КАЙФАР[1]
Тирамоҳ. Офтоб сар ба уфуқ мениҳод. Домани осмон лолагун буд. Табиат баргҳои дарахтонро чун қолинбофи моҳир рӯи замин густурда, ки дар зери нурҳои заррини офтоб гилеми тиллорангро мемонд. Мардум, ки дар гармо зери сояи дарахтон паноҳ бурда, фароғат мекарданд, ҳоло барги онҳоро бераҳмона зер менамуданд. Хазонбаргҳо аз беоқибатии мардум ва нобасомонии рӯзгор ҳар лаҳза садое бароварда, “оҳ” мекашиданд ва баробари вазидани шамолаке аз ҷӯйбору канори роҳравҳо ҷой мегирифтанд. Баъди пешин дар қисми таги шикамам дардеро эҳсос кардам. Азбаски то пешин чанги хонаҳоро тоза ва ҷомашӯӣ карда будам, дардро оқибати меҳнати зиёд донистам. Дард гоҳ-гоҳ пайдо мешуд. Вақте ки такроран сар мезад, аз пештара шадидтар мегардид. Пеши хушдоманам рафтам. - Моҳат даромад. Акнун шикамат дард мекунад, бача меҷунбад. Чӣ бачазоӣ осон-мӣ? Худо ҷони моёна аз оҳан карда будааст-дия. Панҷ бачаро таваллуд карда, шифохона дар куҷо намедонистем. Келинҳои ҳозирая як ҷояшон «ҷиз» кунад, пеши духтур медаванд,- беп...