ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА
Гулситон СОҲИБНАЗАРОВА
ГУЛИ ЛОЛА
Рӯзе аз рӯзҳои баҳорӣ сабзаи нозуку зебое сар боло кард. Ӯ чашм кушода офтобро дид, ки ба ӯ табассум мекунад.
-
Раҳмат, Офтобҷон, - гуфт сабза. - Ту бисёр зебо ва меҳрубонӣ!
-
Ту ҳам калон ва зебо мешавӣ, - гуфт Офтоб. -
Ман ба ту кӯмак мекунам.
Бо кӯмаки офтоб сабза рӯз то рӯз калонтар шуд. Муғҷа баст. Чанд рӯз аз байн гузашт. Ғунчаи сабзи нозанин тезтар шукуфтан мехост.
Шабе тамоман хобаш набурд. Ба осмон нигаристу Ситораи фурӯзоне дид.
-
Ситораҷон, ман зебоям? - пурсид ғунча.
-
Ту зебоӣ, лекин касе мисли ман зебо нестӣ. На ту, на Моҳ ва на Офтоб! - гуфт Ситора.
Ғунча аз ин ҷавоби Ситора хеле ғамгин шуд.
Дар осмон Моҳ пайдо шуд. Ғунча ҳайрон-ҳайрон ба Моҳ нигарист ва гуфт:
-
Ваҳ! Ту аҷаб зебоӣ! Ман ҳам мисли ту зебоям?
- Ту намедонӣ, ки ман аз ҳама зебоям? На ту, на Ситора ва на Офтоб дар зебоӣ ба ман баробар шуда наметавонед! - гуфт Моҳ.
Ғунча боз ҳам ғамгинтар шуд. Аз алам гиря карду хобаш бурд.
Саҳар Офтоб баромад.
-
Салом, Офтоб! - бо сари хам гуфт Ғунча.
-
Салом! Чаро ту ғамгинӣ? - пурсид Офтоб.
-
Ситораю моҳ маро ғамгин карданд. Гуфтанд, ки ман безебам! - арз кард Ғунча.
-
Ғамгину озурда нашав, - меҳрубонӣ кард Офтоб. - Ту ғунчаи зебоӣ! Табассум кун, боз зеботар мешавӣ!
- Рост? - ғунча хурсанд шуд. Вай аз шодӣ якбора шукуфту ба гули нозанине табдил ёфт. Ӯро Лола ном ниҳоданд.
Аз ҳамон замон то имрӯз Лола Офтобро ҳамеша бо табассум пешвоз мегирад.
Аммо Моҳу Ситора табассуми гули Лоларо дида наметавонанд. Чунки онҳо боиси ғамгинию озурдагии ӯ гашта буданд.
bytefence anti malware pro crack
ОтветитьУдалитьI am very thankful for the effort put on by you, to help us, Thank you so much for the post it is very helpful, keep posting such type of Article.
ОтветитьУдалитьParagon Hard Disk Manager Crack
Buildbox Crack