Сообщения

Сообщения за январь, 2020

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ

Изображение
МИЛЮН - МИЛЮН Эй-к захм ба дилам гузори милюн-милюн, Реши дили ман шуморӣ: милюн-милюн. Бар гӯши ту аз артиши ғам нолидам, То кам кунӣ аз ҳазори милюн-милюн. Ин теғ, ки мезанӣ, ба худ зан боре, К-ин бор фиғон барори милюн-милюн. Мардум ба ҷаҳон ҷоне супоранду мане Кардам ба ту ҷонсупорӣ милюн-милюн. Милюн-милюн касон туро ошиқу лек Манро магузор қатори милюн-милюн. Бегона зи худ гаштаму аз ғайр ҷудо, Ман як худу ту канори милюн-милюн. Ҳофӣ, ту дар ин замона обрӯ маталаб, Дар киса агар надорӣ милюн-милюн. ЭЙ РӮИ ТУРО БА МАҲ ШАБЕҲӢ Эй рӯи туро ба маҳ шабеҳӣ, На-на, ки зи маҳ дида ту беҳӣ! Авф кун, ки туро шабоҳате чун Нокарда касе ба ин қабеҳӣ. Беҳтар туӣ, дар миёни беҳон, Меҳтар туӣ, дар миёни меҳӣ. Бар мадҳи ту печидаву лол аст Бечора забон ба ин фасеҳӣ. Осмон бӯсад сарам чу бар ман, Гар дил бидиҳиву ишқ неҳӣ. Шодӣ нарасад зи ту андаке, Занҷири ғамам ба дил гиреҳӣ. Ҳофӣ чӣ кунад, к-ошиқи зораст Бар духтари содалавҳи деҳӣ. ...

Андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Сафар Абдуллоҳ перомуни забони “Шоҳнома” – и бузурги ҳаким Фирдавсӣ

Изображение
Андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Сафар Абдуллоҳ перомуни забони “Шоҳнома” – и бузурги ҳаким Фирдавсӣ Устод Малик уш шуъарои Баҳор мефармояд: Шоҳнома ҳаст бе иғроқ Қуръони Аҷам, Рутбаи донои Тӯсӣ, рутбаи пайғамбарӣ . Аммо дар бораи забони “Шоҳнома” навиштаҳои мухталифе вуҷуд дорад,ки бархе аз ноогоҳӣ ва бархе аз рӯи шунидаҳо ва бархе ҳам огоҳона ва ба таҳқиқ андеша рондаанд.Гоҳо талош кардаанд,ки Фирдавсиро нафаре ҷилва диҳанд,ки ба унвони як шоъири миллигаро ва алоқаи вофир ба фарҳанги эронӣ ба фарҳангу тамаддуни бегонагон,аз ҷумла аъроб душманӣ дошта ва аз истифодаи вожаҳои ъарабӣ низ худдорӣ карда аст. Аммо инсоф ин аст,ки бигӯем Фирдавсӣ барои офаридани чунин шоҳасар ниёз ба як забони нерӯманд доштааст, ки дар расондани андешаҳои жарф ва хирадмандонаи ӯ тавоно бошад. Бисёр касон гумон мебаранд,ки Фирдавсӣ дар сохтану ба кор бурдани вожаҳои ноби форсӣ(тоҷикӣ!) кӯшиши бисёр ба харҷ дода аст ва Шоҳномаро бо забоне пироста аз вожаҳои ъарабӣ суруда аст.Ва ба қавли устод Но...

Хамидани манораи мадрасаи Улуғбек ва таърихи аз нав рост кардани он

Изображение
Соли 1965 дар матбуоти мамлакат ва ҷаҳон ҳодисаи беназир дар соҳаи таъмирсозии ёдгориҳои таърихӣ, яъне рост кардани манораи ҷанубӣ-шарқии мадрасаи Улуғбеки Самарқанд интишор ёфтанд.Таъмиру барқарорсозии он воқеаи ҷаҳоншумул ба ҳисоб мерафт. Ин кор ба туфайли дар амал татбиқ намудани навигариҳои илму техникаи ҳамондавра ба амал бароварда шуд. Ва ҳол он ки дар шароити тамоман дигар, бе истифодаи техникаҳои замонавӣ соли 1932 манораи қариб 32-метраи самти шимолӣ-шарқии ин мадраса рост карда шуда буд.Хамхӯрии ин манораро аз аввалинҳо шуда, тирамоҳи соли 1918 соҳиби дӯкони муқовакунӣ ва фурӯши китоб, ки аз ҳама ба мадраса наздиктар буд, мушоҳида кард. Ҳатто калонтар шуда истодани роғи байни манораву дарсхонаи мадрасаро дид. Манора хам мехӯрд. Дар ин бора ҳамон лаҳза ба Вяткин, ки нозири расмии ёдгориҳои таърихии Самарқанд ба ҳисоб мерафт, хабар расонд.Вақте ки намояндагони ба таҳлукаафтодаи заргарон ва як чойхоначӣ ба назди ӯ – ёрдамчии комиссари вилояти Самарқанд даромаданд, вай ақида...

КАЙФАР[1]

Изображение
Тирамоҳ. Офтоб сар ба уфуқ мениҳод. Домани осмон лолагун буд. Табиат баргҳои дарахтонро чун қолинбофи моҳир рӯи замин густурда, ки дар зери нурҳои заррини офтоб гилеми тиллорангро мемонд. Мардум, ки дар гармо зери сояи дарахтон паноҳ бурда, фароғат мекарданд, ҳоло барги онҳоро бераҳмона зер менамуданд. Хазонбаргҳо аз беоқибатии мардум ва нобасомонии рӯзгор ҳар лаҳза садое бароварда, “оҳ” мекашиданд ва баробари вазидани шамолаке аз ҷӯйбору канори роҳравҳо ҷой мегирифтанд. Баъди пешин дар қисми таги шикамам дардеро эҳсос кардам. Азбаски то пешин чанги хонаҳоро тоза ва ҷомашӯӣ карда будам, дардро оқибати меҳнати зиёд донистам. Дард гоҳ-гоҳ пайдо мешуд. Вақте ки такроран сар мезад, аз пештара шадидтар мегардид. Пеши хушдоманам рафтам. - Моҳат даромад. Акнун шикамат дард мекунад, бача меҷунбад. Чӣ бачазоӣ осон-мӣ? Худо ҷони моёна аз оҳан карда будааст-дия. Панҷ бачаро таваллуд карда, шифохона дар куҷо намедонистем. Келинҳои ҳозирая як ҷояшон «ҷиз» кунад, пеши духтур медаванд,- беп...

Сорбон: Ман сигор не, оҳ мекашам…

Изображение
Корвони умри устод Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба қуллаи 80 расид. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо эшон, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем. Бозгашт ба «Ҷӯгӣ» -Дар миёни асарҳои нависанда яке шиносномаи ӯст. Гумон мекунам, шиносномаи шумо «Ҷӯгӣ» аст, ки соли 1978 ба нашр расида буд. Баъд аз 40 сол шумо ба ин мавзӯъ дубора баргаштед ва китоби дуюми «Ҷӯгӣ» соли гузашта ба дасти хонанда расид. Зарурати бозгашт ба ин мавзӯъ чӣ буд? -Дар замони шӯравӣ банда наметавонистам, ки ба ин мавзӯъ рӯй наорам, зеро ман аз хурдӣ ҳаёти ҷӯгиёнро мушоҳида намудаву меомӯхтам. Чун ду-се повест навишта, таҷриба пайдо кардам, «Ҷӯгӣ»-ро эҷод кардам ва он хуш қабул шуд. Ҳатто дар Маскав хуб истиқбол ёфт. Мактубҳои зиёд мегирифтам. Мазмуни як мактуб аз зиндони Норак аз ёдам намеравад, ки чунин буд: «Сорбон дар халтаи кампири Чинӣ ба воя расидааст», яъне ин асар дар замони худ муассир буд. Зеро дар он бо баракати Ҳукумати шӯравӣ ва...

НАЗМ

Ман қосиди хуршедам дар шоми надиданҳо… Гулрухсор Сафиева аз зумраи шоирони маъруфу маҳбуб аст, ки ба туфайли ашъор номашон дар мамлакатҳое, ки ба забони форсӣ гуфтугӯ мекунанд ва ба шеъри форсиву тоҷикӣ эҳтиром доранд, маҳбубият дорад. Шоирест кӯлбораш пурбор — то ба имрӯз миқдори зиёди маҷмӯаҳои шеърии ӯ ба дасти хонандагон расидаанд, аз қабили «Бунафша» (1970); «Хонаи падар» (1973); «Шабдарав» (1975); «Афсонаи кўҳӣ» (1975); «Дунёи дил» (1977); «Ихлос» (1980); «Оташи суғд» (1981); «Гаҳвораи сабз» (1984); «Оинаи рўз» (1984); «Рўҳи Бохтар» (1987); «Зодрўзи дард» (1994); «Паймонаи ғазал» (2000); «Девони Ишқу Ашку Ханда» (2006); «Ҷовидона» (2009), «Чароғи сурхи танҳоӣ» (2017) ва чанд адади дигар, ки дар ватани шоир ва берун аз он ба табъ расидаанд. Гузашта аз ин, Гулрухсор Сафиева аз ҷумлаи аввалин занони романнавис дар минтақаи Осиёи Миёна дониста мешавад. Романҳояш «Занони Сабзбаҳор» (ё худ «Марзи номус», 1988); «Сакарот» (2010); маҷмӯаи ҳикоёти публитсистии «Зан ва ҷанг» бо услуби ...