«ҚАДР» (Ҳикоя)
Шамоли
тирамоҳ баргҳои дарахтонро ҳар сӯ парешон мекард. Тамоми мардуми деҳа машғули
хазонрӯбӣ буданд. Онҳо баргҳоро ба зимистонгузаронии чорвояшон захира
мекарданд. Тирамоҳ нисф шуда буд ва ҳавои сард аз барвақт омадани фасли
зимистон мужда медод. Кӯчаву тангкӯчаҳо, боғу ҷӯйҳо пур аз хазон буд. Баргҳои
охирини дарахтон барои дур нашудан аз асли худ, бо шамоли бераҳми тирамоҳӣ дар
талош буданд, аммо бод аз ҳар сӯ ҳамла оварда, мағлубашон мекард...
Аҳли
хонаводаи Музаффар ҳам, барои ҷамъ намудани хазон баромада буданд. Зани
Музаффар – Рухсора ҳамроҳи ду духтарчааш баргҳои ғундоштаашонро , ки боз шамол
парешон карда буд, ҷамъ карда мебардоштанд. Духтарчаҳо чун мӯрчаякони донакаш
ба модарашон ёрӣ мерасонданд. Онҳо баргҳоро ба ҷуволи калон андохта, ба коҳдон
мекашонданд. Дар хона модари Музаффар - момои Саломат танҳо менишаст. ӯ аз
тиреза берунро, ки фақат осмон намудор буд, тамошо мекард. Пиразан, ки зоҳиран
зани ҳаштодсоларо мемонд, дар асл ба ҳафтод нарасида буд. Пасту баланди зиндагӣ,
душвориҳои ҳаёт ӯро барвақт пир кардааст, ки ожангҳои рӯй ва мӯйҳои тамоман
сафедгаштааш аз ин гувоҳӣ медоданд. Момо пиразанест, ки оромиро намедонад.
Гарчанд солхӯрда аст, лаҳзае қарор надорад ва ҳамеша дар ҷунбуҷӯл аст. Маҳз ҳамин
нооромии пиразан сабаб шуд, ки дар рӯи ҳавлӣ лағзида афтод ва пояш зарб хӯрду
як моҳ боз хонашин аст. Аз субҳ то шом назди дамгаҳи бухориро гирифта мешинад.
Пиразан аз он тоифаест, ки ҳеҷ аз зиндагӣ наменолад ва ҳамеша ба додаи Худованд
шукр мекунад. Фарзандон ва набераҳояшро низ роҳ намедиҳад, ки аз зиндагонӣ лаби
шикоят кушоянд. Писари хурдиаш – Музаффар саҳарӣ рафта, шомгоҳ ба хона бармегардад. Музаффар
аз даме, ки ақлашро мешинохт, бо меҳнати сиёҳ - аробакашӣ рӯзӣ ба даст меовард.
Ӯ пагоҳӣ аз деҳа савори ягон мошини мусофиркаш шуда ба шаҳр мерасад ва дар
бозори калони шаҳр бо аробаи дастии худ борҳои одамонро кашонда, барои хизматаш
пули ночизеро ба даст медарорад. Азбаски дар бозор миқдори аробакашон зиёданд,
гоҳ дар талоши кор бо ҳамдигар пасту баланд мегӯянд. Музаффар баробари бори гарони зиндагонии оилаи худ, бору моли харидаи
одамонро кашонда, калон шудааст. Дар ҳавои гарми саратон ба обу арақ ғӯтад, дар
сармои зимистон аз сардии ҳаво дасту пояш хунук хӯрда, пушти панҷаҳояш кафида хуншор мешаванд. Ӯ ба ин мушкилиҳо эътибор намедиҳад ва ҳеҷ ба
модар ё наздикони худ аз душвории кор шикоят намекунад. Ҳамеша ба насибаи
ёфтааш қаноат мекунад ва аз пешааш шарм
намедорад. Ноне, ки бо меҳнати ҳалол ёфт мешавад, хӯрандаашро ҳалолкору ростгӯ,
бовиҷдону боору номус мекунад, мегӯяд ӯ.
Хизмати одамонро бо самимият ба ҷо меоварад. Дар давоми кори худ ба ҳар хел воқеаҳо рӯ ба рӯ шуда, ҳатто,
чандин бор ба доми фиреби одамон афтода,
дасти холӣ ба хона баргаштааст. Ӯ ба ҳамаи ин гуна мушкилиҳо низ сабр
мекард.
Моморо
гӯшанишинӣ дилгир кардааст. Мехоҳад ҳарчӣ зудтар сиҳат шуда, ба корҳои келинаш
ёрӣ расонад. Охир кори келинаш бисёр: тарбияи чор фарзанд, рӯзгор, боғдорӣ,
нигоҳубини гову бузғолаю гӯсфанд. Ҳар дам пиразан ба келинаш, ки заҳматкаш ва
чолок буд, раҳмат мегуфт, ҳазорон бор миннатдории худро баён мекард. Пиразан
доим такрор менамуд: «Магар корҳоят кам буданд, ки Худо маро бар дӯшат сарборӣ
андохт, духтарам. Аммо Рухсора, бо табассум мегуфт:
«Чаро
ин тавр мегӯед, модарҷон? ҳеҷ вазниние нест. Охир мо аз таннозҳои шаҳрӣ нестем,
ки аз вазнининии андаки зиндагӣ, шикоят намоем… Момои Саломат аз меҳрубониҳои
келинаш хурсанд мешуд ва аз писараш ҳам, ки Рухсораро дӯст дошта, «хонадор
шавам, ба ҳамин духтар хонадор мешавам, агар ӯро гирифта надиҳед, тамоми умр бе
зан мегардам» - гуфта, ду пойи худро дар як мӯза андохта буд, шод мегардид. ҳар
дам ба писараш мегуфт, ки агар даргузарам,
дилам аз ту пур аст, ки арӯси гул баринам туро ҳамеша ёвару мададгор
мегардад.
Пиразан
бо сад хаёл пеши бухорӣ нишаста, ба берун нигоҳ мекард. Аз дар писарчаи хурдии
Музаффар - Пайванд даромад. Аз ғояти
хунукии ҳаво рӯй ва дастони наберааш суп-сурх шуда буданд. Пиразан ба Пайванд
канор кушода, сарзаниш кард:
-
Туро чӣ лозим бошад, ки дар ҳамин ҳавои хунук кӯча мегардӣ?! Бубин, дасту поят ях бастааст. Дар
хонаи гармак, пеши печро гирифта шинӣ, намешавад?
-
Бо ҷӯяам Нодий бозӣ кайдам, момоҷон, - бо шеваи бачагона гуфт Пайванд.
-
Эҳ, бозӣ-бозӣ... Яке шамол мехӯрӣ, баъд амакат омада укол мекунанд, ана баъд
бозикуниро мебинӣ?
-
Не, амакам мана укол намекунанд. Ман дийӯз гӯсфандойи амакама ба обхӯйи буйдам.
Амакам гуфтанд, ки дигай туйа укол
намекунам.
-
Э, бале писарам, бале! Ту ёрдамчии хонаамон - дия, - гуфта, ба берун нигоҳ кард
ва аз наберааш пурсид.- Пайвандҷон, баргҳои дарахтонамон аз шохаҳои поёнаш
рехта истодаанд ё аз шохаҳои болоӣ?
-
Намедонам! Чиба, ина мепуйсед, момоҷон?
-
Раҳматии падарам мегуфтанд, ки агар баргҳои дарахтон аз боло сар карда резанд,
зимистон хунук меояд, аз поёнаш резанд, он қадар сард намешавад...
Пайванд
сухани момояшро шунида ба берун шитофт. Саломатмомо ҳарчанд аз роҳ боздоштан
хост, ӯ ба қафо нигоҳ накарда, баромада рафт ва пас аз муддате давида омада
гуфт:
-
Момоҷон, аз афташ имсол ҳаво хунук мешавад. Байгҳои дайахтомо аз болояш
йехтиянд. Ман йафта аз очам пуйсидам, гуфтанд, ки байгҳо аз болояш йехта
истодаанд.
-
Хайр...
Пиразан
банди олами хаёлот гардида, зери лаб: «Эҳ, боз ин зимистон хунук ояд, молҳоро чӣ
тавр аз зимистон мебароварда бошем? На алафи таъин ҳасту, на еми нағз. Хайр,
Худо худаш дар паноҳаш нигоҳ дорад...» -
гуфт ва ба Пайванди ғарқи бозӣ зоҳиран бехаёл назар андохта, «бачагӣ давраи хуб
аст, ки дар сар на ғаме дориву на ташвише. Бо мурури калон шудан ташвишҳои
одамизот ҳам калон мешудааст...» аз дил гузаронд.
Момо
дар чунин андешаҳо буд, ки аз берун овозе баланд шуд. Гӯё хонае вайрон шуда
бошад, тақар-туқури бадвоҳима ба гӯш расид. Пиразан ташвишкашон ба берун нигоҳ
кард, аммо аз ин ҷо танҳо осмони абрнок менамуду халос.
-
Писарам, баро бин, ки ин овози чист? Магар ягон ҷои хонаамон вайрон шудааст?
-
Не момоҷон. Хонаамон вайон нашудааст. Амакам санг овайданд. Дийӯз ҳам ду мошин
овайда буданд.
-
Санг?! Санга барои чӣ меорад?
-
Намедонам?!
Пиразан
бо чашмони хирабин ба берун нигоҳ мекард ва меандешид, ки писараш барои чӣ санг
оварда бошад. Ҳамин вақт келинаш Рухсора ба хона даромад.
-
Духтарам, аз берун овози чист? Пайвандҷон «амакам санг оварданд» мегӯяд.
-
Ҳа, амаки Самандар санг оварданд.
-
Самандар санг овард? Барои чӣ санг меорад? Ягон ҷойи хонааш вайрон шуд-чӣ? -
саволборон кард пиразан.
-
Не, модарҷон. Аз байни ҳавлиамон девор мебардоштаанд.
-
Чӣ?! - бо тааҷҷуб пурсид пиразан. – Мобайни ҳавлиҳо девор мебардоштааст? Нафаси
ман сард нашуда, писари калонам ҳавлӣ ҷудо карда истодааст?!
Дар
чеҳраи момо парешони намудор шуд ва ғарқи гирдоби хаёлот гардид. Андак фикр
карда, рӯмоли калонашро аз паҳлӯяш гирифту ба сар баст ва ба Рухсора, ки машғули
тайёркунии хӯроки бегоҳӣ буд, нигариста гуфт:
-
Духтарам, ба хестанам кӯмак кун.
-
Чаро модарҷон? Чӣ кор мекунед?
-
Ҳавлӣ мебароям.
-
Охир акнун поятон камтар сиҳат шуд. Самандарамак аз ҷояшон наҷунбанд гуфтанд.
-
Не духтарҷон, ман нағз, - бо овози ларзон ва чеҳраи парешон гуфт пиразан, - ту камтар ёри кунӣ шуд, ман
худам мебароям.
Рухсора
гуфтаи модарарӯсашро инкор накард. Момои Саломат ба асояш такя карда, ба берун
роҳ гирифт. Рӯйи аз гармии печ сурхидаи пиразан дар як он чун дока сафед шуд.
Дасту пойи ӯ меларзид ва дилаш беорому беқарор мезад. Пайванд ҳамроҳи
модаркалонаш берун баромад. Модари пир бо кадом чашм бубинад, ки дар мобайни ҳавлиашон,
миёни хонаи онҳо ва хонаи писари калонаш – Самандар деворе сохта шудааст, ки он
аллакай ба қади одам баробар шуда буд. Пиразан бо ғазаб ва чашмони пурашк ба
тарафи девор роҳ гирифт. Асову пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд. Вай аз дасти
наберааш маҳкам дошта, пеш рафт. Бо азобе назди девор расид ва асоро аз даст
партофту ба девор такя намуд. Баъд бо дастони ларзон сангҳои онро як-як
гирифта, ба тарафи хонаи писараш партофт. Писараш Самандардухтур овози бархӯрди
сангро шунида, берун баромад ва рафтори
модарашро дида, овоз баланд кард:
-
Ҳа оча, тинҷӣ? Чӣ кор мекунӣ?
Модар
ба суханони писараш эътиборе надода, ҳамоно сангҳоро гирифта мепартофт. Аз ин
Самандардухтур оташин шуда, наъра кашид:
-
Ҳой кампир, магар девона шудаӣ?!
Ин
суханони писар чун ханҷари тез ба ҷигари пиразан расид ва тамоми вуҷудашро арақи
сард фаро гирифт. Оби дида аз ҳавзаи чашмон ба ҷӯяҳои гунаҳояш ҷорӣ мешуданд.
-
Ту аниқ девона шудаӣ, - такрор намуд писараш ва дар пой поабзоли худро пӯшида,
сӯйи девор шитофт.
-
Ҳа, ман девона шудам, - гуфт пиразан. Ашк гулӯгир намуда буду овозаш аранг
шунида мешуд. - Девона шудам… Аз корҳои ту девона шудам… - бо овози гиряолуд
гуфт модари пир.
-
Ман чӣ кор кардаам?! - бо тааҷҷуб пурсид Самандар.
-
Чӣ кор кардӣ? - бо овози баланд пурсид
пиразан, ки аз садояш ғазаби ӯ баръало намудор буд. - Магар намедонӣ чӣ кор
кардӣ?! Охир ин чӣ амалест, ки байни хавлӣ девор мебардорӣ? Ман ҳоло зинда ҳастам!?
Амонатии худро ба Худо насупурдаам! На… на… намурдаам, ки замин тақсим кунед.
Ин чӣ гап?!
-
Хайр, чӣ шудааст? Чӣ ҷои воҳима дорад? - бепарвоёна гуфт Самандар. - Девор
мебардорам.
-
Девор мебардорӣ? Бемаслиҳат байни хонаи худату хонаи падарат девор мебардорӣ,
беандеша?!
-
Охир чаро намефаҳмед. Ба хонаи ман аз ҳар тараф, ҳатто аз шаҳарҳои калон меҳмонҳо
меоянд. Дар пеши онҳо аз ин дару ҳавлии вайрона шарм мекунам. Як илоҷ карда,
хонаи худро таъмир кардам, ки андак зеб даровард. Ин хонаи вайронаатон шаҳомати
ҳавлиро вайрон карда истодааст. Як маротиба не, садҳо бор ба додарам гуфтам, ки
камтар пеши хонаатро таъмир кун! Не, накард ва ман маҷбур шудам девор кашам. Ин
ҳеҷ ҷойи воҳима надорад, оча!
-
Ҳеч ҷойи воҳима надорад?! Хонаи мо ҳусни хонаи туро коҳиш дод?! Мана ба ту!
Мана ба ту!!! - пиразан, ки беист ашк мерехт, бо дастони бемадор сангҳоро
гирифта мепартофт. Дар ин мобайн ҳамсояҳои ҳангоматалаб дар бурҷи хонаву паси
девор, даруни боғу боғча барои тамошои баҳси модару писар ҷамъ омаданд.
-
Ман ба ту бас кун гуфтам! Магар нафаҳмидӣ?! Бас кун! - дод зад писар.
Ин
садои баланд ва суханҳои талхи писар ҷони модарро гӯиё ба лаб меовард, вале
пиразан худро бардам вонамуд карда, сангҳоро дур меандохт. Ва ҳамзамон гиря
мекарду зери лаб мегуфт:
-
Ман чӣ гуноҳ кардам?! Дар куҷо хато кардам, писарам?! Наход туро бо ҳамин ният
калон кардам, наход бо ҳамин умед ба ту шири сафед додам?! Писар дар навбати
худ сангҳои рӯи ҳавлиро тарафи девор партофта, дод мезад:
-
Шири додаатро миннат накун! Ҳамон гаву буз ҳам, кучуку пишак ҳам ба бачааш шир
дода калон мекунад.
Ин
суханони писари азхудрафта чун ханҷар ҷигари пиразанро шикофт. Оқибат пиразан
беҳол гардида, пушт ба девор гардонду нишаст. Пеши чашмонаш тира шуда, нафасаш
гирифт. Зоҳиран ӯ чизеро намешунид ва намедид. Танҳо сардии вуҷуди худро ҳис
мекарду халос. Ҳамин вақт Музаффари аз воқеа бехабар аз кӯча омад. Вай
модарашро назди девор дар як ҳолати ногувор дида, ҳуш аз сараш парид.
-
Модарҷон, ба шумо чӣ шуд?
-Ҳеҷ
чиз, писарам, ҳеҷ чиз, - гуфт пиразан, ки фақат лабонаш меҷунбиданду садояш базӯр
шунида мешуд. Ӯ худро чун дарахти бешоху барг ҳис мекард. Дигар ашки чашмони ӯ андаруни дидагон ях баста буданд.
Намедонист, ки дилаш тапиш дорад ё не. Фақат шунидани овози писараш аз зинда
будани вай дарак медод. Музаффар аҳволи модарро дида, рӯ ба бародараш оварда
гуфт:
-
Магар шарм намедоред?
-
Ту тирмизак бар ман ақл нашуда, модари девонаатро саришта кун. Ман ҳеҷ кор накардаам,
- гуфт бепарвоёна. - Ба ҳамааш худаш айбдор,- дод зад Самандар. Дақиқан ӯ
мехост ҳама донад, ки гуноҳе надорад.
-Ҳар
чӣ бошад, шумо фарзанд ҳастед! Камтар худатонро идора мекардед, хуб мешуд.
-
Ман ба ту даҳонатро пӯшида нест шав гуфтам! То ба ман ақл шудана, ин хонаи оғилмонандатро
дуруст кун. Беҳуда нагуфта будаанд, ки гапи дуруст ба ҳамзодат намефорад.
-
Шуд, Музаффарҷон… Шуд... Маро хона дарор, - гуфт бо нафаси гашта Саломатмомо.
Музаффар
ва Рухсора модарро, ки тамоман бемадор шуда буд, гирифта ба хона дароварданд.
Пайванд бо лабу лунҷи овезон асои модаркалонашро гирифта, аз қафои онҳо вориди
хона шуд.
Шаби
тираву тор. Асаре аз осмони нилгуну ситораву моҳ набуд. Саморо лашкари абрҳои
сиёҳ фаро гирифта. Сукути тамоми замину саморо танҳо шамоли дайдуи тирамоҳ
вайрон мекард. Дар хонаи Музаффар оромӣ ҳукмрон буд, ки пар задани пашша шунида
мешуд. Момои Саломат боз назди бухориро иҷора гирифта, нафас дар дарун
менишаст. Касе кайфияти сӯҳбат надошт. Ҳамон сардие, ки вақти гуфтаҳои
писарашро шунидан пайдо шуд, ҳоло вуҷуди кампирро тарк намекард. Тамоми лавҳаҳои
зиндагонии ӯ чун навори кино аз пеши назараш мегузаштанд. То ҳол дар хотир
дошт, ки ҳамсараш рӯзи таваллуд шудани нахустфарзандашон чӣ қадар фараҳманд
шуда буд. Вай аз хурсандӣ ба момодоя як гӯсфанди ҷойдорӣ дода, бо сад умед ба
фарзанди нахустинаш, номи ҷӯраи худ, Самандарро, ки дар ҷабҳаи ҷанг якҷо буда,
баъд аз ғалаба ба диёри хеш ҳамроҳ баргаштанд, гузошт. Вай ҳар дам мегуфт, ки
писарам монанди дӯстам ҷавони бақувват, софдил, бовиҷдон ва инсони ҳақиқӣ шуда
ба камол мерасад. Ман аз қафои ин писарам фахр карда, бо сари баланд мегардам.
Баъд
онҳо боз соҳиби ду фарзанд: як духтару як писар шуданд. Аммо меҳри падар
нисбати фарзанди якум дигар буд. Падараш доим такрор мекард, ки дӯстам Самандар
дар госпитали ҳарбӣ кор мекард ва маро аз доми марг наҷот дода буд. Худо хоҳад,
Самандари ман, калон шавад, албатта, духтур мешавад ва ба тани одамони бемор
даво мебахшад. Сад афсӯс, ки вақти синфи ҳаштум хондани Самандар падараш аз
бемории сактаи дил даргузашт ва тарбияи се фарзанду пешбурди зиндагӣ ба гардани
Саломат афтод. Модари бечора дар деҳа ягон хешованде надошт, ки ба вай дасти ёрӣ
дароз кунад. Танҳо бародари шаваҳараш буд, ки аробаи шалақи зиндагонии худро бо
сад азоб пеш меронд. Аз ин рӯ, бевазан бо заҳматҳои зиёд бори гарони
зиндагониро мекашид. Азбаски Самандар дар зери навозишҳо ва тарафгириҳои падар
калон шуда буд, аз хурдӣ бачаи танбалу якрав ва гапнодаро шуд. Таъмини хонавода
ба модар душворӣ мекард. Духтараш - Робия маҷбур шуд, ки мактабро партофта, ба
модар мадад кунад. Саломат ҳамроҳи духтараш дар ҳавлиҳои мардуми дорои қишлоқи
худашон ва ҳатто, ҳамсоядеҳаҳо рафта кор мекарданд. Пули ночизеро ба даст
дароварда, бо як илоҷ зиндагониро пеш мебурданд. Шабона ҳар ду дар равшании
чароғ ресмон ресида, ҷӯроб, дастпӯшҳою
нимтана мебофтанд ва бо нархи арзон мефурӯхтанд. Фарзанди хурди хона - Музаффар
дар як ҳафта ду-се маротиба мактаб рафта, рӯзҳои дигар барои аробакашӣ бозор
мебаромад. ӯ мехост ба модар ва хоҳараш кӯмак кунад. Самандари бепарво дар сар
хаёли ба корҳои хона ёрӣ расонданро намекард. Модар ӯро ранҷонам, руҳи падараш
ноором мешавад, гуфта, барои хондани ӯ тамоми шароитро муҳайё мекард,
гарданшахиҳову эркагиҳои ӯро мебардошт. Саломат мехост орзуи шавҳараш - духтур
шудани Самандар иҷобат гардад. Аммо писар ду сол ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда
натавониста модари бечораро хун хӯронд. ҷавонзан на дар таом маза меёфту на дар
хоби шабаш роҳат. Пайваста ғами писарро мехӯрд. Бар замми ҳамаи ин Самандар ҳамеша
ба модар таъна мекард, ки ӯ пушту паноҳе надорад, ки барои донишҷӯ шудан ёрӣ
расонад. Нолаву илтимосҳои модари бечора магар ба гӯши Худо расид, ки дар соли
сеюм Самандар ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Барои таҳсил маблағи зиёд лозим буд
ва ин маҷбур кард, ки Музаффар ба мактаб нарафта, бо аробакашӣ машғул шавад. Аҳли
хонавода барои хуб хондани Самандар ба қадри имкон шароитҳои заруриро муҳайё
мекарданд. Пиразан бо сари танҳо Робияро ба шавҳар дод, Самандарро хононд,
хонадор намуд. Ба ӯ хона андохта, дар шифохонаи деҳа ба кор гузошт, Писари
хурдиаш - Музаффарро низ оиладор кард...
-
Модарчон, гузашта хоб кунед, - гуфтани Рухсора кампирро аз кӯчаю тангкӯчаҳои
пурпечи хаёлот берун овард.
Момо
бо ёрии келинаш ба рӯйи бистар гузашт. Модар гӯиё мурда буду хунук ношуда. Ҳеҷ
чизро, ҳатто дарди пойи зарбхӯрдаашро, ки ҳар шаб азоб медод, эҳсос намекард. Гӯё тамоми олами ҳастӣ ба қаъри
замин нест шудааст. Пиразан худро дар оламе мепиндошт, ки гӯё ғайр аз торикиву
сардӣ, чизи дигаре нест. Гуфтаҳои нахустфарзандаш: «ту девона шудаӣ», «ҳамон
гаву буз, кучуку пишак ҳам, ба бачааш шир дода калон мекунад», «модари
девонаат» паси гӯшаш садо медоданд. Ором, бесадо, беашк, беҳаракат мегирист
модари пир. Аз сӯзи дил мегирист. Ба ҳоли худ, ба зиндагии хеш мегирист. Гиряи ӯро
на касе медид ва на нафаре мешунид. Дар ин шаби зулмонии тор аз гиряи бесадои
модари зор, тамоми замину осмон гиря намуд. Тамоми шаб раъду барқ деҳаро даме
ором нагузошт. Саҳарӣ, чашми рӯз накафида, Музаффар аз хоб хест ва барои
аробакашӣ роҳи шаҳрро гирифт. Пеш аз рафтан чун ҳарвақта дари хонаи модарашро
кушода ҳолпурсӣ кард:
-
Модарҷон, нағз хоб кардед? Ман ба кор
меравам. Худатонро эҳтиёт кунед.
Модар,
ки ба девор такя карда нишаста буд, чун ҳарвақта «нағз рафта биё, писарам, Худо
ёрат бошад» нагуфт. Ин сухане, ки ҳар пагоҳ ӯро рӯҳи тоза мебахшид ва мадору қуввати
ҷон мегардид, баланд нашуд. Музаффар ба худ ларзид, баданашро сардие фаро
гирифт ва аз дигар дарро кушода, ба модар хайр гуфт, аммо аз момо садое
набаромад. Музаффар зуд вориди хона шуд ва назди модар омада бо овози ҳаяҷономез
нидо дардод:
-
Модарҷон!
Ранги
паридаву ҷисми сарди момои Саломат чун муҷассамаи модари мотамсаро беҳаракат
меистод. Музаффар модарашро ба канор гирифт ва бо овози баланд навҳаи ҷонгудоз
кашид:
-
Э, войи модари ҷафокашам!!!
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
шаҳри Самарқанд.
Комментарии
Отправить комментарий