«ХОНАИ МЕҲРУБОНӢ» ( Ҳикоя )

Насими фараҳфизои пойиз чун дӯсти содиқу вафодор мардуми дар кору бори зиндагӣ кӯфташударо аз оғози шоми нав паём мерасонд. Паррандагон ба лонаҳои хеш мешитофтанд. Аз само садои турнаҳо ба гӯш мерасид, ки яқин ба манзили гармтаре парвоз мекарданд. Ҳар рӯз дар ин вақту соатҳо ошхонаи хонаи меҳрубонии шаҳр бозорро мемонд. Тарбиятгирандагон бо шӯру ғавғо хӯроки шом мехӯрданд. Яке бо дигаре баланд ҳарф мегуфт, дигаре қоҳ-қоҳ механдид, бархеҳо гиря ҳам мекарданд… Кӯдаконе, ки дар синну сол, миллату мазҳаб, хӯю рафтор аз ҳам тафовут доштанд, айни замон байни онҳо умумияте буд: ҳама ятим буданд. Кӯдакон одатан дар атрофи мизи таомхӯрӣ аз рӯйи тартиби синну сол менишастанд. Озар ном писарбачае, ки тақрибан даҳсола буд,  саросемавор, ҳаросону шитобон таом мехӯрд. Ангор коре дошту барои қафо намондан ё иҷро намудан мешитобад. Ин бача, ки мӯйҳои сиёҳи дарози ҷингила, абрӯвони ғафс ва чашмони калон-калон дошт, хӯрокро аз дигарон пештар хӯрда, мувофиқи тартиб косаву табақчаашро ба даст гирифт ва назди хоначае рафт, ки зарфҳоро мешустанд. Дар назди тирезаи хонача зане менишаст, ки халтаи пуркоҳро мемонд. Аз ғояти фарбеҳӣ аранг аз ҷой меҷунбид.  Тарбиягирандагони маскан ин зани бадқаҳру забондарозро, ки сару гарданаш ба ҳам пайваст шуда буд, «бегимотхола» меномиданд. Озар табақчаҳоро назди зан гузошта, майли рафтан намуд, вале фикру ба сараш омаду қафо гашт.
- Холаҷон, Носир бемор аст.
- Ман чӣ кунам?– дод зад зан зарфҳоро як сӯ гузошта. - Бемор бошад, ба духтур гӯй. Ба ман чаро мегӯӣ?
- Шиками ӯ гушна аст, - сари мақсад омад Озар.
- Ба ман чӣ? Гушна бошад, омада хӯрокашро хӯрад.
- Бемор аст. Аз ин рӯ омада натавонист.
- Ин масъала ба ман дахл надорад. Омада натавонад, гушна шинад, - зан дар даҳон чизеро кафш мезад. - Ба вай хӯрок бурда додан вазифаи ман не. Дар ин ҷо садто ятимча бошад, ман қафо-қафои онҳо хӯрок хӯронда намегардам-ку!
- Не, холаҷон. Шумо хӯрок набаред. Ба ман диҳед, худам мебарам, - илтиҷоомез гуфт Озар.
- Чӣ? Худат мебарӣ? Магар ту хобгоҳро мушхона кардан мехоҳӣ? – садо баланд кард зан.
Бачагон ба чунин доду мағалҳои «бегимотхола», ки қариб ҳар рӯз ба миён меомад, одат карда буданд. Ҳама бо мақсади донистани ҳарифе, ки ин дафъа дар зери санги маломати ӯ мондааст, сар боло карданд. – Ту тирмизаки сағира намедонӣ, ки ба бӯйи нону хӯрок мушу нонхӯраку ҳар хел ҳашарот пайдо мешавад?! – ҳамоно пасту баланд мегуфт «тӯрбаи пуркоҳ». - Ятиме, ки аслу насаби худро, ки аз куҷост, намедонад, инро аз куҷо донад! Тез дафъ шав, ки афтатро набинам, - ба сари Озар дод зад «бегимотхола». Ду лунҷи рӯйи ӯ баробари ҳарфгӯйӣ болову поён мешуданд, ки хандаи бинандаро меовард.
- Меҳрихола ҳеҷ гоҳ «не» намегуфтанд, - Озар оташин шуда, номи ошпази авваларо ба забон овард.
- Чӣ? – сари худро аз тирезаи хонача берун кард зан. Агар ҷуссаи хурдтар медошт, аҷаб набуд, ки берун омада, писаракро мекӯфт. - Чӣ мегӯӣ?
- Меҳрихоларо мегӯям, - бо овози баланд такрор намуд Озар, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буд.
- Рав назди Меҳрихолаат. Вай меҳрубон бошад, рав! Ба ту хӯрок диҳад. Меҳрубонӣ кунад. Носирчаатро ҳам гирифта рав. Аслан ба шумо ятимчаҳои худозада нағзӣ кардан хатост, - суханҳо аз даҳони зан тирвор берун меомаданд. - Тез аз назарам нест шав, ки ҳозир зада майда-майда мекунам. Дафъ шав!
Озар ноумед сӯйи хобгоҳ шитофт. Носир дар даруни обу оташ месӯхт. Таб мекард. Рӯзи сеюм буд, ки ҳарорати баданаш паст намегардид. Духтури сағирахона чанд ҳабдору дод, аммо нафъ накард. Писарак, ки дар синну сол баробари Озар менамуд, якзайл нола мекард. Озар аз баландии таби дӯсташ меҳаросид. Чунки дар ин маскан Носир наздиктарин инсон, дӯсту бародари ӯ буд. Онҳо доимо якҷоя мегаштанд, ҳамроҳ бозӣ мекарданд, ба ҳам роз мегуфтанд. Ҳатто шаб паҳлӯи ҳам мехобиданд. Озар метарсид, ки аз дӯсти беҳтарини худ ҷудо гардад. Ӯ дастрӯмолро нам карда, дар пешонии Носир мегузошт. Дасту поҳои ӯро масҳ менамуд. Ба дӯсташ латифаҳо мегуфт, саргузаштҳои ҷолибу рангинашро нақл мекард. Мехост, ки Носир саргарми сӯҳбат гардида, даме бошад ҳам, дардро фаромӯш кунад…
Шаб аз нисф гузашта буд. Ҳама масти хоб. Яке худ ба худ гап мезад, дигаре хуррок мекашид, саввумӣ аз ҷой хеста, рӯ-рӯйи хона мегашт ва боз рӯйи кат рафта, хоб мекард... Носир аз зӯри дарду баландии ҳарорат шабеҳи море, ки даруни оташ партофта бошанд, дар худ мепечид. Нола мекард. Ғайр аз Озар нафари дигаре набуд, ки имдодгари ӯ гардад. Як қадам аз сари Носир дур намерафт.
- Очаҷон… - нола кард писарак.
- Чӣ хел очаҷон? – болопӯши Носирро дуруст кард Озар. - Очаҷони мо нест. Падарамон ҳам, модарамон ҳам давлат аст, дӯстам, давлат, - оҳи бадарде кашид Озар.
Беҳузур гардидани дӯсташро дида, хост аз ҷевон дору гирифта диҳад.
- Доруро дар куҷо гузоштӣ? – пурсид дар ҳоле, ки ҷевонро тагу рӯ мекард.
- Тамом шуд…
- Тамом шуд! Чаро барвақттар нагуфтӣ, аз духтур боз мегирифтем. Намедонам чӣ хел бачаӣ? Гард таом хӯр гуфтам, нарафтӣ. Шикамат ҳам гушна. Ягон чиз биёрам?
- Не… Намехӯрам… Иштаҳа надорам…
- Чизе нахӯрӣ, чӣ тавр сиҳат мешавӣ, дӯстам? - лабони парсинбасатаи Носирро тар кард ва матои пешониашро аз дигар нам карда, гузошт. –Ман ошхона рафта, ягон чиз меорам.
- Беҳуда нарав... Ин вақт… ошхона пӯшида аст... Аз куҷо… хӯрок меорӣ?.. - аранг ҳарф мезад Носир.
- Шояд кушода бошад, - гуфт Озар ва пас аз лаҳзае бо дасти холӣ баргашт.
- Ошхонаро қулф задаанд.
- Озар, - якка-якка нафас мегирифт писарак.
- Лаббай! Чӣ мегӯйӣ, дӯстам?
- Ман хунук мехӯрам… Баданам сард мешавад...
- Ҳозир, - гуфт Озар ва болопӯши худро дар болои Носир паҳн кард. Писарак чун дарахти шохаҳояш яхбаста, ки аз шамоли сахт шох ба шох мезанад, дандон ба дандон мезад.
«Чӣ кунам? Нигоҳ карда шинам, аз дӯстам ҷудо шуданам мумкин. Аз навбатчӣ мадад пурсам, «дар бевақтӣ ман чӣ мекунам, то субҳ сабр кунад» мегӯяд, аз дил гузаронд Озар. Бархоста назди кати хоб рафт ва аз зери болинаш пул гирифт. Ҳамон пулеро, ки чанд рӯз пеш як роҳгузар дода буд.
- Дӯстам, ту андак сабр кун, ман ҳозир бармегардам.
- Куҷо меравӣ?
- Зуд бозмегардам, - гуфт Озар ва бо либоси хоб дар пой шиппак берун рафт. Фикр мекард, ки аз назди дарбон чӣ тавр гузарад. Бахташ тофт магар, ки навбатчӣ дар ҷойи худ набуд. Писарак дарро оҳиста кушоданӣ шуд, маҳкам будааст. Пеши тиреза рафта, як табақи онро кушоду берун ҷаст. Ҳаво сард буд. Шамоли хунуки поиз ба сару рӯйи Озар, ки дар тан либоси тунук дошт, неш мезад. Писарак зуд қафои бино гузашт ва ба ҷонибе давид, ки бачагон як оҳани панҷарадеворро барои гурез калонтар карда буданд. Аз ҳавлии ятимхона берун баромада, сӯйи кӯчаи калон шитофт. Пулро маҳкам медошт. Метарсид, ки онро афтонда, бепул монад. Озар барои зудтар ба дорухона расидан, қад-қади роҳи калон медавид. Роҳгузару ронандагон ба сару либоси писарак бо тааҷҷуб назар мекарданд. Беморе мепиндоштанд, ки аз девонахона гурехтааст. Озар ду дорухонаро маҳкам ёфт. Лаҳзае қарор намегирифт. Шитоб мекард. Шамоли фасли хазон баргҳои ноумеди аз дарахтон поёномадаро, дар ҳар гӯша ҷамъ менамуд. Ду паҳлӯи панҷараи мобайни роҳ анбӯҳ-анбӯҳ баргҳои рангаш заъфарон пайдо шуда буданд, ки дар зери равшании чароғҳои канори роҳ теппаҳои тиллоиро мемонданд. Озар назди дорухонаи дигар омад, ки боз буд. Ӯро марди қоматбаланди қоқина, ки мӯйҳои зард дошт, пешвоз гирифт.
- Ассалом, амак.
- Салом, - бо маънои чӣ хизмат нигоҳ кард мард.
- Ба ман… спирт ва ягон ҳабдору лозим… барои таби баланд, - бо як даст қафаси синаи худро дошта, тез-тез нафас мекашид Озар.
- Барои кӣ?
- Ба дӯстам Носир.
- Чандсола аст?
- Даҳсола.
Мард спирт ва ҳабдоруеро ба коғазхалта андохта, пеши оина гузошт:
- Се ҳазор сӯм мешавад.
- Амакҷон ман фақат ҳазор сӯм дорам, - ҳазорсӯмаи ғижимшударо дароз кард Озар.
- Чӣ? – бо шигифт ба пул нигоҳ кард доруфурӯш. – Не ука, ҳазор сӯм намешавад, - доруҳоро бозгирифт.
Озар бо сари хаму дили навмед қафо гашт ва боз аз пайи ҷустуҷӯи дорухона шуд. Ӯ аз чанд дорухонаи дигар бо дасти холиву сари хам берун омад. Аммо лаҳзае ором нагирифта, медавид. Аз ятимхона хеле дур рафта буд. Дона-дона борон сар кард. Озар ба дорухонаи дигар расид ва дар дил ҳазор умед, ки боз бо дасти тиҳӣ набарояд, дохили он шуд.
- Салом амак, - ба ҷавоне, ки машғули китобхонӣ буду омадани ӯро нафаҳмида монд, муроҷиат кард. Ҷавон алек гирифта, ба саропои Озар, ки арақшор буд, дида давонд.
- Ҳа додар, чӣ гап? Чӣ шуд? – суоломез пурсид ҷавон ва ба берун нигоҳ кард, ки боз касе ҳаст ё не.
- Ҳеҷ гап не… - чун нафаре, ки аз саг гурехтааст, тез-тез, нафас мекашид Озар.
- Магар касе аз қафоят сур мекунад?
- Не, амак! Дӯстам бемор аст, - роҳи нафасашро чизе маҳкам кард. - Ман ба дору омадам. Ба вай зуд дору бурданам даркор, - овози писарак меларзид.
- Чӣ гуна дору?
- Амакҷон, ман буду шуд ҳазор сӯм пул дорам, - дар чашмони писарак ашк ҳалқа зад. - Дӯстам таб дорад… Шикамаш гушна... Хунук мехӯрам мегӯяд… Аҳволи ӯ вазнин аст… Ман ба дӯстам кӯмак накунам, намешавад… - канда-канда ҳарф мегуфт писарак ва чанд қатраи ашк аз дидагонаш поён омаданд. - Илтимос амакҷон… ба ҳазор сӯм дору диҳед. Ман зуд баргаштанам лозим... Набошад… дӯстам мемирад, - бо қафои даст ашкашро тоза кард.
- Дӯстат чандсола аст?
- Аз ман як сол хурд аст, - сари хами худро боло кард Озар, ки дар чашмонаш шарораи умед барқ заданд. - Даҳсола аст.
Ҷавон спирт ва тарзи истеъмоли чанд ҳабдоруву доругии моеъро фаҳмонда, онҳоро дар коғазхалта андохт ва ба Озар дароз кард. Писарак ҳазор сӯмро болои пештахта гузошт.
- Пулатро гир, ҷӯраҷон. Дӯстат сиҳат гардад, ҳамроҳ яхмос харида мехӯред, - хандида гуфт ҷавон. 
- Раҳмат, амакҷон, саломат бошед – дар лабони хушкидаи писарак ханда пайдо шуд.
- Ба дӯстат ин дорувориҳоро диҳӣ, тез сиҳат мешавад, - гуфт ҷавон. - Акнун назди дӯстат шитоб.
Озар берун баромада, сӯйи сағирахона давид. Борон гӯиё обе буд, ки аз ширполо мерехт. Шиппакҳои резинӣ барои тез ҳаракат кардани писарак монеъ мешуданд. Аз ин рӯ онҳоро ба як даст гирифту бо дасти дигар коғазхалтаи дорувориҳоро маҳкам дошта, пеш давид. Лаҳзае қарор нагирифта, ба чорроҳаи қарибии ятимхона расид. Ранги сабзи чароғаки роҳ фурӯзон буд. Писарак бо хаёли «зудтар ба назди дӯстам равам» ин сӯву он сӯ нигоҳ накарда, бошитоб аз роҳ мегузашт, ки садои гудоки мошин баланд шуд ва пас аз андак овози гӯшхароши чархҳои он дар фазо паҳн гардид. Аз садои исти мошин, ки бо суръати тез меомад, баргтӯдаҳои тиллоранги паҳлӯи роҳ шабеҳи селаи кабӯтарон, ки аз овози ногаҳонии тири сайёд рамидаанд, ба фазо пар кушоданд. Масофаи байни Озар ва мошин чанд ангушт буду халос. Ӯ чашм наканда, ҳайкалвор рост меистод. На пеш роҳ гаштанро медонисту на қафо рафтанро. Коғазхалтаи доруворӣ ва шиппакҳо ба рӯйи замин афтода буд. Марди чорпаҳлӯи шикамкалон аз мошин поён омада, сӯйи Озар даст меафшонд ва ҳар сухане, ки ба забонаш меомад, мегуфт. Писарак суханеро намешунид. Ҳамоно дар гӯшҳояш садои чархҳои мошин садо медоданд. Ӯ сангвор, ноҷунбон меистод. Мард бо панҷаи гиро аз дастони хароби Озар дошта, ба паҳлӯи роҳ кашола кард. Ронандагони ҳангоматалаб сар аз оинаи мошин бароварда, ин манзараро тамошо мекарданд. Озар камтар ба худ омада буд ва акнун дида аз коғазхалтаи дорувориҳо намеканд. Ӯ мехост гӯяд, ки доруҳоро гирад. Аммо забонаш гирд намегашт. Чизе садди роҳи овозаш мешуд ва имкон намедод, ки ҳарфе гӯяд. Мард ба рӯйи писарак тарсокии обдореро зад, ки аз ғояти пурзӯрии он Озар рӯйи замин афтод ва сар боло карда, як ба мард нигоҳ карду боз сӯйи халтачаи доруҳо нигарист. Писарак бо даст ба доруҳо ишора мекард, аммо марди девҷусса дастакзанон, бо суханҳои тунд писаракро дашном медод.
- Ҳаромзода. Марг ба ҳамон падару модарат, ки ту барин гаранги ландаҳурро тарбия кардааст. Лаънат ба он устоде, ки ба ту илм омӯхтааст. Чашмонат магар кӯр буд, ки ба роҳ нигоҳ накардӣ? Ту ҳаромзодаҳоро аз зиндаат мурдаат қимат аст. Агар мемурдӣ, ман дар балои азим мемондам – мегуфт ронанда ва ба саруи рӯйи Озар бераҳмона лагат мезад. Касе ёфт намешуд, ки писаракро аз дасти ин марди кундфаҳму ҳайвонмизоҷ раҳо кунаду гӯяд, ки «роҳ роҳи пиёдагардон буд. Айбдор ту ҳастӣ. Ранги сабзи чароғаки роҳ фурӯзон буд. Писарак айб надорад». Мард лаънатгӯён сӯйи мошин рафт. Озари гирён, ки дар рӯйи замин мехобид, чашм аз доруҳо намеканд.   
- Не-е-е-е-е! - баробари ба ҳаракат даромадани мошин фарёди ҷонгудози писарак ба само печид. Мошин доруҳоро зер карда рафт. Озар ҳунгос зада гиря мекард. Даст ба замин мезад. Рӯ ба осмон оварда навҳа мекашид. Кӯдаквор гиря менамуд. Донаҳои ашку қатраҳои борон аз бари ду рухсори писарак селвор поён меомаданд. Писарак бо ду даст бари рӯяшро дошта гиря мекард. Мехост дорувориҳоро гирифта, ба «хонаи меҳрубонӣ» шитобад. Аммо мадоре надошт, ки аз ҷой бархезад. Ангор бори гаронеро болои сараш гузошта буданд. Беист гиря мекард. Мошини замонавие аз чароғаки роҳ гузашта, қарор гирифт. Марди солхӯрдаи хушсарулибосе аз он поён омада, ба даст соябон гирифт ва назди писарак омад. Озарро аз замин бардошту соябон дошт. Писарак бо алам гиря мекард ва бо нигоҳҳои меҳрҷӯю имдодталабона рӯй ба мард оварда, боз ҷониби доруҳои бо замин яксоншуда нигоҳ кард.
- Дору… Дору…
- Чӣ шуд?
- Носир… Дӯстам… - базӯр сухан мегуфт писарак.
- Намефаҳмам, чӣ шуд? Кӣ туро хафа кард? – писаракро оғӯш кард мард.
- Дору… С..ссағирахона… Носир… Бемор…- гирякунон бо даст ба тарафи халтачаи доруҳо ва «хонаи меҳрубонӣ» ишора мекард Озар.
- Шуд писрам, шуд. Ту мард ҳастӣ. Ба мардакҳо гиря кардан намезебад, – ором кардан мехост мард. Пиджаки худро дар китфони писарак партофта, соябонро ба дасти ӯ дод ва ба куҷое телефон кард. Пас, коғазхалтаи доруву шиппакҳоро овард. Доруҳо реза-реза шуда буданд.
Резаҳои борон ба рӯйи баргҳои бемадоргаштаи дарахтон бархӯрда, онҳоро аз шох ҷудо мекард ва чун қолини заррин ба рӯи замин мегустурд. Мард ва Озар ҳамроҳ ба назди «хонаи меҳрубонӣ» омаданд. Дар он ҷо ҳама ба по хеста буданд. Аллакай, ҳама ходимони сағирахона, мошинҳои нозирони роҳу ёрии таъҷилӣ ҳозир буданд…
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Комментарии

Отправить комментарий

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА