ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА
Баҳром ФИРӮЗ
ТИРАМОҲ
Тирамоҳ
- майдони пурҷавлони мо,
Тирамоҳ
- домони пурэҳсони мо,
Тирамоҳ
- саҳрои пурхирман бувад,
Тирамоҳ
- рӯсурхии деҳқони мо.
Тирамоҳон
нони деҳқон дар замин,
Обрӯю
номи деҳқон дар замин.
Давлати
сармад ба саҳро рехта,
Музди
субҳу шоми деҳқон дар замин.
Тирамоҳ
гар деҳқон таъхир кард,
Нони
дастатро таҳи по зер кард.
Нақди
худ гум карду номи неки худ,
Худ
ба ҳаққи хештан тазвир кард.
Тирамоҳ
- майдони пурҷавлони мо,
Тирамоҳ
- домони пурэҳсони мо,
Тирамоҳ
- саҳрои пурхирман бувад,
Тирамоҳ
- рӯсурхии деҳқони мо!
Тобистон
ОтветитьУдалить