НАСР

ЗЕРИ ЯК БОМ 

(Ҳикоя)

Мадад дар хонаи начандон калон, наздикии тиреза, рӯйи миз коғазу қалам, асбоби ҳисобкунак, дафтару китоби идораро гузошта, саргарми кор буд. Ин дам ҳамсараш ба хона даромад:
– Рӯзи якшанбе, дар хонаи танг шақ – шуқ чӯтпартоӣ ба дилатон назад?
– Охири моҳ аст, ҳисобота тайёр кардан лозим, – сар набардошта ҷавоб дод Мадад.
– Иқтисоди оиларо ҳам бардоштан лозим, хӯҷаин! Дар ҳавлӣ баҳор, офтоб нурпошу ҳаво гарм, ҳама мардҳои ҳамсоя машғули кишту кор… Канӣ паҳлавон, шумо ҳам ё бисмилло гуфта аз ҷой хезед!
– Фикрамро парешон накун! Дар ҳисоби рақамҳо саҳве гузарад…
– Вой – вой, шумо Ал-Форобӣ ё Берунӣ не-ку, як бухгалтери оддӣ. Миллионҳоро шумурда тарҳу ҷамъ мекунед, вале кисаву дастатон холӣ. Моҳонаи ночизатон ба таъминоти оила намерасад. Баъзе ҳамкасбони шумо дафтари сиёҳу сафед доранд, бо роҳбар ҳамтабақ, ёфташон нағз, дар тагашон мошина, рӯзғорашон пуру фаровон. Дар корхонаи собиқ, аз росткорӣ бо сардор забон наёфтед, аз кор пеш…
– Бо хоҳиши худ ариза навиштам, – сухани ҳамсарро бурид бо зарда. – Виҷдонам барои ба корхона зарар овардан роҳ надод. Ғиҷҷакро ғундору ба мақсад гузар!
– Пиёзи кабуд кандам, якҷоя тоза кунем, баъд бозор бурда фурӯшед. Ҳунари ҳисобдониро як намоиш диҳед, дадаҷонаш, – гуфт бо нармӣ.
Мадад пас аз гапҳои нешдори ҳамсар, бо дили нохоҳам рӯйи ҳавлӣ баромад. Наздикии дарвозахона, дар рӯйи тӯрба ғарами пиёзи навканда мехобид. Насими сабуке вазида шохҳои борики дарахтони сарсабзро алвонҷ дод, гулҳои сафеду гулобранг чархзанон поён рехтанд. Бӯйи муаттари гулҳо ва хоки навтасф саросари ҳавлӣ ба димоғ мезад. Мадад дастонашро ба ду тараф кушод, баъд хамёза кашида, ба осмон нигарист. Абрпораҳои сафеди тунук, монанди заврақчаҳо дар осмони нилгун шино мекарданд. «Ҳар фасли сол ҷозибаи ба худ хос дорад, алалхусус, аввали моҳи апрел, наварӯси фаслҳо», бо чунин андешаҳо омада, рӯ ба рӯйи ҳамсараш нишаст ва ба пиёзтозакунӣ шурӯъ кард.
Майнаҳо аз болои воиш истода, «ғақ – ғиқ»-кунон гӯшро ба қимоб меоварданд. Ҷуфти фароштурук «чкув – чкув» садо бароварда, дарвозахонаро якчанд маротиба даврзанон, ба сими овезони сақф нишастанд. Бо «чуғур – чуғур» ба забони худ маслиҳат намуда парида рафтанд. Аз байн панҷ дақиқа нагузашта, боз баргашта омаданд.
– Ҳа, ирӯю урӯ нигоҳ накарда, чаққон тоза кунед, – ғурунгос зад ҳамсар.
– Парастуҳо чанд сол умр мебинанд? Нигоҳ кун, фароштурукҳои соли гузашта бошанд ё бачаҳояш? – чашм аз паррандаҳо наканда пурсид Мадад.
– Фароштурук-­дия, мебиёду меравад, як ҳаминҳо кам буданд?! – ҷавоб дод ҳамсараш бо димоғи сӯхта. 
– Ана, ана бин, ба хоначааш даромад, э..эҳ картон яктарафа шуд, вай, бечораҳо ҳаросида гурехтанд, – беихтиёр аз ҷой хест Мадад.
Норозиёна зери лаб ғурунгос задани ҳамсарашро шунида, чизе гуфтани шуд, аммо баҳсу талошро муносиб надид. Лаб газида хомӯш нишаст. Гоҳ-­гоҳ ба омаду рафти фароштурукҳо ва лонаи хамида дуздона нигоҳ мекард. «Баъди анҷоми ин корҳо, аввал хоначаи мустаҳкам месозам», – дар дил аҳд кард ӯ. Соли гузашта, картонро бурида, дар як бурҷи сақфи дарвозахона лона сохта буд. Парастуҳо тухм гузош­та, чӯҷаҳоро паррончак карданд.
Мадад пиёзҳои банд бастаро шуст, ба борхалта ҷой кард ва бо баҳонаву ситоиши росту дурӯғ кайфияти бонуро бардошта ба бозор фиристод. Аз таҳхона тахтаи борик, порчаи фанеру мех, арраву болғача гирифта, барои фароштурукҳо лоначаи мустаҳкам сохт. Ба назараш лонача хело зебо ва шинам намуд, якчанд дақиқа нигоҳ карда истод, дилаш шод шуд. Парас­туҳо аввал ҳаросиданд, ё дом гумон карда, ба лона надаромаданд. Якчанд маротиба мокувор рафта омаданд. Ниҳоят, болои мехи болори пеши хонача нишаста даромаданӣ шуданд, вале аз тангии ҷойи даромад ҳаракаташон зоеъ рафт. Мадад лонаро аз нав сохта хотирҷамъ шуд.
Рӯзи дигар, Мадад қарибии шом аз кор баргашт.
– Ин майнаҳои гӯрсӯхта, рӯзи дароз хасу хошок кашонида, рӯйи суфаро ифлос карданд, – лаб ба шикоят кушод ҳамсараш фаршрӯбон. – Рӯзи гузашта, маро фиреб дода, ба бозор фиристодеду худатон ғами паррандаҳоро хӯрдед-­а?! Майнаҳо бо шӯрапуштӣ хоначаро ишғол карданд, аҷаб шуд, – гӯё бо ҳамин гап, алами ботиниаш тоза мешуда бошад, гуфт ӯ.
Мадад саросема ба сақф нигоҳ кард, дар лона паррандаи хокистарранги сарсиёҳ, пой ва гирди чашму минқор зардтоб, латтапораеро бо нӯлаш қапида буд. Майна аз нигоҳи Мадад магар хавотир кашид, сарашро зуд-зуд чапу рост метофт, гавҳараки чашмонаш бозӣ мекард, ба ҳар эҳтимол ба гурехтан тайёрӣ медид. Парастуҳои ҷисман аз гунҷишк саҳл калонтари минқоркӯтоҳ, шикамсафеди думқайчӣ ба сими овезон нишаста, нафратомез ба сӯйи истилогарон менигаристанд.
– Дигар месозам, аз ин васеъ ва шинам, – гуфт Мадад.
– Ҳай-ҳай, истед, чӣ умратон бо хоначасозӣ мегузарад? Аз ин дида, беҳтараш заминро шиканед.
– Занак, ба паррандагон лонасозӣ душвор. Ба мадади одамон ниёз доранд. Дар ҳавлии мо аз хавфу хатар, аз борону офтоб паноҳ меёбанд. Шикастани заминро саҳарӣ, ту аз хоб нахеста сар мекунам.
– Боз дирӯза барин нашавад. Ду метр замин нашикаста, ба ёрии ҳамсоя шитофтед. Ҳама медонад, ки шумо одами мӯъмуну қобил ва гапдаро ҳас­тед, ҷеғ зада рафтан мегиранд. «Не, вақт надорам» гуфта наметавонед. Ин қадар соддадил шумо. Дигар ном қаҳт зад, ки модаршӯям номатонро Мадад мондаанд? Мададгори одамон шуда гаштанатон ба ҷонам расид…
Мадад ба гапҳои пасту баланди занаш эътибор надода, зери забон нос партофт ва ба зинапояи меҳмонхона такя кард. Гӯё суруди дилнишинро гӯш мекарда бошад, чашмонашро гоҳ пӯшидаву гоҳ кушода, диққаташро аз девор намеканд. Зери дарахти хурмо, ду майна ба сару тани якдигар парзанону нӯлзанон ҷанг мекарданд. Якчанд майнаҳои дигар ошӯб бардошта, аз шох ба шох меҷастанд, гоҳ рӯйи замин фаромада, гӯё ким-­чиҳо мегуфтанд. Майнаи ҷуссакалон мобайни ҷангараҳо нишаст, бо овози баланд «ҷағараҷағар» карду ҷанҷол ба охир расид. «Аҷиб, ин сардор бошад ё пиронсол? – андешид Мадад. Чӣ гуфт, ки ҳама зуд ором шуданд? Мабодо зану шавҳар ҷанг кунанд ё ду нафар даст ба гиребон шаванд, на гапи пиронро мегиранду на сухани раиси маҳалларо. Ҳурмати якдигар торафт аз байн меравад».
– Ҳӯ..ӯ, мардак! – такон дод ҳамсараш. – Ҳушатон ба кӣ рафт?
– Овозат зӯр! – ба савол ҷавоб надода қарсак зад Мадад. – Ту барандаи радио шуданат лозим. Бо ин истеъдод ва қобилияти ноёб, барномаҳои шавқовар тайёр мекардӣ, Сабоҳатмоҳ. «Сабо, эй сабо, мудом сар мекунӣ ғавғо», – аз қофияи тасодуфӣ бо завқ хандида хона даромад. Либосро иваз карду асбобу масолеҳи даркориро гирифта, дар дигар кунҷи дарвозахона лона сохт ва ранги сурх молид. То ба анҷом расонидани кор, Сабоҳат гоҳ пасту гоҳ шунавонида манаҳ зад.
Субҳидам, ҳангоми заминшикании Мадад парастуҳо бо навбат ба лонаи нав даробаро мекарданд. Рӯйи суфа ҷуфти мусича минқор зада ризқу рӯзӣ мечид. Мусичаи нарина гардани марҷондори барашро фаххос занонда «куку, куку»-гӯён атрофи модааш давр мезад. Майнаҳо аз замини нармшуда хокро бо панҷа кофта, кирм мечиданд. Аз ин субҳи босафо дилаш ба фараҳ омад.
Мадад бегоҳӣ аз кор омада, аввал ба лонаҳо нигарист. Майнаҳо, соҳибони лонаи якум дар лаби девори тахтагин нишаста буданд. Дар лонаи сурх ҷуфти мусича маскан гирифтааст. Парастуҳо дар тарафи чапи дарвозахона, яке болои мехи қубури газӣ ва дигаре ба мехи девор менишастанд. «Оббо, боз бе манзил монданд, ё хоначаи сохтаам маъқул нашуд?»- гумон кард Мадад. Зуд либоси хонагиро пӯшида аз назди оғил нардбонро бардошта овард. Парастуҳо мокувор рафту омад карда дар кунҷи чапи девор шину хез мекарданд. Надр­бонро рост монда боло баромад ва дар девор дар шакли нимдоира лойи часпидаро дида, дар лабонаш табассум пайдо шуд. Шаш мехро зери нимдоира ба девор кӯфт, сими борикро аз байни онҳо гузаронида тор кашид. «Ҳарчӣ занак нест, бошад боз манаҳ мезад», – аз дил гузаронд ҳангоми фаромад.
– Раҳматӣ падаршӯям парбозу харбоз набуданд, намедонам шумо ба кӣ рафтагӣ? – сатилҳои пуробро ба замин гузошта шӯрид зан. – Аз пагоҳӣ ин ҷониб об нест, молҳо ташна, гов «баос» мезанаду гӯсола «маос». Овози онҳо ба гӯшатон намедарояд. Мурғ ҳам парранда, катак созед, ҳашт – даҳтояшро оварда парвариш кунед, агар лому мим гӯям, забонам бурида шавад.
– Ҷим! – бо кафи даст даҳони занашро пӯшид Мадад. – Паррандаҳоро натарсон, ба ин фароштурукҳои зебо нигар, чашмро мафтун мекунанд. Паёмбиёри баҳор, дар кадом хонадон лона гузоранд, файз медарояд. Дар оятҳои Қуръону ҳадиси саҳеҳ зикр гардидаст: -»Касе соҳиби силаи раҳм бошад, ба саодати ду дунё соҳиб мешавад, ба ҳидояту раҳмати Парвардигор мушарраф мегардад». Хоҳӣ, ки ризқат бобарокат ва зиёда шавад, аҷал дур бошаду умри дароз бинӣ, дар қалби инсонҳо муҳаббат пайдо кардан хоҳӣ, силаи раҳмро канда накун. Мо ба ин парандагон ғамхорӣ кунем, Парвардигор ҳам марҳамати худро аз мо дареғ намедорад. Соҳибдилу соҳибназир шудан лозим, азизам! Иҷозат диҳед, сатилро ман бардорам.
– Ин ҳам силаи раҳм-­мӣ? – бо табассуми пурноз пурсид ҳамсараш. – Хислати хуби занпарварӣ доред-­дия, дадеш! Монанди баъзе мардҳо дашному ҳақорат намедиҳед, мушту лагадкӯб намекунед. Занҳои гузар шуморо «марди беозор», гуфта таъриф мекунанд.
– Туф, туф карда мон, боз чашм нарасад, ё тӯмор овез! – бо шӯхӣ гуфт Мадад.
Парастуҳо ба даҳон лой кашонида, лонаи кӯзачамонанд сохтанд. Лонаашон аэропорт буду онҳо самолёт. Рафтуои онҳо интиҳо надошт. Пас аз ду-се ҳафта «чириқ – чириқ»-и чӯҷаҳои аз тухм баромада, аз субҳ то бегоҳӣ гӯшро навозиш мекард. Кӯдакони худаш ва бачаҳои ҳамсояҳо омада чӯҷаҳоро тамошо мекарданд, хӯрокдиҳии паррандагонро дида завқ мебурданд. Дарвозахона ба боғчаи бачагон шабоҳат дошт.
– Мудирам, муборак шавад! – лаб ба сухан кушод ҳангоми хӯроки шом Сабоҳат. – Пишакатон се бача зоид, ба қарибӣ саг таваллуд мекунад, дар нав­бат заргӯш. Зери як бом чанд оила аҳлу тифоқ зиндагонӣ дорем. Акнун шуморо аз вазифаи мудири боғча озод карда, раиси маҳалла интихоб мекунем. Хӯш, чӣ мегӯед? Муқобилон, бетарафҳо нестанд, бачаҳо даст бардоретон, офарин, бо як овоз тасдиқ шудед, табрик мекунем, раис! – гуфт бо шӯхӣ ҳамсараш.
Мадад бо табассум духтарчаашро болои зону гирифта, ба занаш бо нигоҳи харидорона нигарист. «Табиати аҷиб дорад Сабоҳат, гоҳ монанди гули чаман шукуфону хандон, гоҳ абри тира барин ғамгин мешавад. Баъзан чун каждум неш мезанаду шишаи қалбро пора-­пора мекунад. Вале қаҳр кардаву ҷангӣ намегардад, дар дил ғараз надорад. Аммо сергапу теззабон, ҷим истад, дилаш торс мекафида бошад, аз ину аз он хусус гап задан мегирад. Бо ҳамин феълу хислат ӯро дӯст медорад. Ду-­се соат дар ҳавлӣ набошад, зуд ҷояш маълум мешавад. Вай дар дасти модарандар калон шуда, дар рӯзгордорӣ, шусту шӯй, рӯбучину меҳмондорӣ маҳорати хуб андӯхтааст. Дирӯз як чӯҷаи мусича аз лона афтидааст, вай зуд нардбонро оварда, чӯҷаро ба ҷояш гузоштааст.
Дар ин манзил танҳо мусичаҳо соддаву қобил, парастуҳо беқарору серташвиш, майнаҳо шӯрапушту ҷангара мебошанд.
Рӯзи истироҳат буд. Мадад ба ҷӯяк­ҳо тухми кабудӣ мекошт, ҳамсараш ҷомашӯйӣ мекард. Ногоҳ ҷуфти майна шавқункунон болои воиш нишаст, ба онҳо ҷавобан ду майнаи дигар парида омад. Лаҳзае нагузашта ба ҳар тараф париданд.
– Мор, дада мор, – духтару писарчааш доду фарёд бардошта давида омаданд.
– Натарс бачем, натарс! Ҳозир дадет морро мекушад, -гӯён ҳамсараш ба рӯйи бачаҳо об пошида, ба оғӯш гирифт.
Мадад тағораи хоккашониро партофта, тарафи дарвозахона тохт. Мори чипори ғафс, ки дарозиаш якуним метр меомад, дар болои қубури газ, забони борикашро тез – тез бозӣ доронда, сӯйи лонаи мусича мехазид. Ҷуфти мусича дар хона набуд. Парастуҳо парвозкунон фурсати муносиб ёфта, ба сару бадани мор минқор зада ба пешравии сайёд халал мерасониданд. Мадад хазандаи хунукандоми ғашоварро дида, дасту пояш суст гардид.
– Мана калтак, доред, занед морро, дадеш, – бо воҳима хитоб кард Сабоҳат.
– Ин падарқусур аз куҷо омад? – аз ҷой наҷунбида пурсид вай.
– Аввал зада ба паст афтонед, баъд аз худаш мепурсед. Тез бошед, чӣ хел мардак шумо? Ҳозир бачаи мусичаро мехӯрад.
Дили Мададро тарси мабодо ба хуни вай зомин нашавад, фаро гирифта буд. Лолу мабҳут аз ҳаракати мор чашм намеканд. Ин дам шавқун бардошта, селаи майнаҳо ба ҳуҷум гузаштанд. Хазанда ба ҳуҷуми паррандаҳо тоб наоварда, ба рӯйи фарши дарвозахона ғалтид. Аз захмҳои танаш хун метаровид. Якчанд сония наҷунбид. Дар ҳамин ҳол ҳам паррандагон вайро ором намегузоштанд. Мор аз озори минқору чангол ба худ омад ва тарафи кӯча хазид. Сели майнаҳо ӯро то замини ҳамсоя, байни алафҳо ғайб заданаш таъқиб карданд.
– Садқаи шумо барин ҳимоятгар шавам, – абрӯ гиреҳ карда, ҳамсараш калтакро аз дасти шавҳар гирифт. – Ба офаридгор беадад шукр, ки дар мамлакати тинҷу осоишта зиндагонӣ мекунем. Агар дар замонҳои гузашта умр ба сар мебурдем, ба ин ҳолатон моро ҳимоя накарда тӯъмаи душман мекардед. Ҷуръатро аз паррандагон ёд гиред, як тану як ҷон шуда, на танҳо бачаҳои худашон, балки оилаи моро ҳам аз ҷонвари заҳрнок ҳимоя карданд.
– То надиҳӣ озор, заҳр намезанад мор. Вай ҳам барои насибааш омада буд, раҳмам омад, -гуфт Мадад ва оҳиста қадам монда аз паси кораш рафт.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА