Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Ал-Форобӣ"

НАСР

ЗЕРИ ЯК БОМ  ( Ҳикоя ) Мадад дар хонаи начандон калон, наздикии тиреза, рӯйи миз коғазу қалам, асбоби ҳисобкунак, дафтару китоби идораро гузошта, саргарми кор буд. Ин дам ҳамсараш ба хона даромад: – Рӯзи якшанбе, дар хонаи танг шақ – шуқ чӯтпартоӣ ба дилатон назад? – Охири моҳ аст, ҳисобота тайёр кардан лозим, – сар набардошта ҷавоб дод Мадад. – Иқтисоди оиларо ҳам бардоштан лозим, хӯҷаин! Дар ҳавлӣ баҳор, офтоб нурпошу ҳаво гарм, ҳама мардҳои ҳамсоя машғули кишту кор… Канӣ паҳлавон, шумо ҳам ё бисмилло гуфта аз ҷой хезед! – Фикрамро парешон накун! Дар ҳисоби рақамҳо саҳве гузарад… – Вой – вой, шумо Ал-Форобӣ ё Берунӣ не-ку, як бухгалтери оддӣ. Миллионҳоро шумурда тарҳу ҷамъ мекунед, вале кисаву дастатон холӣ. Моҳонаи ночизатон ба таъминоти оила намерасад. Баъзе ҳамкасбони шумо дафтари сиёҳу сафед доранд, бо роҳбар ҳамтабақ, ёфташон нағз, дар тагашон мошина, рӯзғорашон пуру фаровон. Дар корхонаи собиқ, аз росткорӣ бо сардор забон наёфтед, аз кор пеш… – Бо хоҳиши худ ариза нав...