Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "бачаги"

ФОСИЛАИ ОЗОДӢ (Ҳикоя)

Дар фазои ғуборолуди шаҳри Идлиби кишвари Суриё зоғҳо села-села парвоз мекарданд. Гоҳ аз наздик ва гоҳ аз дур садои тиру туфанг бо «қар-қар»-и зоғҳои сиёҳ ҳамоҳанг мешуд. Бӯйи ғализу нофорами партовҳо, ки дар қади роҳи биноҳои валангору кӯчаҳои нотоза ҷамъ шуда буданд, дили касро нороҳат менамуд. Офтоб оҳанги падрудро замзама мекарду моҳи рангпаридаи чеҳракоста падид меомад. Гарчанд фасли бедоршавии табиат дар мекӯфт, манзараи шаҳр анҷоми поизро мемонд. Дарахтон шабеҳи одамони дар бими ҷон афтода музтару ҳайрон менамуданд. Ангор гӯш ба қимор буданд, ки ин ҳама ҷангу исён, хунхориву шӯриш оқибат бо чӣ меанҷомида бошад... Дар канори шаҳр, ки ба ҳамвории васеъ пайваст буд, дар қатори биноҳои пасту баланди вайронгашта хонаи назарногире ба чашм мерасид. Болои боми ин хонаи хурдакак, ки манзили Ҳозиқ ном сардори як гурӯҳи терророн буд, бомпӯш надошт. Ӯ бо мақсади аз назари душманон пинҳон доштани манзили зист дар ин вайрона зиндагӣ мекард. М ӯ рии тираранг ва мав ҷ гири моҳвора ӣ , ки ...