НАЗМ
Як ду вожа баҳри тафсири шитоб овардаӣ..
Ақлро то ҷангали зумрад ва дашти атрҳо,
Дур аз андӯҳи талхи хурду хоб овардаӣ.
Нест охир офият дар хонаи оинаҳо,
Бебақоии ғаразро чун ҷавоб овардаӣ.
Боварии барги сабзи зери поро ҳолиё,
З-он ҳама савгандҳои беҳисоб овардаӣ.
Номаи тақдирро дар оташи мавъуди ӯ,
Сӯхтию хоки мо дар изтироб овардаӣ.
Ин ду се рӯзе, ки дар қонуни ҷангал зистем,
Моҷаро дар моварои ин китоб овардаӣ.
Мӯбадӣ, биншастаӣ, хомуш андар ҳошия,
Ханда бар бозору савдои ҳубоб овардаӣ.
Анҷуман дар соязори ғафлати ҳирс асту оз,
Ҷамъу тақсими ҳама маҳви сароб овардаӣ.
Ин ҳама такрору нотакрор дар сарводаҳо,
Эй, Адиба як гуле аз дасти об овардаӣ...
МАН ОМАДАМ АЗ ДУРТАРИН УФҚИ ЗАБАРЉАД
Гуед, дигар номи Худоро нафурўшанд,
Гўед, ки виҷдону сафоро нафурўшанд.
Эй он ки таманнои ту дар ҷони малакҳост,
Ман ошиқи ту, гўй, ки моро нафурўшанд.
Донишгаҳи мо, мўъҷизаи илму амал шав,
Бар пири хирад гў, ки баҳоро нафурўшанд.
Адвор тамаддуни фиреб асту фиребо,
Эй кош, ба бозор риёро нафурўшанд.
Ман омадам аз дуртарин уфқи забарҷад,
Он ҷо, ки ба зар ишқу вафоро нафурўшанд.
Ин аҳли тиҷорат, ки фурўшанд ҳама чиз,
Аз баҳри Худо, гў, ки ҳаворо нафурўшанд.
Қонуни заминро ҳама бишкаста чу савганд,
Гўед, ки қонуни саморо нафурўшанд.
Аз гумшудаҳо, кош шуниданд табибон
-Гўед, ба бемор даворо нафурўшанд.
Дар тоқи фалак шамс диҳад дарси накўй,
- Ин аҳли фалак нуру зиёро нафурўшанд.
Бар дилсияҳоне, ки фурўшанд ҳама кас
Гўед, ки имони шуморо нафурўшанд.
Комментарии
Отправить комментарий