Наср

Кабўтарҳои сафед

Новелла

Қаҳрамон Равшанович то ҳадде асабӣ мегардид: парвози самолёти вай боз мавқуф гузошта шуд. Дар паси тирезаи фурудгоҳ селборон буд. То ҳоло нишоне аз ҳавои кушод, ки самолётҳо парвоз мекарданд, набуд. Ҳол он ки дар хона дар хусуси бозгашти вай хабар доранд. Эҳтимол, барои пешвозгирии вай мошинеро аз корхона фиристодаанд. Ин ҷо бошад,селборон аст, борон гӯиё аз сатил мерехт. Қаҳрамон Равшанович бошад, ҷойи боберо дарёфта, баҳузур нишаст. Ҷомадон ва дигар бастаҳоро пештар кашида, ба болои курсӣ гузошт, аз хастагӣ чашмонашро пӯшид. Вай аз сиҳатгоҳ, ки дар он ҷо истироҳат кардааст, омада, рӯзи дароз дар шаҳри бегона мегашту барои хешу табор, ҳамкасбҳо савғотӣ меҷуст. Ин ҷо бошад, борон омад. Дар асл чӣ ҷойи тааҷҷуб — фасли тирамоҳ аст. Худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ба ғанаб рафт.
Вай ба такрор хоберо дид, ки он вайро маҳзун ва парешон мекард.
Офтоби нурафшон, рӯзи беабри баҳор. Осмони каб-кабуд ва ду кабӯтари ба мисли барф сафед дар ин нилгунии беҳудуд дар парвозанд.
Пас аз дарсҳо вай саросема хӯрок хӯрда, болои бом мебаромад ва кабӯтарҳоро, ки падараш тӯҳфа карда буд, сар медод. Соатҳои тӯлонӣ Қаҳрамон метавонист, ки парвози кабӯтарҳоро бо меҳр наззора кунад. Гоҳо падараш ҳам бо вуҷуди хастагӣ пас аз кор ба болои бом мебаромад. Ва бо шавқу шӯри як писарбача дастонашро меафшонд, кафкӯбӣ мекард, бо шӯхӣ ҳуштак мекашид, кабӯтарҳоро шӯр мебахшид. Онҳо чархзанон парвоз мекарданд ва баландтар мебаромаданд. Аз боми онҳо тамоми саҳни ҳавлӣ менамуд. Дар кунҷак танӯри бо лой андовашуда буд, тез-тез бӯйи иштиҳоовари кулчаҳоро паҳн мекард. Дар ҳамон ҷо модараш остинҳояшро барзада, машғули кор буд.
Дар ҳамон ҷо хоҳари хурдии вай — дӯстдоштаи ҳамаи онҳо буд. Ана ҳозир ҳам модари онҳо ба кафи фарбеҳаки вай кулчаи моҳи пурра баринро гу­зошт. Аммо хоҳараш нон намехӯрд, балки айёрона ба бародараш нигоҳ мекунад. Кулчаи мудавварро алвонҷ медиҳад ва мутаносиб ба ҳаракатҳои вай кокулҳои сиёҳи майдабофтаи вай ҳаракат мекунанд.
Сипас, модараш дар рӯйи чорпоя, ки дар зери дарахти гулбасари зардолу ҳаст, дастархонро густурда, ҳамаро ба хӯроки шом таклиф мекард ва шӯхиомез мегуфт:
Канӣ дадояш, худи бача барин, шумо. Ҳамсояҳо чӣ мегӯянд? Зуд аз бом фароед, хӯрок хунук мешавад.
Аммо падараш пеш аз бом фаромадан аз лолахасакҳои сурх, ки дар рӯйи бомҳои бо каҳгил андовашудаи иморатҳои кӯҳна пур буд, мечид. Чун ҳамеша дастаи гул ба хоҳаракаш тақдим мешуд. Хоҳаракаш шоду масрур каф ба каф мекӯфт ва дар ҷояш ҷасту хез мекард…
Ногаҳон ба шуури Қаҳрамон Равшанович расид, ки касе ба вай муроҷиат мекунад. Аз рӯйи одат вай бо кафаш рӯяшро молид, гӯиё хобро мегурезонд ва бидид, ки марди ношинос дар рӯ ба рӯи вай рост меистад.
Ҷой холӣ аст? — аз нав пурсид марди ношинос. Ӯ дар дасти рост портфелро медошт, дар дасти дигараш чатри аз борон таршударо. Мард бо қомати баланд ва рӯйи офтобхӯрда худро каме гум карда, аз нав пурсид:
Ин ҷой банд нест?
Қаҳрамон Равшанович беихтиёр дасташро ба сари сина ниҳод ва гуфт:
Марҳамат.
Ин ҳаворо бинед-а!-гуфт мард ба худ ва аз паҳлӯи вай ҷо гирифт.
Қаҳрамон Равшанович, ки ҳанӯз дар таъсири хоби дидааш буд, аз дил гузаронд, ки «Ба ҳамшаҳрӣ монанд аст». Дар ин асно ҳамсоя рӯзномаро варақ гардонда, боз ба вай муроҷиат кард:
Аҳсант ба онҳо! Шунидед, ки пахтакорони Ӯзбекистон нақшаи пахтасупориро иҷро кардаанд, — ба сӯйи рӯзнома ишора кард вай. -Агар иштибоҳ накунам, Шумо ҳам аз ҳамон тарафҳо ҳастед.
Онҳо ба гап даромада рафтанд. Маълум шуд, ки шахси ношиносро ном Ботир Комилов будааст. Аз рӯйи касб вай муҳандис буда, дар шаҳри зодгоҳи Қаҳрамон Равшанович кор ва зиндагӣ мекардааст. Вай ҳикоят кард, ки ӯ ҳам аз сафар бармегаштааст. Аз боздошти маҷбурии рейс дилгир аст.
Дар хона корҳои бисёр ҳастанд, боз сахт пазмони аҳли хонаводааш шудааст. Қаҳрамон Равшанович хабар ёфт, ки ошнои нав дар шаҳри кӯҳна ҳавлии хубе буда, саҳни хурди ҳавлӣ бо воиши ангур сояафкан будааст. Завҷаи вай соҳибэҳтиром буда, худи вай дар тайёр кардани оши палов ҳунарманд будааст. Аз ҳама муҳимаш вай ба қарибӣ бобо мешудааст.
Ношиносӣ гӯиё набуд. Акнун онҳо дар хусуси якдигар ҳамаро медонис­танд. Ва тааҷҷубовар буд, ки чӣ гуна ин одамон дар як шаҳр зиндагӣ карда, якдигарро нашинохта, ба таври тасодуфӣ дар ин ҷо, дар толори ҳавояш дими фурудгоҳи шаҳри бегона вохӯрда, дар рӯйи хараки танг, ки макони онҳо гардидааст, ҳамсӯҳбат бишаванд.
Онҳо хомӯш гардиданд. Қаҳрамон Равшанович боз хоби дидаашро ба хотир овард.
Ҷанг…… Вай чун тӯфони ногаҳонӣ ҳамлавар гардида, ҳамаи умедҳову орзуҳо, диданиҳои айёми бачагиро дарҳам барҳам сохт. Ҳамааш ғайб зад, дар шитобзадагӣ ва торикӣ гум шуда рафт, падар, модар, хонаи дар кӯчаи танги каҷи шаҳри кӯҳнабуда.
Аз ҳамон айём бисёр фурсат гузаш­тааст. Гоҳ-гоҳ вокзалҳои нафасгирӣ бо одамон ва борҳои онҳо бо бӯйи ширини арақи танҳои одамон ба хотир мерасиданд. Фарёди ҷонкоҳи занҳо ва кӯдакон ёдовар мешаванд.
Чӣ чора, вақт мегузарад, мо пир мешавем, аммо воқеаҳо ва ҳодисаҳои аз сар гузашта ҳанӯз тозаанд. Худи Қаҳрамон Равшанович бошад, ҳамин тавр дар хонаи бачагон дар оғози ҷанг падару модари худро гум карда, ба воя расид. Дар сарсониҳои умум хоҳари вай ҳам гум шуд.
Омӯзишгоҳи ҳунарро хатм карда, соҳиби касбу кор шуд. Ва барои кор ба завод фиристода шуд. Сипас, солҳои дароз ба касбу кораш содиқ монд. Солҳо гузаштанд. Қаҳрамон Равшанович ба шаҳри зодгоҳаш баргашт ва чӣ гуна чеҳра табдил кардани вайро дида, дар ҳайрат шуд.
Дар ҷойи хонаи онҳо конструксия­ҳои заводе, ки бунёд меёфт, баромада меистоданд. Ҳамин тавр риштаҳои вопасин, ки вайро бо айёми бачагиаш, бо одамони наздик мепайвастанд, гусаста шуданд. Як эҳсоси оромнашаванда вайро водор кард, ки дар ин ҷо бимонад.
Дар аввал вай дар сохтмони завод кӯмак мекард, сипас қисмати худро бо он пайваст. Зиндагӣ корашро мекард. Хонадор шуд, фарзандон ба дунё омаданд. Акнун набераҳо ҳам ҳастанд, дар кор дар миёни ҳамкасбон соҳибэҳтиром аст ва танҳо ёди гузашта хоҳари гумшудааш вайро қарор мерабуд. Ба куҷоҳо вай нанавишт, ҷавобҳо таскиннопазир буданд: номи хоҳараш дар ягон ҷо сабт наёфта буд.
Дар байн бошад, осмон ба таври ногаҳонӣ рӯшан гардида, аз абрҳои раъдовар озод мегашт, садоҳои раъд торафт дур мегардиданд. Ба бинои аэровокзал торафт равшании сурурбахши офтоб медаромад. Диктор бо овози тағйирёфта зинда гардида дар хусуси нишастан ба рейс эълон кард. Ва пас аз ҳама фурсат ҳавопаймои чун барф сафеди онҳо ба баландӣ мебаромад.
Ин ҳама дар ҳафтаи навбатии бозгашти Қаҳрамон Равшанович ба вуқӯъ пайваст. Бегоҳӣ Ботир Комилов занг зад ва ба қайди зодрӯзаш таклиф кард. Савғотиҳоро харид карда, Қаҳрамон Равшанович аз паси завҷааш омад ва онҳо ҳамроҳ ба меҳмонӣ рафтанд. Онҳоро зани зебои каме пуррабадан хоксорона, аммо бо завқи баланд либоспӯшида пешвоз гирифт. Вай бо меҳрубонӣ онҳоро ба хона таклиф кард. Эҳсос мегардид, ки дар ин ҷо нигарон буданд ва ба қабули меҳмонон тайёрӣ дидаанд.
Дадояш, — муроҷиат кард соҳибхоназан ба Ботир наздик шуда, — шумо ба меҳмонон нигоҳ кунед, ман рафта паловро бинам. Вай узр пурсида, берун баромад
Дар зери дарахти пири тут дар оташдон алов дармегирифт. Соҳибхоназан якчанд тарошаро ба он партофт.
Аз хона овозҳои меҳмонон ва Ботирҷон ба гӯш мерасид.
Малика сағира калон шудааст. Падару модарашро қариб дар ёд надорад. Падараш дар аввалин рӯзҳои ҷанг ҳалок шудааст, модараш бошад, бори мусибатро бардошта натавониста, бистарӣ ва пас аз чанде аз дунё гузаштааст.
Оре, ҷанг бисёриҳоро аз ҳам ҷудо кард, — хаёломез гуфт Қаҳрамон Равшанович. Ман рӯзеро, ки хаткашон «хати сиёҳ»-ро ба хонаамон оварда буд, хуб дар хотир дорам. Ман даҳсола будам, хоҳарам бошад, сесола. Модарам пас аз чанд рӯз аз дунё гузашт… Аз ҳамаи оилаи мо танҳо ин ба ёдгор мондааст, — вай аз кисааш суратро баровард. — Онро бо дигар ҳуҷҷатҳои падарам дар комиссариати ҳарбӣ додаанд.
Дар сурате, ки аз гузашти айём зард шуда буд, ҳамаи аҳли оила акс ёфта буд: дар байни падар ва модар Қаҳрамони хурдсол бо тӯппии дӯхташуда, дар зонувони падараш-духтарчаи майда бо кокулҳои майдабофт менишаст.
Номи хоҳаратон чӣ буд? — пурсид бо шавқ Ботирҷон.
Малика, — бо дард гуфт Қаҳрамон Равшанович. — Мана қариб панҷоҳ сол аст, ки дар ҷустуҷӯйи хоҳаракам мебошам.
Ранги соҳиби хона дигар шуд. Вай хомӯш ба саҳни ҳавлӣ баромад ва оҳиста занашро садо кард. Ҳарфе нагуфта, хомӯш суратро дароз кард. Дар хона хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Соҳибаи хона ба сурат нигоҳи дуру дароз дӯхт. Оқибат вай нигоҳашро ба Қаҳрамон Равшанович афканда, худи ҳамин лаҳза ба зудӣ рӯ гардонда, тозон то ба ҷевон омад ва бо шитоб онро кофта, бастаеро аз он ҷо гирифт. Бо дастони ларзон онро кушод ва…Қаҳрамон Равшанович як қад парид. Вай тӯппиаш буд, ки модараш дӯхта, бо ҳамон тӯппӣ ба акс афтода буд!
Хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна дар рӯзи гарми сентябр вай ба мактаб мерафт ва дар як дасташ сумкаи матоъгини пур аз китобҳо ва дафтарҳоро дошта, бо дасти дигараш дасти пуробилаи падарашро медошт. Модараш онҳоро гусел карда, ба сари писараш ҳамин тӯппиро пӯшонда буд. Ба Қаҳрамон ҳамон вақт кабӯтарҳои сафед, ки дар тӯппӣ дӯхта шуда буданд, писанд омада буд.
Кабӯтарҳои сафед… кабӯтарҳои сафед… Оре, ресмони нуқрагуни дӯхта бо мурури замон зард гашта буд, бо вуҷуди ин, дар дасти соҳибхоназан ҳамон тӯппӣ буд! Қаҳрамон Равшанович сарашро хам карда, ҳадяи гаронро ба чашмони ашколудаш пахш кард.
Бародарам, азизам, ягонаам… Охиру оқибат пайдо шуд! Ҳамду сано бод ба Парвардигор! Ҳамаи ин солҳо ман эҳсос мекардам, ки ту зиндаӣ ва маро ҷустуҷӯ мекунӣ. Маротибаҳои бисёр ман бо ту ғоибона дар сӯҳбат будам, туро садо мекардам! Ва ана акнун ту дар ҳамин ҷоӣ, ба ту даст расондан мумкин…
Тӯппии ман… Вай чӣ гуна ба дасти ту афтод, Малика? Ман вайро дар стансия, ҳангоме ки хонаи бачагони моро ба шаҳри дигар мекӯчонданд, гум карда будам.
Ман ҳамон вақт дар хонаи ҳамсоязан зиндагӣ мекардам. Агар дар хотир дошта бошӣ, ӯро Галяхонум меномиданд. Маротибае вай бо ҳаяҷон тохта омад ва гуфт, ки хонаи бачагони Шуморо ба ким-куҷо мекӯчонанд. Мо ба сӯйи вокзал тохтем. Аммо дер мондем. Роҳиоҳанчии солхӯрда ҳамин тӯппиро ба мо дода гуфт, ки яке аз бачаҳои хонаи бачагон онро гум кардааст. Холаи Галя зуд онро аз дӯхташ шинохт.
Сипас, Галяхонум маро бо худ ба Урал бурд, дар он ҷо писари ярадоршудаи вай табобат меёфт. Вай пиндоре дошт, ки худи ҳамон замон пас аз шифоёбии писараш бармегардад, аммо азоби сарбозони маҷрӯҳро дида, дар госпитал ҳамчун санитар монд. Дар ҳамон ҷо ман мактабро хатм кардам, пас аз он донишкадаро. Дар ҳамон ҷо ман бо Ботирҷон, ки дар хидмати ҳарбӣ буд, шинос шудам. Вай маро ба ватанам бозгардонд.
Дар ҳамин вақт аз хонаи ҳамшафат овози гиряи кӯдак ба гӯш расид.
Қаҳрамони хурдсоли мо бедор шуд, — ашкашро пок карда истода, гуфт Малика.
Ботирҷон куҷост?
Ман дар ҳамин ҷо, — бо хушҳолӣ ҷавоб дод соҳиби хона табақи оши паловро, ки буғаш мебаромад, дароварда истода.

Ӯткур РАСУЛОВ.
Аз русӣ тарҷумаи
Ӯктам ИБРОҲИМ.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА