АНДАРЗИ БУЗУРГОН

ДАР СӮҲБАТИ ҚАРНҲО
Эътиқод ба бахт ва қисмат, бадтарин навъи ғуломӣ аст.
Эпиктет
Оянда ба касе тааллуқ дорад, ки медонад чи гуна мунтазир нишинад.
Масали рус
ӣ
Хонаи бекитоб ҳамчун бадани беруҳ аст.
Маркос Сисеро
Аз даст додани умеде пуч ва орзуе маҳол, худ муваффақият ва
пешрафти бузург аст.
Шекспир
Он чӣ мардумро донишманд мекунад, матлабе нест, ки мехонанд,
балки чизҳоест, ки ёд мегиранд.
Франсис Бэкон
Ҳар кӣ некниҳод, покманиш ва кӯшо бошад, ба он чӣ сазовор аст, мерасад.
Бузургмеҳр
Он қадар шикаст мехурам, то роҳи шикаст доданро биомӯзам.
Пётри Кабир
Он ки мехоҳад рӯзе паридан омӯзад, нахуст мебояд истодан, роҳ
рафтан, давидан ва боло рафтанро ом
ӯзад. Парвозро бо парвоз оғоз
намекунанд.
Фридрих Ничча
Занги соат шеване, гар мекунад, ҳайрат макун,
Аз барои фавти вақти хештан дар мотам аст.
Таъсири Табрез
ӣ
Офтоб ба гиёҳе ҳарорат медиҳад, ки сар аз хок берун оварда бошад.
Лев Толстой
Бештар онҳое муваффақият ба даст овардаанд, ки камтар таъриф шунидаанд.
Эмил Золя.
Аз маҷаллаи "Паёми Суғд".

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА