АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ИХТИРОЪҲОИ БОНУВОН
Дар таърих занони машҳуре ҳастанд, ки ихтироъҳо намудаанд. Ҷозефина Кокрейн яке аз чунин бонувон аст, ки соли 1886 аввалин мошинаи механиконидашудаи табақшӯиро ихтироъ намуда буд. Танҳо пас аз 40 сол онро ҳамчун асбоби зарурии зиндагӣ қабул намуданду ба таври васеъ кор фармуданд.

Номи Бетти Несмит Грэм бошад, дар таърих ҳамчун ихтироъкунандаи “қалами сафед” ворид шудааст. То ҳол дар соҳаҳои илм, маориф ва полиграфия аз қалами Бетти васеъ истифода мебаранд.

Соли 1930 Рут Уэйкфилд ҳангоми пухтани печени ба хамири он шоколад ҳамроҳ мекунад ва аввалин печении шоколаддорро мепазад. 

Табита Бэббит дар соли 1810 арраи сиркуляриро ихтироъ намудааст. Ҳоло аз ин асбоб дар буридани дарахтони ҷангалзорҳо пурсамар истифода мебаранд.


Аввалин филтр-конуси қаҳваро соли 1909 Мерлитте Бенс бо дастони худ аз дафтари хонандагон сохтааст. 

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА