ФОСИЛАИ ОЗОДӢ (Ҳикоя)


Дар фазои ғуборолуди шаҳри Идлиби кишвари Суриё зоғҳо села-села парвоз мекарданд. Гоҳ аз наздик ва гоҳ аз дур садои тиру туфанг бо «қар-қар»-и зоғҳои сиёҳ ҳамоҳанг мешуд. Бӯйи ғализу нофорами партовҳо, ки дар қади роҳи биноҳои валангору кӯчаҳои нотоза ҷамъ шуда буданд, дили касро нороҳат менамуд. Офтоб оҳанги падрудро замзама мекарду моҳи рангпаридаи чеҳракоста падид меомад. Гарчанд фасли бедоршавии табиат дар мекӯфт, манзараи шаҳр анҷоми поизро мемонд. Дарахтон шабеҳи одамони дар бими ҷон афтода музтару ҳайрон менамуданд. Ангор гӯш ба қимор буданд, ки ин ҳама ҷангу исён, хунхориву шӯриш оқибат бо чӣ меанҷомида бошад... Дар канори шаҳр, ки ба ҳамвории васеъ пайваст буд, дар қатори биноҳои пасту баланди вайронгашта хонаи назарногире ба чашм мерасид. Болои боми ин хонаи хурдакак, ки манзили Ҳозиқ ном сардори як гурӯҳи терророн буд, бомпӯш надошт. Ӯ бо мақсади аз назари душманон пинҳон доштани манзили зист дар ин вайрона зиндагӣ мекард. Мӯрии тираранг ва мавҷгири моҳвораӣ, ки аз боми и кулба ба назар мерасиданд, гӯиё нишонаҳои ду олами ба ҳам зидбуданд, ки саҳван ба ҳам омада бошанд. Мурӣ гурбаи сиёҳеро мемонд, ки ба дили атрофиён торикӣ меандозад. Баръакс, лаълии мавҷгир зоҳиран умеди рӯшаноӣ мебахшид, дар ҳоле ки метавонанд ин ду чизи мухолиф вазифаҳои акси тасаввури моро адо намоянд. Деворҳои гиландоваи хона ҳар ҷо ҳар ҷо афтодаву тирезаҳо аз дарун бо матои сиёҳ маҳкам пӯшонида шуда буданд.
Хона ду дар дошт, ки яке ба ҷониби шаҳр кушода мешуду дари дигар роҳ ба тарафи танӯр буд. Аз тарафи рости даромадгоҳ зинае ба зери замин мефаромад. Дар поён ду хона ҷой гирифта буд, ки яке макони хуфту зисти соҳибхонаҳо буду дигаре ошпазхона. Бошандагони манзил барои ҳифзи ҷон аз ҳар гуна ҳолатҳои ногувор ва ҳуҷуми душман дар таҳхона иқомат доштанд. Дар хона, ки тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор ҷой дошт ва онро қандили калоне равшан мекард, қадбону таоми шом мепухт. Писарчае, ки яқин 3 ё 4 сол дошт, ду даст зери маннаҳ гузошта, дида аз оинаи нилгун намеанд. Бо завқи тамом як шабакаи давлати дигарро тамошо мекард. Гарчанд забони барномаро намефаҳмид, аз рақсу бозии бачагон, сурудхониву лапаргӯии одамон, рӯ рӯйи ресмон тохтани дорбозҳо, гӯштингирии паҳлавонон, сумалакпазии бонувон завқ мебурд, дилаш шод мешуд. Бачаҳо бо шохаҳои гул ба навоҳои дилкаш мерақсиданд, шеър мехонданд, байтбаракбозӣ мекарданд. “Оҳ, онҳо чӣ қадар хушбахтанд!..”- бо ҳавас аз дил мегузаронид бачаяк.
- Модарҷон, ин одамон чӣ кор мекунанд?
- Ба фикрам ҷашн пешвоз мегиранд, - ба телевизор нигоҳ кард зан.
- Чӣ гуна ҷашн?
- Намедонам, шояд ягон иди мардумӣ бошад…
- Мо кай ид мекунем?
Модар оҳи сарде кашида, назди ҷигарбандаш омад ва ӯро бо меҳр оғӯш карда, бӯсид.
- Худо хоҳад ҷанг тамом шавад, сиҳату саломат ба озодӣ расем, он гоҳ мо ҳам ид мекунем. Ҳар рӯзи мардуми мо ҳам ҷашну сур мешавад
- Ман ҳам либосҳои нав пӯшида, ба ид меравам-а? – рӯ ба модараш овард писарак.
- Албатта меравӣ! Падарат бароят либосҳои нав меоранд. Ту онҳоро пӯшида, ба ҷашнгоҳ  меравӣ. Бо дӯстонат бозӣ мекунӣ, хушнудӣ менамоӣ.
- Ман рафиқ надорам…
- Дунё, ки ором шуд, модарон нотарсида бо кӯдакони худ ба хиёбонҳо мебароянд. Аз байни онҳо ба худ дӯсту рафиқ пайдо мекунӣ, шери оча. Дӯстонат зиёд мешаванд.
- Ман ҳамроҳи онҳо рақсида, хурсандӣ мекунам, а?.
- Ҳа.
- Дар ид ба шумо гулдаста тӯҳфа мекунам, ба падарам китоб ҳадя медиҳам.
- Чаро ба ӯ китоб ҳадя мекунӣ?
- Охир падарам китобхониро дӯст медоранд. Барои ҳамин китоб ҳадя менамоям. Ба шумо аз чунин гулҳои хушрӯ, - ба гулдастаи дасти духтараке, ки дар телевизор нишон медод, ишора кард писарак, - як гулдастаи калон ва як либоси заррини қиматбаҳо туҳфа мекунам.
- Барои ин қадар туҳфа пули бисёр лозим аст. Пулро аз куҷо мегирӣ? – дар лабони зан хандаи малеҳе гул кард.
- Ман калон мешавам, кор мекунам. Пули зиёд меёбам. Баъд ба шумову падарам тӯҳфаҳои ҳархела мехарам.
- Шери оча-е, - писаракро ба канор кашид зан, - илоҳо ба муроду мақсадат бирасӣ. Ҳамаи ҷангу хунхӯриҳо тез анҷом ёбанд. Осудагиву озодие, ки ормони мост, зуд рассад ва ту ҳаргиз армонбадил намонӣ, шерри оча…
Кадбону аз пайи кору бораш шуд. Ҳар лаҳза саҳнаҳои намоиш тағйир меёфтанд. Акнун як гурӯҳ бачагон дар ҳамвориҳои васеи сабзу хуррам медавиданду бодбарак мепарронданд.
- Модарҷон ин бачаҳо чӣ кор мекунанд? – дубора савол дод писарак. Модар, ки дар даст косаи биринҷ дошт, рӯй ҷониби экрани телевизион гардонд.
- Бодбарак мепарронанд, бачам.
- Бодбарак чист?
Модар биринҷро рӯи матое рехта, сангпораҳоро чидан гирифт.
- Чизест, ки бачагон аз коғаз бо ифтифодаи чўбҳои борик ва сиреш месозанд.
- Барои чӣ месозанд?
- Онро сохта, аз як гӯшааш ресмон мебанданд ва дар вақти вазидани бод ба ҳаво сар медиҳанд. Он бо шамол дар само парвоз мекунад. Кӯдакон дар баҳси якдигар бодбарак мепаронанд. Бодбараки касе, ки аз ҳама боло парвоз кунад, ғолиб мегардад.
- Шумо ба ман ҳам бодбарак созед, очаҷон. Ман ҳам мехоҳам бодбаракбозӣ намоям.
- Дар куҷо бозӣ мекунӣ? Онро дар хона бозӣ намекунанд. Барои он  ҷои кушоду васеъ лозим. Бачагонро бин, дар дашту даман бодбарак мепаронанд, - ба телевизор ишора кард модар.
- Ман ҳам дар ҳамвории назди хона бозӣ мекунам.
- Ҳеҷ гоҳ, - чун нафаре, ки аз чизе тарсидааст, дод зад зан, – дар ин бора ҳеҷ гоҳ фикр ҳам накун. Магар суханони пардаратро фаромӯш кардӣ? Аз таҳхона берун бароед, гӯшҳоятонро мебурам гуфта буданд.
- Чаро набароям?
- Падарат набаро гуфтанд, пас баромадан даркор не!
- Ман одами ганда не-ку.
- Кӣ туро бад гуфт?
- Худатон гуфта будед, ки одамони бадро дар як хона гузошта, ҷое рафтан намегузоранд. Ман бачаи боодоб-ку, - димоғсӯхта гуфт писарак. - Чаро ба ман берун рафтан мумкин не?
- Чунки ҳамон одамони гапнодарову якрав, бадҷаҳлу бадқавоқ, бераҳму бадкирдор аз хонаҳояшон гурехтаанд. Ҳозир онҳо дар кӯчаҳо гаштаанд. Агар онҳо бачаҳои боақлу боодобро, гапдарову ботартибро  бинанд, гирифта мераванд.
- Куҷо гирифта мераванд?
- Ба ҷойҳои бад.
- Чӣ хел ҷойҳои бад? Ба ҳабсхона мебаранд?
- Ба ҷойе, ки аз ҳабсхона ҳам бадтар аст, - сар боло кард зан ва дида ба оинаи нилгун дӯхту фирефтаи хаёл шуд.
- Ман онҳоро «диш-диш» мезанам ва аз дасташон раҳо шуда, хона меоям.
- Ту наметарсӣ?
- Не-е, наметарсам, - бо забони ширини бачагонаи худ ҳарф мезад писарак.
- Ҳамин шербачаи модар саломат бошад-е, - гуфт зан ва биринҷу матоъро гирифта, назди бухорӣ рафт. Писарак дар назди телевизор дурусттар ҷой гирифт. Акнун овозхоне суруд мехонд. Писаракро оҳанги шӯху садои гӯшнавози ҳофиз ба ваҷд овард магар, ки аз ҷой бархоста, рақс намуд. Модарро арғуштравии дидагонаш писанд омад. Аҷаб китфҷунбониҳо дорад писаракаш. Модар ҳамоҳанг ба зарби доира каф мезад. Писарак модарашро низ ба рақс кашид. Зан дар ҷойи нишасташ қарс ва писарак дар атрофи ӯ парвонавор давр мезад. Хушнудии онҳо ҳадду канор надошт. Мерақсиданд, механдиданд, меболиданд… Баъд аз анҷоми савту суруд барномаи дигаре оғоз шуд, ки дар он дӯшизаи хушлибосу хушсурате коғазу қайчибадаст тарзи сохтани бодбаракро мефаҳмонд. Бача аз телевизор чашм намеканд ва ҳар як ҳаракати дасти духтарак, ки бодбарак месохт, аз назари ӯ дур намемонд. Пас аз хотимаи барнома писарак дарҳол ба хонаи дарунӣ даромада, дар даст чанд чӯби дароз баромад. Аз болои миз, ки як даста маҷаллаҳо мехобид, газетаи калонро гирифт. Пас аз модар хоҳиш намуд, ки ришта диҳад.
- Ресмонро чӣ мекунӣ?
- Бодбарак месозам.
Зан ресмони дарозеро оварда, пеши писарак, ки дар миёна хона машғули кор буд, гузошт. Пас аз фурсате кушодашавии дари боло шунида шуд. Марде, ки ришу мӯйҳояш расида буданд ва дар сар дастору дар бар либосҳои суриёӣ дошт, аз зина поён омад. Ин падари бача - Ҳозиқ буд. Дастор, гарданбанд, туфанг ва ҳалқаи тирҳоро ба мех овехта, дар паҳлӯи писарак нишаст. Писарак саргарми кор ба ӯ эътиборе надод.
- Чӣ кор мекунӣ? – пурсид мард, ки овози ғафси нофорам дошт.
- Бодбарак месозам.
- Метавонӣ?
- Ҳа, - сар аз кор набардошта, бо боварии комил гуфт бача. Мард якпаҳлӯ зад ва ҷаҳоннаморо ба шабакаи дигар гирифт, ки доир ба хабарҳои ҷаҳон маълумот медод. Писарак пас аз заҳмати тӯлонӣ бодбаракро сохт.
- Ана, тайёр шуд! – бо хушнудӣ рӯ ба падару модар овард. – Чӣ хел шудааст?
- Бениҳоят хуб аст, шери оча, - таъриф кард зан. Мард нигоҳи ҷиддие намуду ҳарфе нагуфт. Писарак бодбаракро оҳиста болои миз гузошт  ва пеши модар омад...
Субҳ писарча аз садои табарзании падар бедор шуд, ки дар ошхона ҳезум пора мекард. Ва дарҳол ҷониби миз нигоҳ кард, ки бодбарак дар ҷояш ҳаст ё не. Модар ба бухорӣ оташ мегиронд.
- Хез, шери оча. Рӯятро шӯй. Чой менӯшем, - меҳрубонона гуфт зан. Марди хонадон, ки димоғисӯхта метофт, аз хонаи дарун баромад. Ӯ табиатан одами дамдузд буд. Ҳамеша бо лабу лунҷи овезон мегашт. Ба касе рӯи хуш намедод.
Аҳли хонадон субҳона мехӯрданд, ки аз берун садои тир баланд шуд.
- Ҳазор лаънат, - мард бо мушт болои миз сахт кӯфт, ки писарак як қад парид, – то кай ин ҳол давом мекунад? То кай ин мардуми ғофилу кофар ба мо муқобилат мекунанд? - дод мезад мард. – Мо бояд тезтар ҳаракат кунем. Зудтар мақсади хуро амалӣ созем. Танҳо ҳамон вақт ба озодии асл расиданамон мумкин аст. Фақат дар ҳамон маврид.
- Ҳамин корҳо чӣ лозим бошад? – норозиёна гуфт зан.
- Ту чиро ҳам мефаҳмӣ? Беҳуда нагуфтаанд, ки мӯи зан дарозу ақлаш кӯтоҳ аст, - писханд зад мард. – Мо дар сари шоҳроҳи бузург қарор дорем. Иншооллоҳ, Офаридгори ягонаву беҳмато моро ба мақсудамон мерасонад. Мурдани ин мардуми ғафлатзада ва кофар муқаррар аст, аммо кай мурданашон аён нест! Парвардигоро, - даст ба дуо кушод мард, - барои расидан ба орзуи ягонаи мо худат мадад кун. Чашмони бандагони ғофилро боз намо. Дар дилашон нуру зиёро ҷой кун ва дар роҳи ҳақ ба онҳо роҳнамо бош, - даст ба рӯй кашид ва аз ҷой хест. Вай либос иваз карду туфанг ба даст гирифт ва баромада рафт. Нигоҳи қадбону дар нуқтае ях карда буду ҳарфе намезад…
Ақрабаки соат аз пешин шудани рӯз хабар медод. Писарак бодбаракро дар канор гирифта, ба он ресмон мебаст. Зан хамир мекард.
- Шери оча, аз ошхона ба боло ҳезум барор.
Писарак бодбаракро гузошта, хонаи дарун даромад ва дар оғӯш чанд чӯб аз зина боло шуд. Ҳезумро назди дари қафо гузошта бозмегашт, чашмаш ба равшание, ки аз як гӯшаи тиреза вориди айвон мешуд, бархӯрд. Оҳиста назди тиреза рафт ва як гӯшаи матои ба девор мехкӯбшударо бардошта, берун нигоҳ кард. Хуршед медурахшид. Аз замин сабзаҳои нав сар боло мекарданд. Яқин шамол мевазид, ки шохҳои чанд дарахти ҳамворӣ ба ҳар ҷониб меҷунбиданд. «Дар ин шамол бодбарак чӣ хел парвоз мекарда бошад?», - аз дил гузаронид писарак. Поён фаромада, боз ҳезум баровард ва бори дигар ба берун нигоҳ кард. Ҳамоно боди сабук шохсори дарахтону рӯи сабзаҳоро сила мекард. Аз назари писарак, ки чанд вақт боз табиати берунро надидааст, ҳамвории хароби назди хона фирдавсеро мемонд, ки саросар сабзазор. «Як маротиба бодбаракамро парронам, чӣ мешавад? Ақаллан як борак… Зуд баргашта хона медароям. Дарҳол дароям, модарам ҳам воқиф намешаванд» - дар худ андешид писарак ва поён омада, ҳамроҳи чанд ҳезум бодбаракро гирифту боло баромад. Модар саргарми кор бехабар монд. Ҳезумро гузошта, назди дари қафо рафт, ки ба ҳамвории фарох мепайваст. Даст ба зулфин бурд. «Падарам фаҳманд, гӯшамро мебуранд» - аз хаёл гузаронд ва даст аз зулфин гирифту пас гашт. Дар сари зина истод ва ҳаваси бодбаракпарронӣ аз таъкиди падар ғолиб омада, назди дар омаду онро оҳиста во намуд. Насими форами баҳорӣ рухсори писаракро навозиш кард. Ӯ оҳиста берун баромад. Дилаш сахт метапид. Ба атроф чашм давонд: чизе ба назар намерасид. Дуртар аз хона чанд бинои пасту баланд маълум буду халос. Писарак  барои парондани бодбарак ҳаракат кард. Пас аз ду-се кӯшиши баръабас бодбарак камтар боло шуд ва зуд поён омад. Бача ноумед нашуда барои ба парвоз овардани бодбарак сайъ мекард ва ниҳоят бодбараки ӯ ба ҳаво бархост. Писарак рӯ-рӯи замини сабзгуна чун баррачаи ширхор медавид ва аз парвози бодбарак дар худ нағунҷида, беихтиёр садо баланд мекард:
- У-ҳу-ҳу-ҳу-ҳу, бодбараки ман парвоз кард! Бодбаракам парвоз кард!!! Уҳу-ҳу-ҳу, бодбараки ман пар… - садои тир баланд шуду овози писарак дар гулӯяш монд ва сабук ба рӯи замин афтоду ресмони бодбарак аз дасташ раҳо шуд. Зан ки машғули нонросткунӣ буд, садои тирро шунида, дасту по хӯрд ва зуд боло шитофт. Чун дари қафои хонаро боз дид, мадор аз дасту пояш рафт. Худро берун зад ва писаракро афтода дида, сӯяш давид. Шамол пурзӯр шуда буд. Бераҳмона ба сару рӯи зан ҳамла мекард ва намегузошт, ки пеш равад. Ангор мехост, ки ӯро аз роҳ бозгардонад. Ҳайрати кас меафзуд, ки чӣ тавр дар як фосилаи кӯтоҳ насими баҳорӣ ба шамоли тунд тадбил ёфтааст. Модар на парвои хор дошту на сангу на шамоли тундхӯй. Худро ба назди писар расонида, ҷигарпораашро оғуштаи хун ёфт. Ва чун моддашер наърае кашиду сари писаракро рӯи зону гузошт. Бача чашмонашро нимроғ намуда, бо овози гӯшшунав гуфт:
- Оча… очаҷон… бод… бод… бодбараки ман… парвоз… кард…
Зан навҳа мекард. Аз дасту рӯи дилбанди худ мебӯсид. Писаракро оғӯш карду оҳиста бардошт ва ду қадам гузошта буд, ки бори дигар садои тир баланд шуд…
Зоғони сиёҳ ба ҳар ҷониб парвоз мекарданд. «Қар-қар-қар» гуфта, ошӯберо барпо менамуданд. Ангор ба ҳам мегуфтанд, ки «аҷаб махлуқеанд ин одамон, ки хуни ҳамдигарро мерезанд»…
Бодбарак даз даст кӯдак раҳогардида дар осмони хунолуди кишвари Суриё парвоз мекард…           
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

шаҳри Самарқанд.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА