Тоҷикистон: меҳр аз нигоҳи аввал
Як ҳафта, журналистони ӯзбекистонӣ, на чун узви ҳайати намояндагони расмӣ барои худ Тоҷикистонро аз нав кашф намуданд. Инчунин имкониятҳои ҳамкории мултимедиявиро бо ҳамкасбони тоҷикистонӣ омӯхтанд. Ва инро дар медиасфераи ҳар ду мамлакат аломати нек пиндоштан мумкин аст.
Медиа-туре, ки аз тарафи Мактаби мустақили журналистии «Тоҷикистон — асри ХХI» дар шарикӣ бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ташкил карда шуд, баръало нишон дод, ки девори нофаҳмиҳо байни мамлакатҳои мо дар оқибат вайрон шуд. Мо тайёрем дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ кунем, кори якҷояро барои шикасти стереотипҳои манфие нигаронем, ки дар солҳои гузашта ба вуҷуд омадаанд. Шояд аз ҳамин сабаб иштирокчиёни медиатур Шартнома дар бораи шарикии стратегии байни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Ҷумҳурияти Тоҷикистонро, ки 17-уми августи соли равон баста шуда буд, ратификатсия кардани Президент Шавкат Мирзиёевро бо чунин рӯҳбаландӣ қабул карданд. Он ҳангоме рӯй дод, ки мо мавзӯи материалҳои якҷояро барои соли оянда муҳокима мекардем. Вале дар ин бора саҳл сонӣ ҳикоя мекунам, ҳоло таассуроти сафар…

Тошканд – Душанбе
Ҳамагӣ чил дақиқаи парвоз Тошканд ва Душанберо байни ҳам мепайвандад. Гурӯҳи аз ҳашт нафар журналист иборат, ки дар ҳайати он дотсентҳои Донишгоҳи давлатии забонҳои байналхалқии Ӯзбекистон Б.Алимов ва Н.Қосимова, мущаррири сайти ахбории маъруф ба – daryo.uz А.Абдувалиев, собиқадори журналистикаи Ӯзбекистон М.Аҳроров ва дигарон буданд, дар манзари лайнери ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон расм гирифта, ба нишеман (салон) баромадем, то ки аз иллюминатор намудҳои аҷибро бинем. Ва пейзажҳои барфпӯши кӯҳҳо ва деҳаҳои доманаи онҳо дили моро гарм карданд.
Дар аэропорти байналхалқии Душанбе роҳбари Мактаби мустақили журналистии «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров моро хуш пешвоз гирифт. Бояд гуфт, ки мо ҳамаи назорати боҷхонавиро дар аэропорт хеле тез гузаштем — ин натиҷаи бекор кардани раводид буд.
Баъди ҷойгир шудан дар отели панҷситорадори «Хилтон» ва хӯроки пешинии хеле хуб моро ба экскурсияи Душанбе бурданд. Дар ин вақт ба гурӯҳи мо боз ду журналист аз Сурхондарё, ки бо таксӣ омада буданд, ҳамроҳ шуданд. Масофаи байни Термиз ва Душанбе ҳамагӣ 247 километр буда, роҳҳо хеле хуб будаанд. Дар роҳ сӯйи ҷойи сазовори диққати аввалин, яъне, Китобхонаи миллӣ, ки тоҷикистониҳо бо он ба таври ҳаққонӣ хеле фахр мекунанд, мо аз тирезаи микроавтобус бефосила нигоҳ мекардем. Ва Душанбе ҳамаро бо бароҳатӣ, муштаракии меъмории шарқонаву аврупоӣ, маҷрои ороми зиндагӣ мафтун кард.
Кӯчаҳои марказии шаҳр чун кӯчаҳои Тошканд васеъ нестанд, онҳо бештар кӯчаҳои Самарқандро ба хотир меоранд, вале мошинҳо нисбатан кам.
Дар саросари Душанбе сохтмони васеъмиқёс меравад – ҳукуматдорони шаҳр онро бо биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ ва марказҳои тиҷоратӣ ба мегаполиси замонавӣ табдил доданианд. Вале дар пойтахти Тоҷикистон аз шаҳрҳои мо фарқ карда чинорҳои бисёрсоларо нигоҳ доштаанд ва биноҳое бо рамзҳои шӯравӣ дар пештоқ ҳастанд, дар як ҷой ҳатто пайкараи Ленин ба назар расид. Шояд баъди се-чор сол, вақте ки сарнақшаи шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад, бисёр чиз тағйир меёбад, вале ҳоло бӯйи гузашта имконияти ба машом расидан дорад.
Дар ин рӯзҳо чанд маротиба аз шафати майдони асосии шаҳр – «Дӯстӣ», ки дар он ба арбоби давлатии қадими тоҷик Исмоили Сомонӣ зери тоқи дар болояш тоҷи тиллоӣ буда, муҷассама гузошта шудааст, гузаштем. Он ба назар чун боғи калони ба номи Рӯдакии дар паҳлӯяш буда, таъсирбахш менамояд. Умуман, Душанберо шаҳри сабз номидан мумкин аст. Дар ин ҷо ҳашто боғ, сето гулгашт ва якто боғи ботаникӣ ҳаст. Мо дар давоми чанд рӯзе, ки он ҷо будем, дар боғҳои истироҳатии ба номи Садриддин Айнӣ ва Алишер Навоӣ шудем. Ба ин боғҳо хеле хуб нигоҳубин карда шудааст, онҳо чароғон ва дар хиёбонҳояшон хоҳ дар рӯз ва хоҳ шаб сайру гашт кардан хушоянд аст. Шахсан ба ман дар онҳо набудани аттраксионҳои гуногуни сершавқун ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ маъқул шуданд, вале дар онҳо пайкараҳои донишмандон ва шоирон бисёранд: А.Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ,Ибни Сино, У.Хайём, С.Айнӣ, А.Навоӣ…
Роҳҳо — ҳайратовар. Ба гуфти ронандаи мо – Ҳасан, онҳоро мутахассисони хитоӣ сохтаанд. Дар онҳо чуқурча ва охурчаҳои ба мо шинос нестанд. Мошинҳо дар роҳ такон нахӯрда ва наларзида пеш мераванд. Бо батареяҳои офтобӣ кор кардани светофорҳо низ маъқул шуданд, вале чароғҳои кӯча ҳамон бо лампаҳои тафсандаанд.
Дар арафаи идҳои солинавӣ дар Душанбе арчаҳои ородода гузоштаанд, хиёбонҳоро бо чароғакҳои равшанкунанда зеб доданд, ки ба мо бегоҳирӯзи дидани зебогии онҳо муяссар шуд. Дар воқеъ, чуноне ки ба мо гуфтанд, ҳукумати шаҳр барои сокинони он чунин идро на ҳамеша дар ин сатҳ мегузаронд.

Қасри хирадмандӣ
Вақте мо Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дидем, ҳайрати худро пинҳон намудан душвор буд. Он дар соли 2012 бо қарори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, андозаҳояш диққатҷалбкунандаанд.
Дар намо (фасад)-и бинои нӯҳқабатаи нав, ки намуди китоби кушода дорад, 22-то нимпайкараи арбобони шинохтаи илм ва адабиёти халқи тоҷик гузошта шуда, худи бино 167 метр дарозиву 52 метр баландӣ дорад ва майдони умумии қасри дониш 45 ҳазор метри мураббаъ аст.
Аз рӯйи андозаҳои худ китобхона дар Осиёи Миёна калонтарин аст. Он 25-то толори китобхонӣ ва се толори намоишӣ, инчунин, нӯҳ толори конференсияҳо дорад. Дар онҳо 1100 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Ҳоло дар хазинаи китобхона беш аз 6 миллион нусха китоб, рӯзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои чопӣ, материалҳои аудиовизуалӣ ва электронӣ ҳастанд, — ҳикоя кард сардори шӯъбаи китобхона Фотима Яъқубова. – Мо аз давр қафо намемонем, бинобар ин феҳрист ва китобхонаи электронӣ ташкил карда шуданд.
Мо аз як толор ба дигараш шарҳи кормандони китобхонаро шунида, мегузаштем ва беихтиёр аз хазинаҳои дониш ва хирад ба ваҷд меомадем. Ҳамин тавр, дар музейи китобхона моро Қуръони дар ҷаҳон хурдтарин ба ҳайрат овард. Ин китоб 292 саҳифа дошта, дарозиаш 1,2 сантиметр ва вазнаш 1,6 грамм аст. Дар воқеъ, чунин асарҳои миниатюрии жанрҳои гуногун дар китобхона 1083-то будаанд.
Дар шӯъбаи дастхатҳои шарқӣ ва китобҳои нодири китобхона 2300-то дастнавис (манискрипт)-ҳои нодири асрҳои XIII-XIX-ро нигоҳ медоранд. Дар байни онҳо «Таърихи Табарӣ» (асрҳои XIII-XIV), «Таърихи Фирӯзшоҳ» (асри XIV), «Геометрия»-и Хоҷа Насриддини Тӯсӣ (асри XV), «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (асри XVI), «Девон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 1526), «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (асри XVI) ва дигар сарчашмаҳо аз таърих, адабиёт, фалсафа , тиббиёт, математика ва астрономия ҳастанд. Беш аз 2000 дастхатҳои камёб ба рӯихат гирифта шудаанд ва хонандагон аз онҳо истифода мебаранд.
Кормандони шӯъба корҳои васеъмиқёси илмиву тадқиқотиро иҷро мекунанд. Онҳо тадқиқотҳои фундаменталиеро чун «Каталоги дастхатҳои тоҷикӣ-форсии китобхона» (дар 3 ҷилд), «Каталоги дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (ба забони форсӣ), Нишондиҳандаҳои библиографии «Рӯдакӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Аҳмади Дониш», «Ҷалолиддини Балхӣ» ва як қатор олимони шинохтаи Тоҷикистонро нашр намуданд.
Дар шӯъбаи маданият ва санъати китобхона беш аз 63200 нусха нашрҳои нотавӣ ва қариб 5000 воҳид сабти овозҳо, ки дар воқеъ, онҳоро дар худи ҳамон ҷо шунидан мумкин аст, нигоҳ дошта мешаванд.
Китобхона бо беш аз 20 китобхонаи дунё чун китобхонаҳои Эрон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Озарбойҷон ҳамкорӣ мекунад. Ба фикрам, барқарор шудани ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Ӯзбекистон низ дур нест.

Муҳофизони таърих
Ҳамсояҳои мо ба таърихи худ бо ҳассосият муносибат мекунанд ва дар бораи сивилизатсияҳои қадим, ки боқимондаи он дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст, бо ифтихор ҳарф мезананд.
Мо дар бораи таърихи мамлакат боз ба як ҷойи сазовори диққат – Музейи миллии Тоҷикистон рафта, тасаввуроти мухтасар гирифтем.
Чуноне ки роҳбалади музей Хосият Мирзоева ба мо гуфт, бинои нави музейи миллӣ моҳи марти соли 2013 кушода шудааст. Музей аз 22-то толори экспозитсионии калон ва хурд иборат буда, дар онҳо шӯъбаҳои табиат, асрҳои қадим ва миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ мавҷуданд. Майдони экспозитсионӣ ба 15 ҳазор метри мураббаъ баробар аст. Барои дидани ҳамаи он қариб 4 соат вақт лозим мешавад. Мо, албатта, бо рақамҳои хоксорона қаноат намудем. Аз рӯйи хронология коллексияи музей аз даври сеҳазорсолаи қабл аз эраи мо то оғози асри XXI-ро дарбар гирифта, имконияти мушоҳидаи таърихи бисёрасраи халқи тоҷикро медиҳад ва дар бораи гузаштаи қадими Тоҷикистон ҳикоя мекунад. Дар байни шоҳасарҳо – намунаҳои анъанавии санъати декоративӣ – амалии асрҳои XIX-ХХ-и тоҷикон, ёдгориҳои беназири археологии даврҳои неолит, биринҷӣ ва то асримиёнагӣ, коллексияи нумизматикии музей, ки тангаҳои даврҳои тоисломӣ (юнон – бохтарӣ, кушонӣ, сосонӣ, бухорхудоӣ) ва тангаҳои даври исломӣ ҳастанд.
Ҳама ба нусхаи 13 метраи 1600 сол пеш аз лой сохташудаи пайкараи Буддо (Буддо дар нирвон) мароқ зоҳир намуданд. Маълум шуд, ки Буддои дарозкашидаи шаштоннагӣ – калонтарин пайкараи лоини худоёнро муаррих ва бостоншинос Борис Литвинский солҳои 1964-1968 ҳангоми кофтуковҳои маъбади буддоӣ дар Аҷинатеппаи водии Вахш (дар наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа) ёфта будааст. Пайкараи аслии реставратсия кардаи Буддо дар Музейи миллии даври қадими Тоҷикистон ҷойгир аст, вале ин факт ба ҳеҷ як узви гурӯҳ халал нарасонд, ки дар манзари Буддои дарозкашида расм гиранд.
Ёдгории бебаҳои маданияти тоҷикон — меҳроби искодарии (асрҳои XI-XII) чӯбини кандакориро профессор М.С.Андреев соли 1925 дар деҳаи Искодари вилояти Самарқанд муайян намудааст. Ба меҳроби даври сосониҳо, ки аз чӯб бе истифодаи ягон мех ва ширеш сохта шудааст, имрӯз чун ёдгории нодири меъморӣ ва этнографӣ баҳо медиҳанд. Меҳроб аз беш аз 300 қисм иборат буда, дар он зиёда аз 100 намуди нақшу нигорро дидан мумкин аст.
Мутаассифона, мо то ба толори коллексияи наққошӣ, графика ва пайкараҳо, ки асарҳои муаллифони ғарбӣ, европоӣ, рус ва маҳаллӣ гузошта шудаанд, нарасидем, вале тӯҳфаҳои ба Президенти Тоҷикистон додаи роҳбарони давлатҳои гуногунро дидем.
Дар музей китобе ҳаст, ки дар он меҳмонон метавонанд андешаҳои худро нависанд. Дар ин китоб бисёр меҳмонони олиқадр дастхати худро мондаанд. Мо низ дар он имзои худро гузоштем.

Ҷилои алюминии «Талко»
Рӯзи дуюм барои журналистони ӯзбекистонӣ зери тамғаи ҷилои алюминидори заводи «Талко», ки дар ноҳияи Турсунзода воқеъ аст, гузашт. Ҳа, ҳамон монеаи сиёсие, ки дер вақт инфрафазои мамлакатҳои мо ва на танҳо онро ошуфта кард, экскурсия ба «сутунмӯҳраи иқтисодиёти Тоҷикистон», ҳамкорони мо аз давлати ҳамсоя ин муассисаро чунин ном мебаранд, инчунин ҳикояи муфассали директори департаменти ахбор ва робита бо ҷомеаи корхонаи давлатии унитарии «Талко» Игор Сергеев имконияти ба «Талко» бо чашми дигар нигоҳ карданро дод.
Албатта, миқёси вусъати худи завод, ки қариб ҳашт ҳазор одам кор мекунад, ба ҳайрат овард. Мо ҳамагӣ дар ду сех – электролизӣ (яке аз 12-то) ва рехтагарӣ (онҳо 2-то) шудем, вале ҳамин ҳам вақти бисёрро гирифт. Умуман, заводи ягона дар Осиёи Марказӣ ва яке аз калонтарин дар ИДМ дар масоҳати 340 гектар, ки баробари панҷ масоҳати Боғи миллии Ӯзбекистон ба номи А.Навоӣ дар Тошканд аст, ҷойгир мебошад.

Заводро қариб 30 сол сохтанд, — ҳикоя кард И.Сатторов. – Фулузпорчаи аввалини алюминиро дар соли 1975 рехтаанд. Ҳоло қувваи лоиҳавии завод дар як сол 517 ҳазор тонна алюмин ва зам истеҳсоли 360 ҳазор тонна аноди пухтаро ташкил мекунад.
Барои ҳамаи иштирокчиёни медиа-тур, ки либосҳои махсуси тамғаи заводро дошта пӯшида буданд, мушоҳида намудани алюмини обкардаи рангаш гулобу сурх, ки коргарон, дар воқеъ ба забони ӯзбекӣ ҳарф мезаданд (қисми калони этникии аҳолии ноҳияи Турсунзода – ӯзбекҳо), ба қолабҳо мерехтанд, шавқовар буд. Моро пешакӣ огоҳ карданд, ки фототехникаи худро эҳтиёт кунем. Чунки дар ин ҷо манзари электромагнитӣ хеле баланд аст.
Музейи завод, ки экспонатҳояш дар давоми 40 соли фаъолияти муассиса ҷамъоварӣ карда шудаанд, хеле маъқул шуд. Асосгузор ва директори музей Ҳабибулло Мақбулов, ки баробари ҳамин муассис ва роҳбари ягона телекомпанияи хусусии «Регар» дар ғарби мамлакат мебошад, дар бораи ташкили музей ҳарф зада, макети сехҳои истеҳсолӣ, ки маҳсулот мебароранд, мукофотҳо ва дигар чизҳои аҷибро нишон дод. Мисол, пластинаи сатҳи диски «кӯҳна»-и компутерро, ки диаметраш 30 сантиметр ва ҳаҷми хотирааш дар ҳудуди як ҷуфт даҳҳо мегабайт ҳастанд, ё ки экспозитсияи чизҳое, ки дар вақташ завод истеҳсол намудааст, аз ҷумла, велосипед, телевизор, чархи автомобил, дег ва дегҳои манту, ки ҳамаи занҳо дӯсташ медоранд.
Дар воқеъ, баъди хуб шудани муносибатҳои байни мамлакатҳоямон ва гузаронидани як қатор намоишҳои муштараки саноатӣ «Талко» бо компанияҳои ӯзбекистонӣ дар бораи ба онҳо фурӯхтани маҳсулоти худ ба миқдори 460 млн.$ шартнома баст. Ғайр аз ин, муассисаи муштараки тоҷикистониву ӯзбекистонии ҶММ «Заводи техникаи махсуси TALCO-KRANTAS» ташкил карда шуд.
Ҳамаро саволи нозуки фаъолияти завод аз ҷиҳати экологӣ чӣ қадар бехатар аст, ба ҳаяҷон меовард. И.Сатторов чунин посух дод:

Дар соли 2013 ташкилоти шинохтаи олмонӣ TUV SAAR CERT, ки дар амалиёти стандартҳои ҷаҳонӣ обрӯи бешубҳа дорад, дар корхонаи мо санҷиши аудитории байналхалқиро анҷом дода, тасдиқ намуд, ки маҷмӯи бехатарии экологӣ дар заводи алюмини Тоҷикистон ба стандарти байналхалқии экологии ISO-14000 мувофиқат мекунад. Ва имрӯз тамоми фаъолияти мо ба кам кардани партофтани моддаҳои ифлосшуда ба атмосфера, анборкунии бехатари партовҳо ва зиёд намудани ҳиссаи коркард ва истифодаи онҳо равона карда шудааст.
Бояд ба шумо гӯям, ки худи ман маҳсулоти хоҷагии қишлоқи дар ноҳияи Турсунзода расонидаро истифода мебарам, оилаи ман ва ҳамаи коргарони завод дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Худи мо ба ҳифзи муҳити атроф барои худамон ва бачаҳоямон шавқмандем…

Шафақи ҳисорӣ
Мо дар ноҳияи Турсунзода бо чашми худ саховати замини тоҷиконро, ки сокинони меҳнатқарини маҳаллӣ бо меҳр мепарваранд, дидем.
Баъди аз паи «изи» Президентамон Ш.Мирзиёев дар токзорҳои хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» шуда ва аз навъҳои ширинтарини ангур хӯрдан, дар мо ҳамаи шубҳа доир ба экологии маҳсулоти дар наздикии завод рӯёнида, барҳам хӯрд. Зиёда аз ин анборҳои пурбор, аз ҷумла бинои хунуккунандаи ғунҷоишаш 500 тоннаро дида ва ҳаҷми ангури экспорткардаро фаҳмида, хулоса баровардем, ки дар ин ҷо ҳосили нағз мегиранд.

Хоҷагии ман дар масоҳати 105 гектар ҷой гирифтааст, — гуфт боғбони шинохта Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов. — Токзор 95,6 гектари онро ташкил мекунад. Мо навъҳое чун ҳусайнӣ, ғалаба, шоҳона, пешпазак, кишмиши сафеду сиёҳ ва ғайраро мепарварем. Аз ҳар гектар ҳар сол 30-40 тонна ҳосил мегирем ва 70 фоизи он ба экспорт меравад. Ғайр аз ин, дар хоҷагиамон гармхонаҳо ҳаст, ки дар онҳо 20 навъи дарахтони мевадор ва ороишӣ парвариш карда ва ҳар сол 3-5 ҳазор ниҳол барои сабзазор кардани кӯчаҳо бепул дода мешаванд.
Аҷибаш, дар ин ҷо навдаҳои токро чун дар мо зери хок намекунанду танбаҳо мегузоранд ва пеш аз зимистон бо полиэтилен мепӯшонанд, то ки хунук назанад. Ба гуфти Н.Усмонов гоҳо аз бисёр боридани барф навдаҳои ток шикаста, ҳосил кам мешавад.
Он рӯз мо шафақи зебои афсонавиро дар қалъаи Ҳисор пешвоз гирифтем, ки бароямон бо ритмҳои шӯхи тӯёнаи доира боз хотирмонтар шуд.
Маълум гардид, ки ин ҷойи тамошо на танҳо дар байни сайёҳон, балки чун Регистони мо дар байни навхонадорон низ «талабот» дорад. Шояд аз ин сабаб дар доманаи қалъа тӯйхона ҳаст.
Қалъаи Ҳисор дар тарафи ғарб, дар масофаи 25 километр аз Душанбе воқеъ аст. Дарвозаи қалъа Арки Бухороро ба ёд меорад ва ин бесабаб нест. Чунки қалъаро яке аз амирҳои Бухоро дар асри XVI сохтааст, агарчи худи ин ҷой ҳазорҳо сол пеш низ маълум буд. Аз рӯйи ривоятҳо қалъаи Ҳисорро яке аз қаҳрамонҳои эпоси Афросиёб сохтааст. Аз рӯйи ривояти дигар, қалъа бо халифаи одил Алӣ вобастагӣ дорад, мегӯянд. Таърихи ҳақиқии сохтмон, инчунин масҷид ва мадрасаи дар шафати он бударо, ки ба музей табдил дода шудааст, мумкин танҳо чинорҳои кӯҳане, ки дар ин ҷо беш аз ҳафт аср боз месабзанд, донанд.

Сафеддара
Сафар ба курорти лижаи кӯҳнавардии Сафеддара аз ташкилотчиёни медиа-тур тӯҳфаи ҳақиқӣ шуд. Маҳз дар ин ҷо, дар баландии қариб се ҳазор метр аз сатҳи баҳри аз мо дур яхчаи нобоварие, ки дар оғози омадани мо ба Душанбе буд, об шуд.
Сафеддара ба маънои ҳақиқиаш – дар ҳақиқат аз барфе, ки дар ин ҷо то тобистон меистад, ранги сафед гирифта буд. Аз ҳавои тозатарини он барои захира ҳарчӣ бештар нафас кашидан мехостем. Гурӯҳи мо ба якчанд соат ба писарак ва духтараконе, ки ба автомобили барфгард савор шуда, сайру гашт мекарданд, лижатозӣ менамуданд ва боз яке ба аспи калони боркаши рус савор мешуд, табдил ёфтанд. Инчунин, қатъиян ҳама дар манзари кӯҳҳо бо Парчами давлатии баланд бардоштаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (дар воқеъ, бори аввал) расм гирифтанд. Ин хеле олиҷаноб буд!
Дар атроф дидани рӯйи пуртабассуми калонсолон ва бачаҳо, ки дар чашмонашон чун дар чашмони мо бахт медурахшид, хеле хуш буд. Ва ҳеҷ ҳам хунук набуд, сарфи назар аз он ки Алишер Пиримқулов пеш аз сафар ба мо маслиҳат дод, ки либосҳои гармтар пӯшем ва почаамонро бо плёнкаи полиэтиленӣ печонем, то ки нам накашад.
Дар Сафеддара мо бо сайёҳи аҷиб, ифтихори Тоҷикистон, байкери шинохта Фарҳод Калонов шинос шудем. То вақте ки мошини эшонро киштӣ ба соҳили Америкаи ҷанубӣ мерасонад, вай бо оилааш Соли Навро пешвоз гирифта, сипас саёҳатҳои даври олами хайриявии худро давом доданӣ шудааст. Ва – о, мӯъҷиза! – маҳз дар ин лаҳзаи истироҳат гурӯҳи мо бо полигрим-экстремали шинохта вохӯрд.
Баъди бозгашт ба Душанбе гурӯҳи мо як сари қадам бо гипермаркети «Ашан» даромад. Яке ба тӯҳфаҳои хотиравӣ, дигаре ба фарқи нархҳои маҳсулот мароқ зоҳир мекард, маро бошад, галереяи хусусии санъати муосири дар Тоҷикистон ягона ба худ ҷалб кард. Вақт, албатта, барои шиносоии пурра бо корҳои пешниҳоднамудаи рассом ва пайкарасозони тоҷик кам буд, вале ба фикрам, ҳоло ҳамааш дар пеш аст.

Дар хотима
Барои он ки дар хонандагон таассуроти вақтро дар Тоҷикистон бо шодию сурур гузаронидани муаллиф нашавад, қайд мекунам, ки баъди экскурсия чор рӯз кори ҳақиқӣ шуд. Майнаи сар ахбори гуногуни гуглплексиро саривақт ҳазм ва панҷаҳо технологияҳои нави мултимедиявиро азхуд карда наметавонист. Аз рӯйи виҷдон гӯям, тренингҳои қабл аз ин иштироккардаам ин қадар дониш ва малакаи нав надоданд, ки ман дар Душанбе гирифтам, аз ҷумла аз ҳамкорони худ аз Тошканд – дотсентҳои Донишгоҳи давлатии забонҳои байналхалқии Ӯзбекистон Берунӣ Алимова ва Наргис Қосимова.
Аз рӯйи натиҷаҳои семинар-тренинг, ки дертар ба он ҳамкасбони тоҷикистонии мо низ ҳамроҳ шуданд, ҳашт мавзӯи рӯзмарра барои лонгридҳои муштарак муайян гардиданд. Умед мекунем, ки то охири соли фарорасида ҳамаи онҳо рӯйи чопро мебинанд ва дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хонандагонро хурсанд мекунанд.

Анастасия ПАВЛЕНКО.
Тарҷумаи Тошқул АЗИМОВ.
Комментарии
Отправить комментарий