ШАҲЗОДА Ҳикоя Р ӯ зи истироҳат буд. Хостам роҳат карда хоб равам. Аммо сару садои одамон аз берун намегузошт, ки фароғат кунам. «Чаро ҳамин одамон ин қадар баланд гап мезананд. Охир дар ин ҷ о танҳо набошанд. Ба ҳар ҳол хонаи бисёрошёна. Одамон мехоҳанд р ӯ зи якшанбе маза карда хоб раванд. Не, аз ин онҳоро ч ӣ парво? Ҳамаро ғами худу дарди худ» аз дил гузарондам ва ноило ҷ аз болин сар боло кардам. Зав ҷ аам дар ошхона ҷ унбу ҷ ўл дошт. - Дар берун ч ӣ гап? - Мағозаи назди хонаро имр ӯ з мекушодаанд, - ҷ авоб дод ҳамсарам. - Аз саҳар хоб дидаанд, ч ӣ ? - Ч ӣ хел саҳар?! Соат қариб н ӯ ҳ шуд. - Не-е. Берун торик-ку. - Ҳаво абрнок. Барои ҳамин. Дар ҷ ойхоб телевизорро гиронда тамошо мекардам, ки борон сар кард. Донаҳои калон-калони он ба тиреза бармех ӯ рд. «Ана ба шумо. Дар зери борони тирамоҳ мағозаатонро кушоед», хурсанд шудам. Ҳамин лаҳза садои мусиқ ӣ баланд шуд. – Уф-ф, ҳамин кам буд, - аз ҷ ой хестам. Назди супермаркет...