АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША
Мӯъҷизаи олам
ДЕВОРИ
БУЗУРГИ ЧИН
Масоҳати Чини Қадим бузург буда, ҳифзи он аз
душман кори осон набуд. Барои муҳофизати сарзамин ва императори худ дар асрҳои IV-III пеш аз
мелод ба сохтани ин иншооти нотакрори таърихӣ шурӯъ намуданд. Сохтани деворро
шоҳ Ван ли Ченчен оғоз бахшид. Ӯ барои чиниҳо қаҳрамони миллӣ ба шумор меравад.
Чиниҳо ин девори бузургро дар давоми ҳазор сол бунёд кардаанд. Дар замони ҳукмронии
император Син Шехуандӣ (221 пеш аз мелод) девори мазкур боз баландтар карда мешавад.
Ҳоло баландии он 6,6 метр ,
ғафсии қисмати поёнаш 6,5
метр ва ғафсии қисмати болоӣ 5,5 метрро ташкил медиҳад
ва дар масофаҳои муайян дидбонгоҳ ҷойгир карда шудааст. Ҳар сол барои дидани ин
девори таърихӣ, ки яке аз мӯъҷизаҳои олам эътироф гаштааст, миллионҳо сайёҳ
ташриф меоранд.
Комментарии
Отправить комментарий