ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

НАМУНАҲО АЗ АШЪОРИ МАҲБУБА НЕЪМАТЗОДА
ХОКИ ВАТАН 
Орад ҳавои намнок, 
Ба димоғам б
ӯйи хок. 
Б
ӯяки хоки ватан, 
Беҳ аз сад мушки Хутан. 
Хоки ватан дармонам, 
Бо
ӯ ман дар намонам. 
Ба сад тиллою дирам, 
Ба садҳо Боғи Ирам, 
Ҳаргиз намедиҳам ман, 
Зарраи хоки ватан. 
Зеро дар оғ
ӯши хок, 
Дар оғ
ӯши хоки пок, 
Дарди дилаш нуҳуфта, 
Модар
ҷони ман хуфта. 
Модар
ҷони шеърхонам, 
Ч
ӣ розе дошт медонам. 
Давоми умри
ӯям, 
Мислаш ғазал мег
ӯям.
МОДАРҶОНАМ, МОДАРАМ 
Модар
ҷонам, модарам, 
Хеле д
ӯстат медорам. 
Бароям ту ягона, 
Файзи ин дару хона. 
Саҳар хез
ӣ модарам, 
Боғча бар
ӣ додарам, 
Ҳавл
ӣ рӯбӣ шитобон, 
Ош мепаз
ӣ дав-давон. 
Тозон рав
ӣ ба бозор, 
Бардор
ӣ бори бисёр. 
Бовар бикун, модар
ҷон, 
Аз ҳама худат чаққон. 
Аз дадоям худат з
ӯр, 
Аз акоям худат з
ӯр. 
Ҳамеша бош
ӣ ҷавон, 
Пир нашав, модар
ҷон! 
Биё, б
ӯсам аз рӯят, 
Биё, б
ӯсам аз мӯят. 
Лек аз
ҷоям наҷунбон, 
Худат рафта биёр нон.
БАЗМИ НАВРӮЗӢ 
Нағмакунон меравад 
Обаки
ҷӯйбор, 
Селаи гун
ҷишкакон 
Дар шохи чинор.
Гӯйӣ зи гармӣ шукуфт 
Чеҳраи хуршед, 
Муғчаи худ во намуд 
Навдаи гулбед.
Бар сари шаҳтути пир 
Саъба баромад, 
Болзанон аз ҳаво 
Турна фаромад.
Тоза суруде бикард 
Фохта оғоз, 
Кафтари дашт
ӣ ба он 
Гашт ҳамовоз.
Ҷуфти парасту расид 
Хонда тарона, 
Рафт суруди баҳор 
Хона ба хона.

ИДИ РАМАЗОН 
Омад иди Рамазон, 
Дар бозор ҳалво арзон. 
Бобо
ҷон баъди намоз, 
Ҳалво орад ба мо боз. 
Ба ман харед,
ҷон-бобо, 
Кулчаи “Кун
ҷидҳалво”, 
Аз барои Дурдона 
Ҳалвои “Мағзи дона”. 
Гиред барои момо 
Ҳалвои “Лавз” як кило, 
Зеро ки мебинад нағз 
Момоям ҳалвои “Лавз”.
РАСТАИ ГУЛ 
Духтараки хаймар
ӣ, 
Гул ба ку
ҷо мебарӣ? 
– Мебарам дастаи гул, 
Ба с
ӯйи растаи гул. 
Шавад растаи бозор 
Аз гули ман лолазор. 
Фарёд занам, ҳой мардум, 
Хонетон пури гандум. 
Дастагул аз ман харед, 
Ба модари худ баред. 
Бобо
ҷон, имрӯз аз гул, 
Дареғ мадор асло пул. 
Баҳри момо гул бигир, 
Маг
ӯ, ки ӯ шудаст пир. 
Гул дида хандон шавад, 
Аз шод
ӣ ҷавон шавад. 
Ҳой ака, ба се танга 
Се гул бибар ба янга. 
Бигир аз гул ду дона 
Ба модарат, дугона. 
Дар ёд доред имр
ӯз ид, 
Иди бузургу саид. 
Иди ҳама модарон, 
Иди ҳама хоҳарон. 
Аз ҳамаи т
ӯҳфаҳо, 
Гул т
ӯҳфаи бебаҳо.
УСТО ХУРШЕД 
Гаҳвораи Зарнигор, 
Дорад сад нақшу нигор. 
Нақши боғи пур аз гул, 
Нақши лолаву сунбул. 
Ҳатто, дорад гаҳвора, 
Нақши маҳу ситора. 
Гар дар хонаи шумо, 
Тифле ояд ба дунё. 
Аз барои гаҳвора, 
Ҳе
ҷ нашавед овора. 
Як даста пул дар миён, 
Оед ба Боғи Майдон. 
Номи ин устои з
ӯр, 
Дар деҳаи мо машҳур. 
Усто Хуршед – дуредгар, 
Даҳ ангушташ даҳ ҳунар. 
Ӯ гаҳвора месозад, 
Бо касби худ менозад.
ДАР САРИ ХОН 
Бобоям дар сари хон 
Аз ҳама боло шинад, 
Момо
ҷонам ҳамеша 
Аз бари бобо шинад. 
Аз с
ӯйи рост падарам, 
Аз чап шинад модарам. 
Паҳл
ӯи модарҷонам 
Ҷойи ману додарам. 
Вале хоҳараки мо 
Мешинад аз мо боло. 
Медон
ӣ, ҷояш куҷо? 
Сари зонуи момо.
ШАКАРДАРА 
Тути балхии ширин, 
Таъму б
ӯ асал барин. 
Б
ӯйи чӣ дорад асал? 
Б
ӯйи гулҳои ҷангал. 
Аз гул б
ӯйи чӣ ояд, 
Шодии дил физояд. 
Гул б
ӯе дорад сара, 
Ин б
ӯйи Шакардара. 
Шакардара деҳаест, 
Мислаш р
ӯйи дунё нест. 
Ин деҳи ҳамчу б
ӯстон, 
Дидам дар Афғонистон.

БОҒИ ШАМОЛ 
Ба деҳи Боғи шамол 
Шамол омад аз шимол.
Омад баҳри сайругашт, 
Аз с
ӯйи ёлаву дашт. 
Шамол омад саҳар
ӣ, 
Дар пояш кафши зар
ӣ. 
Шамол ба ҳар с
ӯ давид, 
Ногаҳ себистоне дид. 
Давид он бар-бари боғ, 
Даромад аз дари боғ. 
Б
ӯса зад аз рӯйи себ, 
Маст шуд аз б
ӯйи себ. 
Шохаҳоро ҳай
ҷунбонд, 
Дар шохаҳо себ намонд. 
Себаки сурхи рахшон, 
Ҳар с
ӯ бишуд парешон. 
Р
ӯйи замин яксара, 
Пур шуд аз себи сара. 
Р
ӯзи дигар дар дӯкон, 

Қимати себ шуд арзон.

Комментарии

Отправить комментарий

Популярные сообщения из этого блога

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА