НАСР
САҲВ Ҳикоя Дар бехудиҳо Худои худро бишнос. Ҳикмат . Аз лаҳзаҳои аввали ҳаёт бо инояти Парвардигор ба одам ғамхорӣ мекунанд. Аввал меҳрубониҳои доя, сипас модару падар, бибиву бобоҳо ва дигар пайвандону наздиконро ҳис менамояд. Дар кӯдакистон мураббияҳо, дар мактаб омӯзгорон, ҳамин тавр инсон бо пуштибонии чунин одамони азиз, дӯстону атрофиён ба воя мерасад ва зиндагии мустақилона пеш мебарад. Вале одам набояд ба ин меҳрубониҳо одат кунад, онро чун амали муқаррарӣ, ки то охири умр давом мекунад, қабул намояд. Умедҷон дар оила баъди ҳафт духтар таваллуд шуд ва атрофаш ба қавле, пури меҳрубонону ғамхорон буд. Вай дар чунин муҳит ба камол расид. Гӯё вайро аз даст ба замин намонда калон карданд. Дар мактаб ташкилоти ҷавонон, баъди узви ҳизб шудан, ташкилоти ҳизбӣ роҳбару маслиҳатгараш буданд. Ҳамеша дар тӯю маърака, ҳангоми беморию душвориҳо дар атрофаш одамони дилсӯз ҳозир мешуданд. Умедҷон таълиму тарбияи хуби замонаро гирифта ба воя расид, оиладору фарзанддор шуд. Дар ҷамъият...