Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
МИЛЮН
- МИЛЮН
Эй-к
захм ба дилам гузори милюн-милюн,
Реши
дили ман шуморӣ: милюн-милюн.
Бар
гӯши ту аз артиши ғам нолидам,
То
кам кунӣ аз ҳазори милюн-милюн.
Ин
теғ, ки мезанӣ, ба худ зан боре,
К-ин
бор фиғон барори милюн-милюн.
Мардум
ба ҷаҳон ҷоне супоранду мане
Кардам
ба ту ҷонсупорӣ милюн-милюн.
Милюн-милюн
касон туро ошиқу лек
Манро
магузор қатори милюн-милюн.
Бегона
зи худ гаштаму аз ғайр ҷудо,
Ман
як худу ту канори милюн-милюн.
Ҳофӣ,
ту дар ин замона обрӯ маталаб,
Дар
киса агар надорӣ милюн-милюн.
ЭЙ
РӮИ ТУРО БА МАҲ ШАБЕҲӢ
Эй
рӯи туро ба маҳ шабеҳӣ,
На-на,
ки зи маҳ дида ту беҳӣ!
Авф
кун, ки туро шабоҳате чун
Нокарда
касе ба ин қабеҳӣ.
Беҳтар
туӣ, дар миёни беҳон,
Меҳтар
туӣ, дар миёни меҳӣ.
Бар
мадҳи ту печидаву лол аст
Бечора
забон ба ин фасеҳӣ.
Осмон
бӯсад сарам чу бар ман,
Гар
дил бидиҳиву ишқ неҳӣ.
Шодӣ
нарасад зи ту андаке,
Занҷири
ғамам ба дил гиреҳӣ.
Ҳофӣ
чӣ кунад, к-ошиқи зораст
Бар
духтари содалавҳи деҳӣ.
АҲВОЛИ
МАРО НАДОНӢ ЧУН АСТ!
Аз
ҳаҷри ту ғам чунон фузун аст,
К-аз
доираи баён бурун аст.
Аммо,
аламам фақат зи ин, ки
Аҳволи
маро надонӣ чун аст!
Гаҳ
дил зи ғамат ғарқаи ашк аст,
Гаҳ
дидаи ман ғарқаи хун аст.
Қалбам
шуда бар ҷӯшу чу хун аст,
Ақлам
шуда мадҳушу ҷунун аст.
Мангар
ту ба хандаи лабонам,
Фарёду
фиғонам андарун аст.
Гарди
қадамат, биё, ки манро
Беҳтар
зи ҳама дунёву дун аст.
Хоҳам
бикунам ситоишат, лек
Бар
мадҳи ту ин забон забун аст.
Занг
зад дили Ҳофӣ з-он, ки умре
Муштоқ
ба занги телефун аст.

Комментарии
Отправить комментарий