Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "повест"

НАСР

Бахтиёри ҶУМЪА ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД (Повест) (Хотима) РӮЗИ ДАҲУМ          ‒Субҳ дамид, шаҳбозҳо! Агар хоҳед, ҳавсала дошта бошед ва малоли хотиратон нагардад, марҳамат карда, аз хоби нозатон бедор шавед. Шавқу рағбате дошта бошед, якҷоя баромада, аз рӯйи реҷа метозем. Агар нахоҳед, ихтиёратон. Баҳузур хоба занед, азаматҳо! Ба шумо хоби ширину бисёрсериягӣ мехоҳам. Вале ман, шумо хоҳед‒нахоҳед, ки баромада тохтанам шарт. Ин принсипи ҳаётии ман аст!          Ин саҳар командир 180 дараҷа тағйир ёфта буд. Вай аз ҳад зиёд чорбзабонӣ мекард. Зеро имрӯз рӯзи охирини ҳукмрониаш ба ҳисоб мерафт.          Аз Довару Мирзобек садое набаромад. Онҳо ҳанӯз дар хоб буданд ва нияти хестан ҳам надоштанд.          ‒ Хайр, ҷанобон, нахоҳед, маҷбур намекунам. Зорӣ дораму зӯрӣ не. Бароятон боз як соат хоби хушу бароҳат орзу мекунам...

НАСР

Бахтиёри ҶУМЪА ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД (Повест) (Давомаш) РӮЗИ ҲАШТУМ          ‒ Падём! Хезед, ҳӯ танбалҳо, коргурезҳо, гарданғафсҳо! − чапакзанон командир сарбозони худро бедор кардан ӣ шуд.          Довар бедор буд. Имшаб ӯро боз бедорхобӣ азоб дод ва ҳоло каллааш гарангу худро мондаву лакот ҳис мекард. Хеста дасту рӯ шуст ва барои давидан берун баромад.          ‒ Ҳозир ҳамшира омада, анализи ҷигари моро мегирад. Ман баъд баромада ме д авам, ‒ гӯён Мирзобек боз сарашро зери кампал гирифт.            ‒ Фиребгарӣ нашавад! − боз як бор таъкид кард Иқболшоҳ. – Баъди анализ ба давидан бароед!          ‒ Хуб шудааст, − ғурунгос зад аз зери кампал Мирзобек. ‒ Гапи шуморо кай ду карда будам, ки , командир, акнун ду кун а м.       ...