КАЙФАР[1]

Тирамоҳ. Офтоб сар ба уфуқ мениҳод. Домани осмон лолагун буд. Табиат баргҳои дарахтонро чун қолинбофи моҳир рӯи замин густурда, ки дар зери нурҳои заррини офтоб гилеми тиллорангро мемонд. Мардум, ки дар гармо зери сояи дарахтон паноҳ бурда, фароғат мекарданд, ҳоло барги онҳоро бераҳмона зер менамуданд. Хазонбаргҳо аз беоқибатии мардум ва нобасомонии рӯзгор ҳар лаҳза садое бароварда, “оҳ” мекашиданд ва баробари вазидани шамолаке аз ҷӯйбору канори роҳравҳо ҷой мегирифтанд.
Баъди пешин дар қисми таги шикамам
дардеро эҳсос кардам. Азбаски то пешин чанги хонаҳоро тоза ва ҷомашӯӣ карда
будам, дардро оқибати меҳнати зиёд донистам. Дард гоҳ-гоҳ пайдо мешуд. Вақте ки
такроран сар мезад, аз пештара шадидтар мегардид. Пеши хушдоманам рафтам.
- Моҳат даромад. Акнун шикамат дард
мекунад, бача меҷунбад. Чӣ бачазоӣ осон-мӣ? Худо ҷони моёна аз оҳан карда
будааст-дия. Панҷ бачаро таваллуд карда, шифохона дар куҷо намедонистем.
Келинҳои ҳозирая як ҷояшон «ҷиз» кунад, пеши духтур медаванд,- бепарвоёна аз
паи кори худ шуд.
Ҳарфе назадам. Бегоҳирӯзӣ дард пурзӯртар
шуд, ки тоқат кардан ғайриимкон буд. Хушдоманам нороҳатӣ ва ранги паридаи маро
дида, зуд ба писарашон занг заданд. Вақт мерафт, аммо аз шавҳарам дарак набуд.
Диламро ваҳм зер мекард. Метарсидам. Сахт метарсидам. Ба назарам чунон мерасид,
ки гӯё аз ҳуш меравам ва фарзандам дар батнам нобуд мешавад. Соате гузашта
шавҳарам омад.
- Чиба инқа дер кардӣ? – пешорӯяш давид
хушдоманам.
- Корам баромад, - кӯтоҳакак ва
бепарвоёна гуфт шавҳарам, ки хоси эшон буд. – Чӣ гап?
- Аҳволи келин вазнин. Духтур бурдан
даркор.
Шавҳарам ҳамон беғамона “хай, буро”
гуфт.
- Ба бийиҷонам телефон кунед, - вақти ба
сабукрав нишастан гуфтам.
- Чиба?
- Худашон гинеколог. Шинос доранд.
- Ҳамаи духтуро як института хондагӣ.
Дар ҳамин ҳам шиносбозӣ кардан шарт аст? Онҳоя дар ташвиш мондан чӣ даркор? –
дари сабукравро сахт пӯшид.
Чунин ранг гирифтани корро хуб
медонистам. Ва агар худам ҳам телефон мекардам, ба бало гирифтор мешудам. Чунки
дар ин хонадон ҳеҷ кас маро намефаҳмид. Ба гуфтаҳоям ҳатто эътибор намедод. Ман
дар ҳавлии онҳо як буттаи манзаравиро мемондам. Маҳз барои зеби ҳавлии худ
нигоҳ медоштанд.
Шавҳарам ба ман беэътибор буд. Беғаму
бедард мегашт. Аз ягон чиз ва ҳодиса мутаасир намешуд. Фақат айшу нӯш ва роҳати
ҷони худро медонист. Ҳоло ҳам азоб кашидани ман ӯро заррае нороҳат намекард.
Ҳатто аз соҳиби фарзанд шудан ва падар гардидани худ, парво надошт.
Дар даруни мошин ширддати дард афзуд.
Дарди ҷонкоҳ. Нафасгириям торафт душвор мегардид. Дарди тавлид як сӯву ваҳми
дил як тараф буд. Аз Худо илтиҷо мекардам, ки ба ягон шифокори дасташ сабуку
таҷрибадор рӯ ба рӯ оям. Фарзанди аввалинамро сиҳату саломат ба даст гирам.
Азбаски модарам саршифокори зоишгоҳ буд, ҳаёти онҳоро хуб медонистам. Аз асрори
ин соҳа ва корҳое, ки миёни онҳо мешавад, каму беш огоҳ будам. Модарам аслан бо
оила буданро дӯст намедошт. Дер ба хона меомад. Доим дар “маҷлис” буд ё аз паи
“кори муҳим” мегашт. Ҳамин буд, ки бо падарам оиладорияшон дер давом накард.
Падарам аз ҳаёти мо батамом рафт ва аз нав оиладор шуд. Модарам аз паи кори
хеш, ҳамон тавре ки мехост, зиндагӣ ба роҳ монд. Мурғи озод гардид: дар ҳар боме,
ки писанд буд менишаст. Ин буд, ки дар пеши оилаи шавҳарам забонкӯтоҳ будам.
Ҳатто хушдоманам - дугонаи ба ҷон баробари модарам, ки ба ҳаққи мустаҳкамсозии
дугонагии худ қудо шуда буданд, ҳар замон маро таънаю маломат мекард.
Ман аз кӯдакӣ дар дасти бачабардор калон
шудам. Гоҳо чанд рӯз модарамро намедидам. Вақте ки бо модарам якҷоя мешудем, аз
воқеаҳое, ки дар шифохона рӯй медод, корҳои «бузург»-и худ бо шавқ нақл мекард.
Доим мегуфт, ки ӯ дар давоми солҳо психологи моҳир шудааст. Ҳар корафтодаро аз дидори
аввал медонад, ки чӣ касест, аслан аз куҷо, чикора, шароити иқтисодияш чӣ хел?
Ва дар асоси “ташхис”-и худ бо онҳо ҳар хел муомила мекунад.
Дард саросари баданамро фаро гирифт.
Дасту поям меларзид. Дар мошин нишастан душвортар мешуд.
Моро навбатдорони тавлидхона қабул
намуда, чанд ҳуҷҷатро пур карданд. Дард андак сабуктар шуда буд.
Вақте ки маро ба хонаи тавлид
медароварданд, чашмам ба соати болои дар афтод, ки ақрабаки он дар болои рақами
ҳашт буд. Ҳамширае барои ҷойгир шудани ман ёрӣ мерасонд. Пас аз андак ҳамшираи
дигаре омад, ки ҳам дар синну сол ва ҳам дар ҷусса аз ҳамшираи якум калонтар
менамуд.
Хона равшан буд. Маро дар кати баланди
канори хона хобонданд. Дар пешгаҳ мизу курсие ба чашм мерасид. Дар паҳлӯи он
тарозуе буд. Ҳамшираҳо таҷҳизоти лозимаро тайёр мекарданд.
- Ассалом, акаҷон, - аз берун овози зане
баланд шуд.
- Ваалайкум, - овози шавҳарам ба гӯш
расид.
- Ман Соябон Соатова. Шифокори
навбатдор, - гуфт зан.
Номи шифокор шинос намуд. Ин номро аз ин
пеш дар куҷое шунида будам. Фикр мекардам, аммо ба хотирам чизе наомад. Боз
дард оҳиста-оҳиста хурӯҷ кард. Таппиши дилам тағйир ёфт.
- Ман гинеколог, - дубора овози зан
баланд шуд. - Ҳеҷ хавотир накунед, “папаша”. Ҳамеш “окей” мешавад.
- Раҳмат, духтур.
- Мебахшед, дар куҷо кор мекунам гуфтед?
– чун лойи пошхӯрдаи кӯлмаки сари роҳ саволи ногаҳонӣ дод шифокор.
- Нафаҳмидам...
- Дар куҷо кор мекунед? – такрор кард
шифокор.
- Дар заводи истеҳсоли равған.
- Э-ҳе, дар ҷои равғандор гӯед, -
қоҳ-қоҳ зада хандид.
Хандааш нофорам буд. Такрор ба такрор аз
Худованд мехостам, ки ба дасти шифокори ботаҷрибаю баинсоф афтам. Аммо аз рӯйи
гапзании зан аён буд, ки нафси наҳанг дорад. Вақте ки вориди тавлидхона шуд,
чашмонашро дида, дубора боварӣ ҳосил кардам, ки хато накардаам: чашмонаш бозӣ
мекарданд. Охир чашм розгӯӣ олами ботинии одам аст. Тарҳи рӯй, лабони лолагун,
ранги рухсор ва тарзи гуфтор метавонанд одамро фиреб диҳанд, аммо чашм дурӯғ
гуфта наметавонад. Гӯшу дастони шифокорро тилловориҳои қиматбаҳо зеб медоданд.
Дард шадидтар мешуд. Худро чунин эҳсос
мекардам, ки гӯё ду нафар аз дасту поям дошта, маро чун латтаи тар ба ду тараф
тоб медиҳанд.
Ҳамшираҳо аз ин бепарво буданд, ки ин
маро оташин мекард ва ғазабам ҷӯш мезад. Аммо медонистам, ки тақдири худаму
фарзандам дар дасти онҳост, тоқат кардам. Акнун таппиши дилам баръало ба гӯш
мерасид. Нафасгардон мешудам. Чуқур-чуқур нафас кашиданро мехостам, аммо
бефоида буд.
- Аҳволи бемор чӣ хел? – ханда дар лаб
бепарвоёна ба ман рӯй овард.
- Вақт ҳаст, Соябон Соатова, - гуфт
ҳамшираи солхӯрда. – Тамоми роҳҳои тавлид кушода нашудаанд.
- Фишорашро дидед?
- Ҳа. Давленияш 110 ба 80.
- Фаҳмо, - ба поёни поям гузашта, муоина
кард. - Моҳаш даромадааст.
- Ҳа.
- Чӣ муаммо? – бо панҷаи ишоратӣ даруни гӯшашро
кофта, рӯй ба ҳамшира овард. Ҳамин вақт садои телефонаш баланд шуд. Аз
ҷайбкисса телефони дастиро гирифт.
- Коси бемор танг аст. Худаш зоида
метавониста бошад?
- Ин кӣ бошад? Номери ношинос, - гуфт
шифокор ва ба маънои “ҳозир меоям” ишора карда берун рафт. Пас аз андак вориди
хонаи тавлид шуда, рӯй ба ҳамшираи калонсол овард:
- Боз як келинчакро овардаанд. Аз
хешовандони одамони “боло”.
- Кӣ гуфт? – кунҷковона пурсид ҳамшира.
- Марзия Саломова телефон карданд.
Номери ношинос кӣ бошад гуфта, ҳайрон шудам. “Ин номери кӣ?” гӯям, “телефони
поччот” мегӯяд кампир. Боз кадом пиракиро ба дом афтонда бошад, - хандид
шифокор ва бо даст шикамамро ду-се зер кард, ки қариб буд ҷонам барояд.
- Ҳоли вақт ҳаст. Шумо бохабар шавед.
Ман рафта вай беморро хабар гирам. Акнун хизмати устодро накунем, аниқ дар бало
мемонем. Боз аз “боло” омадагӣ, - саросема берун рафт.
- Хӯш, - гуфт ҳамшираи солхӯрда ва худ
низ ба ҳамкасбаш чанд супориш дода, аз қафои шифокор баромад.
Дард андак пасанда ва нафаскашиям нағз
шуд. Номи шифокор ошно менамуд. Соябон Соатова! Ин номро дар куҷое шунида
будам. Мехостам ба хотир орам. Аммо хаёлам чун пари гули қоқу дар само парвоз
мекард.
Дард қариб нест шуд. Аз ин дилам таҳ
кашид. Тарсидам, ки бача нобуд нашуда бошад. Аз ҳамшира хоҳиш кардам, ки шавҳарамро
ҷеғ занад.
- Мумкин не, - қатъӣ гуфт.
- Набошад, баромада гӯед. Ба модарам
занг занад.
Ҳамшира баъди андак баргашт.
- Ҳозир телефон мекардаанд, - гуфт ва
илова кард:
- Шумо хавотир накунед. Ҳозир духтур
меоянд. Соябон Соатова духтури нағз. Яке аз шогирдони беҳтарини сардухтури
тавлидхонаи рақами чорум Марзия Саломова, - гуфт ҳамшира.
Баробари шунидани номи модарам, ба
хотирам омад, ки ин номро кай шунида будам...
Рӯзе модарам нақл карда буд, ки дар
шифохона воқеаи ғайричашмдошт рух дода, ӯ аз ҳамон вазъияти нобоб ҳам чун моҳии
даст осонакак баромадааст. “Дар хонаи корӣ менишастам, - гуфт модарам, –
дарамро касе сахт кӯфт”. “Дароед”, гуфтам. Ҳамин вақт ҳамшираи шафқат Нозанин
саросема даромад. Чашмонаш аз тарс олу барин, не-не, аз олу ҳам калонтар шуда
буд. «Ҳа Нозанин, чӣ гап? Боз чӣ муаммо?” гуфтам.
«Бемор омад, дарди тавлид”, гуфт.
«Шӯъбаи гинекология ки шуд, мезодагиҳоро меоранд-дия. Боз чӣ муаммо?», гуфтам,
- дар ҳар ду суханаш як “боз чӣ муаммо” мегуфт модарам.
- «Шавҳари бемор аз “боло”…», гуфт
ҳамшира. Инро шунида, ҷаста хестам. «Чӣ? Одами “боло”… Чаро ҳаминро барвақттар
намегӯӣ? Ман боз чӣ муаммо гуфта истодаам. Муаммо бо пойи худ омадаасту. Дар
куҷо кор мекардааст?» ашёи заруриро ба даст гирифтам. Дасташро пеши даҳонаш
оварда, оҳиста «Дар садорати корҳои дохилӣ», гуфт. «Бало зад» гуфтам ва ҳар ду
ба хонаи тавлид давидем. “Дар пеши бемор аз мо кӣ ҳаст?” пурсидам. «Шогирдатон
Соябон» гуфт. «Аз ин бадтараш намешавад”, аз дил гузарондам. Пеши тавлидхона
рафтанама медонам, ки қиёмат. Марди низомие чун мурғи посӯхта мегашт. “Салом,
рафиқ” хандида гуфтам, - ханда кард модарам, ки чашмони калонаш калонтар шуду
дандонҳои тиллояш намудор гардид.
- «Шумо саршифокор?» ба саломам алейк
нагирифта гуфт мард, - нақли худро бо шавқ давом медод модарам. – “Ҳа”, гуфтам
нотарсона.
«Дар куҷо будед? Ним соат боз занам бо
марг талош мекунад», ба ман дастак зад. «Шумо асабонӣ нашавед. Ором бошед,
рафиқ. Шифохона калон, беморон бисёр. Ман дар пеши дигар бемор будам. Ҳозир вай
таваллуд карду ин тараф давидам. Шумо хавотир накунед. Ҳамааш хуб мешавад. Боз
чӣ муаммо?» оҳиста гуфтам. Дидам, ки суханам чун нӯшдору дарди мардро даво шуд,
шердилтар гардида, “Ба ҳамсаратон яке аз шогирдони пешқадам, беҳтарин, чолок,
хулоса, дасти рости худам хизмат расонда истодааст» ноилоҷ дурӯғ гуфтам. Аммо
дилам тагурӯ мешуд. Охир Соябон ҳамагӣ ду моҳ пеш омада буд. «Шогирдатон
мегӯяд, ки кӯдак калон аст. Ҷарроҳӣ мекунем. Агар оператсия накунем, ҳаёти
кӯдак ҳам ҳаёти занатон ҳам дар хавф аст» гуфт мард. «Мо тамоми таҷриба ва
имкониятҳоро ба кор мебарем ва то имкон ҷарроҳӣ намекунем. Ваъда медиҳам. Шумо
ғам нахӯред. Боз чӣ муаммо?» гуфтам. Чунки оташи дили мардро тезтар хомӯш
кардан лозим буд. Набошад аланга гирифта, домани чанд нафарро месӯзонд. Охир бо
як дона гӯгирд дунёро оташ задан мумкин аст. Худоро шукр, ки мард ором шуд. Ба
Нозанин қаҳва оварданро фармудаму худам вориди тавлидхона шудам. Аз Соябон
аҳволи беморро пурсидам. Ахмақ медонӣ, чӣ мегӯяд? – рӯ ба ман овард модарам.
Хуб медонистам, ки модарам аз чунин ранг
гирифтани кор ба воҳима меафтанд. Аммо худро чун қаҳрамон тасвир мекард.
Маҳорати бовар кунонидан ба гуфтаашон бениҳоят хуб буд. Ман ба маънои
намедонам, китф дар ҳам кашидам.
«Ҳамааш ҷояшба. Ҳамшираҳоро гуфтам.
Хонаи ҷарроҳиро тайёр мекунанд, - гуфт. “Ҳамааш дар ҷояш бошад, хонаи ҷарроҳиро
чаро тайёр мекунанд?”, бо ғазаб пурсидам. «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат гузошт
устодро. Мо ҳам шогирди шумо», хандида гуфт нодон. «Ландаҳур» гуфтам. Аз
оринҷаш маҳкам дошта, - аз дастам маҳкам дошт модарам, – кашолакунон як гӯша
бурдам ва «Ту девона шудӣ? Ё умрата дар пушти панҷара гузарондан мехоҳӣ?»
гуфтам. Рангаш даруни тарбуз барин шуд. «Худатон аз севанчипулии ночизе, ки ба
ҳаққи таваллуд медиҳанд, пули дангали ҷарроҳӣ хуб, гуфтед-ку” мегӯяд гаранг.
«Даҳонатро пӯш” гуфтам. “Ту маро зинда дар гӯр мекунӣ? Наход ман ҳамаро бо
ҷарроҳӣ таваллуд мекунонам, гуфтам, ахмақ. Ба одамаш нигоҳ карда, кор мекунем.
Гови калон мурад, бӯяш то дур меравад”, гуфтам ва бо ангушт ба сараш задам...
- Мебахшед хола, - аз қафои дар овози
шавҳарам ба гӯш расид.
- Чӣ хизмат? – овози борики ҷарангосии
ҳамшираи солхӯрда баланд шуд.
- Дар Шумо рақами телефони роддоми чорум
нест?
- Рақами ин тавлидхонаро чӣ мекунед?
– Модарарӯсам директори ҳамин роддом.
– Марзия Саломова-мӣ? – пурсид ҳамшира,
ки оҳанги гуфтораш тааҷҷубе дошт. - Наход домод шуда, рақами телефони
дастиашонро надонед?
- Медонам, аммо кор намекунад. Хомӯш
гуфта истодааст.
- Набошад хонаашон равед, - гуфт ҳамшира
ва ба хонаи тавлид даромад.
Боз дард сар кард. Дар худ мепечидам.
Мехостам аз ҷой хезам, роҳ гардам. Аммо дастҳоямро баста буданд. Фикрамро ҷамъ
карда, худро ором кардан мехостам. Аммо бефоида буд. Дар пеши дард ягон чизе ба
чашмам наменамуд. Танҳо як фикр, тансиҳат ба даст гирифтани фарзандам дар сар
буд. Акнун пеши чашмонам сиёҳӣ мезад. Таппиши дилам то рафт суст мегардид.
Ҳамшира фишорамро дид. Муоина карда:
- Ҳама роҳҳои таваллуд кушода шудааст.
Чаро таваллуд намекунад? Соатова тезтар меомаданд, нағз буд. Соат ҳам қариб
дувоздаҳ шуд, - парешон ба соати дасташ нигарист.
То рафт эҳсоси тарс пурзӯртар мегардид.
Саросари баданам дар обу арақ ғӯтида, мушакҳоям раг мекашиданд. Нола мекардам.
Дилам фишор меовард. Нафасам мегашт. Гиря гулӯямро месӯзонд.
- Илтимос, ягон сӯзандору кунед, - аз
ҳамшираҳо ёрӣ пурсидам. - Дигар тоқат карда наметавонам.
- Вақти зоидан укол мумкин не. Дарди
таваллуд худ ҳамин хел мешавад. Ҳа нагуфта гузашта меравад. Сабр кун, - гуфт
ҳамшираи солхӯрда ва бо докапорае арақи пешониямро тоза кард.
Ҳамшира дубора поёни поям гузашт.
- Эҳ, ба фикрам кӯдак калон аст. Худаш
зоида наметонад, - гуфт.
Ин суханро шунида, дар танам мурғак
дамид. Ваҳме вуҷудамро ба ларза меовард. Лаҳзае дардро фаромӯш кардам.
Тарсидам, ки наход фарзандамро худам таваллуд карда натавонам.
– Тез рафта Соябон Соатоваро ҷеғ зан.
Ҷарроҳи накунем намешавад.
Ҳамшираи дуввум шитобон баромада рафт.
Дилам дар синаам тангӣ мекард. Мехостам
модарам дар паҳлӯям бошад. Ҳамдард шавад. Гӯяд, ки ин ҳама мегузарад. Ин дард
дар сари ҳар як зан аст. Худо насиб кунад, фарзандамро саломат ба даст мегирам.
Ҳамшира бошаст даромада, дар ҳоле, ки
нафасаш мегашт:
- Оксититосин[2]мекардаем, - гуфт.
- Бача калон. Кос танг. Оксититосин
кардан мумкин бошад?
- Соябон Соатова гуфтанд, - ёдрас кард
ҳамшираи дуввум...
Чашм кушода, худро дар хонаи реаниматсия
дидам. Ӯтоқи хурд. Кат дар мобайн меистод. Дар болои сарам таҷҳизоти зиёди
тиббӣ: яке таппиши диламро месанҷид, дигаре фишори хунро. Худро чунон вазнин
эҳсос мекардам, ки гӯё дар болоям бори гаронеро гузоштаанд. Синаҳоям сандон
мешиканам мегуфт. Сарам дарде дошт. Модарам дар паҳлӯи кат, дасти маро маҳкам
дошта менишаст. Чашм кушоданамро дида, оҳиста, бо овози ларзон:
- Духтарҷон, хайрият ба худ омадӣ, -
гуфт.
- Набераатон... канӣ..? – лабонам аз
ташнагӣ мечаспиданд.
- Маро бубахш, духтарам... - сарашро
болои дастам монда гиря кард.
Пай бурдам, ки фарзандам нобуд шудааст.
Диламро сардие фаро гирифт. Сардие буд, ки то ҳол чунин хунукиро ҳис накарда
будам. Гӯё дар рагҳоям ба ҷойи хуни гарм оби сард давр мезад. Рӯй ҷониби дигар
кардам. Мехостам фарёд занам. Шифохонаро ба сар бардорам. Ба модарам гӯям, ки
ин ҳама сазои гуноҳҳояш аст. Ҷазо барои шабҳое, ки дар канори мардони бегона
рӯз кард. Оқибати дуои бади модароне, ки аз бахти модарӣ ба як умр бенасиб
гардидаанд. Нафрини оилаҳои камбизоат, ки бо дурӯғ арӯсу духтаронашонро ҷарроҳӣ
карда, даста-даста пулашонро гирифтаанд. Лек беҳол будам. Ҳа-ҳа, ҳатто ба оби
чашм баровардан тавонам намерасид.
Аммо баъди шунидани ба як умр аз бахти
модарӣ бенасиб гардиданам, фиғонам ба осмон печид. Дилам реш-реш шуд. Ин гиряи
ман ашкрезии духтараке набуд, ки зочаашро гум кардааст ва имкони дубора
дастрасии онро дорад. Нолаи як модар, не-не, фиғони як зани номуроду ноком буд,
ки як умр фарзанддор шуда наметавонад. Аз шунидани каломи дилкаши “модар” то
дами вопасин маҳрум гардидааст.
Гуфтанд, ки пас аз окситотсин кардан,
ҳолам бадтар шудааст. Аз батнам хун рафтааст. Ноилоҷ ҷарроҳӣ кардаанд. Бачадон
кафида, кӯдакам дар батнам нобуд шуда будааст. Боз маро дилбардорӣ менамуданд,
ки агар ҷарроҳӣ намекарданд, ман ҳам нобуд мешудаам...
Кош мемурдам. Аз як умр дарахти бесамар
будан ва зери таънаю маломат зистан, мурдан беҳтар нест. Охир онҳо ҳамроҳи
фарзанд аз ман ҳама дороиямро, бахту умедамро, шодиҳоямро, ҳаётамро рабуда
буданд. Чӣ лозим чунин зиндагонии берангу бӯ, ки дигар мазмун надорад...
То ҳамон рӯзе, ки ин хабарро нафаҳмида
будам, дар палата хоб рафта, гузаштаро ба хотир меовардам. Ният мекардам, ки
минбаъд эҳтиёткор шуда, дар оянда боз модар мешавам. Аммо баробари ҷуз хобу
хаёл дигар чизе набудани ин орзую ҳавасамро фаҳмидан, сабаби чанд рӯз боз ба
аёдатам наомада, бенишон шудани шавҳарам ва пайвандонаш ҳам аён гардид. Ҳамаи
орзуҳоям чун хазонбарге, ки зери пои одаме реза-реза шуда, дар ихтиёри бод
мондааст, ба чор тараф парешон шуданд, ки дигар имкони бозпас ёфтани онҳо
нест...
Фаридуни ФАРҲОДЗОД, шаҳри Самарқанд
[1] Кайфар - ҷазо, сазо, подош;
мукофоти некӣ ва бадӣ.
[2] Окситотсин – доруест, ки ҷараёни таваллуди
кӯдакро бо он метезонанд. Дар меъёр бояд 2 миллиграмми ин доруро дар давоми як
соат ба дохили раг ба таври қатрагӣ чаконанд. Агар ҳамин маҳлулро ба миқдори 5
ё 10 миллиграмм тез ворид кунанд, кӯдак нобуд гардиданаш ва ҳам бачадон
кафиданаш мумкин аст. Ҳангоми танг будани коси зан гузарондани доруҳои
тезонидани валодат низ боиси пайдошавии чунин ҳолат мешавад.
Комментарии
Отправить комментарий