ИСТГОҲ (Ҳикоя)

Фасли поиз. Табиат ранг дигар кардаву дарахтон чун модарони дар  ғами фарзанд коҳидарӯй, музтару парешон менамуданд. Дар кӯча мавҷи одамон ва нақлиёти пуродам беш ба назар мерасид. Чун автобусе аз дур намоён мешуд, пиру барно ба ҷунбу ҷӯл афтода, ҳаракат мекарданд, ки рақами онро бинанд. Бо омадани автобус монанди ору, ки ба душман ҳамла меорад, худро ба дарунаш мезаданд. Аммо на ҳар кас дохили автобуси серодам мегардид. Дар чунин маврид кори ронандагони таксӣ ва соҳибони мошинҳои хусусӣ пешрав мебуд. Ҳар лаҳза чунин пурсишҳо ба гӯш мерасиданд:
- Ба куҷо?
- Ба кадом тараф?
- Таксӣ даркор не?
Духтари қадбаланди сафедпӯсте, ки бо вуҷуди сард будани ҳаво дар бар танҳо куртаву поҷомаи атлас дошт, ба мисли дигарон дида аз роҳ барнамеканд. Дӯшиза автобуси рақами 24-ро инизор буд, ки ниҳоят аз дур намудор шуд. Аз сангпуштвор оҳистагардии он аён буд, ки савораҳояш зиёданд. Чун мошин дар истгоҳ қарор гирифт, аз он касе нафаромад. Автобус то дами дар пур буд. Духтарак умед барканд ва боз чашм ба роҳи нақлиёти дигар дӯхт...
Чашми рӯз кӯр мешуду адади нақлиёт ва мусофирони роҳ кам. Шамоли сарсарии поиз торафт сардтар мегашт. Дар зери шуъои чароғҳои ду тарафи роҳ, қади баланд, мӯйҳои пурҷилои бофта, орази сафеду пеши бари таранги духтарак боз ҳам зеботар менамуд. Ду нафаре, ки пас аз духтарак ба истгоҳ омаданд, аз интизорӣ дилгир шуда, бо мошинҳои кироя рафтанд. Дар роҳ адади таксиҳо меафзуд. Онҳо бо фурӯзонакҳо ишора менамуданд: «Такси даркор не?» Автобусе аз дур намудор гардид. Духтарак дар дил илтиҷо мекард, ки «Худоё, автобуси рақами 24 бошад». Аммо бахт ба рӯи ӯ нахандиду толеъи дигар бошандаи истгоҳ тофт. Духтар танҳо монд. Вай аз шабгардӣ метарсид. Хост, ки боз ба хонаи холааш баргардад, аммо шарм кард. «Ду рӯз боз дар хонаи холаам ҳастам. Ҳоло чӣ тавр аз дарашон медароям? Бар замми ин, модарам имрӯз занг зада таъкид карданд, ки бозгардам. Наравам, ташвиш мекашанд» - аз дил гузаронд духтар. Таъсири шамоли сард буд ё асари тарсу ваҳм,  баданаш меларзид. Ҳамин вақт чароғҳои мошини сабукраве «чашмаки зад» ва дар назди ӯ истод.
- Куҷо меравед?- аз тирезаи нимбози кобина сар баровард ронанда.
- …
- Ҷойи гуфтетон мебарам.
- …
- Аз они мо нархи арзону сифати баланд, ойтиҷон.
- …
- Ин қадар ноз накунед-дия. Пулатон набошад, карточка доштагистед. Терминал дорем, - хандакунон гуфт ронанда. - Агар пластик ҳам набошад, дигар хел ҳисоб-китоб мекунем.
- …
Ба пурсишҳои шофёр аз санг садо мебаромаду аз духтар не. Аз ин рӯ рафтанро ихтиёр намуд. Сухани охирини нешдори ин ҷавонмард ба духтарак сахт расид. Медонист, ки гапгардонӣ бефоида аст, хомӯш нишаст...
Дар кӯча гаштугузори одамон канда шуд. Мошинҳои мусофиркаш дар истгоҳ таваққуфе карда мерафтанд. Баъзеи онҳо одамвор муносибат мекарданд, вале аксарият даставвал бо мулоҳиза сухан гуфта, баъд аз даҳонашон ҳарфҳои дағал, бемаънӣ меборид. Духтарак мӯҳр ба лаб зада, чашм аз роҳ намеканд. Ҳатто ба сӯи мошинҳое, ки меистоданд, нимнигоҳе намеандохт.
Ба истгоҳ ҷавони қадбаланде омад. Духтарак бо гӯшаи чашм ба ӯ эътибор дод. Ҷавони рафидарӯйе буд, ки чашмони тангу рухсори тираранг ва абрӯвони паҳни камранги парешоне дошт. Вай бо нигоҳи сарду ҳарисаш сар то пойи духтаракро гӯиё ламс мекард. Тарзи либоспӯшии ӯ низ аҷиб буд: шими ҷинсаш аз се - чор ҷой дарида, аз болои футболкаи сафед куртаи сабзи рангпаридае дошт. Занҷири дарози гарданаш дар зери шуои чароғҳои нақлиёт ҷило медод. Ба банди як даст дастрӯмол баста буду дар дасти дигар тасмаи чармине. Духтарак худро тарзе вонамуд мекард, ки нигоҳи бешармонаи ӯро аслан пай намебарад.
- Шинос шавем мешавад, духтари хушрӯ, - сухан оғоз кард ҷавон, ки як овози хиррии ғафс дошт.
- …
- Номат чист?
- …
- Номи ман Акмал. Номи ту чӣ?.. Чаро гап намезанӣ? Ё гунгӣ?
- …
- Телефон дорӣ?
- …
- Агар секрет набошад рақамаш чанд,?
Духтарак дар ҳоле, ки дида ба роҳ дӯхта буд, нафаси амиқе кашид ва ба пои дигар такя кард.
- Ин қадар ноз накун. Ман ҳам аз бачаҳои современий. Андак мундак духтарони кӯча қатӣ гап намезанам.
«Духтарони кӯча» гуфтани авбош, ба дили духтар чун наштар халид. Вай дар ҷавоб ба сӯйи он ноҷавонрой нигоҳи пур аз нафрату ғазаб андохт.
- Ӯҳӯ, теғи нигоҳат ҷони одама мегирад-ку. Қаҳрат ояд, боз ҳам дилкашу хушрӯ мешудаӣ.
- …
Шӯрапушт ҷониби духтар як қадам гузошт. Аз ӯ бӯйи баде ба димоғ меомад.
- Оҳ, чӣ қадар ширинӣ! Шоколад-е, шоколад!
Духтар худро аз авбош се-чор қадам  дуртар кашид. Аммо ин ҷавон ҳамоно суханҳои бесару нӯг мегуфт, ки аз чанд гуфтааш яктои он ба гӯши духтар мерасиду боқимондаро шамоли сардхӯй мебурд. Дар кӯча равуои автобусҳо қатъ гашт. Духтар мехост, ки  аз ин ҷавони шилқим тезтар дур шавад. Кош ба мададаш ронандаи солхӯрдае ояд. Дар замоне, ки бародар ба додар бовар намекунаду модар ба фарзанд, ронандаи калонсол нағз. Ронандаи пурдидае пайдо занад, ки инсоф дошта бошад...
Мошине бо суръати тез омада, дар назди истгоҳ тормоз дод, ки садои гӯшхароши чархҳояш баланд шуданд. Мошинсаворон се нафар бӯзбалаи сархуш буданд.
- Куҷо меравед, ойтиҷон, - мулоимхунукона сухан оғоз кард нафаре, ки сари рул менишаст.
- ...
- Ба манзилатон мебарем. Хизматҳоиямон литсензия дорад, натарсида шинед, - ба сухан ҳамроҳ шуд ҳампаҳлӯи ронанда, ки рӯи  борику бинии калонаш бо ҳам ҷанг мекарданд. – Дар ҷавоб ба мо як «ҳиммат» кунед, мешавад, - ҳама бешармона баланд хандиданд.
- …
- Э, ҷӯра! Ту роҳи дастгир кардани ин шаҳболакони шабпарро намедонӣ. Барои ба дом афтондани онҳо, аввал зоғу зағани атрофро нест бояд кард, фаҳмо, - гуфт савораи сеюми мошин, ки дар қафои шофёр нишаста буд.
- Ӯй, зоғи сиёҳ, - ба ҷавони истгоҳ гуфт. - Тез аз ин ҷо дафъ шав!!!
Дар як он «бачаи саврименний» «гум» шуд.
- Рафтем ҷон… Квартира ҳаст. Хонаи гарм, оби гарм, оғӯши гарм, ҳамёни пур, боз чӣ лозим, - башараи бенури ронанда, аз ханда безебтар мешуд.
- …
- Фигура ҳам фигура будааст: шаст ба наваде... Кироӣ ин қадар ноз ҳаст, - савораи қафои ронанда, каллаашро аз тиреза баровард.
Ба тамоми бадани духтарак мурғак давиду ларзишаш афзуд. Аз тарс, ки боз маҷбуран ба даруни мошин накашанд, вай дуртар рафт.
- Ҳамин қадар ноз кофист, ҳӯ париваш. Ҳар шабро дар оғӯши ким-киҳо мегузарони-ку! Боре дар канори мо, камбағалон ҳам ҷилва кунӣ, чӣ мешавад? Ё моро назарат намегирад? – мегуфт мокурӯйи биникалон.
- Чанд пул гӯйӣ медиҳем. Бо мо ҳузур мекунӣ, - ба сухан ҳамроҳ шуд шофёр.
         Духтарак аранг тоқат мекард. Хуб медонист, ки агар ҳарфе занад, бегумон, ба сараш балои азимро мехарад. Ҷавонони тиҳимағз боз чанд сухани пасту баланд гуфтанду хандиданд.
- Э ойтиҷон, «қаҳри лӯлӣ, зиёни хӯрҷинаш» гуфтаанд. Биё ба оғӯши гарми мо. Ҳаво хунук шуда истодааст, мабодо хунук хӯрда, бемор нашавӣ... Не? Инхтиёр ба ту. Пушаймон мешавӣ, - гуфт ронандаву  газро зер кард.
Духтарак Худоро шукр мегуфт, ки аз он бетамизон халосӣ ёфт.  Қарор дод, ки чанд лаҳзаи дигар меистад, агар шофёри калонсоле наояд, ба хонаи холааш бармегардад.
Мошинҳои кирокаш омада, меистоданд. Духтар ронандаҳои ҷавонро дида, ба маънои «такси лозим не» сарашро меҷунбонд. Ниҳоят мошини сафедранги «Нексия» дар истгоҳ қарор гирифт. Дар паси чанбари фармони он марди солхӯрдаи ришу мӯйлабдоре менишаст, ки дар сар дасторе ҳам дошт. Духтар хурсанд гардида, нишони манзилашро гуфт.
- Шинед духтарам мебарам.
- Чанд сӯм мешавад?
- Ягон чиз медиҳед-дия...
Духтар дар қафо нишаст. Мошин гарму шинам буд ва аз даруни он бӯи хуше ба димоғ мезад.
- Хунук хӯрдед, духтарам? - мард бо хандаи ҳалимона ва овози мулоим пурсон шуд. - Таксиро бисёр интизор шудед-чӣ?
- Ба роҳ бегоҳӣ баромада будам. Автобуси 24 наомаду бевақт шуд. Шуморо Худо фиристод, амак.
- Одами нағзро Худо ҳамеша дар паноҳаш нигоҳ медорад, духтарам! Ман ҳам танҳо як духтар дорам, ки тахминан ҳамсоли шумост. Вай ногиро, пойҳояш модарзод фалаҷ аст. Бо аробача мегардад. Лекин пас аз вафоти модараш ҳама корҳои хонаро худаш мекунад. Таом мепазад, либос мешӯяд, хонаҳоро тоза мекунад.
- Ҳаёт амакҷон, - тасаллӣ дод духтар.
- Ҳа, ҳаёт… Пештар аз савор шудани шумо занг зада, «нон тамом шудааст, вақти бозгашт нон биёред» гуфт. Агар розӣ бошед, духтарам, ҳамон ду нони паҳлӯятон бударо дароварда диҳам. Баъд шуморо хонаатон мебурдам. Соат аз нӯҳ гузашт. Гушна нашинад. Хонаамон дар сари роҳ аст. Агар хай гӯед, албатта.- ҳиҷолатмандона хоҳиш кард мард.
- Чаро не гӯям, бемалол, дароварда диҳед, - духтарак нонҳоро дароз кард.
Мошин ба тангкӯчае ворид шуд ва қад-қади хонаҳои пасту баланд, аз роҳҳои каҷу килеб хеле дарун рафт.
- Ин роҳ наздик аст. Ҳозир мерасем.
- Панҷ дақиқа барвақт равам чию панҷ дақиқа бевақт равам чӣ? Муҳимаш сиҳату саломат расам, шуд, - аз хандаи зебое чеҳраи духтарак гул кард. Шофёр низ ба духтар аз оина нигоҳ  карда, лабханд зад.
Мошин дар назди манзиле, ки бо деворҳои баланд иҳота гардида буд, қарор гирифт. Дар зулфини дарвозаи ҳавлӣ қулфи мустаҳкаме ҳамоил буд.
- Азбаски духтарам роҳ гашта наметавонад, дарро қулф мекунам, - мард мошинро хомӯш карда, иловатан гуфт, - мо танҳо зиндагӣ мекунем. Боз ба хаёлҳои бад наравед?
- Не-е амакҷон. Шумо падарам барин гап. Чаро фикри бад кунам. 
- Офарин духтарам, офарин, - нонҳоро аз паҳлӯяш гирифта, фуруд омад мард ва дарвозаро кушода, вориди ҳавлӣ шуд.
Духтар ба гирду атроф чашм давонд. Акнун пай бурд, ки дар ду тарафи роҳ хонаҳои баланд комат афрохта бошанд ҳам, аз чӣ бошад, ки равшании чароғе ба чашм намерасид. Дили духтарак ғаш карду беқарор задан гирифт. Аз тарс алосарак ба атроф нигоҳ мекард.
Шофёр аз дарвоза берун шуда, назди тирезаи мошин омад.
- Маро бубахшед духтарам, аз шумо боз як илтимос дорам...
- Чӣ илтимос? Аз дастам ояд ба ҷону дил...
- Духтари ман мехоҳад, ки шуморо бинад.  
- Чаро? - чеҳраи духтар ранг бохту дилаш таҳ кашид.
- «Дар мошин одам ҳаст ва ман бояд ӯро ба хонааш барам», гуфтам. Духтарам пурсид, кӣ мард аст ё зан? Сипас, дар бори шумо гуфтам. Акнун ҳошакалло мегӯяд, ки шуморо бубинад. Ман… Ман чунин ранг гирифтани воқеаро намедонистам... Маро бубахшед… Агар малол наояд, ду дақиқа пеши духтарам дароед. Дигар чизе лозим нест. Пулатон ҳам даркор не. Ман то хонаатонро мебарам. Илтимос, хоҳиши духтари дилшикастаи маро қабул кунед, -  дар чашмони мард ашк ҳалқа заданд. Духтарак дудила шуда буд. Намедонист, ки чӣ кор кунад. Яке мегуфт: «Даро, дили духтари ногироро шод кун, савоб дарёб, ба ронанда шодмонӣ бахш», дигаре мегуфт: "Эҳтиёт бош! Ҳеҷ ҷо нарав! Фиреб нахӯр...»
- Намехоҳед? Ҳеҷ гап не, - вориди мошин шуд мард. - «Корашон будааст, дигар вақт меомадаанд», мегӯям ё ягон сабаби дигарро пеш меоварам, - мошинро даргиронд.
«Чаро ба чунин солхӯрдае, ки аз чеҳрааш нур меборад, бовар намекунам?»- духтарак худро ботинан сарзаниш кард.
- Амак, мошинро хомӯш кунед. Як сари қадам пеши духтаратон медароем. Фақат зуд мебароем, ки бевақт шуда истодааст. Тезтар хона расам. Падарам аз кор баргашта, маро дар хона набинад, қаҳраш меояду модарамро озор медиҳад.
- Аз умратон барака ёбед, духтарам. То дами қиёмат дуотон мекунам. Барои маро дуруст фаҳмиданатон ҳазор раҳмат, - аз даҳони марди солхӯрда шакар мерехт. Онҳо  вориди ҳавлӣ гардиданд ва дарвоза маҳкам пӯшида шуд…
***
         Модари духтарак бо сухани дурӯғи «духтарамон пагоҳ меомадааст»  шавҳарашро ором карда бошад ҳам, тамоми шаб хобаш набурд. Ба пиндор бистараш аз хори мағелон буд. Вақти ғанаб кард, ки акнун чашми рӯз мекафид. Чашм кушод, ки дарро касе бошиддат мекӯфт.
- Дар ин саҳарӣ кист, ки дарро мезанад? Илоҳо тинҷӣ бошад-дия, – кадбону бо ҳавлу ҳарос сӯи дарвоза шитофт. Дарвоза сахттар кӯфта шуд.
- Ҳозир-ҳозир...
Модар дарро боз карду... бо кадом чашм бинад, ки духтараш дар дами дар бо нигоҳи бемаъно, мӯйҳои парешон, пироҳани дарида, чашмони варамида, дасту рӯйҳои хуншор, рост меистод. Модар аз худ рафт...
Духтар девонаавзо буд. Табобат фоида намебахшид. Вале ҳама ба оқибати нек умед мебастанд.
... Пас аз ҳафтаетавассути оинаи нилгун гузориши нохуше доданд. Гуфта мешуд, ки сабукрави «Нексия» ба зери мошини боркаш даромада, ронандааш ҷони хешро ба ҷонофарин супурдааст...
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

шаҳри Самарқанд.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА