АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША
ВИКТОРИЯ - КАЛОНТАРИН КӮЛИ АФРИҚО
Дар системаи қаторкӯҳҳои шарқии Африқо яке аз зебоиҳои табиати олам - кӯли Виктория ҷойгир шудааст.
Виктория калонтарин кӯли тропикии ҷаҳон ва қитъаи Африқо ба шумор меравад. Он дар масоҳати 68 ҳазор километри мураббаъ доман густурдааст. Дарозиаш 320 ва паҳноияш274 километр
буда, ҷойи жарфтарини он 80 метрро ташкил медиҳад. Қобили тазаккур аст,
ки оби кӯли Виктория ба дарёи дарозтарини олам - Нил ҷорӣ мешавад. Дар он
моҳидорӣ рушд карда, зиёда аз 100 намуд шикор карда мешавад.
Мардуми таҳҷоӣ кӯлро «Нянза» ном мебаранд, ки маънояш «кӯли худӣ» мебошад. Онро соли 1858 сайёҳи англис Ҷон Спик кашф намуда, ба шарафи маликаи Британияи Кабир «Виктория» ном гузоштааст. Бино ба гуфтаи муаррихон кӯл таърихи 400 ҳазорсола дошта, дар ин муддат як маротиба хушк шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР
Дар системаи қаторкӯҳҳои шарқии Африқо яке аз зебоиҳои табиати олам - кӯли Виктория ҷойгир шудааст.
Виктория калонтарин кӯли тропикии ҷаҳон ва қитъаи Африқо ба шумор меравад. Он дар масоҳати 68 ҳазор километри мураббаъ доман густурдааст. Дарозиаш 320 ва паҳноияш
Мардуми таҳҷоӣ кӯлро «Нянза» ном мебаранд, ки маънояш «кӯли худӣ» мебошад. Онро соли 1858 сайёҳи англис Ҷон Спик кашф намуда, ба шарафи маликаи Британияи Кабир «Виктория» ном гузоштааст. Бино ба гуфтаи муаррихон кӯл таърихи 400 ҳазорсола дошта, дар ин муддат як маротиба хушк шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР
Комментарии
Отправить комментарий