ТАЗОДИ ЗИНДАГӢ Ҳикоя
Офтоб ѓуруб мекард. Домани
шафаќ месўхт. Назди даромадгоњи базмгоњи «Садаф», ки дар маркази шањр љойгир буд, Саидбой даст пеши бар мењмононро ќабул мекард. Ў мучалгардони набреаи калонии худ - Сайёрабонуро љашн мегирифт. Дар ду тарафи кўча мошинњои гуногунтамѓаву гуногунранг меафзуд. Мењмонон пешу ќафо, бо тўњфањои гаронбањо вориди базмкада мешуданд. Тўй сар шуда буд. Аллакай як-ду мењони сархуш раќс њам мекарданд. Яке аз онњо Саидбойро, ки њамроњи зављааш - Настаринойтї мењмононро «хуш омад» мегуфт, ба давра мекашид. Саидбой бо
ишораи «њозир» роњи халосї мељуст. Дуввумї раќскунон, аз киса панљњазорсўмињоро гирифта, болои соњибтўй мепошид. Пулњо шабењи кабўтарњо, дар фазо парвоз мекарданд ва поён фуруд меомаданд…
…Пирамарди кўзапуште асобадаст, сари кўча баромад. Зимистон, ки наздик аст, хост тарбуз харида хўрад. То соли дигар зинда аст ё не, Худо медонад. Ду-се рўз интизори нафаќааш шуд. Аз он дараке нашуду маљбур гардид, ки се њазор сўми пасандозашро гирифта, кўча барояд. Пирамард оњиста-оњиста роњ мегашт ва ќадамњояш ноустувору ларзон буданд. Бо азоб ба сари кўча расид. Фурўшанда љавони зардинарўй, дар њоле, ки харбуза мехўрд, аз пирамард пурсид:
- Тарбуз мехоњед, бобо?
- Ња, писарам.
- Чандто? –оби шоридаи
харбузаро аз лабу лунљаш бо пушти даст пок кард фурўшанда.
- Якто. Чанд пул аст? -
пирамард ноаён оби дањон фурў бурд.
- Аз панљ њазор сар мешавад то дањ њазор. Ўњу-ўњу-ўњу! - яќинан шарбати харбуза љавонро гулўгир карда буд.
- Эње, чаро ин ќадар нархаш гарон?
- Њозир чизи арзона худаш
нест, бобо. Баъд мавсими тарбуз гузашт. Ин тарафаш зимистон. Барои њамин... - гўиё эзоњ дод љавон ва атрофиёнро ба тарбузхарї даъват кард.
- Яктояшро ба се њазор сўм дењ, - кисањояшро кофт пирамард.
- Шўхї мекунед, - писханд зад љавон. – Худам чорњазорсўмї харидаам. Кадом ањмаќ ба зиёни кисаи худ мефурўшад?
- Кори савоб мекунї, - пулро аз кисаи даруни пиљаки фарсудааш гирифт
пирамард. – Ба одам савоб њам даркор.
- Ин бозори хайру саховат не,
бобољон. Мо њам бо умед, як сўм ёбем, якамон ду шавад, гуфта кор мекунем. Дар як рўз ба чор-панљ нафар бо гуфти шумо савоб кунем, банкрот мешавем-ку, - оњанги гуфтори љавон мазоњомез буд.
- Набошад, якто тарбузро ду
таќсим намуда, нисфашро дењ, - илтимос кард пирамард.
- Чї? - љавон ќоњ-ќоњ зада хандид. – Тасф кардед-чї, бобо. Нисфи дигарро чї мекунам? Ба гаву хар медињам магар?
- Хонаат мебарї…
- Не бобољон, намешавад. Майлаш, тарбузи панљњазориро ба чор њазор сўм медињам. Лекин ба се њазор сўм наметавонам. Рост меомад, ба љону дил медодам. Чор њазор дињеду боз як дуо њам кунед, ана мешавад ин тарбуз
моли шумо - тарбузи хурдакаки ноњамвореро ба даст гирифт љавон.
- Се њазор сўм пулам њаст охир, - дар зери лаб ѓурунгид пирамард ва ноумед баргашт…
…Офтоб нопадид гардид. Базми
мучалгардон дар ављ буд. Дар дастархони тўёна ѓайр аз тухми анќову љони одам дигар њама хўрданї ба назар мерасид. Пешхизматњо баробари холї гардидани як табаќча, ба љояш зуд дигарашро мегузоштанд. Санъаткору раќќосањо навбат мепоиданд. Њамкасбу њамсояву њамсабаќу њамтабаќњо, хешу бегона, њама мераќсиданд, механдиданд, меболиданд... Саидбою Настаринойтї назди мењмонон мерафтанд ва њар замон ба раќќосањо њамроњ гардида, раќс мекарданд. Санъаткоре бо дархости Саидбой - Сайёрабонуро
ба раќс таклиф кард.
Духтарак бо ишваю ноз, солорона ба сањна баромад. Њама дар атрофи духтарак љамъ омаданд. Мењмонон аз љайби худ ќабза-ќабза пулро гирифта, болои сари духтарак мепошиданд. Бачањо дасту по зада, пул мечинданд... Духтарак бо сад ноз
хиром мекард ва парвои пул надошт. Пулњо амсоли парњои гули ќоќу, ки аз боди ногањонї парешон гардида, дар фазо пар мекушояд, пош мехўрданд, парвоз мекарданд, мераќсиданд…
…пулњои панљњазорї…
…пулњои њазорї…
…Рўз торик шуд… Љавоне танњо дар мардикорбозор менишаст. Медонист, ки беваќтї касе ба мардикор намеояд. Вале, ба њар мошине, ки дар ин мавзеъ роњравии худро суст мекард, бо умед нигоњ меандохт. Суханони зављааш паси гўшаш садо медоданд: «Дар хона як дона нон монд. Дар бозгашт
се- чорто нон биёред». Хотири љавон парешон буд. Ў шарм мекард, ки бо дасти холї баргардад. Меандешид, ки чї гуна ин масъаларо њал намояд? Аз дўкони њамсоя ќарз гирад? Соњибдўкон намедињад. Чунки ќарзашон зиёд аст. Дигар маѓозањо ба одами ношинос ќарз намедињанд. Ў аз нобарории рўз ва касодии кораш афсўс мехўрд. Ба таќдири бади хеш лаънат мехонд. Мошине намеистод ва њатто касе ба ў эътибор намедод. «Чї кор кунам? Беваќту бепул чї хел ба хона медароям?.. Ба саволи «Нон наовардед? Ман аз њамсоя дуто нон ќарз гирифтам, баргардондан даркор»-и занам чї љавоб медињам? Кош њазор сўм мебуд, дусад сўм насия карда, ду дона нон мегирифтам…», - аз дил
мегузаронд љавон…
…Садои санъаткорон хонањои атрофро ба ларза меовард ва њаё- њуйи мењмонон базмгоњро гўиё метарконд. Духтари ягонаи Саидбой – Нигина, ки обистан
буд, бо шиками таранг чунон арѓушт мерафт, ки модарарўсаш дилкаф мешуд: «њозир афтода ягон бало мешавад». Наварўси дуљон парвои њамли хеш надошту ба сабки мардона, боло - боло љаста, раќс мекард ва њар замон ду ангушташро дар дањон гузошта, њуштак мекашид. Дар њар гўшаи базмгоњ мењмонон мераќсиданд, мељастанд, пулпошї мекарданд. Нигина аз ин давра ба он давра ва аз он ба
давраи дигар мерафт. Шоњдухтар аз њамён даста-даста пул гирифта, ба мењмонон дароз мекард. Нафаре ноз кунад, бо абрувони гирифта,
дастак мезад ва ё ба њаво пош медод. Пули њамён тамом шавад, дарњол аз борхалтаи духтараке, ки яќин хоњарарўсаш аст, як даста пул гирифта, дар њамён мегузошт. Он духтарак борхалтаро бо ду даст мањкам дошта, соя барин аз ќафои Нигина мегашт. Писари Саидбой, падари Сайёрабону – Њомид маст буд. Рафторњои номуттаносиби мардона менамуд. Монанди љинси латиф даст ба њар сў ёзондаву китфонашро љунбонида, љилваву ноз мекард. Занњоро ба раќс мекашид, оѓўш мекард, дастаи пулро ба синабандаш тела медод, мебўсид ва њоказо… Баъзењо аз ў худро дур мегирифтанд, гурўње барои ќабзаи пул дар атрофаш парвона мешуданд. Бонувони нишаста,
аз фурсат истифода бурда, борхалтањои худро оњистакаку ноаёнак аз нозу неъматњои дастархон пур мекарданд. Пулњо дар болои сари Саидбой, Настаринойтї, Њомид, Нигина ва Сайёрабону алвонљ мехўрданд, бозї мекарданд, зери по мешуданд…
…пулњои панљњазорї…
…пулњои њазорї…
…пулњои панљсадї...
…Поси шаб. Зане дар сари
бистари духтарчаи бемораш нишаста буд. Лабони духтарак аз ѓояти таби баланд кафида буданду рангаш парида ва чашмонаш
фурўрафта. Њарорати бемор баланд буду сулфа мезад ва садои баланди тўйхона духтаракро нороњат мекард. Зан њар замон докаро нам карда, ба пешонии духтарча мегузошт.
Модар медид, ки вазъи кўдакро бо ин бењ карда наметавонад, аз љой хеста, бори дигар ќуттии доругузоракро дид. Дору набуд. Кисањои либосњоро кофт, аз њар гўшаи хона пул љустуљў намуд. Ѓайр аз дусад сўм дигар тине наёфт. «Ба 200 сўм чї медињад? Аќаллан як дона њабдоруи прастамол ва спирт мегирифтам, мерасид», аз дил
гузаронд зан. Вай дар назди духтарча нишаст ва дастони ўро масњ кард. Духтарак базўр нафас мекашид. Аз димоѓаш нафас не, ангор оташ мебаромад. Модар чора мељуст. Фикр мекард. Ашк мерехт. Духтарчаро дилбардорї менамуд. Садои баланди савту мусиќї ва њаёоњуйи базмгоњ оромиро халалдор менамуд. Зан бархест ва ба кафшкан
рафта, палтову сарбандии калонашро гирифт. Калўшњояшро пўшид ва оњиста аз хона баромад. Тез-тез роњ мегашт ва жарф-жарф нафас мекашид. Аз саросемагї љўроб напўшида буд, ки инро кўча баромада фањмид. Дуртар аз сурхона омада ист кард. Дудила мешуд, ки чї кор кунад? Равад ё наравад! «Дигар илољам нест» гуфту рўмоли сарашро поёнтар кашида, назди дари даромади базмгоњ омаду нишаст ва рўймолчаашро рўйи густурд.
Мењмонон як-як калавида-калавида берун мебаромаданд.
Барояндагон то рафт кам мешуданду ѓалоѓулаи тўйхона паст… Онњо аз назди зан бепарвою беэътибор мегузаштанд, ангор ўро намедиданд. Зан ба рўмолчаи пешаш нигоњ карда, сархам, чун санги сари роњ меистод. Пойи мењмонон канда шуд. Зан ноумед гашту гиря кард. Бесадо
мегирист, ки танњо китфонаш мељунбиданду чашмонаш ашк мерехтанд. Сипас, боз овози одамон
баланд шуд. Пеш-пеш марди ќоматбаланде Њомидро кашола карда баровард. Баъд Саидбой, Настаринойтї, Сайёрабону ва чанд заифи дигар берун омаданд. Аз ќафо Нигинаи обистан писарчаеро кашола карда баромад. Вай
аз дасти бача мањкам медошт. Кўдак сґйи зан нигоњкунон гузашта рафт ва бозистода, ќафо гашт.
- Куљо?! – дод зад Нигина.
Бача назди талбанда омада, аз
љайбаш панљсад сўм бароварду болои рўмолча гузошт ва пеши модараш шитофт…
Фаридуни
ФАРЊОДЗОД,
шањри Самарќанд.
Комментарии
Отправить комментарий