БАРОИ БАЧАГОН
ВИТАМИНИ А
Витаминҳо моддаҳои фаъоли биологӣ буда,
барои фаъолияти ҳаррӯзаи организм бениҳоят заруранд. Нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад.
Организм витамин ва моддаҳои заруриро аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ
мегиранд. Витамини А (ретинол) витамини дар чарбу ҳалшаванда, ки дар мубодилаи моддаҳо карбогидратҳо иштирок намуда, кори узвҳои биноиро дуруст мекунад. Норасоии моддаи мазкур сабаби асосии сустшавии биноӣ
(шабкӯрӣ) мегардад. Ғайр аз ин, ҳангоми норасоии он дар инсон рехтани оби даҳон, тоқат накардан ба рӯшноӣ, хушкшавии пӯст, рехтани мӯйҳо ба назар мерасанд. Манбаи асосии витамини А ҷигар, равғани моҳӣ, зардии тухм, шир мебошад. Вай дар меваю сабзавоти ранги норинҷидошта,
дар зардолу, қаламфури булғорӣ, помидор, кабудӣ зиёд аст. Витамини А барои онҳое, ки вақти зиёдро дар назди кампютер мегузаронанд, хеле муҳим аст.
Комментарии
Отправить комментарий