Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Фирдавси"

Андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Сафар Абдуллоҳ перомуни забони “Шоҳнома” – и бузурги ҳаким Фирдавсӣ

Изображение
Андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Сафар Абдуллоҳ перомуни забони “Шоҳнома” – и бузурги ҳаким Фирдавсӣ Устод Малик уш шуъарои Баҳор мефармояд: Шоҳнома ҳаст бе иғроқ Қуръони Аҷам, Рутбаи донои Тӯсӣ, рутбаи пайғамбарӣ . Аммо дар бораи забони “Шоҳнома” навиштаҳои мухталифе вуҷуд дорад,ки бархе аз ноогоҳӣ ва бархе аз рӯи шунидаҳо ва бархе ҳам огоҳона ва ба таҳқиқ андеша рондаанд.Гоҳо талош кардаанд,ки Фирдавсиро нафаре ҷилва диҳанд,ки ба унвони як шоъири миллигаро ва алоқаи вофир ба фарҳанги эронӣ ба фарҳангу тамаддуни бегонагон,аз ҷумла аъроб душманӣ дошта ва аз истифодаи вожаҳои ъарабӣ низ худдорӣ карда аст. Аммо инсоф ин аст,ки бигӯем Фирдавсӣ барои офаридани чунин шоҳасар ниёз ба як забони нерӯманд доштааст, ки дар расондани андешаҳои жарф ва хирадмандонаи ӯ тавоно бошад. Бисёр касон гумон мебаранд,ки Фирдавсӣ дар сохтану ба кор бурдани вожаҳои ноби форсӣ(тоҷикӣ!) кӯшиши бисёр ба харҷ дода аст ва Шоҳномаро бо забоне пироста аз вожаҳои ъарабӣ суруда аст.Ва ба қавли устод Но...

АНДАРЗИ БУЗУРГОН

Панду андарзҳо оиди ҳунар Ҳунар аз нуқраву тиллою зар беҳ, Ба ҳар ҷо меравӣ рӯ бар ҳунар неҳ.      *   *   * Ҳунар пояи мард афзун кунад, Сар аз ҷайби иқбол берун кунад.    Хусрави ДЕҲЛАВӢ.  *   *   * Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз, К-ин моли падар харӣ тавон кард ба ду рӯз.     Саъдии ШЕРОЗӢ.      *   *   * Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор, Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.              Абулқосим ФИРДАВСӢ.