Хамидани манораи мадрасаи Улуғбек ва таърихи аз нав рост кардани он

Соли
1965 дар матбуоти мамлакат ва ҷаҳон ҳодисаи беназир дар соҳаи таъмирсозии
ёдгориҳои таърихӣ, яъне рост кардани манораи ҷанубӣ-шарқии мадрасаи Улуғбеки
Самарқанд интишор ёфтанд.Таъмиру барқарорсозии он воқеаи ҷаҳоншумул ба ҳисоб
мерафт. Ин кор ба туфайли дар амал татбиқ намудани навигариҳои илму техникаи
ҳамондавра ба амал бароварда шуд. Ва ҳол он ки дар шароити тамоман дигар, бе
истифодаи техникаҳои замонавӣ соли 1932 манораи қариб 32-метраи самти
шимолӣ-шарқии ин мадраса рост карда шуда буд.Хамхӯрии ин манораро аз аввалинҳо
шуда, тирамоҳи соли 1918 соҳиби дӯкони муқовакунӣ ва фурӯши китоб, ки аз ҳама
ба мадраса наздиктар буд, мушоҳида кард. Ҳатто калонтар шуда истодани роғи
байни манораву дарсхонаи мадрасаро дид. Манора хам мехӯрд. Дар ин бора ҳамон лаҳза
ба Вяткин, ки нозири расмии ёдгориҳои таърихии Самарқанд ба ҳисоб мерафт, хабар
расонд.Вақте ки намояндагони ба таҳлукаафтодаи заргарон ва як чойхоначӣ ба
назди ӯ – ёрдамчии комиссари вилояти Самарқанд даромаданд, вай ақидаҳои онҳоро
бодиққат шунавид. Баъд меъмори вилоятӣ Михаил Федорович Мауерро ба назди худ
даъват намуда, якҷоя ба Регистон рафт. Боздиди онҳо як соат давом кард ва фикру
мулоҳизаҳои дигаронро низ шуниданд. Мауер ҳам боварӣ ҳосил кард, ки манора дар
ҳақиқат хам мехӯрад.Бегоҳии худи ҳамон рӯз В.Л.Вяткин меҳмони дӯсти худ,
ҳаводори археология, инженер Борис Николаевич Касталский шуд. Касталский барои
тақдири манора зуд таъсиси комиссияро ба миён гузошт ва ҳазломез таклиф кард,
ки онро «комиссия доир ба ёрирасони таъҷилии манора» номгузорӣ намоянд. Ҳарчанд
ин комиссия бо қарор ё фармоне расмӣ нагардонда шуда бошад ҳам, пас аз ду рӯз
он ба кор шурӯъ кард.Аъзоёни комиссия мавқеи мадрасаи Улуғбекро ба хубӣ дарк
мекарданд. Он яке аз ёдгориҳои таърихие буд, ки аҳамияти калони илмиву бадеӣ
дошт. Ансамбли зебои Регистон, ки мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ ва Шердорро дар
бар мегирифт, бе як манора шукӯҳу шаҳомат ва назаррабоии худро гум мекунад.
Баҳсу мунозираҳои мутахассисон ба самъи ҳамагон мерасид. Рост кардани манораро
аҳолии шаҳр ҳамчун шарафи инсонии худ меҳисобиданд. Зеро ба туфайли корбариҳои
режими гузашта бисёр манораҳо афтода буданд.
Иҷрои ин кор ҳалли асоснокеро талаб мекард. Ба ин кори мушкил Мауер миён баст. Бо таклифи ҷасуронаи ӯ «канда», ҷудо кардани манора аз бинои асосӣ, ҷунбонидан, рост кардан ва яклухт ба ҷояш гузоштан ҳамаро ба изтироб меандохт. Суханони болдори Мауер: «Вақте ки манора рост карда мешавад, ман худам дар зери пояи он меистам. Он намешиканад ва намеафтад» зуд дар байни ташкилотҳои навтаъсиси шӯроӣ паҳн гардид.
Дере нагузашта, дар саҳни мадраса кор ҷӯшид. Сутунҳои такягоҳи чӯбин гузошта шуданд. То ними манораро «миёнбанд» бастанд. Бо кашидани 24 тросси пӯлодин, ки 36 тонна вазн дошт, хамхӯрии манораро боздоштанд. Дар давоми чанд муддат бо асбобҳои санҷишӣ «майли» манораро мушоҳида карданд ва манора аз хамхӯрӣ чандин солҳо бозистод. Ин ғалабаи аввалин буд. Сохтори кори Мауерро «гитараи шайтонӣ» меномиданд. Ин система имкон дод, ки оромона ва бомуваффақият манора рост карда шавад.
Михаил Феодоревич Мауер умуман шитобкориро бад медид. Вай ҳамаи корҳоро бо оҳистагӣ, вале бисёр дақиқ ва хушсифат иҷро карданро дӯст медошт. Вай, ки соли 1866 таваллуд шуда, маълумоти худро дар Омӯзишгоҳи ҳарбии инженерии Николаевск гирифта буд, бисёр чизҳоро медонист. Бинобар ҳамин, барои кор ба Фарғона фиристоданд. Аз соли 1917 бошад, ба иҷрои вазифаи архитектори вилояти Самарқанд шурӯъ кард. Михаил Феодорович аввалин эҷодкори илмии асосноккардашудаи амалиёти таъмири архитектурии Осиёи Марказӣ гардид. Бо идеяҳои нав дар ин соҳа ва пешоҳанги анъанаҳои хуб шинохта шуд.
Вай шахсан худаш дар Регистон таҷрибаҳо мегузаронд. Соли 1920, вақте ки теодолити замонавиро ба даст овард, рӯзҳои зиёди худро ба мушоҳидаи манора бахшид. Баъд корҳои дурударози кофтани зери манора оғоз ёфт. Дар рафти ин корҳо бисёр чизҳо аён шуд. Ӯ фаҳмид, ки дар ҷойи Регистон пештар якчанд дӯконҳо будаанд ва аз ин ҷо канали калоне мегузаштааст, ки таҳшинҳои зиёдеро овардааст.
Соли 1932 баъди заҳматҳои зиёди бисёрсола ин манораи мадраса ба тарзи вертикалӣ қарор гирифт.

Шероз
БАҚИЕВ,
гид-тарҷумони ансамбли Регистон.
гид-тарҷумони ансамбли Регистон.
Dafabet Link - Thakasino
ОтветитьУдалитьDafabet is one of dafabet the leading online casinos in Nigeria. It offers a wide range of different casino games 카지노 for you to choose from. bet365