ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

Лоиі  ШЕРАЛЄ
АЗ ЛАБОНАТ ХАНДА ГУЛРЕЗЄ КУНАД
Зинда бошад модари гулпарварат,
То ки бахти мову ту гул оварад.
Бар сари мову ту гул резад мудом,
Завіи гул дар сина ангезад мудом.
То навое бишнавем аз барги гул,
Ишіи мо пояд ба раІми марги гул.
Гул занад бар мґю кокулµои ту,
ўаріи гул созад зи сар то пои ту.
Зиндагимон гул кунад дар боІи иші,
Орзумон гул кунад бе доІи иші.
Аз лабонат ханда гулрезє кунад,
Бар сарат Наврґз гулбезє кунад.
Табъи ман µам гул кунад аз рґи ту,
Шеъри ман овезад андар мґи ту.
Чун ту аз гулµои боІи модарє,
Јадри гул медониву гулпарварє.
Зинда бошад, зинда бошад модарат,
Зинда бошад модари гулпарварат!




Абдурасул Иброµимзода
МОДАРЇОН
Модарїонам, їони ман,
Бувад меµрубони ман.
Рґзу шабон µамеша,
Гашта нигаµбони ман.
Ниµоли іоматамро,
Ту мекунє тамошо.
ўамхорє менамоє,
То ёбам нашъунамо.
Ґамчун офтоби саµар,
Меµри ту аст шґълавар.
Модарїони ширинам,
Ба ту кє аст баробар?
Доим ту меµрубонє,
Їисми фарзандро їонє.
Ґар субµу шом µамеша,
Маро азиз медонє.
Модарїони яктоям,
ўамхораму танµоям.
Баски ту беназирє,

Доимо аз бароям.





Ґусейн Рашидє
Биё Наврґз!
Биё Наврґзи фирґзам,
Биё, беµбудии рґзам.
Зи рґи Іунчаµои гул,
Табассум кардан омґзам,
Биё, Наврґз! Биё Наврґз!

Биё, ки мешавам шодон,
Чє хуш фасли гули хандон.
Баµори шавіи ту доим,
Ба дилµо медиµад туІён.
Биё, Наврґз! Биё Наврґз!

Биё, ки бо ту меболам,
Шавад хушрґ рухи олам,
Ба рангу накµати гулшан,
Чу булбулµои ту болам.
Биё, Наврґз! Биё Наврґз!





 КИТОБД¤СТ

Ґайфи китоби зебо,
Муіовааш даридаст.
Гґё ки гашта бемор,
Рангу рґяш паридаст.
Вараіµояш парешон,
Гардида пора-пора.
Охир, чє гунаµ дорад
Ин китоби бечора?
Мехондам аз ин китоб
Афсонаи аїоиб,
Чистони µайратовар,
Таронаи аїоиб.
Аµмади гапнодаро
Китобамро кушодаст,
Вараіµоро дарронда,
Ба µар сґ µаво додаст.
Фуромадам аз Іазаб,
Ана, іайчи ба дастам,
Бо ширему бо іоІаз
Вараіµоро пайвастам.
Китобам аз сари нав
Зебою хушнамо шуд,
Ґар ду муіоваи он
Пайванду їо ба їо шуд.




ХАЙР, МАКТАБ!   
Боз µам айёми тобистон расид,
Боз µам таътили тобистона шуд.
Мекунем имрґзµо мо хайрухуш,
боз µам бо мактаби маµбуби худ.
Хайр, мактаб! Хайр, то таµсили нав!
Хуш бимон, эй хонаи уммеди мо!
Ґар куїо бошем, меµри поки ту,
Дар дили мо їой дорад доимо.
Заµмати яксола охир шуд, кунун,
Шоду хуррам истироµат мекунем.
Дар лаби баµру канори кґµµо,
Оббозиву саёµат мекунем.
Дар бари боІоти сабзу дилкушо,
Истироµат карда андар µар куїо,
Баъди таътил, эй дабистони азиз,
Бар канорат боз меоем мо!



ЧАРОўАКИ РАҐНАМО
Шаµри мо- шаµри калон,
Кґчаµояш пуродам.
Мегузарад сад мошин
Аз чорроµа дар як дам.
ЧароІаки раµнамо
Дорад µар як гузаргоµ.
Ґар се ранги банураш
Ба мо нишон диµад роµ.
Ранги сурхи чароІак
Гґяд: нашав ту роµє.
Ранги зардаш аз хатар
Диµад ба мо огоµє.
Ранги сабзи чароІак
Мекушояд ба мо роµ.
То нашавад фурґзон,
Нагузар аз гузаргоµ!
Шаµри мо-шаµри калон,
Мошинµояш бешумор.
Ваіти гузаштан аз роµ
Јоидаро нигоµ дор!




КОРИ НЕК
Муаллима бипурсид
Рґзи аввали таµсил:
- Бачаµо, чє кори нек
Кардед ваіти таътил?
- Ман, - бигуфто Нигора, -
Дар таътили тобистон
Дасти ёрє бидодам
Ба момои Хиромон.
Момо - µамсояи мост,
Як пири барїомонда.
Ґамсараш шаµиди їанг,
Худаш дасттанµо монда.
- Хуб истироµат кардам
Ваіти таътил, - гуфт Ашґр.
Барои мевачинє
Рафтам ба деµаи дур.
Бобои ман боІбон аст
Дар деµаи Хамирїґ.
Дар чидани зардолу
Ёрє расондам ба ґ.
Рустам гуфто: - ТаІоям
Чґпони мидалдор аст.
Дар оІґши чарогоµ
Ташвиши ґ бисёр аст.
Ба таІои чґпонам
Ман µам мадад расондам.
Аспи ґро давондам,
Рамаашро чарондам...
- Бале-бале, шогирдон!-
Муаллима шуд хурсанд.-
Ґар яки шумо кардед
Кори хубу дилписанд.
Аз худ намудани дарс
Акнун вазифаи мост.
Пеш аз µама, кори нек
Хониши хубу аълост.




МАКТАБИ АЗИЗ
Ґар їо, ки истироµат
Кардем ваіти таътил,
Меµри ту µамсафар буд
Моро µамеша дар дил.
Мактаб, чє меµрубонє,
Маµбуби баччагонє.
Дар сар хаёли ширин,
Дар дил умеди некґ,
Аз нав іадам бимонем
Бар остонаи ту.
Эй кони донишу фан,
Бошад раµи ту равшан.
Дар куртаµо наІунїем
Ин субµдам зи шодє:
Бар рґямон чу модар
ОІґши худ кушодє.
Мактаб азизи моє,
Аілу тамизи моє!




ЗАБОНИ МОДАРЄ
Забони мо чу дарёи дамон аст,
Ба іаъраш  гавµари тобон ниµон аст.
Забони тезу бурротар зи алмос,
Силоµи їовидони тоїикон аст.
Забони безаволи «Шоµнома»
Забони дар фасоµат достон аст.
Забони шаµасарµои Низомє,
Насими «бґи їґи Мґлиён» аст.
Забони хомаи Синои оіил,
Забони µоли Шаріи бостон аст.
Навои андалеби табъи Ґофиз,
Каломи Саъдии ширинзабон аст.
Шунав лафзи Камоли нуктадонро,
Ки софу тоза, чун оби равон аст.
Забони модари дилбанди Дониш,
Нидои Айнии оташбаён аст.
Ґазор оµанги нотакрор дорад,
Забони «Шашмаіом»-и їовидон аст.
Забон ояд ба кас бо шири модар,
Забони модарє µамсанги їон аст.




ШАМОЛИ ТИРАМОҐ
Шамоли тирамоµи мо,
Шамоли фораму серун,
Зи файзи ту баробар шуд,
Ґавои хонаву берун.
Намондє аз нафасµоят,
Ту чанги рґи саµроро.
Навозиш карда бґсидє,
Рухи гулµои зеборо.
Шабона аз дами нармат,
Замин чун нуіра рахшон шуд:
Ґазорон кґраки пахта,
Шукуфту зеби майдон шуд.
Шамоли шґхи бозигар,
Тамоми шаб нахобидє.
Ба гґши баргу бор, охир,
Чиµо гуфтє, чє бишнидє?
Дар оІґши анористон,
Давидиву пардє ту.
Гаµе ором бигзаштє,
Гаµе µуштак кашидє ту.
Саµар дидам ба µар навда,
Аноронро кафондастє.
Ду шохи серµосилро,
Чаро беµуда бишкастє?
Аноронро кафонида,
Нахґрдастє вале як дон.
Магар монанди бобоям,
Ту µам пириву бедандон?





ПАНЇИ АКОЯМ
Ґар гаµ акоям Матлаб
«5» оварад аз мактаб,
Чашми шодаш метобад,
Мисли оташ метобад.
Дадаїони ман хурсанд
Аз рґи ґ мебґсанд.
«5»-и акоїони мо,
Ту ин іадар хушнамо!
Бигґ, чє сирре дорє?
Ту ба µама мефорє!
Кошки калон мешудам,
Ман мактабхон мешудам.
ўайрат карда рґзу шаб,
«5» оварда аз мактаб,
Мешунидам чун аком,
Сад офарин аз дадом.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА