АРМОН (Ҳикоя)
Рӯ-рӯйи хазони наврехта қадамзанон аз
дарс бармегаштам. Таваҷҷӯҳамро марде, ки дар истгоҳ буду ба бар тоқии кӯҳистонӣ,
либосҳои рангпарида, пойабзори чангзеркарда ва дар даст дастовез дошт, ба худ ҷалб
кард. Чеҳраи мард, ки ҳар замон гардан ба
роҳи мошингард меёзонд, гарм тофт. Наздиктар рафтаму хато накарданамро фаҳмидам.
-
Ассалому алайкум, акои Андарз! – хушҳолона садо баланд кардам. Аз садои ғайричашмдошт,
мухотабам як қад парид.
-
Ваалейкум ассалом, ошно, - хурду калонро «ошно» ном мегирифт ӯ. – Ин ҷо чӣ кор
мекунӣ? – ба канор кашида, бағалкаш боло бардошт, ки тамоми устухонҳоям шараққос
заданд.
-
Хонда гаштаам. Аз худатон пурсем: кадом шамол ба Самарқанд овард?
-
Э, ошно, падарамро ба шифохона овардам.
-
Кай омадед?
-
Як ҳафта шуд, ошно, - тоқиашонро аз сар гирифта, бо рӯмолча арақҳои пешониро
тоза намуд.
-
Ҳафт рӯз боз ақаллан як маротиба занг назадед-е, - гила кардам.
-
Ошноҷон! Дар Самарқанд буданатро намедонистам. Агар бохабар мебудам,
албатта занг зада меёфтам. Деҳотӣ бошам ҳам,
дар як зум туро ёфта мегирифтам, ошно, - қоҳ-қоҳ зада хандид ҳамсояамон.
-
Саломатии бобои Сайёд чӣ хел?
-
Вақти омадан як пояшонро бардошта наметавонистанд. Ҳозир бо асо оҳиста-оҳиста
мегарданд, - аз ҷайби худ кӯҳнателефонеро бароварда, соаташро дид акои Андарз.
-
Ягон ҷой мешитобед?
-
Ошно, ба шифохона рафтан лозим. Камтар пеш бобо занг зада, тезтар биё, ҳабдоруҳо
тамом шуд гуфтанд.
-
Ин тавр бошад, он касро интизор накунед.
-
О, ин автобус ҳам дер кард-ку ошно, - чашм ба роҳ дӯхт ӯ.
-
Бобо дар кадом бемористон?
-
Дар шифохонаи шаҳр.
-
Пагоҳ дарсам кам. Албатта ба аёдаташон меоям.
-
ҳамту кун, ошно. Чанд рӯз боз мегӯянд, ки деҳаро, одамони қишлоқро, бӯи кӯҳистонро
ёд кардам. Туро дида хурсанд мешаванд.
-
Рақами телефонатонро ба ман диҳед, - телефонамро аз ҷайбам баровардам.
-
Ошноҷон, телефонро нағз кор фармуда наметавонам. Рӯйхати номҳоро бин, рақами
телефонам бо номи худам нигоҳдорӣ шудааст.
Автобус
дер мекарду сӯҳбати мо метасфид. Акои Андарз воқеаҳои аҷибро шавқовар нақл
кардаву беистиҳола аз мардум чунон механдид, ки... Ростӣ, ман аз рафтори ҳамдеҳаам
дар назди раҳгузарон ҳиҷолат мекашидам. Пас аз чанд лаҳза, ҳамсоямардро ба
шифохона гусел кардаму худ сӯи хона рафтам...
Рӯзи нав чун тозасаҳифаи зиндагӣ оғоз шуд. Саҳар
ба дарс рафтам ва пас анҷоми машғулотҳо, ҷузвдонамро ба ҳамхонаам дода, сӯйи
шифохона шитобидам. Даме, ки вориди ҳуҷраи хоби бобои Сайёд шудам, он кас дар рӯи
ҷой хоб буданд. ҷавоне дар назди тиреза рост меистод. Оҳиста гулӯ равшан кардам. Ҷавон ба қафо нигоҳ кард,
бобои Сайёд сар бардошт.
-
Ассалому алайкум, бобоҷон, - дастовезамро болои миз гузошта, тарафи бобо
шитофтам.
-
Ваалайкум ассалом. Биё, писарам, биё, - аз ҷо хеста, маро ба канор гирифт бобо
ва ба нишастан даъват намуд. Ҷавон салом
дод ва ба назди тиреза баргашт.
-
Писарам, ту чӣ хел? Саломатиҳоят, корҳоят, нағз? Дӯстонат, хубанд?
-
Худоро шукр, бобоҷон. Ҳама хубанд. Худатон чӣ хел? - ҳамдеҳаам дар назарам
афсурдаву солхӯрдатар намуд.
- Ман нағз. Акнун аз они мо ҳамин-дия. «Ҳафтоду
афтод» мегӯянд. Ман-ку шаш кам ҳаштодсола. Ин тарафаш аз они мо зелёний писарҷон,
зелёний - табассуми ҳалимонае намуд, ки тамоми ожангҳо дар бари рӯй ҷамъ
омаданд. Дар хонаи на он қадар
калон се кат, як либосовезак, се ҷевон,
як мизу се курсӣ буд. Аз хона бӯйи дору ба димоғ мезад. Дар қафои тиреза, ки ба
тарафи боғ кушода мешуд, манзараи аҷибе ба назар мерасид. Баргҳои дарахтони қадафрохта,
заб-зард шуда, чунон зебо ва дилкаш менамуданд, ки метавонистанд ҳар касро оғуштаи
хаёлот кунанд.
-
Акои Андарз дар куҷо? - оромиро халалдор кардам.
-
Ба дорухонаи марказии шаҳр рафт, - канда-канда сухан мегуфт бобо. - Он доруи
зормонда, дар аптекаҳои ин гирду пеш набудааст. Даруни бобоят дорухона шуд,
писарам... Каллаам пӯсад, ки овораи дардгӯӣ шуда,аз ту напурсидаам. Хонданҳоят
чӣ хел?
-
Нағз бобоҷон.
-
ҳамеша нағз шавад, писарам. Ояндаи деҳаамон шумо ҷавононед.
-
Шумо мехонед, - рӯ ба мо гардонд ҷавон.
-
Ҳа.
-
Дар куҷо?.. Коллеҷ, литсей?
-
Дар донишгоҳ.
-
Донишгоҳ, - ҳайрати ҷавонро аз нигоҳҳояш дарк намудан душвор набуд. - Дар бахши буҷавӣ ё ...
-
Шартномавӣ.
-
Ӯҳӯ, контракт гӯед, - омада, рӯ ба рӯи ман, дар паҳлӯи бобои Сайёд нишаст. –
Душвор. Дар ягон ҷо кор мекунед?
-
Не.
-
Ба падаратон душвор будааст, - гуфт ва нигоҳҳояшро ба баргҳои лоҷуварди
дарахтон давонид. Хонаро хомӯшӣ фаро гирифт. Танҳо ғингоси пашшае, ки аз куҷое
вориди ҳуҷра гардида буд, шунида мешуд.
-
Дар мактаби олӣ таҳсил гирифтан хуб аст, - баъди чанде дубора сухан оғоз кард ҷавон
ва пардаи сукунатро бардошт. - Ҳаёт бо орзуҳои наҷиб ширину гуворост. Аз бачагӣ
мақсад доштам, ки ба камол расида, албатта, ба ягон донишгоҳи олӣ дохил
мешавам. Барои зану шавҳаре, ки яке
фарроши мактабу дигаре
посбони шифохона аст ва дар хона шаш нафар нонхӯр дорад, орзуи дар мактаби олӣ хонондани фарзанд хобу хаёли
беш нест.
Моҳонаи волидонам ба рӯзгорамон аранг
мерасид. Хайрият, ки барои оилаҳои камбизоат аз ҷониби давлат бо номи «тӯҳфа» баъзан
мадади моддӣ мерасад. Соле набуд, ки ё ман,
ё хоҳару додарам аз ин «тӯҳфа» бенасиб монда бошем. Вақте ки дар синфи ибтидоӣ мехондам, «ин тӯҳфа барои
аълохонҳо» гуфта медоданд, ки аз гирифтани он фахр менамудам. Дертар
инъомгардии ин либосҳо бароям нанговар буд. Гарчанд бечораҳол умр мегузарондем,
намехостам, ки атрофиён ба оилаи мо бо чашми раҳму назари паст нигоҳ кунанд. Бо вуҷуди тангдастӣ пайваста
мехондам, меомӯхтам, аз ёд мекардам. Аз болои китобу дафтар сар намебардоштам. ҳа нагуфта мактабро хатм кардам. Дар ин мобайн бо тасодуфе пои падарам шикасту ланг
гардиданд ва аз кор дур карда шуданд. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ
намуда, аз қафои орзу роҳи шаҳрро пеш гирифтам, - нафаси чуқуре кашид ҷавон.
Ман
ба ранги рӯйи ҷавон зеҳн мондам. Акнун дар симои ӯ навниҳолеро медидам, ки дар
айни сарсабзӣ рӯй ба хазон овардааст: тани ин ниҳол нозуку нопарварда, баргҳояш зарду беҳол. Бо вуҷуди ин гӯё кӯшиш менамояд,
ки амиқтар реша давонад, баҳру бар кунаду самар оварад, то одамонро аз меваҳои
ширин ва сояи хеш баҳраманд созад...
Бобои Сайёд бо сари хам фирефтаи фикру хаёлот буд.
- Ба хондан рафтанамро
касе фаҳмад, зимнан писханд мезад, - ҳамоно бо овози паст қисса мекард ҷавон, -
ва дар дил «шутур ҳаммомро орзу кардааст» мегуфт, дигаре бароям роҳи сафед ва
омад мехост... Лаҳзае, ки аз хона берун
меомадам, падарам дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд ва «писарам, агар мехонам гӯйӣ, ба
умеди ман нашав. Аҳволамонро хуб медонӣ, ки оиларо базӯр эб мекунем. Худам аз уҳдааш
мебароям гӯӣ, рав», гуфтанд. Сухане нагуфта, баромада омадам, - овози ҷавон
меларзид. - Соли аввал корам омад накард. Дохил шуда натавонистам… Ба деҳа низ
барнагаштам. Ғурурам роҳ надод…
Нахостам, ки аҳли деҳ ангушти ишорат рост кунанду гӯянд, ки «ин писари фалонӣ,
имсол хондан рафта, дохил шуда натавонист» … Аз нонвойхона кор ёфтам. Шаб нон
пухта, рӯзона ба репититор мерафтам. Як сол гузашт ва бори дуввум гӯё бахтам
тофт. Ба хондан дохил шудам, вале
контракт… - жарф нафас кашид ҷавон ва монанди он ки роҳи нафасашро чизе
мегирифт, гулӯ афшонд. – Миёни обу оташ мондам. Намедонистам, ки чӣ кор кунам.
Баъзе дӯстонам мегуфтанд, ки «шояд дигар
чунин имконият нашавад. Чор сол гузашта меравад. Хон!», гурӯҳи дигар таъкид
менамуданд, ки «контаркт хондан намешавад. Боз як сол тайёр шав, соли оянда
месупорӣ»… Боз як сол... 365 рӯз... Ба гуфтан осон... Гузаштани як рӯзи як
солро намегӯед... - оби чашмони ҷавон бурун омаданд ва бо остин ашкҳояшро тоза
намуду рӯ ба мо овард. Чанде лабонашро газида, ба сақфи хона нигоҳ кард. - қарорам
қатъи буд, - суханашро давом дод ӯ, - ба таҳсил камар бастам. Аз як сӯ, дарсҳо,
аз тарафи дигар, кор маро лакот мекард. Рӯзе аз ғояти хастагӣ нонҳоро часпонда,
ноаён ғанабам бурдааст. Бо бӯйи нони сӯхта бедор шудам. Чандто нон сип-сиёҳ
шуда буд. Соҳибкор аввал дашному ҳақорат доду таъкид кард, ки дигар такрор
нашавад. Пас аз чор рӯз боз нонҳо сӯхт. Ба илтиҷову тавбакуниҳоям нигоҳ
накарда, соҳибхона бору бӯғчаамро ба дастам дод. Контрактпулӣ кам буд, ки пули
иҷора низ ҳамроҳ гардид... Бовар кунед, ки мағоза, нонвойхона, завод, ширкат,
кофе, ресторан, сурхона, чойхона, хуллас ягон гӯшаи шаҳр намонд, ки кор накофта
бошам, - лабони хушкидаашро бо нӯги забон нам кард. - Дар ҳама ҷо як сухан: «ҳозир
коргар лозим нест, баъдтар хабар гиред» - ро мешунидам... Охир
аз мойка (коргоҳи мошиншӯйӣ) кор ёфтам. Фарқ надошт, ки сармои зимистон
буд ё гармои саратон ман дар мойка будам ва рӯзҳо якранг буданд: дарс, мойка…
мойка, дарс … Хоби бароҳатро фаромӯш кардам. Гоҳо дар рафти дарс хобам мебурд.
Аз омӯзгорон гапҳои пасту баланд мешунидам. Мехостам, ки ҳеҷ не, барои контаркт
танбеҳ нашунавам. Хонданам суст шуд. Намехондам. Барои хондан вақт надоштам…
ҷавон
дар рӯйи хона роҳ гашт ва дар рӯйи кати пешгаҳ
нишаст. Чеҳраи рангпарида, лабони порсинбаста ва мӯйҳои нагирифтаву
шонанадидаи ӯ аз муддати зиёд дар
шифохона буданаш дарак медод.
-
Пул меёбам гуфта, саломатиамро аз даст додам. Дар оғоз ҳар замон месулфидам,
аммо оҳиста-оҳиста авҷ гирифт. Охир чунон шуд, ки ягон ҳабдору таъсир накард.
Аз дасти сулфа дар дарсҳо иштирок намекардам. Ниҳоят беморӣ маро ба шифохона
овард… Шифокорон мегӯянд, ки сахт шамол хӯрдаам. Нағзакак даво гирам, сиҳат
мешавам. Аммо барои давои «нағзакак» пул дар куҷо? - аз ҷояш хест ҷавон ва назди тиреза рафта, ду дасташро дар тахтаи тиреза гузошт ва
сарашро хам карда сулфид. – Боз сулфаи лаънатӣ омад, - гуфт ҷавон ва беист
сулфид, ки гӯшҳояш сурх гаштанд. Бо ду даст синаашро маҳкам медошт, ки гӯё аз
баромадани дилаш метарсид. Сулфааш андак суст гардида, ба мо рӯ овард ва узрхоҳона
гуфт:
-
Маро бу…бу… бахшед.
-
Ҳеҷ гап не, писарам, - сухан ҳамроҳ карданд бобои Сайёд.
-
Бобоҷон! - пас аз қарор гирифтани сулфаи худ нигоҳашро ба сӯи бобои Сайёд
гардонд. - Ман аз мурдан наметарсам. Марг ҳақ аст ва ҳар як одам рӯзе вафот
мекунад. Дар дунё касе умри абадӣ надидааст ва нахоҳад дид. Ман аз чизи дигар
метарсам. Метарсам, ки… - дар кушода шуда, сухани ҷавон дар даҳонаш монд.
-
Ассалому алайкум, - акои Андарз даромад. – Э, ошноҷон, худати-мӣ? - ба ман оғӯш
кушод. Ҳолпурсӣ менамудем, ки ҳамшира омад.
-
Шумо нарафтед?! Ба панҷ дақиқа рухсат гирифта будед, - гуфт ҳамшира.
-
Ҳозир меравам, - ҳиҷолатмандона ҷавоб додам, то ки ҳарфи зиёдатӣ назанад. Бо ҳама
хушбошӣ намуда, ба роҳ баромадам.
Чеҳраи рангпаридаву нигоҳҳои бенури ҷавон
як лаҳза аз назди чашмонам дур намерафт. Чӣ тавр хона омадам, намедонистам. Яке
ба хотирам расид, ки ақалан ном ва манзили таҳсили ҷавонро напурсидаам. «Дафъаи
дигар, албатта ном, ҷои таҳсил, манзилашро мепурсам» , ба худ қарор кардам…
Субҳ. Рӯбандаҳо хазон тоза менамуданд.
Шамоли маҳини поиз баргҳоро аз дами ҷӯроби онҳо мерабуду парешон мекард.
Фаррошзанҳо оташин шуда, боз хазонҳоро ҷамъ менамуданд. Ба дарс мешитофтам, ки
садои телефонам баланд шуд.
-
Ассалому алайкум, акои Андарз.
-
Ваалейкум ассалом, ошноҷон. Чӣ хел ҳастӣ? Саломатиҳоят соз?
-
Нағз. Бобои Сайёд чӣ хел?
-
Хубанд ошноҷон. Имрӯз баъди пешин меравем. Бобо гуфтанд, ки вақтат бошад, як
омада мерафтӣ.
-
Албатта меравам.
Пас аз дарси дуввум ҷавоб гирифта, сӯи
шифохона шитофтам. Вориди ӯтоқи Сайёдбобо гардида, аввал ба назди тиреза, баъд
ба кати ҷавони бемор нигоҳ кардам. ӯ дар хона набуд. Бобои Сайёду акои Андарз
димоғсӯхта менишастанд. «Сиҳат шуда рафтагист», аз дил гузарондам. Пас аз ҳолпрусӣ,
ҷавонро пурсидам. Акои Андарз ба бобои Сайёд нигоҳе кард.
-
Умри раҳматӣ кӯтоҳ будааст, - оҳ кашид бобо. Ин суханро шунида, дар баданам
рашъа дамид ва чунин шуд, ки гӯё касе бо чизи вазнин ба дилам фишор овард. -
Поси шаби гузашта ҳарораташ баланд шуд. Навбатдор чанд сӯзандоруро болои ҳам
зад, аммо фоидае накард.Фақир дар даруни обу арақ ғӯтид. Дар пеши чашмонат ҷон
додани як ҷавони нознаин даҳшатнок будааст, - бо рӯмолча ашки чашмонашонро тоза
кард бобо.
Гӯшонам ғуввос мезад. Худро бад ҳис
мекардам. Ҳамоно фишор ба дилам таъсир мекарду пурзӯр
мегардид ва нафасгирии маро вазнин месохт.
-
Баъд аз рафтани ту, - чодари сукунатро дарронд Сайёдбобо, - аз чӣ тарсидани ӯро
пурсидам.
-
Чӣ гуфт? – беихтиёр садо баланд кардам.
-
«Аз марг наметарсам... Аз армон гардидани хоҳиши беинтиҳои дилам, ки соҳибмаълумот
гардидан аст, метарсам», - гуфт он ноумед.
Фаридуни
ФАРҲОДЗОД,
шаҳри
Самарқанд.
Комментарии
Отправить комментарий