АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША
ЛИБОСОВЕЗАК
Вақте
ки аз мактаб ё ягон ҷои дигар бармегардем, фақат як сухани модарамонро,
«Либосатро дар рӯи хона напартофта, ба
либосовезак овехта мон, таҳаш вайрон нашавад»-ро мешунавем. Дарҳол гирифта
либосҳои худро дар либосовезак меовезем. Оё ягон фикр кардед, ки худ
либосовезак ё чӣ тавре дар забони маҳаллӣ «вешалка» мегӯянд, ихтирои кист? Дар
соли 1903 коркуни заводи сим - Алберт
Паркхаус, аз шикояти коргарони завод, ки барои овехтани палтои худ ҷой талаб
мекарданд ба шӯр омада, либосовезакро ихтироъ кардааст, ки ин либосовезак аз
сим сохта шуда буд. Бар соли 1935 омада, либосовезакҳои замонавӣ, ки то ҳол кор
фармуда мешаванд, ихтироъ шуданд ва коркардабарории онҳо ба роҳ монда шуд.
Комментарии
Отправить комментарий