ЧУН МОДАРКАЛОН ДАРГУЗАШТ (Ҳикоя)
Шаби
пурнози поизро шамоли сокине тароват мебахшид. Шатар-шутури баргҳои
зардшуда, ки аз таъсири шамол мерақсиданд, наворо ҷаззобтар мекард. Ситораҳои
дурахшон ва моҳтоби нурпош, чун гули сари сабади маҳфил, ҳусни шабро дигаргун
менамуданд. Аз куҷое ҳангоси маркаб ба гӯш мерасид. Ин садои гӯшхарош нӯти
зиёдатиеро мемонд, ки оҳанги ҳазину дилкаши фасли хазонрезро хароб мекард. Ҷавонмарде
калавида-калавида бо роҳи калон ҷониби деҳа мерафт. Ҷавони миёнқад, ки таҷрибан
бистусе-бистучаҳорсола буд, ҳар дам аз роҳ бозмеистод ва ба сӯйи осмон назаре
меандохт. Жарф-жарф нафас мекашид, ки ангор ҳаво намерасидаш. Гоҳо фарёд
мекашид: «Чаро?! Бигӯ чаро?!» Гӯши фалак кар буд. Дар ҷавоб танҳо садои шуввоси
шамол, аккоси саг, ҳангоси хар ва хишир-хишири хазони зери пояшро мешунид…
Ин
ҷавон писари Маҳбубаойтӣ Билол аст. Ҳамон Билоле, ки шаш сол муқаддам дар
озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз фанни иқтисод ҷойи якумро соҳиб гашт ва
бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯи мактаби олӣ гардид. Билоле, ки тарбияти хуби
модаркалонро гирифтаву пиру барнои деҳа ҳурматаш мекарданд. Ҳамон Билол, ки ҳар
як зан мехост чун ӯ писар дошта бошад. Модаркалон низ бо наберааш ифтихор
мекард. Вай дар ҳар як ҷашну сур барҳақ сарбаланду бологузар гардида буд. Дар ҳаққи
Билолаш суханҳои неки занони деҳаро шунида, дар курта намеғунҷид. Билоли хуштарбият воқеан бачаи ситорагарм
буд. Бо суханони ширин ба дилу мардум
тез роҳ меёфту дар дидаҳо ҷой мегирифт. Ӯ, аз он, ки ба номаш аз донишгоҳаш
борҳо ташаккурномаву ифтихорнома омада буд, ҳавобаландӣ намекард, вақти таътил
бачаҳои илмдӯсти деҳаро мадад мекард.
Пас
аз вафоти модаркалон Маҳбуба аз сафари дуру дароз баргашт. Писар медид, ки
модар дар давоми маъракаҳои модаркалони раҳматӣ пеши аҳли деҳа аз ин хонаву дари камназиру аз писари соҳибмаълумоти
худ ифтихор мекард. Чаро кибру ғурур накунад, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои
кашидаи ӯву ҳамсари раҳматиаш дар ғурбат аст. Барои ояндаи писари ягонааш кам
меҳнат накардааст.
Аммо
аз назари Билол бо даргузашти модаркалон шаҳсутуни хонадон фурӯ рафт, фарру
файзи ин манзил парид... Эҳсос мекард, ки дигар нерӯе нест, ки ӯро дар ин
манзил нигоҳ дорад. Оҳ, чӣ қадар орзу дошт. Мехост, ки дар деҳа монад, қуввати
дили бибии пираш бошад, бо овардани арӯсе, ки тамоми нозу нузи пиразанро
бардошта тавонад, ҳам худу ҳам азизи умрашро хушнуд гардонад. Бале, модаркалон
ягона касе буд, ки нозашро мебардошт, азизаш медошт... Ӯ буд, ки ин ҳавлӣ барои
бача биҳиштеро мемонд.
Билол
оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ҳар дам қарор гирифта, дилашро медошту ба осмон менигаристу
саволҳои «Чаро? Барои чӣ? Аз чӣ сабаб?»-ро такрор мекард. Садояш гиряолуд буд.
Магар аз сардии ҳаво ашкҳо андаруни хонаи чашм ях баста буданд, ки бурун
намеомаданд. Ӯ мехост, ки дуртар аз деҳа рафта, баланд-баланд фарёд занад ва
фикру хаёли талху ширинашро аз сар дур созад…
Ӯ дар дуроҳае бозистод ва ба ҷояш нишаст. Ба осмон нигарист. Дар байни ӯ
ва ҷисмҳои осмонӣ суҳбати ноаёне, бо забони безабонӣ ба миён омад. Пас аз чанд лаҳза бархест ва сӯи
ҳавлиашон, ки дорои иморати боҳашамати дуошёнаи
замонавӣ буд, тоб хӯрд. Ҷавон дар ин ҳавлӣ ҳамроҳи модар зиндагӣ мекард.
Падар, ки ҳанӣз пеш аз ба дунё омадани ӯ барои кор ба Амрико рафта буд, панҷ
сол қабл дар садамаи нақлиёт даргузашт. Писар, ки чанд расми падарашро дида
буду халос, рӯзи ба хок супоридани ӯ натавонист қатрае ашк резад. Албатта, дар
дил аламҳои зиёд дошт, мебоист барои орзуҳои ношикастааш, барои дидори бар қиёматмонда,
барои рӯъёҳое, ки аз нақлу афсонаҳои модаркалон дар зеҳнаш падид меомаданд, оби
дида мерехт… Аммо он рӯз ҳеҷ натавонист буғзи дилашро кафонад.
Билол
дари хонаро кушода, хастаҳолона овоз дод:
–
Ман омадам, бийӣ.
–
Чаро дер кардӣ, писарам? Хавотир шудам,– модар аз ҷойи хоб нимхез шуда буд.
–
Барои чӣ? Ман кӯдак ҳастам, ки хавотир мешавед? Тавба...
–
Дили модарро аз куҷо донӣ...Охир, ту ягона давомдиҳандаи ҳаёти ману падари раҳматиат
ҳастӣ, - пушт ба девор гардонда, амонат такя намуд ӯ. Хона торик буд ва
равшании чароғи айвон имкон намедод, ки модар чеҳраи Билолро бинад.
–
Агар бегонае ин суханҳоро шунавад, фикр мекард, ки чӣ хел модари меҳрубон? –
эрод гирифт Билол,– Хоби хуш!
Писар
сӯйи хонаи дигар рӯй овард. Чашмони модар об гирифтанд.
– Туро Маъруф - писари Солеҳи шофёр пурсид, –
овози модар оҳанги ҳузн мекард.
–
Хай, нағз.
–
Магар боз меравӣ?
–
Ҳа! Боз меравам!.. Меравам!..– фарёд зад Билол,– Норафта чӣ кор кунам? Хонаҳои
боҳашамати шуморо посбонӣ карда шинам?– Билол пеши дари хонаи модар омад,– Гап занед, чӣ кор кунам?! Аз ман
чӣ мехоҳед?!
–
Ба ман дод назан, ба ҳар ҳол модаратам, бегонае не!– овози модар як парда баланд
шуд.
–
Медонам… Аммо гӯед, ки ба шаҳр нарафта, дар деҳа чӣ кор кунам?
Ашк
пеши дидагони Маҳбубаро гирифт ва бо як мижа таҳ кардан марҷонвор поён рехта.
–
Маро парастор мешавӣ...
–
...?
–
Фаромуш накун, ки ин вазифаи фарзандии туст.
Билол
хандид. Хандаи истеҳзоомези аз ҷавшани ҷони модар гузашт. Дар баданаш мурғак
дамиду дастонаш ларзиданд. Вай ҳайратзада
сӯйи писараш нигоҳ кард. Билол бо ду
даст синаашро дошта, механдид ё гиря мекард, аён набуд. Ашкҳо чун қатраҳои
борони поиз поён меомаданд. Танаш вазнин
гардида, пойҳояш бемадор мешуданд магар, ки ба дари хона такязанон нишаст. Он
салобати мардонаи Билол куҷо шуд? Ӯ кӯдакеро мемонд, ки барои баровардани ниёзҳояш
ғаш мекунад...
–
Дуруст! Ба шумо нигоҳ кардан вазифаам. Шуморо парасторӣ намудан, қарзи
фарзандии ман аст. Аммо гӯед, ки шумо ҳамчун модар чӣ вазифа доштед? Барои ман,
писари ягонаи худ, дилбанду ҷигарбанди худ, чӣ хизмат кардед?! Кадом вазифаи
модарии хешро иҷро кардед?!– саволборон мекард Билол. Маҳбуба аз ин суханон, ки
интизор набуд, дар ҳайрат меафтод.
–
Чӣ кор кардед?! Гӯед!.. Ҳамон падаре, ки маро давомдиҳандаи умри хеш медонист
ва ман ақаллан боре надидааму танҳо бо аксҳояш суҳбат намудаам, чӣ кор кард?! Гӯед,
бийиҷон! Чаро хомӯш меистед? Гап занед?!
–
Ин тавр нагӯ, писарам. Руҳи падари раҳматиат нороҳат мешавад,– гирякунон гуфт
модар ва ашкони чашмашро бо бурҷи сарбандаш тоза кард.– Ҳар коре кардем, танҳо
барои беҳбудии ояндаи ту буд. Маҳз барои хушбахтиат ҳаракат кардем.
–
Барои беҳбудии ман… Баҳри беҳтар кардани ҳаётам кардед? Бубахшед… Бубахшед, ки
надонистаам,– Билол сар ҷунбонда
дастонашро болои синааш гузошт,– Ин суханонатон афсонаҳои модаркалонамро ба
хотирам овард, ки ҳар шаб бароям мегуфтанд. Мегуфтанд, ки волидонам барои ман қаср
месозанд, ояндаамро таъмин мекунанд, бо ҳамин мақсад ғурбатро ихтиёр кардаанд.
Рӯзе мерасад, ки мо дар ин хонадон зиндагии якҷоя оғоз мекунем. Аммо барои ман
кушке лозим набуд. Мехостам, ки дар ҳавливу дари хоксоронаамон ҳамроҳи падару
модарам, ҳамроҳи додару хоҳарам зиндагӣ кунем. Ҳа, дили ман додару хоҳар
мехост. Чӣ қадарҳо орзу доштам, ки падар маро сари китфонаш бардорад, рӯзона ин
ҳавлиро овози хушҳолиҳои бачаҳо пур кунад, бегоҳиҳо сари болинам модар алла гӯяд.
Аммо бачагиву наврасиҳои ман дар миёни чор девори пур аз ҳузну сукут гузашт.
Ман ҳамеша бачаи боадаб гапгири деҳаву мактаб будам. Пеши касе, агарчи маро
озор дода бошад, аз бинӣ боло гап зада наметавонистам, чун пушту паноҳе
надоштам. Меҳру муҳаббатро дар дили инсон бо пулу пайса ба вуҷуд оварда
намешавад, бийӣ!
–
Ман мехостам, ки бароят беҳтарин зиндагиро фароҳам созам, ҷони бийӣ...
–
Оё шумо медонистед, ки барои ман чӣ беҳтар буд? Боре пурсидед, ки бароям чӣ
кунед, хушнуд мешавам? На! Напурсидаед? Фақат мепурсидед, ки пулат ҳаст ё не?..
Ба мани кӯдак пул чӣ қадре дошт? Дар шашмоҳагӣ маро ба модаркалонам гузошта
рафтед. Фикр накардед, ки ин кӯдак асту эҳтиёҷ ба шири модар дорад. Барои шумо ва падарам танҳо пул лозим буд.
Мехостед, давлат ҷамъ кунед, бой шавед, то дигарон ба рахту бахти шумо ҳавас
кунанд. Хушбахтиро танҳо дар пул медидед.
–
Ин тавр не, писарҷон …– аранг забон кушод модар.
–
Модар, хоҳиш мекунам, гапамро набуред! Ҳеҷ набошад, боре ба сухани дилам гӯш
кунед, бисёр не, як бор… Шумо, ҳатто, намедонед, ки аввалин калимае, ки ба
забон овардам «оча» буд ё «додо»? Намедонед, ки қадами нахустинамро дар чандмоҳагӣ
гузоштаму дандони аввалинам кай баромад... Чунки он вақт шумо фақат дар ғами ҷамъ
овардани маблағ будед ва аз садои шараққосии доллар лаззат мебурдед. Ҳушу
ёдатон бо ҷамъ намудани молу дунё банд буд… Чун дирӯз дар хотир дорам. Рӯзи
нахустини мактаб буд. Либоси тозаамро пӯшида, дуои бибиҷонамро гирифтам ва сӯйи
мактаб шитофтам. Бачаҳо бо дастаҳои гул ҳамроҳи падару модарашон мерафтанд.
Хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Ҳамон вақт дилам бар ҳолам сӯхт ва худро чун
инсони нолозим эҳсос кардам. Дилам захмӣ шуда буд он рӯз.
Модар
бо овоз гиря кард.
–
Чаро мегирйед? Гиристан ҳаққи ман аст, бийиӣон. Бигӯед, ки дар муддати шонздаҳ
сол, ки дур аз мо будед, чанд маротиба, ҳамин писари яккаву ягонаи худро, бо
зодрӯзаш табрик кардед? Намедонед! Чунки як бор ҳам табрик накардаед!.. Рӯзе
телефон кардед. Ҳамон рӯз аз фанни математика се дона баҳои панҷ ва аз кори
хаттии забони модарӣ низ баҳои аъло гирифта будам. Вақти суҳбат аз модаркалонам
хостам, ки ба шумо инро гӯям, то аз чунин писари аълохон доштанатон фахр созед.
Модаркалонам хоҳишамро гуфтанд ва шумо дар ҷавоб «камтар хаста шудам, дигар вақт
гап мезанам. Бар замми ин пули телефон кам аст…» гуфтед ва телефонро хомӯш кардед.
Модаркалонам бардурӯғ «Э, ба телефони биет чӣ шуд? Магар қувваташ тамом шуд…
Вай бо ту гап мезанам гуфта буд. Афсӯс...»– гуфтанд. Ман суханони шуморо шунида
будам ва дурӯғи бибиҷонамро пай бурда будам. Лекин барои хотирҷамъ намудани
модаркалонам, «ҳеҷ гап не, бибиҷон. Дигар вақт суҳбат мекунем. Мехостам, гӯям,
ки он касро дӯст медорам», гуфтам... Акнун гӯед, ки ин «меҳрубониҳо», «дилсӯзиҳо»
ва «ғамхориҳо»-ро чӣ тавр фаромӯш кунам?
Ман низ мехоҳам, ки тамоми инҳо хоб бошад. Як хоби ваҳмноку даҳшатангез.
Мехостам, ки ҳамеша дар паҳлӯям бошед ва ман дар сари зонуятон сарамро гузораму
онро навозиш кунед. Мехостам ба хона баргардед ва чун оилаҳои дигар аҳлу
осоишта, бо ҳам, якдилу муттаҳид зиндагӣ кунем... То ҳол он рӯзҳо фаромӯш
намешаванд… Чун муҳри ғуломӣ ба дилам нақш бастаанду монанди захми носуре
танамро азият медиҳанд…
Модару
писар дар гиря ҳамовоз мешуданд. Ашкҳо чун донаҳои борон фуруд меомаданд. Зан
пеши фарзанд худро нотавону афсурда,
дилгиру пиртар эҳсос мекард.
–
Ман туро мефаҳмам, аммо ту ҳам маро бояд фаҳмӣ... Охир, барои ояндаи ту талош
мекардам, бачам...
–
Мегӯед, ки барои беҳбудии ту кор кардем. Ҳар гоҳе, ки модаркалонам аз пулҳои
фиристодаатон медоданд, намегирифтам. Чунки онҳо барои ман пулҳои шахсони
бегона метофтанд. Маблағи одамоне буданд, ки ба зару сарвату мулк меҳр
бастаанду барои онҳо одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббат дуввумдараҷаву саввумдараҷа
буд,– дар ҷои нишаст Билол якпаҳлу гардида, дастрӯмолашро гирифт ва бини
афшонд,– бачагиам андаруни ранҷҳо, озорҳо, аламҳо, ноумедиҳо, табоҳиҳо,
дилсардиҳо гузашт ва аз ин замони умр хотираи ширине нест, ки ба ёд ораму
хурсанд шавам. Не-не, як хотираи хуше дорам. Ин ҳамон афсонаҳои модаркалонам
мебошанд, ки ҳар шаб мегуфтанд. Маҳз ҳамон афсонаҳои бибиҷонам маро ҳаёт омӯхтанд,
неку бадро шиносонданд, дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ чун чароғи раҳнамо
хизмат карданд. Насиҳатҳо ва қаҳрамонҳои афсонаҳояшон маро умед бахшиданд,
диламро ба ҳаёт гарм карданд, орзу парвариданро омӯхтанд… Раҳматӣ ҳамеша
мегуфтанд, ки «Бачам, бисёртар китоб хон, худро шинос, пайрави ҳар касу нокас
нашав. Орзу дорам, ки дар ҳаёт одами нағз шавӣ, ҳар доим некӯӣ кунӣ. Дар зиндагӣ
аз одам фақат накӯкорӣ мемонад. Агар ту инсони хуб гардӣ, ба рӯят тамоми дарҳои
беҳтарини зиндагӣ боз мешаванд». Ман мекӯшидам, ки бо насиҳатҳои эшон роҳи
дурустро ёбам. Ба назарам андаке муваффақ ҳам шудам...
–
Дар ин миён мани бадбахт саҳме надоштам?
–
Не, чаро саҳм надошта бошед?– оҳанги гуфтор дигар намуд Билол,– Бо пул таъмин карданатонро фаромӯш мекунам.
Ба қавли шумо, “чизи аз ҳама муҳим” аз ёд мебарояд магар?
Дасту
пойи Маҳбубахола меларзид ва тамоми баданашро арақи сард фаро гирифта буд. Ду
пояшро ғунча карда, сарашро болои онҳо гузошт ва болопӯшро наздиктар кашид.
Муддате дар миён сукути вазнине ҳукмфармоӣ мекард. Билол мисли ҳайкали шахшуда
назди дари хона менишаст ва нигоҳашро аз чилчароғи булурии айвон намеканд. Э
кош, булури дилҳо дарз намеёфтанд, чароғи дилҳо ҳам ҳамчунин фурӯзон мебуданд.
Писар
боз чанде ҳамон сон нишаст ва бо овози дупарда зери лаб гуфт:
–
Ман навозишҳои модаронаи шуморо, соябон гардидани падарамро мехостам. Хаёлан худро дар каноратон эҳсос мекардам,
навозишҳои шуморо тасаввур менамудам, суруди аллаатонро мешунидам. Ҳамаи ин дар
олами рӯъёи ман буданд. Дар асл шумо аз ману эҳсосоти қалбии ман ҳазорҳо фарсах
дур будед… Шояд ман ҳарфи нодуруст мезанам, хато мекунам. Балки гуфтаҳоям ба
синну сол намезебад. Аммо бояд донед, ки дилам аз ғаму аламҳо саршор аст. Ман
бисёр фикр кардам, ки ин ҳамаро ба шумо гӯям ё дар дилам нигоҳ дорам. Дар охир қарор
кардам, ки мегӯям. Имрӯз барои пайдо кардани ҷуръат бори аввал нӯшидам... Хайр,
хоб кунед. Ман ҳам дам гирам. Шаб кайҳо аз ним гузаштааст, ба соати девор нигоҳе
афканд ӯ.
Аммо
то субҳ чароғҳо гирон буданд. Субҳдам садои сигнали мошин шунида шуд ва пас аз
андак овози Солеҳшофёр ба гӯш расид:
–Билол! Маҳбубаойтӣ… Кӣ ҳаст?
Билол
назди дарвоза ба шофёр “ҳозир, як лаҳза” гуфта пас гашт. Аз киса коғази чорқатеро
гирифту сари болини модар гузошт ва баҷабинаш бӯсае заду берун баромад. Чун
садои ҳаракати мошин шунида шуд, модар аз ҷой хест. Зери лаб пичирросзанон ба дӯлча
об гирифт ва ба кӯча баромад. Мошин аз бари тӯдаи хишту симони ҳамсоя, ки
иморати замонавӣ меандохт, боэҳтиёт мегузашт.
Чанги сабуке ба фазо хеста буд. Модар сатили обро аз паси мошин пошид ва
каф ба рӯй кашид. Гарди роҳ аллакай нишаставу мошин ба гардиш тоб хӯрда буд.
Модар
ашкҳояшро бо остин тозакунон ба хонаи хобаш даромад ва баргаи гузоштаи
писарашро ба даст гирифт. “Модарҷон, ман
ҳатман бозмегардам. Саъй мекунам, ки гузаштаро чун хоби ваҳмноке фаромӯш созам.
Шумо низ ин рӯзро фаромӯш кунед. Мехоҳам, ки фарзандонам аз афсонаҳои бибиҷони
худ дарси зиндагӣ гиранд, дар дилашнон тухми меҳру муҳаббат ва одаму одамгарӣ
нумӯъ кунад. Агар шуморо ранҷонида бошам, бубахшед, модарҷон. Писаратон Билол»
навишта буд ҷигарбандаш.
Модар
оҳи сабуке кашид ва ба акси кӯдакии Билолаш, ки рӯйи миз андаке уреб гузошта
буд, чашм дӯхт. “Чӣ сурати зебое дорад ин пораи меҳр…”,– аз дил гузаронид ӯ.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.
Комментарии
Отправить комментарий