Андешаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Сафар Абдуллоҳ перомуни забони “Шоҳнома” – и бузурги ҳаким Фирдавсӣ

Андешаҳои
адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Сафар Абдуллоҳ перомуни забони “Шоҳнома” – и
бузурги ҳаким Фирдавсӣ
Устод
Малик уш шуъарои Баҳор мефармояд: Шоҳнома ҳаст бе иғроқ Қуръони Аҷам, Рутбаи
донои Тӯсӣ, рутбаи пайғамбарӣ . Аммо дар бораи забони “Шоҳнома” навиштаҳои
мухталифе вуҷуд дорад,ки бархе аз ноогоҳӣ ва бархе аз рӯи шунидаҳо ва бархе ҳам
огоҳона ва ба таҳқиқ андеша рондаанд.Гоҳо талош кардаанд,ки Фирдавсиро нафаре
ҷилва диҳанд,ки ба унвони як шоъири миллигаро ва алоқаи вофир ба фарҳанги эронӣ
ба фарҳангу тамаддуни бегонагон,аз ҷумла аъроб душманӣ дошта ва аз истифодаи
вожаҳои ъарабӣ низ худдорӣ карда аст. Аммо инсоф ин аст,ки бигӯем Фирдавсӣ
барои офаридани чунин шоҳасар ниёз ба як забони нерӯманд доштааст, ки дар
расондани андешаҳои жарф ва хирадмандонаи ӯ тавоно бошад. Бисёр касон гумон
мебаранд,ки Фирдавсӣ дар сохтану ба кор бурдани вожаҳои ноби форсӣ(тоҷикӣ!)
кӯшиши бисёр ба харҷ дода аст ва Шоҳномаро бо забоне пироста аз вожаҳои ъарабӣ
суруда аст.Ва ба қавли устод Нодирпур дар асоси ҳамин пиндор буд,ки афсонаи руй
кардани Фирдавсӣ ба дарбори Маҳмуд падид омад ва ъилати пардохти бист ҳазор
дирам дар ъивази панҷоҳ ҳазор дирам ба шоъир,ба кор бурдани чанд вожаи тозӣ дар
абёти достони “Рустам ва Ашкбӯс” қаламдод шуда аст.Аммо ҳақиқат ин аст,ки
забони Шоҳнома дар асл ҳамон забони назму насри қарни 9 ва 10 аст ва ба ҳимату
қудрати Фирдавсӣ , Рӯдакӣ ва дигарон густариш ёфта ва аз баракати баҳрагирии ӯ
аз гӯйишҳои дуру наздик ва забонҳои бостонии эронзамин ҳам дар заминаи теъдод
луғот ва ҳам дар қаламрави баёни маъонӣ,тавонотар ва нерӯмандтар шуда аст. Ба
ъиборати дигар кӯшиши Фирдавсӣ на дар роҳӣ пок кардани забони порсӣ аз вожаҳои
тозӣ,балки дар роҳи ғанитар кардани ин забон анҷом гирифта ва агар шумораи
вожаҳои ноби форсӣ дар Шоҳнома беш аз ҳар китоби дигар аст аз ин рӯст,ки
вусъати маъонӣ ва ғанои мафоҳими ин ҳамосаи ъазим,ба қавли доноён ниёз ба
вожаҳои тоза дошт ва Фирдавсӣ тавонистааст он вожаҳоро аз китобҳо ба забонҳои
ниёконаш ва гӯйишҳои қадими эронӣ ба даст оварад ва чунон устодона ба кор
бибарад,ки дар ин росто беназир аст. Ҳадди ақал чун Девони устод Рӯдакӣ гум
шуда аст,мо китоби дигареро дар баробари Шоҳнома намебинем..Фирдавси мисли
Рӯдакӣ агар ба ҷои вожаҳои асили порсӣ ,каламоти дахили ъарабиро низ муносиби
мақсад медид,дар ба кор бурдани онҳо тардид намекард.Аз ин рӯ Фирдавсиро бояд
яке аз тавонбахшон ва эҳёгарони забони ширини порсӣ бояд хонд,на пиростори он
аз вожаҳо тозӣ ! Зеро чунонки худ мегӯяд: Ҷаҳон кардам аз хуррамӣ чун биҳишт,
Аз ин беш тухми сухан кас накишт. Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ, Ъаҷам зинда
кардам бадин порсӣ Дар ашъори зиёди шоъирони он рӯзгор, дар нисбати ъасрҳои
баъд, вожаҳои ъарабӣ камтар истифода мешуда ва мо ашъоре дорем,ки дар онҳо
тақрибан ҳеч вожаи тозӣ ба кор бурда нашуда аст.
Бознашр
аз саҳифаи фейсбукии “Ин қанди порсист”
Комментарии
Отправить комментарий