Сообщения

Сообщения за март, 2017

НАЗМ

Марямбонуи Фарғонӣ ЛОНА НАСИБИ БУЛБУЛ! Бибем гуфто: “Мусича - як мурғаки бечора, Аз пайи ризқу рӯзӣ вақту новақт овора. Лонаашро дидаӣ? Наход, ки надидаӣ? Дар кунҷи сақфи долон дидӣ як каф хаспора?” Ба аҳволаш дилам сӯхт, эҳ ҷонвари бечора, Мисоли усто-килет* магар мурғак бекора? Табар дорад, теша не, сар дорад, андеша не, Сафари усто-килет чун мусича овора. Дилам хоҳад ба нодон лонасозӣ диҳам ёд, Хонааш шавад обод, чӯҷаяконаш дилшод. “Ку-ку! Ку-ку-ку!”- гӯянд, “Ин лона хушрӯ”,- гӯянд, Сафар ҳам кор омӯзад, умраш наравад барбод. Лоиҳае кашидам сараввал кори калон, Як бағал чӯбу тахта овардам зери айвон. Арраву теша дорам, дар сар андеша дорам, Меху печу ину он... абзори ман фаровон. Тахтаро кардам арра, пас ба он рондам ранда, Дилтангӣ накардам ҳеч, лабонам пури ханда. Сидқан кардам ҳаракат, корам шуд пурбаракат, Мусича "Ку-ку!" мегуфт, яъне, "Сафар - шарманда!" Дур аз пешам намерафт, мешуд аз пайи ёрӣ, Лосу параха мебурд, аҷаб мурғи ...
ШЕЪР Ҳ ОИ БАЧАГОНА Лоиі  ШЕРАЛЄ АЗ ЛАБОНАТ ХАНДА ГУЛРЕЗЄ КУНАД Зинда бошад модари гулпарварат, То ки бахти мову ту гул оварад. Бар сари мову ту гул резад мудом, Завіи гул дар сина ангезад мудом. То навое бишнавем аз барги гул, Ишіи мо пояд ба раІми марги гул. Гул занад бар мґю кокулµои ту, ўаріи гул созад зи сар то пои ту. Зиндагимон гул кунад дар боІи иші, Орзумон гул кунад бе доІи иші. Аз лабонат ханда гулрезє кунад, Бар сарат Наврґз гулбезє кунад. Табъи ман µам гул кунад аз рґи ту, Шеъри ман овезад андар мґи ту. Чун ту аз гулµои боІи модарє, Јадри гул медониву гулпарварє. Зинда бошад, зинда бошад модарат, Зинда бошад модари гулпарварат! Абдурасул Иброµимзода МОДАРЇОН Модарїонам, їони ман, Бувад меµрубони ман. Рґзу шабон µамеша, Гашта нигаµбони ман. Ниµоли іоматамро, Ту мекунє тамошо. ўамхорє менамоє, То ёбам нашъунамо. Ґамчун офтоби саµар, Меµри ту аст шґълавар. Модарїони ширинам, Ба ту кє аст баробар? ...

«ХОНАИ МЕҲРУБОНӢ» ( Ҳикоя )

Насими фараҳфизои пойиз чун дӯсти содиқу вафодор мардуми дар кору бори зиндагӣ кӯфташударо аз оғози шоми нав паём мерасонд. Паррандагон ба лонаҳои хеш мешитофтанд. Аз само садои турнаҳо ба гӯш мерасид, ки яқин ба манзили гармтаре парвоз мекарданд. Ҳар рӯз дар ин вақту соатҳо ошхонаи хонаи меҳрубонии шаҳр бозорро мемонд. Тарбиятгирандагон бо шӯру ғавғо хӯроки шом мехӯрданд. Яке бо дигаре баланд ҳарф мегуфт, дигаре қоҳ-қоҳ механдид, бархеҳо гиря ҳам мекарданд… Кӯдаконе, ки дар синну сол, миллату мазҳаб, хӯю рафтор аз ҳам тафовут доштанд, айни замон байни онҳо умумияте буд: ҳама ятим буданд. Кӯдакон одатан дар атрофи мизи таомхӯрӣ аз рӯйи тартиби синну сол менишастанд. Озар ном писарбачае, ки тақрибан даҳсола буд,  саросемавор, ҳаросону шитобон таом мехӯрд. Ангор коре дошту барои қафо намондан ё иҷро намудан мешитобад. Ин бача, ки мӯйҳои сиёҳи дарози ҷингила, абрӯвони ғафс ва чашмони калон-калон дошт, хӯрокро аз дигарон пештар хӯрда, мувофиқи тартиб косаву табақчаашро ба даст гириф...

ЧУН МОДАРКАЛОН ДАРГУЗАШТ (Ҳикоя)

Шаби пурнози поизро шамоли сокине тароват мебахшид. Шатар-шутури барг ҳ ои зардшуда, ки аз таъсири шамол мерақсиданд, наворо ҷаззобтар мекард. Ситораҳои дурахшон ва моҳтоби нурпош, чун гули сари сабади маҳфил, ҳусни шабро дигаргун менамуданд. Аз куҷое ҳангоси маркаб ба гӯш мерасид. Ин садои гӯшхарош нӯти зиёдатиеро мемонд, ки оҳанги ҳазину дилкаши фасли хазонрезро хароб мекард. Ҷавонмарде калавида-калавида бо роҳи калон ҷониби деҳа мерафт. Ҷавони миёнқад, ки таҷрибан бистусе-бистучаҳорсола буд, ҳар дам аз роҳ бозмеистод ва ба сӯйи осмон назаре меандохт. Жарф-жарф нафас мекашид, ки ангор ҳаво намерасидаш. Гоҳо фарёд мекашид: «Чаро?! Бигӯ чаро?!» Гӯши фалак кар буд. Дар ҷавоб танҳо садои шуввоси шамол, аккоси саг, ҳангоси хар ва хишир-хишири хазони зери пояшро мешунид… Ин ҷавон писари Маҳбубаойтӣ Билол аст. Ҳамон Билоле, ки шаш сол муқаддам дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз фанни иқтисод ҷойи якумро соҳиб гашт ва бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯи мактаби олӣ гардид. Билоле, ...