? – ҳайрон шуда  пурсид  мухотаб.   - Бале! Пеш аз он ки мехоҳӣ чизе бигӯӣ, онро ибтидо аз элаки ростӣ гузарон. Оё ба ҳақиқат будани хабарат  мӯътақид ҳастӣ?   - Не… Аммо аз як манбаи ҷиддӣ шунидам… - Хеле хуб! Аз ин бармеояд, ки намедонӣ хабарат рост аст ё дурӯғ. Онро дар элаки дуюм - элаки  накӯӣ бибез. Оё дар бораи дӯсти  ман  чизи  мусбат мегӯйӣ?    - Баръакс...   - Аҷиб! Пас мехоҳӣ  дар бораи дӯсти ман чизи баде гӯйӣ, ки рост ё дурӯғ буданашро  намедонӣ. Элаки сеюм - элаки зарурат аст.  Мутмаинӣ, ки он гуфтаро бояд ман донам?   - На, зарур намедонам… - Он чи ки ту мехоҳӣ ба ман гӯӣ, - гуфт Суқроти ҳаким,  - на рост аст,  на нек ва на зарур. Пас чӣ...