НАСР

Шоистаи Равшан
ГУМРОҲӢ, ҒАФЛАТ, ТААССУБ
Агар хостҳои инсон дур аз воқеъият аст, онҳо ба мисли кафкҳои рӯйи оби номусаффоянд.
***
Қасру кошонаи тиллои сохтиву дасти як бечорае нагирифтӣ, пас домани ишқи дил холи гузоштӣ.
***
Бечоратарин кас онест, ки баҳри саодати худ чорае намеҷӯяд.
***
Гар дар мактаби ишқ таъхир кардӣ, дар ҷодаи зиндагӣ саргум задӣ.
***
Ботини қашшоқӣ дур аз ахлоқ - соҳиби худро ба даст задан ба ҳама гуна пастфитратӣ ва бешарафӣ водор мекунад. 
***
Осмони нилгуни хонаи дил тира масоз, то зери абрҳои ғафлат гум нагардӣ!
***
Бо чолокиву нафъҷӯйӣ танҳо билохир сарват ба даст ориву дӯст аз даст диҳӣ!
***
Аламзада аз дарди қашшоқӣ хаста гардад, сарватманд аз пурхӯрӣ дардманду бечорагӣ шикоят намояд. 
***
Аз азал, ки бо қаҳр ошти кардӣ, то абад бо ҷанг дӯстӣ кардӣ.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА