ЧОЙПУЛӢ

 




Он рӯз ба сабаби шамоли Сибир ҳавои Самарқанд хеле сард буд, ба қавле туф кун-ях кун. Шамоли сард ба сару рӯй сӯзан мезад.

Мошини тамағаи “Lacetti ” аз тарафи деҳаи Мотурид ба чорроҳаи Даҳбед наздик шуд. Роҳ тирбанд буд. Мошинҳо чун сангпушт ба сустӣ ҳаракат мекарданд. Сабукравҳое, ки ба тирбандӣ даромадаанд, ба душворӣ қафо бармегаштанд.

– Дар ин ҷо чӣ гап бошад? - ба пеш гардан ёзонд ронанда ва сар аз оина бароварда аз роҳгузаре пурсид:

– Ука чӣ гап? Чӣ шудааст?

– Намедонам. Як нафар мурдааст-мӣ, бемор шудааст-мӣ, чӣ? - ҷавоб дод роҳгузар. – Дар пеш мошини ёрии таъҷилӣ истодааст.

– Ба чорроҳа гузашта намешавад, - ба мусофирони мошин рӯй овард ронанда. – Ман аз ҳамин ҷо бармегардам.

Ҷавони қадбаланди хушлибос – Фотеҳ Неъматович, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, роҳкироро дода, шикоятомез пурсид:

– Ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравем?

– Роҳ маҳкам. Набошад мебурдам.

Фотеҳ зери лаб ғурунгида, ба тарафи чорроҳаи Даҳбед шитофт. Шамоли сард ба сару рӯй бераҳмона ҳамла мекард. Дар як лаҳза гӯшу бинии ҷавонмард чун помидор суп-сурх шуд. Аз байни мошину издиҳом гузашта, ба истгоҳ наздик шуд. Кормандони милитсия гирдогирди истгоҳро, ки мусофиркашҳои ноҳияи Пайариқ дар ҳамин ҷо меистоданд, иҳота карда буданд.

Мардуми навомада мепурсиданд, ки чӣ воқеа рӯй додааст. Яке “мошин задааст” гӯяд, дигаре “аз хунукӣ ях кардааст” мегуфт, боз яке “кӯфтаанд” гуфта тахмин мекард. Баъзеҳо бо телефон сурату филмбардорӣ мекарданд.

Фотеҳ ба одамон наздик шуда, дар истгоҳ чанд тан шифокорро дид, ки нафареро дар мошини ёрии таъҷилӣ бор мекарданд. Дар канортар борхалтаи сафед мехобид. Дар як гӯша рӯймоли сабзи якранг ба назар мерасид. Вақте ки чашми Фотеҳ ба рӯймоли сабз афтид, дар баданаш мурғак дамид. Дубора ба борхалта нигоҳ кард. Дар худ ларзид ва зуд қафо баргашт. Рухсораш ранг бохтаву нигоҳҳояш парешон буд. “Наход ҳамон ҷавонзан?” аз дил гузаронд ӯ...

***

Ҷавонзани рангпаридае, ки либоси обшуста дар бар дошт, ба бинои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ даромада, ба чор тараф кунҷковона нигоҳ кард. Зоҳиран, ба куҷо рафтанро намедонист. Дар даст борхалтаи сафед дошт. Дареро кушода диду ба ҳамон тараф шитофт.

– Салом, – гуфт ба духтараке, ки хонаро ба тартиб меовард.

– Ассалому алайкум, – сар аз кор бардошт духтар.

– Барои дубликати гувоҳномаи таваллуд ба куҷо...

– Қабати дуюм, хонаи ҳаштум, – сухани ҷавонзанро бурид духтар.

– Чӣ?

– Ба ошёнаи дувум баромада, – бо даст ишора кард, – ба хонаи ҳаштум дароед.

– Раҳмат, – гуфт ҷавонзан ва ба ошёнаи дуюм баромад.

Дар пушти дари утоқи ҳаштум се нафар меистоданд. Ҷавонзан навбат гирифта дар як канор истод. Либоси дарози фарсуда, пиҷамаи сиёҳи мардона, сарбандии сабзи якранг, калӯшҳои чангзеркардаи зан диққати ҳамаро ба худ мекашид. Вақт мегузашту навбатпоён бештар мешуданд. Яке мушкилашро зуд ҳал карда мебаромад, дигаре бештар мемонд. То навбати ҷавонзан ба ҷойи се нафар ҳафт нафар даромад. Ҳаштум нафар ҳоло дар пеши сарвар буд. Яке рост омада, ба навбатпоён нигоҳ накарда, рост дарояд, дигаре «як чизро мепурсаму зуд мебароям, вақти зиёдро намегирам» гуфта, баъди ним соат мебаромад. Баъзеҳоро котиба ном гирифта даъват мекард.

– Ту чӣ хел одам? – рӯй ба ҷавонзан оварда, шартакагӯйӣ кард зани рафидарӯйи газгӯшт. – Навбатат омаду ба ҷойи ту дигарон медароянд, як даҳон гап намезанӣ?!

– Чӣ гӯям? – дар рухсори заъфарони ҷавонзан хун давид.

– Чӣ гӯйӣ? – баланд дод зад зани рафидарӯй. – Навбатам гуфта даро. Яке тағояшро, дигаре аммаю амакашро, боз яке ҳамсояашро ба миён дароварда, бенавбат дароянд, мо то бегоҳ мешинем-мӣ? Навбатат расид, даро-дия.

– Хай, – ҷавонзан пушти дар рафта, оҳиста кӯфту ба дарун сар халонд.

– Намебинед, дар пешам одам ҳаст?! – аз ҷойи нишаст дод зад ҷавони қадбаланд ва бо қаҳр ба котиба рӯй овард.

– Бубахшед, Фотеҳ Неъматович, - гуфт котиба ва зуд аз ҷой хеста, ҷавонзанро ба берун тела дода гуфт:

– Ҳозир ин одам равад, шумо медароед.

– Навбати ман...

– Навбати шумо баъди ҳамин одам, – гуфта бо зарда дарро пӯшид.

Ҷавонзан малулу озурда дар паҳлуи дар истод. Пай мебурд, ки тири нигоҳи ҳама ба ӯ равона шудааст ва ботинан вайро сарзаниш мекунанд. Ба девор такя карда сархам меистод, ки чашмаш ба калӯшҳояш афтод. Аз гарду хок сафед шуда, дар чанд ҷояш лой часпида буд. Бо гӯшаи чашм ба пойафзоли атрофиён нигоҳ кард. Ҳама лок задагӣ ва медурахшиданд. Соате гузашт, аммо касе намебаромад. Навбатпоён нороҳат шуданд. Дар толори ошёнаи дувум торафт одам пур мешуд. Ҷавонзан чун гурбае, ки ба муш камин мегирад, аз паҳлуи дар як қадам дур намерафт. Метарсид, ки ба ҷойи ӯ дигаре дарояд.

Ҷавони қоматбаланд ҳамроҳи марди чорпаҳлуе, ки бенавбат даромада буд, баромад. Якҷоя поён рафтанд ва ҷавон қариб баъд аз ним соат баргашт. Дар толор чунон роҳ мерафт, ки гӯё идораи тамоми корҳои ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Бовиқор қадам мемонд ва аз пеши одамон бепарвою беэътибор гузашта вориди дафтари корӣ шуд. Гӯё дар ниҳод «сазои шумо ҳамин аст, даркор бошад соатҳо интизор мешавед» мегуфт.

Чанд дақиқа гузашта котиба баромад:

– Навбати кӣ? – пурсид.

– Ман, – қариб даст боло кунад ҷавонзан ва зуд аз пайи котиба даромад.

Фотеҳ Неъматович ӯро бедимоғ пешвоз гирифт. Аз он самимияте, ки ҳангоми гусели марди чорпаҳлу дар сураташ аён буд, асаре ба назар намерасид. Дар курсӣ мағрур менишаст, чун дар тахти шоҳӣ.

– Чӣ хизмат? – пурсид бо оҳанги сахт.

– Барои нусхаи такрории гувоҳномаи таваллуд омадам, – гуфт ҷавонзан.

– Дубликаташ? – ҷавонмард аз табақча шоколадеро гирифта ба даҳон андохт.

– Ҳа, дубликат.

– Аз куҷо шумо? – сар то пойи ҷавонзанро бо нигоҳ палмосид.

– Аз Пайариқ.

– Аз куҷои Пайариқ? – аз ҷавонзан чашм намеканд. Азбаски худи сардор ҳам пайариқӣ буд, мароқ зоҳир кард.

– Челак.

– Ин хел бошад, шумо ба загсхонаи Пайариқ равед.

– Рафтам. Онҳо ба шаҳр фиристонданд.

– Чаро? – бо тааҷҷуб пурсид, гӯё бори аввал ба чунин ҳол рӯ ба рӯ меояд.

– Аз шаҳр мегиред гуфтанд. Чунки модарам...

Фотеҳ Неъматович фаҳмид, ки модараш зодаи шаҳр аст, сухани ҷавонзанро бурида, ба котиба фармуд:

– Ариза нависанд.

Котиба чаққон коғазу ручкаро болои миз гузошт. Ҷавонзан борхалтаашро дар паҳлуи дар гузошта, коғазу худнависро пештар кашид.

– Чӣ нависам? – ҳиҷолатмандона пурсид.

– Ариза! – тунд гап мезад котиба.

Фотеҳ дар телефон саргарми суҳбат буд. Ҷавонзан чӣ навиштанро намедонист. Як ба коғаз ва як ба котиба нигоҳ мекард.

– Дар шумо намуна нест? Агар...

– Уф-ф, – норозиёна бастаеро кушод котиба ва аз даруни он аризаеро гирифта дар пеши ҷавонзан гузошт.

– Чӣ шуд? Ариза навиштанд? – гӯшаки телефонро гузошта пурсид ҷавонмард.

– То ҳол се бор хато карданд, – мужда дод котиба. – Чорумашро менависанд.

– Э-ҳе, ба ин аҳвол корхона касод мешавад-ку? Коғаз бепул не, – киноя зад ҷавон. – Тезтар нависед. Дар берун одамон бисёр. Ҳа нагуфта пешин мешавад.

Ҷавонзан «пешин мешавад» гуфтани ҷавонро шунида, гуруснагии худро ҳис кард. Охир пагоҳӣ ношто накарда ба роҳ баромада буд. Аз гушнагӣ буд ё ҳаяҷон дасташ меларзид. Ниҳоят аризаро навишта, ба Фотеҳ Неъматович дод. Ҷавон ба ариза як чашм давонд.

– Мешавад. Ҳуҷҷатҳоятонро диҳед, – гуфт.

Ҷавонзан аз борхалтаи сафед папкаи ҳуҷҷатҳоро гирифта дароз кард.

– Ман ин папкаро чӣ мекунам? – дод зад ҷавонмард. – Шиносномаатонро...

– Шиносномаи худамро? – ба худаш ишора намуд.

– Гувоҳномаи шумо гум шуд? – абрӯ чин кард ҷавонмард.

– Не, гувоҳномаи модарам.

– Э, тавба. Чаро ҳаминро барвақттар намегӯед?

– Ман нав гуфтам, ки модарам дар шаҳр...

– Гувоҳномаи модаратон даркор бошад, худашон оянд, – дарғазаб аризаро пеши ҷавонзан партофт. – Қариб як соат вақтамро гирифтед Равед худашон биёянд.

– Худашон омада наметавонанд, – овози ҷавонзан ларзид.

– Чӣ?

– Беморанд. Аз ҷой ҷунбида наметавонанд.

– Не, намешавад, равед, – гуфт ва рӯй ба котиба овард:

– Дигарашро ҷеғ занед.

– Илтимос, акаҷон ёрдам кунед, – гиря гулӯгираш кард. – Се моҳ боз барои ҳамин ҳуҷҷатҳо сарсону саргардонам. Як ҳуҷҷатро тайёр кунам, дар дигараш камбудӣ мебарояд. Кайҳо ба пенсия баромаданашон даркор буд. Ҳамин ҳуҷҷатҳоро гуфта, ба қафо меафтад. Илтимос, акаҷон, ёрдам кунед.

– Намешавад. Ба як кас нағзӣ мекунам гуфта, ба бало гирифтор шуданро намехоҳам. Равед! Вақтамро нагиред.

– Хоҳиш мекунам, акаҷон. Саломатии худам ҳам нағз не. Аз роҳи дур омада рафтанам душвор.

– Саломатиатон нағз набошад ба шифокор равед. Ман чӣ кунам? – хандид ҷавон.

Котиба ҳайкалвор дар пеши дар меистод. Ин сабаб дошт. Котиба интизор буд, ки ҷавонзан «Илтимос, корамро ҳал кунед. Чӣ хизмат бошад мекунам. Мо ба хизматаш тайёр» гӯяд ва ӯ дарҳол ҳуҷҷатҳои занро омода карда, «хизмат»-ро фармояд. Чойпулӣ кор кунад. Аммо ҷавонзан аз илтимосу илтиҷо ба он сӯ намегузашт. «Аҷаб калтафаҳм будааст. Мебинад, ки сардор не мегӯяд. Як даҳан, «аз мо чӣ хизмат» гӯй, олам гулистон. Худаш, баъзеҳо табиатан чунин содафаҳми гарангтобанд» дар ниҳод андешид котиба.

– Аҷаб зани кундфаҳм будааст, - аз қафои ҷавонзан гуфт ҷавонмард.

– Илтимос, пагоҳӣ боз дар навбат шиштаам.

– Мо ҳам бекор, чойнӯшӣ карда нашистаем. Мушкили чанд касро ҳал кардем, – оташин шуд Фотеҳ Неъматович.

– Медонам, ако. Илоҳо, аз умратон барака ёбед. Ҳузури фарзандонатонро бинед. Илтимос, ёрдам кунед, – гиря кард ҷавонзан.

– Хай, – ба кресло такя кард ҷавонмард. – Дуямон «земляк» будаем. Рӯйи хотири ҳамин, ёрдам мекунам. Ҷаримаро ба касса супурда, квитансияашро биёред.

Ҷавонзан шитобон баромада рафт.

– Аҷаб зани кундфаҳм будааст, – аз қафои ҷавонзан гуфт ҷавонмард.

– Ҳа, Фотеҳ Неъматович, – тасдиқ кард котиба. – Аз афташ маълум-ку.

– Либосҳояш ҳам турфа. Рӯймоли сарашро намегӯӣ. Аз замони Доқиёнус мондагӣ. Хато накунам, модаркалонамро модарашон чунин рӯймол доштанд, – қоҳ-қоҳ зада хандид.

– Борхалтааш ҳам хӯрҷини ҷӯгиҳоро мемонад, – сухани роҳбари худро дастгирӣ кард котиба. – Аз ин хелҳо чойпулӣ он тараф истад, пӯсти пиёз ҳам намерӯяд.

Ҳар ду саргарми ғайбат буданд, ҷавонзан ҷаримаро пардохта баргашт. Мехост корро тезтар ҳал карда ба деҳа баргардад.

– Дар газета дар бораи гум шудани гувоҳнома эълон додед?

– Ҳа, ана, – рӯзномаро дароз кард.

– Нағз. Акнун нусхаи шиносномаро диҳед, – рӯзномаро гирифта гуфт ҷавон.

– Нусхааш...

– Ҳа.

– Нусхааш нест.

– Набошад, биёред, – амр кард ҷавон ва боз як шоколадро ба даҳон андохт. – То баргаштани шумо гувоҳномаро тайёр мекунем.

– Дар куҷо копия кардан мумкин? – узрхоҳона пурсид.

– Кӯча бароед, дар ҳар қадам ксерокопия ҳаст, – бепарво гуфт ҷавон ва ба котиба ҷеғ задани каси дигарро фармуд.

Ҷавонзан кӯча баромад. Ба чанд дӯкони гирду атроф сар халонд. Дар онҳо дастгоҳи нусхабардорӣ набуд. Раҳораҳ пулашро ҳисоб мекард. Охир, вай барои гувоҳнома ҷарима супурданро намедонист. Аз ин рӯ, аз ҳамсоя камтар пул қарз гирифта буд.

«Агар барои копия 2000 сӯм гирад, сенздаҳ ҳазор мемонад. Нархи ҳабдоруи модарамро шонздаҳ ҳазор гуфт. Ба ёздаҳ ҳазор дору харам, 2 ҳазор ба роҳкиро мемонад» дар сар ҳисоб мекард. Ниҳоят дар дӯконе шиносномаро нусхабардорӣ кард.

– Ноинсоф! – аз дӯкон баромада зери лаб гуфт. – Барои як порча коғаз 3000 сӯм гирифт. Инсоф ҳам чун ҳақиқат нест шуду рафт. Ҳама дурӯғгӯю ноинсоф шудаанд. Ҳамаи бист ҳазори қарз гирифтаамро меовардам, бемалол мерасид. Беҳуда се ҳазорашро дар хона мондаам.

Ҷавонзан ба загсхона шитофт, аммо аз ноомади кор дари хонаи ҳаштум қуфл буд. «Ба абет рафтагистанд» аз дил гузаронд.

Худро беҳол ҳис кард. Аз як тараф кӯфтагии роҳ, аз тарафи дигар гуруснагӣ азоб медод. Пеши тирезаи толор рафт. Аз бемадорӣ буд ё беморӣ, чашмонаш фурӯ рафта буданд.

«Ҳоли модарам чӣ шуд? То пешин бармегардам гуфта будам.

Рӯз бегоҳ мешуд, аммо аз Фотеҳ Неъматович дарак набуд. Ҷавонзан ҳафт маротиба аз котиба пурсид. Доим “Ҳозир меоянд. Дар маҷлис” мегуфт. Чанд нафар дилтанг шуда рафтанд.      

Ҷавонзан чун анкабут дар байни дари ҳаштум ва тирезаи толор тор метанид.

Абеташонро чӣ мекунанд? Ақаллан ба ҳамсоя мегуфтам, аз ҳолашон бохабар мешуд. Бехавотир корамро ҳал мекардам. Телефони ҳамсояро ҳам намедонам, ки аз ягон ҷой телефон кунам. Тезтар сардор меомад, гувоҳномаро гирифта бармегаштам».

Рӯз бегоҳ мешуд, аммо аз ҷавони қадбаланд дарак набуд. Ҷавонзан ҳафт маротиба аз котиба пурсид. Доим «Ҳозир меоянд. Дар ҷамъомад», мегуфт. Чанд нафар дилтанг шуда рафтанд.

Ҷавонзан чун анкабут дар байни дари ҳаштум ва тирезаи толор тор метанид.

«Бевақт шуд. Автобус то соати чанд мегардад, намедонам. Ақаллан ба охирин автобус бошад ҳам расонам. Гувоҳномаро мегирифтам, модарҷонам ҳам хурсанд мешуданд. Худаш ҳал шудани нафақаашон ҳам рӯдаи буз барин дароз шуд. Имрӯз ҳам рафта ҳал нашуд гӯям, хафа мешаванд. Чӣ хел набошад ҳам, корро ҳал карда бармегардам. Бо ин тани носолим боз кай ба шаҳр меоям? Кош, бародар ё хоҳаре дошта будам. Дар чунин вақт ёрдам мекарданд. Афсӯс, ки маро танҳо модар ҳасту модарҷонамро ман»...

Дар толор Фотеҳ намоён шуд. Ба биниаш хода намерасид. Ҳама аз пушти ӯ ба дар наздик шуданд. Котиба баромада, сардор аввал онҳоеро, ки аз пайи камбудии ҳуҷҷат рафтаанд, қабул мекунад, гуфта эълон кард. Ҷавонзан оҳи сабук кашид. Вақте ки нусхаи шиносномаро тақдим кард, Фотеҳ Неъматович баҳона пеш овард, ки навиштаҳои нусхаи шиноснома ба чашм наменамояд.

– Арзиши ҳар як коғаз ба маълумоти он вобаста аст, – норозиёна гуфт ҷавонмард. – Коғазе, ки тоза аст, арзиш ҳам надорад. Монанди ин нусхаи шиноснома. Аз дигар нусхабардорӣ карда биёред.

Ҷавонзан чӣ кор карданро намедонист. Аз кӣ ёрӣ пурсад? Ба кадом девор сар занад. «Арзиши коғаз бо навиштаи он муайян гардад, арзиши одамро бо чӣ ҳисоб мекунанд? Ин сардор ҳеч дар ин бора фикр карда бошад? – дар ниҳод андешид ва аз котиба оҳиста пурсид:

– То омаданам, намеравед?

– Кор то соати шаш. Баъди шаш қабул намекунем, – бурро ҷавоб дод котиба.

– Ҳозир соат чанд?

Котиба соати телефонашро дида:

– Панҷу ним, – гуфт.

Ҷавонзан ранҷидахотир берун баромад.

«Ним соат. Дар ним соат чӣ хел рафта меоям. Намешавад. Танҳо барои рафтан ним соат вақт даркор». Пойбанди хаёл аз зина мефаромад ва занеро, ки боло мебаромад, надиду бархӯрд.

– Мебахшед, – аз олами хаёлот берун омада, узр пурсид ва дар рӯ ба рӯйи худ ҳамон зани рафидарӯйро дид, ки пагоҳӣ ба вай эътироз карда буд. – Ба хаёл дода шудаам.

– Ҳеч гап не, – хандид зани рафидарӯй. – Хаёлпарешонӣ дар ҳама мешавад. Коратон ҳал шуд?

– Не, – димоғсӯхта гуфт ҷавонзан.

– Чаро?

– Нусхаи шиноснома лозим будааст. Овардам, «хонда намешавад, аз дигар копия карда биёр» гуфтанд.  

– Ҳамин ҳам гап шуд-у. Дар худашон дастгоҳи копия ҳаст-ку?

– Намедонам, – китф дар ҳам кашид ҷавонзан.

– Чойпулӣ додед?

– Чойпулӣ?!

– Ҳа, чойпулӣ. Ба котиба.

– Не.

– Як бист ҳазор диҳед, коратон бе ягон муаммо ҳал мешавад, – гуфт зани рафидарӯй. – Ҳозир ҳама гадорӯю гадочашманд. Рафта нусхаи шиносномаро аз нав биёред ҳам, боз дигар баҳона пеш меоранд. То чойпулӣ нагиранд, коратонро ҳал намекунанд. Маро ҳам барои як маълумотнома фиристоданд. Чойпулӣ бештар медиҳам гӯям, бе маълумотнома намешавад гуфтанд. Ҳамонро мебиёрам. Рафтем, ман даромада котибаро берун, пеши шумо мефиристам.

Ҷавонзан ҳамроҳи зани рафидарӯй қафо баргашт.

– Барои густохии имрӯза узр мепурсам. Агар ҳамон хел намекардам, боз чанди дигар бенавбат медаромаданд, – зан беист гап мезад.

Ҷавонзан дар назар ӯро мешунид, аммо хаёлан пулашро ҳисоб мекард. «Агар ба котиба даҳ ҳазор диҳам, ду ҳазор мемонад. 2000 танҳо ба автобус мерасад. Тезтар гувоҳномаро гирифта, ба истгоҳ равам, ба автобуси охирин шояд расонам», меандешид.

Зани рафидарӯй дарун даромад. Ҷавонзан канортар рафта, пулашро дубораю себора шумурд: ёздаҳто ҳазорсӯмӣ, дуто панҷсадсӯмӣ. Сари калобаи худро гум кард. Чӣ кор карданро намедонист. Ҳамин вақт котиба баромад.

– Маро кӣ ҷеғ зад? – аз одамони пушти дар пурсид. Ҷавонзан дарҳол ду ҳазорро дар борхалтаи сафед андохта, шитобон пеши котиба рафт.

– Ман ҷеғ задам, – гуфт ва ӯро ба канортар кашида, ба дасташ пулро дод.

– Ин чойпулӣ, хоҳарҷон. Илтимос, гувоҳномаро бароварда диҳед. Котиба пулро бепарвоёна гирифта, як нигоҳ кард ва дар ҷайби худ андохта ба идора даромад.

Пас аз лаҳзае зани рафидарӯй баромада, котиба ҷавонзанро даъват кард.

– Котиба гуфтанд, ки шумо саросема ҳастед, – дар лаби ҷавонмард табассум гул мекард. – “Зар бар сари пӯлод ниҳӣ нарм шавад”, гуфтаанд бузургон. Шумо «хизмат»-ро кардед, акнун мо ҳам ба хотири «земляк» буданамон як ҳиммат кунем. Ҳамон нусхаи шиносномаатонро дода равед. Мо ҳамеша ба ҳамшаҳриҳои худ ёрӣ мекунем. Ин гувоҳномаро бурда, модаратонро хурсанд кунед, – мамнун гувоҳномаи навро дароз кард. – Аз номи мо ягон кило шоколад ҳам баред.

Ҷавонзан изҳори миннатдорӣ намуду дар дил «бедавлат агар кишт кунад, об намеёбад, бодавлатро киштаву нокишта баробар» гуфтаанд. Шоколад баред мегӯяд. Аз куҷо донад, ки бо пули қарз ба ин ҷо омадам ва дорупулии модарҷонамро ба ӯ додам» гуфт ва гувоҳномаро гирифта берун баромад. Рӯз торик шуда буд. Ҷавонзан аз паҳлуи базмгоҳи Кӯксарой ба роҳи калон фаромада, қад-қади роҳ, пиёда ба ҷониби истгоҳи Пайариқ – чорроҳаи Даҳбед шитофт.

Дар истгоҳ танҳо мошинҳои сабукрав меистоданд. Ронандаҳо бо овози баланд мусофиронро ҷеғ мезаданд: «Пайариқ, Пайариқ, Челак».

Сабукравҳо роҳкироро 8000 сӯм мегуфтанд.

Дили ҷавонзанро гург тала мекард. «Ҳоли модарам чӣ шуд? Пешин чӣ хӯрданд? Аз дер кардани ман парешон мешаванд. Илоҳо, ягон ҳамсоя ба аёдат омада бошад...».

Бо умед аз ду-се ронандаи сабукрав хоҳиш кард, ки то ба манзил расонанд.

– 2000 сӯм пулам ҳаст. То хона баред, пули боқимондаро медиҳам, – гуфт.

Азбаски хонаи ҷавонзан дар канортари шаҳраки Челак буд, ронандаҳо розӣ намешуданд.

Дар қадди роҳ истода, ба ҳар як мошин даст боло мекард. Ронандаҳо либосҳои куҳнаву рангпарида, калӯшҳои чиркин, рӯймоли сабзи якранги ӯро дида, аз ҳамон талбандаҳое мепиндоштанд, ки дар назди чорроҳаҳо истода, аз ронандагон садақа мепурсиданд. Аз ин рӯ, наистода мегузаштанд...

Торафт ҳаво сард мешуд. Шамол авҷ мекард. Шохҳои урёни дарахтони канори роҳ зери шуои чароғҳои ду бари кӯча музтарибу бенур ба назар мерасиданд. Сардӣ ба ҷавонзан асар карда буд. Борхалтаи худро оғӯш карда, дар истгоҳ аз шамоли сард паноҳ ҷуст. Сар ба оинаи истгоҳ гузошта, чашм аз роҳ намеканд. Бо гузашти вақт гаштугузори одамон ва мошинҳо камтару эҳсоси яъсу навмедии дили ҷавонзан бештар мегардид...

Сабукраве омада дар рӯ ба рӯйи истгоҳ қарор гирифт. Аз он ҷавони қадбаланд фаромад. Ҷавонзан ӯро шинохта, сар хам кард. Фотеҳ Неъматович тарафи ягона мусофиркашоне қадам зад, ки дуртар аз истгоҳ меистод.

– Куҷо меравед, ака? – пурсид ронанда.

– Челак.

– Гап не. Биёед, ду каси дигар гирем, меравем.

– Рафтем, ман пули се касро медиҳам, – гуфт ҷавони қадбаланд ва дар сабукрав нишаст.

Ҷавонзан боумед дар истгоҳ нишаста буд, ки агар мошин пур нашавад, ронанда ӯро то ба манзил мебарад. Аммо сабукрав рафту бо худ охирин умеди дили ҷавонзанро ҳам бурд ва ӯ дар истгоҳ танҳо монд...

***

Неъматамак – падари Фотеҳ машғули чойнӯшӣ буд, писараш дар тан либоси корӣ ба хона даромад.

– Писарам, имрӯз ягон кори таъҷилӣ надорӣ? – пурсид амак.

– Не. Ягон кор буд?

– Дар маҳаллаи Дарвешак духтари як ошноямон вафот кардааст. Имрӯз панҷшанбе, фотеҳахонӣ мерафтем. Баъд якҷоя шаҳр рафта, туро пеши корхонаат мегузоштам. Дар шаҳр камтар корам ҳаст.

– Майлатон, – розӣ шуд Фотеҳ.

– Ту мошинро тасфон. Ман ҳозир либосамро иваз кунам, меравем, – калиди мошинро ба дасти Фотеҳ дод ва ба хонаи дигар гузашт.

Вақте ки ба маҳаллаи Дарвешак расиданд, Неъматамак ба тангкӯчае ишора карда гуфт, ки бо ҳамон роҳ мераванд.

Дар охири тангкӯча хонаи назарногире ба назар мерасид. Шиферҳояш куҳнаву деворҳояш таъмирталаб буданд.

Неъматамак ва Фотеҳ дуртар аз ҳавлӣ аз мошин пиёда шуда, ҷониби чанд мӯйсафеде, ки берун аз дарвоза менишастанд, ҳаракат карданд. Дар берун курсичае гузошта буданд, ки дар болои он гулдон ва портрети ҷавондухтаре ба назар мерасид. Чашми Фотеҳ ба сурат афтод, чеҳраи вай дар назараш шинос тофт.

Неъматамак пас аз дуои фотиҳа ҳамдардӣ изҳор карда:

– Ҷойи духтарамон ҷаннат шавад, – гуфт ва рӯ ба марди ҳампаҳлуи худ оварда:

– Янгамулло дар куҷо? Як ҳолпурсӣ кунем.

Мард Неъматамакро роҳбаладӣ кард.

Фотеҳ дар берун монд. Ҳар лаҳза бо гӯшаи чашм ба расм менигарист. Ҷавондухтар дар лаб табассум, гӯё ба ӯ нигоҳ мекард. Дар худ меандешид, ки ӯро дар куҷо дидааст. Пас аз чанд дақиқа падараш баргашт ва ҳамроҳ ба шаҳр роҳ гирифтанд.

Мард хомӯшу ранҷидахотир буд. Чашм аз роҳ намеканд. Ҳар дам оҳи чуқур мекашид. Аён буд, ки марги ҷавондухтар ба ӯ сахт таъсир кардааст.

– Шумо ин оиларо аз куҷо мешиносед? – пурсид Фотеҳ.

– Ин таърихи дароз дорад, – гулу афшонд Неъматамак ва пас аз сукути кӯтоҳ нақлашро давом дод:

- Он замон шумо кӯдак будед. Ман дар дашт чӯпонӣ мекардам. Моли давлатро мечарондам. Бо баҳонаи парвариши моли давлат худамон ҳам бузу гӯсфанди зиёд карда будем. Ғайр аз ин, бузу гӯсфанди дигаронро ҳам гирифта, нигоҳ мекардам. Рӯзе тасодуфан аз шаҳр барои тафтиш комиссия омад. Ҳуҷҷатҳоро як-як омӯхтанд. Дар натиҷа маро дар тороҷ кардани ему хошоки давлат айбдор карданд.

Чӣ кор карданро намедонистам. Музтару парешон будам ва иқрор шудам. Чунки беайб набудам.

Баъд яке аз тафтишгарон, ки дар синну сол аз дигарон солхӯрдатар буд, шояд ба аҳволи ман раҳм кард ки:

– Дӯстон, дар ин дашту саҳро, дур аз одаму олам бузу гӯсфанд поидан худаш намешавад. Ин заҳмат ва машаққати зиёд дорад. Ин додарамон солҳо боз чӯпонӣ мекардаанд. Миқдори зарари расонидашуда на он қадар калон аст. Биёед, ба ҷони ҷавонаш ҷабр накунем. Дӯстамонро бубахшем, – гуфт.

– Сироҷака, дар ин ҷо гап дар хусуси тороҷи амволи давлат меравад. Он кам аст ё зиёд, мулки давлат аст. Хиёнат ба сарвати ҳукумат, хиёнат ба Ватан мебошад, – луқма партофт тафтишгари дигар.

– Дуруст, мо ҳар як тийинро барои фоидаи давлат меситонем. Аммо чӯпонҳое ҳастанд, ки аз ин ду-се баробар зиёд ба давлат зарар мерасонанд. Аммо гулуи ким-кадом мансабдоронро равған карда, аз рӯйи нақли «худам хону табъам вазир» амал менамоянд ва аз об хушк мебароянд, – ҷиддӣ гуфт ҳамон мард. – Ин дӯстамон ба айби худ ҷавонмардона иқрор шуд. Биёед, бахшоянда шавем. Боз агар чунин ҳол такрор шавад, ба ҷазо мекашем ва дучанд ҷарима меситонем.

Тафтишгарон ба гапи вай лому мим нагуфтанд, ба ҷони ман низ оро даромад. Он муфаттиш маро аз панҷаи бало раҳо кард.

Дертар фаҳмидам, ки ӯ зодаи Пойариқ буда, Сироҷ Салоҳиддинов ном доштааст. Дар Садорати давлатии андози вилоят кор мекардааст ва аксарият хоҷагиҳо ӯро хуб мешинохтаанд. Бо корҳои хайру адолатпарваронаи хеш ном бароварда будааст.

Ҳамон сол тӯли бузу гӯсфандҳо нағз шуд. Қисме аз чорворо фурӯхта, аз маркази ноҳия хона харидам. Ғайр аз ин, соҳибкориро ба роҳ мондам. Моли ҳукуматро супурда, қисми дигари бузу гӯсфандонро ба як чӯпони ошно додам. Аз пушти ҳамон пул кор кардам, обрӯ ёфтам. Ҳамон бузу гӯсфандонро фурӯхта, ба домуллоҳо дода, шумоёнро ба донишгоҳ даровардам. Асоси зиндагонии фаровон ва ҳаёти хушбахтонаи имрӯзаи мо бо ҳамон тафтишгари нектинат вобаста аст. Агар ҳамон вақт вай маро ҷонибдорӣ намекард, қисми зиёди бузу гӯсфандонамон ба ҳисоби далват мегузашт. Ман яқин ҳабс мешудам ва Худо медонист, ки ҳозир чӣ ҳолу чӣ гуна рӯзгор доштем.

– Ҳозир Сироҷ Салоҳиддинов ҳаёт ҳастанд?

– Не. Шодравон чанд сол пеш вафот карда буд. Ба санҷишҳои пайиҳами зиндагӣ, туҳмату ноадолатиҳо дилаш тоб наовард. Бечора дар ҳабсхона вафот кард, – жарф нафас кашид Неъматамак.

– Дар ҳасбхона? – бо тааҷҷуб ба падараш нигарист Фотеҳ. – Чӣ шуд? Чӣ хел ҳабс шуданд? – кунҷковона пурсид.

– Аксари мансабдорони бадкирдор одами ҳалолу росткорро намеписанданд. Сироҷ Салоҳиддинов марди пок буд. Аз ин рӯ, «калон»-ҳо ӯро бад медиданд ва ҳамеша аз пайи нест кардан мегаштанд.

Дар ҳаёт аксари соҳибмансабон корҳои бузурги ғайриқонунии сарватмандонро нодида мегиранду айби хурди одамони одиро даҳчанд карда нишон медиҳанд ва ба ҷазо кашида, пушти панҷара мепартоянд. Сироҷ Салоҳиддинов акси ин корро мекард: ба одамони одие, ки хато кардаанд, дасти ёрӣ дароз мекард, роҳи дурустро нишон медод ва мансабдорони баланддимоғу қонуншиканро ба ҷазо мекашид. Ниҳоят ба одамони одӣ ёрӣ кардани Сироҷ Салоҳиддинов ба сари худаш бало шуд. Даъвогари суст қозиро муттаҳам кардааст гуфтагӣ барин, ба як бефаҳм ёрӣ расонду худ шарманда гардид. Сироҷ Салоҳиддиновро дар пинҳон кардани қонуншиканӣ айбдор карда, ҳабс намуданд. Хонаву дар ва ҳама дороияшро мусодира карданд. Худ аз худ ҳамаи хешу табор, дӯсту бародар, ёру ошно аз онҳо рӯ гардонданд. Оилааш дар кӯча монд. Баъд ба ҳамин маҳаллаи Дарвешак – хонаи падарии Сироҷ омада ҷойгир шуданд. Ӯ дар маҳбас вафот кард. Чунин ранг гирифтани кор аз хаёли ҳеч кас нагузашта буд. Ҳамсараш бар асари ин ҳама ранҷу азоб, яъсу ноумедиҳо бемор шуда, чанд сол аст, ки бистарист. Зани муштипар як аҳвол шудааст. Ангор биниашро дорӣ, ҷонаш мебарояд.

– Чанд фарзанд доранд? – аз нақли ғамангези падар ранҷидахотир шуда, бо табъи хира пурсид Фотеҳ. 

– Як духтар дошт. Худо ҳамонро ҳам пур дид, – дар чашми мард ашк ҳалқа зад.

– Ба духтарашон чӣ шудааст? Ягон фалокат рӯй додааст?

- Духтараш ҳам чанд сол боз бемор буд. Аз хона кам мебаромад. Бечора, ҳафтаи гузашта барои кадом як ҳуҷҷати модараш ба шаҳр рафтааст, барои ба нафақа баровардани модараш.

Фотеҳ дар худ ларзид. Пеши чашмаш сиёҳӣ зад ва дар мадди назараш чеҳраи хандони духтарак намоён шуд. Ҷавондухтарро ба хотир овард. Оҳиста мошинро канори роҳ гирифта, бозистод.

– Чӣ шуд писрам? Тинҷӣ?

– Ҳеч гап не. Пеши чашмам сиёҳӣ зад.

– Чаро сиёҳӣ мезанад? Сарат дард мекунад?

– Не, ҳамааш хуб. 

– Фаро. Ман худам дар рул мешинам, – гуфт амак ва поён фаромад....

Фотеҳ корхона омад. Аммо дасташ ба кор намерафт. Парешону ғамгин буд. Чеҳраи пуртабассуми духтарак лаҳзае аз пеши рӯяш дур намешуд.

«Вақти аз шаҳр бозгаштан дар кӯча мондааст. Сармо асар карда, ба бемористон афтодааст. «Бе пул суханат асар надорад, ҳоле, ки ту дорӣ хар надорад», гуфтаанд. Ба духтари фақир дар шифохона як-ду ҳабдору дода, дар вазъи вазнин ба хонааш ҷавоб додаанд. Беморияш авҷ карда, пас аз ду рӯзи бистарӣ ҷон ба Ҷонофарин супурдааст.

Баъд аз ҳабс гардидани Сироҷ Салоҳиддинов дар иду айём аз ҳолашон хабар мегирифтам. Ҳар боре биёям, духтарак бо чеҳраи кушод, «хуш омадед, амак» гуфта пешвоз мегирифт.

Ҳозир модари муштипараш аз ҷояш ҷунбида наметавонад. Раҳмат ба аҳли маҳалла, ки дасти ёрӣ дароз карда, марҳумаро гӯру чӯб кардаанд. Лекин онҳо ҳам чанд рӯз нигоҳубин мекунанд? Як ҳафта, як моҳ, биё ки як сол будагист. Баъд ҳоли пиразан чӣ мешавад?», суханони падарашро ба хотир овард Фотеҳ.

«Ҳоли пиразан чӣ мешавад? Чӣ хел зиндагӣ мекунад? Кӣ ӯро парасторӣ менамояд?» такрор ба такрор ба худ савол медод.

Рӯзҳо мегузаштанд. Аммо на дар хоби Фотеҳ роҳат буду на дар хӯрокаш лаззат. Парешону малул, озурдахотиру димоғсӯхта гардида буд. Доим дилаш аз чизе бухс мекард. Дар ҳастияш ғам ошён карда буд. Илоҷи воқеаро меҷуст. Чунки дар марги ногаҳонии ҷавондухтар худро айбдор медонист. Аз ин рӯ, мехост ба пиразан ёрӣ расонад.

Ниҳоят, рӯзе ба хулосаи амиқ омада, субҳи барвақт аз хоб хесту ҷониби маҳаллаи Дарвешак роҳ пеш гирифт...

 Фаридуни ФАРҲОДЗОД

Соли 2020

 

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА