НАЗМ
Шариф Ярашов Ҷумаевич 12 марти соли 1986 дар деҳаи
Ғӯротии маҳаллаи Дашти ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар оилаи омӯзгор ба
дунё омадааст. Соли 2007 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатим
намудааст. Аз соли 2007 то соли 2012 дар мактаби рақами 56-и деҳаи худ аз фанни
«Забон ва адабиёти тоҷик» дарс гуфтааст. Солҳои 2012-2014 дар бахши
магистратураи кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таҳсил гирифтааст. Аз соли 2014
ин ҷониб дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДС ба донишҷӯён дарс мегӯяд.
Намунаҳои эҷодиёти Шариф Ярашов аз давраи
донишҷӯӣ дар газета ва маҷаллаҳои
ҷумҳуриявӣ ва берунмарзӣ интишор гардидаанд. Ҳамчунин дар китоби «Армуғони
Самарқанд» (Самарқанд, 2011) намунаҳо аз шаърҳои ў ба табъ расидаанд.
Инак хостем, чанд намуна аз шеърҳои Шариф Ярашовро
пешкаши Шумо азизон кунем ва умед дорем, ки фикру мулоҳизаҳои худро дар боари
шеърҳо баён мекунед.
ВАТАН
То ками ногуфтаи айём гуфт,
Ку дигар
Айнии номҷустаи халқ?
То ғами нохӯрдаи
миллат хӯрд,
Ку дигар
Лоиқи ғамкуштаи халқ?
То
Яъқубе дур зи ёди Ҳақ мабод,
Бо
гуноҳи «гург»-и бадноми камар.
То намояд
дидагони кӯр боз,
Ку Юсуфи гуми дилсӯзи падар?!
Гаҳ чу танмурдаро дилзиндагиҳост,
Ё ки танзиндаро дилмурданиҳост,
Ку муҳаққиқи ғамомӯзи аҷал?
То ба кай ин буду нобуданиҳост!?
Баҳри ҳифзи хоки меҳан гар падар,
Писари бар меҳри Рустам ташна кушт.
Лек надонам, пас, чаро, бо сад ғалат?
Марги Сўҳроб бо падар Таҳмина кушт!
Дашти ту саршори лоладоғҳост,
Бо хуни поки Сиёвуши шаҳид.
То наомезад сари дори ту ҳеҷ,
Бо сари ҳақҷӯи мардони ҷадид.
Кӯр бодо ҳар ки бошад ношукр,
Оби софи чашмасорат карда нӯш.
“Заҳр бодо шири модар” то абад,
Бар
адӯи миллату меҳанфурӯш!
НЕСТ…
Бо хаёли бофтаву дурӯғу хом,
Ҳеҷ намонад зиндаву ҷовид ном,
Бо дили бесӯзу доғу илҳом,
Шоирӣ беҳудагӣ нест!
Шеър гуфтан баҳри эҳёи Аҷам,
Шеъри озоду сафеди Ҷоми Ҷам,
Ё ба зорӣ ё ва ё зӯри қалам,
Шоирӣ шармандагӣ
нест!
Бо ду
дасти пурталоши умри тез,
Бо ду пои умре андар
марг гурез,
Бо ду
чашми байни ҳам андар ситез,
Зиндагонӣ
зиндагӣ нест!
Бо ду
гӯши баставу чашмони ноз,
Бо
забони гунгу меҳробу намоз,
Бо сари
дур андар аз асрору роз,
Бандӣ будан
бандагӣ нест!
Бо дили ошиқу
лаби бӯсахоҳ,
Бо
нигоҳи бегуноҳи пургуноҳ,
Бо суоли
пурҷавоби иштибоҳ,
Ошиқї бероҳагӣ
нест!
Бо ҳама худкушиҳову
риндиву дерхоҳиҳо,
Бо ҳама худӯўзиҳову
кулфату ҷонкоҳиҳо,
Бо ҳама худсозиҳову
қисмати дерхоҳиҳо,
Ҳастиро осудагӣ
нест!
МОДАР
Мешиносӣ рӯйи моро гар ту бошӣ кӯр
ҳам,
Мекашӣ
озори моро андаруни гӯр ҳам.
То
ба маҳшар дидагони ту ба сӯи роҳи мо,
Гӯиё
тобоварӣ бар зӯри неши мӯр ҳам.
Рӯ
ниҳода сӯи меҳробе ту хоҳӣ бахти мо,
Бо
ҳазорон тоату зорӣ ва ё бо зӯр ҳам.
Умри
худро ту баёди мо фақат бурдӣ ба сар,
Ҳар
даму ҳар лаҳзаҳои тақдири пуршӯр ҳам.
Бо
ҳама ҷонбозиҳову бо ҳама ранҷу азоб,
Гар
надонем қадри туро мешавем мо кӯр ҳам!
ШАБОНГОҲ…
Шабонгоҳон,
Ману хома
ва ҳам як саҳфаи испед,
Хаёли гунги печ дар печ
Бипечем шеъри ҳеҷ бар ҳеҷ…
Шабонгоҳон,
Ману моҳтоб
ва ҳам сукути бефарёд,
Ҳама шеъргунаҳои шаб.
Ба лавҳи ёди субҳидам,
Нависем бо хуни шабнам.
Шабонгоҳон,
Мани ошиқ
Ва ҳам ин синаи
пурдоғ,
Вуҷуди ғарқи исёнҳо,
Руҳи озурдаву хаста,
Дили тӯфониву абрӣ.
Нигоҳи гӯиё баста…
Ба рӯйи ҷонамози ғам,
Азони бонги ишқ хонем.
Шабонгоҳон,
Мани
танҳо
Тани
танҳои танҳотар,
Чу ишқи
бенишон то кай?
Ба
танҳоӣ шавам роҳгум…
Комментарии
Отправить комментарий