НАЗМ

Муниси ЗИКРУЛЛОҲ
ВАТАН

Тахти каёну тоҷи зари ман Ватан , Ватан,
Хуршед
ӣ, ҳар куҷо ба сари ман, Ватан, Ватан.
Роҳи сафар тариқи
ҷавонмардию ҳунар,
Саъд
ӣ бигуфт, дил ба бари ман Ватан, Ватан.
Мо дар сафар ба қадри Ватан беш мерасем,
Ному насаб, ғуруру фари ман Ватан, Ватан.
Мо дар амал ба ишқи Ватан
ҷону дил диҳем,
Маънои чашми ман - назари ман Ватан, Ватан.
Аз ҳар ку
ҷо паём фиристам ба офтоб,
Пазмони ту дилу басари ман, Ватан, Ватан.
Дар ҳар ку
ҷо чу шохаи аз решааш ҷудо,
Ҳоли ман аст, эй ша
ҷари ман, Ватан, Ватан.
Савганд, номи туст бароям чу зиндаг
ӣ,
Бар муддао ту
ӣ зафари ман Ватан, Ватан.
***
Ватан, эй ормону орзуи бардавоми ман,
Ту
ӣ оғозу анҷоми ҳаёту нангу номи ман.
Ту
ӣ дирӯзи ман, имрӯзи ман, фардои пурнурам,
Барои туст ин ғурбат, ҳама кору мароми ман.
Ку
ҷоҳое, ки ман рафтам, туро ҳамроҳи худ бурдам,
Ватан, эй обр
ӯи ман, туӣ ҳам эҳтироми ман.
Чароғи р
ӯз хуршед асту шамъи шом маҳтоб аст,
Ту шамси беғуруби дил барои субҳу шоми ман.
Ман аз оромии субҳи сафоят шукр мег
ӯям,
Хати нури ба роҳи ман, давоми ман, тамоми ман.
Баҳору баҳмани умрам, замину осмони ман,
Ватан, эй офтоби бахт андар р
ӯи боми ман!

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА